Хабарҳо


Эъломияи умумии ҳуқуқи башар  паҳншудатарин санадест, ки  тибқи маълумот  бо беш аз 300 забон  тарҷума карда шудааст.  Он аз пешгуфтор ва 30 модда ибо...
Терроризм чун вабои аср имрўз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод м...
Санаи 4 декабри соли 2018 дар Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода...
Дар ҷаҳон ҳар кишвару миллат ва халқиятро  бо урфу одат ва анъанаҳои миллияш мешиносанду эҳтиром мегузоранд. Халқи тоҷик, ки аз қадим дорои маърифати ...

Мавқеъ


Қарни XX-XXI дар тамоми олам қарни нуру раҳмат, файзу баракат маҳсуб меёбад. Маҳз дар ҳамин қарн худшиносии инсон боло рафт, бисёр асрорҳои табиату ко...
Имрўз намояндагон ва тарафдорони гирбиҳамоӣ дар Берлин бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ раҳпаймо доир намуда истодаанд, ки ба паст задани давлату мил...
Ташкилоти эксремистии террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷумлаи онҳоест, ки мазҳабу равияҳои бегонаи диниро дар кишварамон паҳн намуда, ҷиноятҳои сан...
Дар замони муосир ҳар гуна гурўҳҳои иртиҷопараст пайдо шудаанд, ки мақсади  онҳо дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа низоандозист. Ҳизбу созмонҳои зери ...
Фильтр
  • Донишҷӯи ДДҲБСТ – озими Чехия

    Бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ донишҷӯи соли дуюми факултети баҳисобгирӣ ва андози ДДҲБСТ, чемпиони Тоҷикистон оид ба варзиш – рақси брейк-данс Саидакмал Саидзода ҷиҳати иштирок дар мусобиқоти ҷаҳонии  варзиш – рақси брейк-данс озими  шаҳри Прагаи Чехия гардид.

    Мавриди тазаккур аст, ки сафари ӯ бо дастгирии молиявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сурат гирифт. Тавре донишандўз  Саидакмал Саидзода қабл аз сафар ба хабарнигори мо зикр намуд, ў барои чунин дастгирӣ аз  Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ сипосгузор аст.

  • Дар радифи даҳгонаи беҳтарин

    Санаи 19 январи соли 2017 зимни нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷўразода зикр намуд, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҷараёни фаъолият зина ба зина ҷониби оянда қадамҳои устувор гузошта, дастовардҳои хешро афзун мегардонад. Далели ин гуфтаҳо тибқи мониторинги Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон байни 33 мактаби олии касбии мамлакат ба қатори даҳгонаи беҳтарин дохил гардидани маъвои саодати маънавии мост.

  • Гирифтори тафаккури бегона нагардем

    - Сиёсатҳои таҳмилии геополитикӣ, бозии абарқудратҳои олам, намоиши тавонмандии рақобатҳо  дар як қатор мамлакатҳои Шарқи Наздик ва дигар минтақаҳои сайёра мардуми бехабару фирефтаро ба оташу хун печонида, низоми амнияти ҷаҳону суботи кишварҳоро барҳам заданд, - ин нукта дар мулоқоти устодону муҳассилини факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ бо прокурори шўъбаи муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ, мушовири адлияи дараҷаи III,

  • Шаффоф, одилона, мушаххас

    Соли дуюм аст, ки қабули имтиҳоноти ҷорӣ барои донишҷўёни шўъбаи рўзона ва ғоибонаи донишгоҳ ба тарзи тестӣ дар Маркази тестии донишгоҳ ба роҳ монда мешавад.

    - Ҳанўз 3 сол қабл, мушаххас санаи 18 феврали соли 2014, таҳти №05/2-681 фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тарзи тестӣ ба роҳ гузоштани имтиҳоноти ҷории макотиби олии касбии кишвар ба тасвиб расида буд, - ёдовар мегардад сардори Маркази тестии донишгоҳ, сармуаллим Абдумаҷид Шамсиев.

  • Нерўи инсонӣ сармояи бузурги давлати миллӣ

    Ҳар як ҷомеа ва давлат барои рушду нумўи худ аз имконияту захираҳои гуногун истифода менамояд. Агар дар давраҳои пешина иқтидори асосии давлатро нерўи ҳарбӣ ва ҷисмонӣ ташкил медод, пас дар асри XXI иқтидори фикрӣ ва зеҳнии инсонӣ нисбат ба ҳар нерўи дигар афзалият пайдо намудааст. Бо назардошти аҳамияти баланд доштани сармояи инсонӣ дар пешрафти давлат, кишварҳои мутараққӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд, якум сифати нерўи инсонии давлатро баланд бардоранд ва дуввум бо истифода аз барномаҳои талош ба давлати хеш нерўи инсонӣ ворид намоянд.

  • «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ нахустин маротиба дар Тоҷикистон ба хатти кириллӣ интишор ёфт

    «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ китоби чаҳорум аз силсилаи фарҳангҳоест, ки таҳти унвони «Ганҷи сухан» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба табъ расид. Луғатномаи мазкур сеюмин луғати тафсирӣ дар таърихи фарҳангнигории тоҷикӣ - форсӣ ва аввалин луғати шоҳиддори то замони мо расида маҳсуб мешавад. Муаллифи фарҳанг бо баробари тадвини луғатнома қоида ва қонунҳои фарҳангнигории форсӣ тоҷикиро барои чандин садсолаҳо мушаххас сохта, имрўз он ба ҳайси сарчашма ва маъхази муътабари илмӣ маъруф аст. Қобили зикр аст, ки луғатномаи мазкур якчанд маротиба ба хатти форсӣ интишор ёфта, то имрӯз нашри илмию интиқодии он ба хатти мо сурат напазируфта буд.

  • Олимпиадаи вилоятии хонандагон дар донишгоҳ

    Тибқи фармони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низомномаи олимпиадаи мактаббачагон дар муассисаҳои таҳсилоти мактабҳои умумӣ даври олимпиадаи вилоятии хонандагони мактабҳои таҳсилоти миена ва умумӣ аз санаи 13 январ то 16 январи соли равон оғоз гардид. Дар олимпиада дар радифи устодони муассисаҳои таҳсилотӣ,  инчунин устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиесати Тоҷикистон профессор Туғрал Шокиров, дотсентон Алишер Қурбоналиев, Хаким Ғаюров, Едгор Мӯҳсинов, Шӯҳрат Кенҷаев, Дилбар Мирзоева, Ҷӯрабек Исомитдинов, Ҳабибулло Тоатов, Анвар Бобоев, Мамлакат Атоева, Дилошӯб Негматова  ва дигарон   ба ҳайси ҳакамон ширкат намуданд. Дар оғози кори олимпиада Сардори раесати маорифи вилояти Суғд, доктори илмҳои таърих, профессор Осим Каримзода оид ба қоидаҳои гузаронидани олимпиадаҳои фаннӣ ва имтиезҳо ба гирандагони ҷойҳои ифтихорӣ ибрози назар намуд.

  • Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

    Паёми раҳнамои ҷомеа

    (гузориш ҷиҳати Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

                   Паёми Пешвои миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки  20-уми январи соли 2016 тавассути садо ва симои мамлакат мустақим пахш гардид, ҳайати устодону профессорон, кормандону муҳассилини Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон самимона истиқбол намуданд.

            Тамошои дастаҷамъонаи Паём бо иштироки фаъоли кулли устодону кормандон ва муҳассилин дар маҷлисгоҳи бинои асосӣ, маҷлисгоҳи бинои таълимии №2, тамоми факултетҳо, китобхона, хобгоҳу литсейи донишгоҳ роҳандозӣ гардид.

            Паёми мазкур барномае маҳсуб меёбад, ки барои аҳли ҷомеа  дар раванди рушду такомули тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат хизмат менамояд.

  • НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДДҲБСТ

    Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 таҳти рақами №АП-1729 ва нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар нимсолаи дуюми соли 2015 дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  санаи 19 январи соли 2016 дар толори маҷлисгоҳи раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори умум аз ҷумла рўзномањои “Ҷумҳурият”, “Омӯзгор”, «Минбари халқ», “Ҳақиқати Суғд”, “Тирози ҷаҳон”, “Суғд ҳақиқатӣ”, «Согдийская правда», АМИТ “Ховар”, телевизиони “Сафина”, “Танин”, ШТР “СМ-1”, «Азия»,  радиои “Суғд”, “Шаҳри ман”  баргузор гардид.

  • Робита шуури ҷамъиятӣ бо амнияти ҷамъиятӣ

    Ҳодисаву воқеаҳои охири сиёсӣ дар минтақаҳои гуногуни олам махсусан дар ҷомеаҳои мусулмоннишин моро водор менамояд, ки оиди сабабҳои ба вуҷуд омадани ҳодисаҳо андеша намоем. Зеро, наандешидан, хулосанабаровардан ва аз паи фикри он набудан, метавонад ба сари ҷомеаи мо низ масъалаҳои сиёсиву амниятиеро эҷод намуда, оромии кишварро зери суол бубарад. Мо набояд фаромўш кунем, ки дар оғози соҳибистиқлолияти давлатӣ ҷанги дохилӣ боиси даҳсолаҳо қафо мондани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ гардид ва мушкилотҳои зиёдеро ба сари миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон овард.

       Аз ҳамин туқтаи назар, имрўз ҳимояи якпорчагии кишвар, ҳифзи сулҳу субот ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими сиёсиву амниятии кишварро ташкил медиҳад.

  • Робита шуури ҷамъиятӣ бо амнияти ҷамъиятӣ

    Ҳодисаву воқеаҳои охири сиёсӣ дар минтақаҳои гуногуни олам махсусан дар ҷомеаҳои мусулмоннишин моро водор менамояд, ки оиди сабабҳои ба вуҷуд омадани ҳодисаҳо андеша намоем. Зеро, наандешидан, хулосанабаровардан ва аз паи фикри он набудан, метавонад ба сари ҷомеаи мо низ масъалаҳои сиёсиву амниятиеро эҷод намуда, оромии кишварро зери суол бубарад. Мо набояд фаромўш кунем, ки дар оғози соҳибистиқлолияти давлатӣ ҷанги дохилӣ боиси даҳсолаҳо қафо мондани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ гардид ва мушкилотҳои зиёдеро ба сари миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон овард.

       Аз ҳамин туқтаи назар, имрўз ҳимояи якпорчагии кишвар, ҳифзи сулҳу субот ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими сиёсиву амниятии кишварро ташкил медиҳад.

  • Вокуниш мақолаи «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ (шуури муқаррарӣ)»

    Амнияти миллӣ яке аз масъалахои муҳимтарини чомеъа мебошад, ки он ҳифзи  шахсият  чамъият ва давлатро аз ҳар гуна таҷовузҳои зидди ҳуқуқи таъмин менамояд.

    Бояд ҳимояи Ватан ва таъмини амнияти миллӣ барои  ҳар фарди миллат муқаддасу мӯътабар бошад, зеро Ватан далели асосии ҳастии миллат ба шумор меравад.Таърихи гузаштаи миллати мо онро нишон медиҳад, ки дар он шахсиятҳои бузурги дорои азму иродаи тавоно ва гурури миллӣ кору фаъолият намудаанд ки барои ҳимояи Ватани хеш ҷонфидоиҳои қаҳрамонона кардаанд.

    Талошу набардҳои мардонаи Спитамен, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ, С.Айнӣ, Ш. Шоҳтемур, Н. Махсум, Б. Ғафуров ва дигарон баҳри дифои манфиати миллати худ равона карда шуда  буданд.

    Чунин талошҳои Ватандӯстона  баҳри пойдории амнияти миллӣ мусоидат намуда самараҳои хурсандибахш хохад дод.

  • Бадкардаро бадӣ сазояш

    Ривояте  ҳаст,ки  кадом  ҳокиме  аздудмони  тоҷикони  асримиёнагӣ    аз  ҳамлаю  ғоратгариҳои  кўчманчиёниберуна   ба  дод  омода  ғуломони  сершуморро   аз  тоифаи  муғулнажодҳо  интихобва  омодагии  ҷангӣдод. Ин  қабил  сарбозон  дертар  чунон   дар  сару  танбуридан  усто  шуданд,ки  дертар   ба  тўдаи  Алптегину  Сабуктегинҳои  сархури  давлати  Сомониён  сарварӣ  намудаяке  аз  шукуфонтарин  давлатҳои  асримиёнагиро  ба  хоку  хун  оғушта  ва  рещакан  аз  замин  карда   ба  Темур  ланги  ғоратгару  террорист  луқмаю  сарнавишти  хунрезӣдоданд.

            Чунин  фарҷом  овард  раҳмхўрии  ҳокимон  нисбати  мардуми  таҳҷоӣ,ки    тоҷикон   бояд  фақат  ба  меҳнати  осоиштаи  неъматофарин  шуғл  варзанду  аз  ҷангу  ҷидол  эмин  бошандро  хаёл  мекарданд.

  • Бирав, зи таҷрибаи рўзгор баҳра бигир…

    Тўли як сол мешавад, ки дар сархати ВАО ҳодисаҳои дар Украина ҷараён дошта,  мақоми  аввалро ишғол  менамоянд. Дар ин давра қадам ба қадам мураккаб шудани авзои сиёӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии он ба чашм мерасад. Ҳамаи ин ҳодисаҳои даҳшатоварро дида, пеши назар он ҳодисаю оқибатҳои ҷанги шаҳрвандии кишварамон меояд, ки дар бисёр китобу  рузномаҳо, садою симо ва баъзе  аз онҳоро худ шоҳид будам, пеш меоянд. Мо низ айнан ҳамин ҳодисаҳоро аз сар мегузаронидем. Вазъият аз моҳи феврали соли 90-ум мураккаб шуда баъдтар ба дараҷаи олии худ  расид  (яъне ҷанги бародаркуш оғоз шуд). Бо пайдо шудани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо «Растохез», «Рў ба рў», « Лаъли Бадахшон»  ва ғайра на бо роҳи муколамаи солим,  балки  бо роҳҳои  гуногун кўшиши ба даст овардани ҳокимият (бо кадом арзише, ки набошад) вазъиятро торафт тезу тунд мекард. Маҳз дар ҳамин давра, принсипи асосии мубориза бо роҳи осоишта ба даст овардани  ҳокимият ба назар намерасид. Дар натиҷа вазъи мазкур  ба ҳодисаҳои фалокатовар оварда расонид. Тоҷикистонро бўҳрони иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавӣ фаро гирифта буд.

  • ПАЁМ РАҲНАМОИ ЗИНДАГӢ

    Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз 23-юми январи соли тариқи садо ва симои кишвар пахш гардид, ҳайати устодону профессорон, кормандону муҳассилини Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон гарму ҷўшон истиқбол намуданд.

    Тамошои сарҷамъонаи Паём бо иштироки фаъолонаи кулли устодону (300-нафар) муҳассилин (3400-нафар), кормандон (100-нафар) дар маҷлисгоҳи бинои асосӣ, маҷлисгоҳи бинои таълими дуюм, дар ҳамаи факултетҳо ва хобгоҳу литсейи донишгоҳ роҳандозӣ гардид.

     Паёми мазкур барномае маҳсуб мегардад, ки барои аҳли ҷомеа, дар рушди тамоми соҳаҳои мамлакат хизмат менамояд. Зеро Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон нисбати рушди ҳама соҳаҳои мамлакат дар алоҳидагӣ гуфта гузаштанд, ки минбаъд дар пешрафти он мусоидат намуда,   чун роҳнамои зиндагӣ ва асоси ташаккул хизмат менамояд.

    Суханронии пурмуҳтавои Сарвари давлатро тариқи оинаи ҷаҳоннамо бо мароқи зиёд сарҷамъона тамошо намудани устоду донишҷӯён, далели он аст, ки Президенти кишвар нисбати соҳаи маориф ҳамасола таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

  • Маҳфили “Ганҷи сухан” дар ДДҲБСТ

    Дар толори маҷлигоҳи бинои дуюми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон нишасти 124-уми маҳфили илмӣ- адабии «Ганҷи сухан» баргузор гардид. Аъзам Ҳотамӣ- намояндаи мақомоти иҷроияи ҳоимияти давлатии вилояти Суғд,Масъуди Аҳмадванд-вобастаи фарҳангии сафорати ҶИЭ дар шаҳри Хуҷанд ва ҳайати устодону профессорони  донишгоҳ иштирокчии маҳфили имрӯза буданд.

    Роњбари маҳфил  дотсенти кафедраи адабиёти классики тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров  Саидумрон Саидов бо сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро ба нишасти навбатии «Ганҷи сухан» хайрамақдам гуфт.

    Сипас Баҳодур Ашрапов -мутахассиси шуъбаи табъу нашри ДДҲБСТ роҷеъ ба “Навгониҳои илмиву адабӣ ва фарҳангӣ” баромад намуда, китобҳои навинтишоршуда ва мавзуъҳои фарогирифтаи онҳоро мушаххас ба самъи аҳли толор расонд. Шарифҷон Тоҷибоев дотсенти кафедраи адабиёти классики тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дар мавзӯи “Мавлоно Яъқуби Чархӣ ва тафсири ӯ” ибрози андеша намуда, муфассал дар бораи чанд рисолаи ӯ гузориш дод.

    Исломҷон Раҳимов н.и.ф. дотсенти ДДҲБСТ бо мавзӯи “Тақвими адабиёт ва фарҳанг” баромад намуда, санадҳои муҳими таърихиро гуфта гузашт.

  • Нишасти матбуотии ректори донишгоҳ

    Санаи 12 январи соли равон дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи  раиси вилоят  ва дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

    Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Сӯҳроб Рустамов, муовинони ректори донишгоҳ, деканҳои факултетҳо, сардорони раёсат, мудирони шўъбаҳо ва дигар роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, масъулини пешбурди кори таълиму тарбия низ иштирокчиёни нишаст буданд.

     Дар нишасти матбуотӣ сухан оиди натиҷаҳои фаъолияти аҳли донишгоҳ дар соли 2014 ва нақшаҳои минбаъдаи ҷомеаи боргоҳи маърифат барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия рафт.

    Муовини ректор оид ба таълим Даврон Бобоҷонов меҳмононро ба боргоҳиилму маърифат хушомадед гуфта, аҳли қаламро  бо натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти дар соли 2014 ва дастовардҳои меҳнатии аҳли донишгоҳ муфассал ошно сохт.

  • Изҳороти Иттиҳодияи журналистони вилояти Суғд вобаста ба амали террористӣ дар Фаронса

    Инсоният аз нахустин гомҳояш дар ҳаёт бо таззодҳо ва муборизаи ба ҳам зидҳо рӯ ба рӯ буд. Сарманшаи ин муқовиматҳо  дар муқобили ҳам қарор гирифтани дунеру, некию бадӣ мебошад. Ҳамзамон аз ҳамон давра ба одамӣ имкони муқоиса ва интихоб байни ин ду падида дода шудааст, то битавонад арзишҳои неку ҳамидаро аз кирдору рафтору гуфтори бад ҷудо намояд ва зери фазои орому осуда   ҳама шароитро баҳри сипарӣ намудани умри бобаракату хушбахтона фароҳам созад. Вале бадбахтона, бо гузашти чандин ҳазорсола ақли инсонӣ, ки ба бузургтарин пешрафтҳои илмӣ-технологӣ ноил гаштааст, дар тарбияи он қисмате, ки мансуби қувваҳои аҳриманӣ мебошад, оҷиз мондааст. Ғуломони торикию ҷаҳолат ҳанӯз ҳам дар гӯшаҳои мухталифи сайёра бо ақидаҳои сияҳкорона зуҳур мекунанд, ҳазорҳо одами бегуноҳро ба хоку хун мекашанд, оила, миллат ва қавмҳоро бо нооромию бадбахтӣ мувоҷеҳ  месозанд.

  • Даъвати ҷавонони равшанзамир – шоистаи дастгирӣ аст

    Ба матни мактуби кушоди донишҷўёни муассисаи олии таълимии вилояти Суғд ба раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон М.Кабирӣ шинос шуда, мақсад гузоштам чанд андешаи худро пиромуни ин мактуб иброз дошта бошам.

    1.             Аз мутоилаи мактуби кушод хеле шод гаштам. Шод аз он шудам, ки сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии донишҷўёни равшанфикри мо хеле боло рафта, онҳо бедушворӣ тавонистаанд ба мақоми дини мубини ислом ва ҷаҳони муосир воқеъбинона ва ҳақиқатнигорона баҳо диҳанд. Донишҷўён барҳақ таъкид мекунанд, ки дини мубини ислом ба зоти худ айбе надорад, сабаби ҳама гуна бадбахтиҳо дар зери парчами ислом пинҳон шуда содир намудани кирдорҳои нопоки ғайри инсонӣ дар хоинӣ ва бегонапарастии худи «мусулмонон» аст. Донишҷўён дуруст суолҳо мегузороанд:

  • Мулоқоти судманд бо ҷавонон

    Баҳри баланд бардоштании ҳисси хештаншиносии ҷавонон, пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонону наврасон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикикстон мулоқоти судманд баргузор гардид. Дар мулоқот муовини аввали Раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсумахон Мӯйинӣ, Раиси Раёсати Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Зариф Мирдадоев ва мудири бахши варзиши кумитаи мазкур Толибҷон Норматов ва устодону донишҷӯёни   донишгоҳ ширкат доштанд.

    Нахуст, ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯрабоев меҳмононро аз номи раёсати донишгоҳ ба ин боргоҳи илму маърифат хушомадед гуфта, афзуд, ки рисолати ҷавонон имрӯз ин пеш аз ҳама қабули арзишҳои миллӣ, муқовимат бо андешаҳои тундгаро ва муқовимат ба терроризму экстремизм мебошад.  Аз ҷавонон хоҳиш ба амал овард, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша пайрави андешаҳои солим бошанд.

  • Фанатизм ва хатари он

    Ҳангоми ба интернет ба шабакаи Facebook ва ё дигар шабакаҳои ҳаммонанди иҷтимоӣ назар андохтан навиштаҷоти баъзе аз ҷавонони мафкураи маҳдуддоштаи тоҷик ба чашм мерасад, ки онҳо бо ҳам дар баҳсу мунозираҳои шадиди динӣ-мазҳабии тўлониву радикалӣ ба ҳайси гурўҳҳои «шиа», «салафиён», «ваҳҳобиҳо», «сўфиҳо» ва ғайра қарор доранд. Чунин ҷавонон барои мардуми осоиштаву сулҳҷў «мужда» аз бўйҳои ҷангҳои мазҳабиву радикалии кишварҳои Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистони ҷангзада медиҳанд ва ин ҳолат моро, яъне мусалмони тоҷикро бетараф карда натавонист, то қалам ба даст бигарам ва силсила мақолаҳоро зери унвони «Фанатизм ва хатари он», «Оё Қуръон ба куштор таълим медиҳад? (Ҳадафхоҳӣ дар маънидоди Қуръони маҷид)», «Муcалмонон – бозича ва объекти сиёсии душманони хориҷӣ», «Терроризм алайҳи мусалмонон» ва «Беилмӣ ва хатари гумроҳшавӣ» бинависам. 

                            Чун субҳи азал зи ишқ дам зад,

                            Ишқ оташи шавқ дар қалам зад.

                            Аз лавҳи адам қалам сарафрошт,

                            Сад нақши бадеъпайкар ангошт.

    Абдурраҳмони Ҷомӣ

  • Зиддиятҳои падидаи дунявият ва диният дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон

    Масъалаи таносуби дунявият ва диният дар ҷомеаи муосири Тоҷқикистон  яке аз муаммоҳои мубрами ҳаёти маънавии тоҷикон мебошад. Дар бораи моҳияти ин масъала каме поёнтар қазоват менамоем, вале ин қазоват қаблан ба он вобаста аст, ки дар ҷомеаи тоҷикон, ки зиёда аз 90 % аҳоли мусулмонон мебошанд, чи тавр сарҳади дунявияту диниятро муайян намуд?  Гарчанде дар моддаи 8 Боби якуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври возеҳ муқаррар шудааст, ки ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо аст, вале баҳсу мунозираҳо оид ба мақом ва нақши дин дар ҷомеа идома доранд. Боиси таассуф аст, ки масъалаи таносуби дунявият ва диният дар арафаи маъракаи муҳими сиёсӣ – интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ боз авҷ гирифтааст. Мавҷудияти низоми бисёрҳизби дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон  падидаи муқаррарӣ мебошад. Вале хавф дар он аст, як гурӯҳ ҳизбиён, масалан, намояндагони ҲНИТ, Салафия ва дигарон муколамаи дунявияту диниятро мехоҳанд барои амали гардонии мақсадҳои барои ҷомеаи тоҷикон бегона истифода баранд. Баъзан шахс ба ҳайрат меафтад, ки онҳо фаромӯш кардаанд, ки ҳодисаҳои солҳои 90-ум низ маҳз аз ҳамин гуна муколамаҳои тундгаро оғоз ёфта буд. Наход ин ашхоси ба ном “сиёсатмадорони миллатдӯст” мақсадҳои маҳдуди ҳизбии худро аз манфиатҳои умумимиллӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу ризоияти тоҷикон болотар гузоранд.

  • Мактуби кушода

    Мактуби кушода

    аз номи 8657 нафар донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии

    вилояти Суғд ба раиси ҲНИТ(дар ҳошияи ҳодисаҳои ахири Покистон, Афғонистон, Сурия, Ироқ ва дигар кишварҳои исломӣ, ки зери номи ҳизбҳои исломӣ фақат дар муддати камтар аз як моҳ зиёда аз ҳазор нафар, аз ҷумла тифлони бегуноҳ, модарон, хоҳарон ба катл расонида шуданд)

    Муҳтарам Муҳиддин Кабирӣ!

    Ният доштем ин мактубро ба номи Шумо барвақттар иншо созем, вале то ин замон истиҳола мекардем. Гоҳо мо низ ҳамфикри Шумо будем, аммо ҳодисаҳои даҳшатангези барқсон дар ҷаҳони ислом ахиран рухдода, қатли наздики 500 нафар тифлон, наврасон, ҷавонзанону афроди бегуноҳ дар Покистону Ироқ, Афғонистон, Испания, Канадаю Австралия такони бузурге дар мафкураи мо гардид. Олмони фашистӣ ҳам ба ин гуна амал қодир набуд. Ҳатто ҳайвонҳои ваҳшӣ низ чунин кирдорро ба дигар махлуқот раво намебинанд.

     Муътақид гаштем, ҳар он ҳизбу ҳаракате, ки дар дунё таҳти номи Ислом қарор мегирифтааст, баҳона барои куштани фарзанди Инсон будааст.

Маҷмӯаи аксҳо

Телевизиони донишгоҳ

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Суғд

17 мик-н, хонаи 1 ш.Хуҷанд 735700

Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

+992(3422)2-38-11

+992(3422)2-51-70

http://www.zoofirma.ru/