Хабарҳо


Эъломияи умумии ҳуқуқи башар  паҳншудатарин санадест, ки  тибқи маълумот  бо беш аз 300 забон  тарҷума карда шудааст.  Он аз пешгуфтор ва 30 модда ибо...
Терроризм чун вабои аср имрўз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод м...
Санаи 4 декабри соли 2018 дар Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода...
Дар ҷаҳон ҳар кишвару миллат ва халқиятро  бо урфу одат ва анъанаҳои миллияш мешиносанду эҳтиром мегузоранд. Халқи тоҷик, ки аз қадим дорои маърифати ...

Мавқеъ


Қарни XX-XXI дар тамоми олам қарни нуру раҳмат, файзу баракат маҳсуб меёбад. Маҳз дар ҳамин қарн худшиносии инсон боло рафт, бисёр асрорҳои табиату ко...
Имрўз намояндагон ва тарафдорони гирбиҳамоӣ дар Берлин бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ раҳпаймо доир намуда истодаанд, ки ба паст задани давлату мил...
Ташкилоти эксремистии террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷумлаи онҳоест, ки мазҳабу равияҳои бегонаи диниро дар кишварамон паҳн намуда, ҷиноятҳои сан...
Дар замони муосир ҳар гуна гурўҳҳои иртиҷопараст пайдо шудаанд, ки мақсади  онҳо дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа низоандозист. Ҳизбу созмонҳои зери ...
Фильтр
  • Эълон !

    ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

    ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ҲУҚУҚ, БИЗНЕС ВА СИЁСАТИ ТОҶИКИСТОН

     Конференсияи илмию амалии байналхалқӣ

    «Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ: мушкилот ва роҳҳои инкишоф»

     Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад,ки санаи 25 ноябри соли 2016 конференсияи илмиюамалии байналхалқӣ дар мавзўи «Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ: мушкилот ва роҳҳои инкишоф» дар назар дошта шудааст.

  • Бо эҳсоси баланди худшиносӣ

    Дар заминаи нақшаи кории лоиҳаи моҳномаи Қаҳрамони Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон санаи 26 сентябри 2016 дар толори маҷлисгоҳи  бинои нави таълимии донишгоҳ  конференсияи илмӣ- назараиявии устодону муҳассилини факултетеи молия таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон ва масъалаҳои худшиносии миллӣ»  ба вуқўъ пайваст. Конференсияи илмӣ- назариявӣ бо сухани  муқаддимавии  декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Н.Н.Қаюмов оғоз ёфта, ҳозирин нахуст маърўзаи пурмуҳтавои доктори илмҳои филологӣ, профессор Т.С.Шокировро дар мавзўи «Худшиносии миллии ҷавонон ва забон» шуниданд.

  • «Ганҷи сухан» дар Рӯзи Рӯдакӣ

    Нишасти 143-юмини  маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан», ки ин навбат баргузории он бо санаи фараҳафзо - таҷлили Рўзи Рўдакӣ тавъам омад, дар толори китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии  ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  бо иштироки бештар аз 150 нафар донишмандону адибон, устодони донишгоҳҳо, донишҷӯён ва ихлосмандони каломи бадеъ ҷараён гирифт. Қабл аз маҳфил намоиши китобҳо бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти асосгузори адабиёти тоҷик Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва асарҳои марбут ба забон ва таърихи он, инчунин дастовардҳои илмиву таълимии устодони ДДҲБСТ ба маърази тамошо ва баҳрабардорӣ гузошта шуд.    

      Маҳфилро масъули он, номзади илмҳои филология, адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида, тазаккур дод, ки бузургдошти Рӯдакӣ ва забони модарӣ аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як нафар сокини ватандӯст аст.

  • Конфронси илмии “Мероси таърихии Хуҷанд” бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд

    Бахшида ба «Рӯзи шаҳри Хуҷанд» дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд  чорабиниҳои мухталиф   баргузор гардиданд. Дар таърихи 24 сентябр дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон    бахшида ба ин санаи таърихӣ бо ҷалби доираи васеи олимону устодон, адибон конференсияи илмӣ таҳти унвони «Мероси таърихии Хуҷанд”  баргузор гардид. Дар кори конференсия ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз  ширкат варзид. Ҳамоиши илмиро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода   ифтитоҳ  бахшид.

    Дар   муқаддимаи  конференсияи илмӣ, ҳозирон,  суханронӣ ва маърузаи илмии  Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файзро бо унвони  “Хуҷанд: имрӯз ва уфуқҳои рушди фардо”   шуниданд.

  • Татбиқи сиёсати хориҷии кишвар - дар маркази диққат

    Бо эътирофи асноди робитаҳои байналмилалӣ таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо кишварҳои дӯсту сулҳпарвари олам аз муҳимтарин самтҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Мавзӯи мазкур дар конференсияи илмӣ - назариявии устодону донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ таҳти унвони “Мақоми Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сиёсати хориҷии Тоҷикистон” мавқеи меҳварӣ дошт. Ин ҳамоиши илмӣ санаи 20 сентябри соли 2016 дар заминаи нақшаи кории лоиҳаи моҳномаи Қаҳрамони Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид.

                Дар конференсия нахуст ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода вобаста ба нақши барҷаста ва талошҳои рӯзафзуни Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал сухан намуда, аз ҳуқуқшиносони ояндаи меҳан даъват ба амал овард, ки пайрав ва ибратомӯзи фаъолияти чунин фарзанди фарзонаи миллати хеш бошанд.

  • Фарзанди содиқу вафодори халқ

    Мардуми саодатёри кишвар пешвои пазируфтаи худ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат, поягузори сулҳу ваҳдат, эҳёгари арзишҳои миллӣ мешиносанду ба кору пайкори ибратпазири ин фарзанди фарзонаи миллат самимияту садоқати бепоён доранд. Чунин андешаҳо дар меҳвари афкори кулли маърўзачиёни конференсияи илмию назариявии дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷараёнгирифта қарор доштанд.

    Конференсияи илмӣ-назариявии мазкур бо ибтикори садорати факултети инноватсия ва телекоммуникатсия санаи 19 сентябри соли 2016 дар доираи нақшаи лоиҳаи Моҳномаи Қаҳрамони Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

  • ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

    Ҳаёту фаъолияти фарзандони бузурги миллат, аз ҷумла Қаҳрамонони Тоҷикистон барои насли ҷавони имрўзу оянда тимсоли барҷастаи пайравӣ ва ибратомўзист. Дар пайванд ба ин масъала раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон моҳи феврали соли 2016 нақшаи кории лоиҳаи Моҳномаи Қаҳрамони Тоҷикистонро тарҳрезӣ намуд. Тибқи нақшаи мазкур моҳҳои феврал, март ва апрел дар боргоҳи илму маонӣ вобаста ба ҳаёту фаъолияти Қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода ва Бобоҷон Ғафуров силсилаи чорабиниҳои илмию маърифатӣ ҷараён гирифта, онҳо бобати дар ниҳоди донишандўзон тақвият бахшидани ҳисси худшиносӣ, худогоҳии миллӣ, ватандўстӣ, арҷ гузоштан ба хидматҳои барҷастаи бузургони миллат мусоидати зиёде доштанд. 

  • Роҳи пуршараф

    Тоҷикистони азиз маҳз бо шарофати Истиқлолият ба давлати озоду обод, ягонаю мустақил ва дунявию демократӣ табдил ёфта, ғояи волои Истиқлолият  ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ҳидоятгар ва раҳнамои мо ба хотири  ободии Ватани маҳбуб ва  сарзамин гардид.

     Дар ин замина, санаи  8 сентябри соли равон  ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатииҶумҳурии Тоҷикистон дар факултети  сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ силсилачорабиниҳои  илмию маърифатӣ  оғоз ёфтанд. Конференсияи илмӣ - назариявие, ки рўзи 8 сентябр таҳти унвони «25 соли роҳи пуршараф» дар факултетҷараён гирифт, бо мўҳтавои барномаи худҷолибу хотирмон буд. 

    Нахуст, назди ҳозирин муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия, дотсент А.А. Орифов сухан карда, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро волотарин ва боарзиштарин дастовард арзёбӣ намуд, ҳамчунин ў ба ифтихори ин санаи фархунда аз номи раёсати донишгоҳ устодону донишҷўёнро самимона таҳният гуфт.

  • Моҳномаи Қаҳрамонони Тоҷикистон оғоз ёфт

    Ҷиҳати шоиста истиқбол намудани ҷашнвораи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати  ДДҲБСТ   тасмим гирифт, ки  идомаи соли таҳсил лоиҳаи моҳномаи «Қаҳрамони Тоҷикистон»-ро роҳандозӣ намояд.

          Тибқи лоиҳа ҳар моҳ ташкил ва баргузории силсилаи чорабиниҳо роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти Қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ (моҳи феврал), Мирзо Турсунзода (моҳи март), Бобоҷон Ғафуров (моҳи апрел) ва Эмомалӣ Раҳмон пешбинӣ гардида,  ҳадаф аз баргузории ин гуна чорабиниҳо дар ниҳоди шогирдон тарбия намудани ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, шиносоӣ бо кору пайкори чеҳраҳои намоёни миллат, ибратандӯзӣ аз ҳаёти қаҳрамонон маҳсуб меёбад.

  • Конференсияи илмии «Истиқлол – заминаи рушди Тоҷикистон»

    Ба муносибати ҷашни бузурги умумимиллӣ, 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6-уми сентябр дар донишгоҳ бо ҷалби доираи васеи олимону устодон ва донишҷўён конференсияи илмӣ таҳти унвони “Истиқлол – заминаи рушди Тоҷикистон” баргузор гардид. Нахуст ректори донишгоҳ профессор Ҷўразода Ҷ. ҳамоишро оғоз бахшида, роҷеъ ба нақш ва мақоми таърихии истиқлолият дар таърихи давлатдории навин, муҳимтарин марҳилаҳои ташаккул ва таҳаввулоти созандагию бунёдкорӣ дар кишвар ҳарф зад. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, муовини раиси шаҳр Солеҳзода РаҳимРашидӣ ба сухан баромада ҳозиринро бо ин ҷашни саиду фархунда табрику таҳният гуфт ва номаи шодбошии раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файзро ба ҳозирин расонид. 

  • Тантанаи дипломсупорӣ дар донишгоҳ

    Агар ҷашнҳои Истиқлолу Рўзи дониш – оғози Соли нави таҳсилро мўҷиби ифтихору сарбаландии ҳар кадоми мо арзёбӣ намоем, пас баргузории тантанаи супоридани дипломҳои мактабҳои олии касбиро ба хатмкунандагон метавон ҷамъбасти натиҷаи ҷаҳду талоши аҳли донишгоҳ ҷиҳати иҷрои ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод кард, - изҳор намуд дар суханронии хеш ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷўразода Ҷамшеди Ҳабибулло дар маросими бошукўҳи супоридани дипломҳои хатми мактаби олӣ ба хатмкунандагони соли 2016, ки санаи 19 август ба вуқўъ пайваст.

    Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев ва  профессор Туғралхон Шокиров бо рўзи саиди таърихии хатмкунандагон - соҳиби дипломи мактаби олии касбӣ гардидан муборакбод гуфта, дар шоҳроҳи минбаъдаи зиндагӣ роҳи сафед ва бурдбориҳои тоза таманно намуданд.

  • Тантанаи Рўзи дониш ва Дарси Сулҳ

    Санаи 1-уми сентябр дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистон дар фазои шукўҳу идона, бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ ва эҳсоси ифтихор аз фарорасии бузургтарин ҷашни таърихи нави давлатдориамон, яъне 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли нави таҳсили 2016-2017 оғоз ёфт. Ба ин муносибат ба ДДҲБСТ Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ ташриф овард.Ҳамчунин дар ин чорабинии тантанавӣ муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Каримзода Осим Қосимӣ ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.

  • Озодии виҷдон ва худшиносии миллии ҷавонон

    Эълом доштани озодии виҷдон ва эътиқодро аз ҷумлаи музаффариятҳои муҳимтарини инсоният медонанд. Дар замони ҳозира ҳар як давлатии демократии ҳуқуқбунёд, пеш аз ҳама озодии виҷдонро таҳким бахшида кафолат медиҳад.

    Озодии виҷдон – яке аз ҳуқуқҳои асосии шахсии (шаҳрвандии) инсон буда, озодии шахсият  аз ҳама гуна назорати идеологӣ, ҳуқуқи ҳар касро барои мустақилона барои худ интихоб кардани низоми арзишҳои маънавӣ дар назар дорад.

     Ин ҳуқуқ ба ҳар як шахс аз лаҳзаи таваллуд мансуб мебошад. Мафҳуми «озодии виҷдон» аз рўи маъно бо мафҳуми «озодии афкор» хеле наздик буда, бисёр вақт дар ҳамбастагӣ истифода мешавад. Ғайр аз ин, озодии эътиқод яке аз унсурҳои озодии виҷдон аст. Он ба дин муносибати бевосита дошта, дар ҳамин соҳа амалӣ мешавад.

  • Ҳимоят аз манфиатҳо ва бехатарӣ дар низоми сиёсӣ

    Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар арсаи таърихи навини давлатдории соҳибистиқлоли мо ташаккул меёбад, ки асоси устувори заминаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии онро Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад. Дар баробари фарогирии озодӣ, ҳуқуқу манфиатҳои кулли шаҳрвандон дахлнопазирии шахс аз ҷониби давлат ҳимоят шуда, тибқи моддаи 30-юми Конститутсия «таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст».

  • Оқибатои гаравидани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ дар ҷомеа

    Зуҳуроти номатлуб ва ташвишоваре, ки имрўз як идда ҷавонони зудбовару гумроҳро фаро гирифтаву сўи торикиву зулмот ва бераҳмиву ҷаҳолат мебарад, ин бо ҳар роҳу восита шомилшавӣ ба ҳизбу созмонҳои хусусияти экстремистидошта, гурўҳҳои ҷангҷўю тундрав мебошанд, ки имрўз мусибати гаронеро ба сари мардум оварда, оромиву суботи ҷомеаро халалдор месозанд. Мутаассифона, баъзе аз шаҳрвандони мо ба доми фиреби инсонҳое, ки бо қориазёд кардани 2-3 оятҳои Қуръони карим намозгузорӣ карда, худро мусалмони мутлақ меҳисобанд, тарки хонаву дар ва ватан мекунанд ва ба доми фиреби ифротгароён гирифтор шуда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ шомил мешаванд.  Имрўз пайомади ҳизбу созмонҳои «Ҳизб-ут-таҳрир», «Салафия», «Ваҳобия», «Ҳаракати исломии Ўзбекистон», «Ансоруллоҳ», «Ҷундуллоҳ»  ва амсоли инҳо дар ҷаҳони муосир ҳушдорамон медиҳад, ки бо ақлу заковати худ амал намуда, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

  • Зиндаву поянда бод сулҳу ваҳдат дар сарзамини тоҷикон!

    Имрўзҳо ҷаҳониён аз воқеаҳои фоҷеабор дар олами ислом изҳори нигаронӣ намуда, ҳамарўза кўшиш ба харҷ дода истодаанд, то инсониятро аз даргирӣ ва мунокишаҳои гурўҳҳои ифротгаро ҳимоя кунанд.

          Амалиёти хоинонаи дастаи террористии ҳочӣ Абдуҳалим Назарзода дар рўзи чумъаи 4 сентябр, ки ба мукобили нерухои мусаллаҳ дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Душанбе  ҳамла оварда, сабабгори ҳалокати 8 нафар корманди милитсия ва 9 нафар аъзои гурўҳи мусаллаҳ гардидаанд, боиси нигаронии аҳли кишвар буда, ҳар нафарро лозим меояд, ки ҳамеша ҳушёр бошанд. 

          Тоҷикистон дар Осиёи Миёна ягона давлат мебошад, ки дар қаламрави он Ҳизби наҳзати исломӣ озодона фаъолият дорад. Ин ҳизб аз солҳои аввали таъсисёби фаъолияти худро  танҳо ба  хотири ноором гардонидани авзои сиёсии ҷомеа равона сохта, ин самти фаъолияташро то имрўз дигар накардааст.

            Имрўзҳо ҳазорон нафар сафҳои ин ҳизби ҷудоихоҳро тарк карда, дар назди  хизматҳое, ки Сарвари давлат барои халқу мамлакат анҷом доданд, сари иродат  фуруд оварда, мехоҳанд ба сафи ҳизби созанда ва пешсафи ҷумхурӣ-ҲХДТ шомил гарданд.

  • Ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ саркуб мешаванд!

    Боиси хушнудист, ки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон бо кӯшишҳои пайваста ва сиёсати хирадгароёнаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити мусоиде барои изҳори андеша ва озодии сухан фароҳам омад, ки ҳар шаҳрванд метавонад бо истифода аз шароити мусоид бемамоният изҳори андеша намояд.

    Воқеоти рузҳои 3 ба 4 уми сентябри соли равон ҳар нафари худшиносу ватандӯстро водор месозад, ки доири он изҳори назар карда бошад. Амалҳои хоинонаву курнамаконаи собиқ муовини Вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода, роҳбари ҲНИТ Кабирӣ Муҳиддин ва аъзоёнаш мо ҷавонони суғдиро бетараф монда наметавонад. Хеле нигаронкунада аст, ки роҳбари ҲНИТ М.Кабирӣ аз хориҷи кишвар истода, бо андешаҳои муғризона ва нопокаш амалиёти террористии хоини Ватан А. Назарзодаро дастгирӣ намояд. Ин афроди ҷиноятпеша мехоҳанд бо ин амалҳояшон диққати бархе аз хоҷаҳои хориҷиашонро ба худ ҷалб намуда, боварї ва пуштибонии онњоро сазовор шаванд.

  • Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм

    Пас аз эълон гардидани Истиқлолияти Тоҷикистон дар арсаи чаҳонӣ давлати мустақилу соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Дар фазои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои қонунгузории давраи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ амал мекарданд ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 водор намуд, ки вобаста ба сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои конститутсионӣ дар таҳрири нав қабул гардида, мураттабсозӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо таъмин карда шаванд. Баъд аз қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо қадамҳои устувор гузошта шуданд. Ташаккули давлати демокративу ҳуқуқбунёд, қабл аз ҳама ба сифати баланди қонунҳо вобаста аст, ки он волоияти қонунро таъмин намуда, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими амнияти давлатӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва экстримизм равона гардидааст.

  • Ҳизби наҳзат бояд барканор шавад...

    Инак замоне фаро расид,ки ҳақиқатро ошкоро баён намоем. Ҳақиқат ин ҷост, ки барои ҷомеаи имрӯз ҲНИТ ҳамчун ҳизби экстремистӣ зарур нест. Зарур набудани онро воқеаҳое, ки рўзҳои охир рўи кор омад, бори дигар собит намуд. Зеро сарварони ин ҳизб маълум карданд, ки ҳадафи эшон осудагиву оромии ҷомеа набуда, балки қудрат будааст. Онҳо ба хотири аз даст надодани мавқеи хеш ба ҳар коре даст мезананд, ки он паёмади нек надорад. Хато намекунем, агар гуем, ки Абдуҳалим Назарзода чеҳраи аслии ин ҳизбро ошкор кард. Роҳбарияти давлат ба эхтироми гуфтушуниди чандин сол кабл рух дода, ба ин шахс мансаб дод ва махз тавассути ин курсӣ ў тавонист бою бадавлат шавад, дар ҷомеа маком пайдо намояд, вале ба ў ин кам буд,

  • Хуҷанд дар ҷодаи созандагӣ ва бунёдкорӣ

    Дар толори маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и ДДҲБСТ ҷаласаи бахши конференсияи илмӣ дар мавзўи «Хуҷанд дар ҷодаи созандагӣ ва бунёдкорӣ» бахшида ба Рўзи Хуҷанд баргузор гардид. Маҷлисро Саидов С.Ғ. сардори раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ ифтитоҳ бахшида, ҳамагонро ба ҷаласа хайрамақдам гуфт. Устоди донишгоҳ н.и.ф., дотсент Ғиёсов Н.И. таҳти унвони «Абўмаҳмуди Хуҷандӣ-устоди ҳакимони олам» маърўзаи илмӣ намуд. Дар маърўза қайд гардид, ки шаҳри Хуҷанд ватани бузургони машрикзамин буда, фарзандони фарзонаи он дар таърихи адабиёт, санъат ва фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми босазое гузоштаанд.

  • Вохўрии судманд бо корманди прокуратура

    Дар толори калони раёсати ДДҲБСТ намояндаи мақомоти прокуратураи вилояти Суғд бо донишҷӯён ва устодон дар мавзӯи «Пешгирии шомилшавии ноболиғону  ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҳизбу созмонҳои террористию ифротгаро, тамоилҳои бегонапарастӣ, тақлид ба маданият ва тарзи либоспўшии ба фарҳанги миллати мо бегона ва бо ин васила тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ» мулоқоти якҷоя доир намуд.

             Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯрабоев мулоқотро оғоз намуда, қайд намуд, ки шомилшавии ноболиғону ҷавонон ба ҷараён ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мавзӯе мебошад, ки ҷамеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ва ҷомеаи пешқадами дунё алайҳи ин падида номатлуб мубориза мебаранд. Тавре Сарвари давлат дар Паёми солонаашон қайд намуда буданд, терроризм забон, миллат ва сарҳад надорад.

  • Андешаҳои классикони тоҷик бар зидди хурофот ва таассуб

    Ҳайфи умре, ки ҳама дар пайи ғафлат гузарад,

     Ба гирифтории дунёву ба кулфат гузарад.

    Саъдии Шерозӣ

    Қабл аз он ки мо дар хусуси хурофот ва таассубу таассубпарастӣ ҳарф занем, бояд чӣ маъно доштани онро донем. Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ «хурофот» – ақида ва фикрҳои пучу беасос, «хурофотпарастӣ»- пайравӣ ва боварӣ ба ақидаҳои хурофӣ ва мавҳумот маънидод шудааст. «Таассуб» бошад, бо се маънӣ тавзеҳ дода шудааст: 1. Тарафдорӣ ё душмании бисёр нисбат ба шахс; 2.Ҳимоят ва ҷонибдорӣ, орият; 3. Тарафдорӣ аз ақоиди динӣ ва маросими кўҳнаи миллӣ, фанатизм, кинаҷўӣ…(ФЗТ. Ҷ.2, саҳ.283-284). Хурофот ва таассуб ҳанўз аз давраи қадим дар шаклҳои гуногун дар ҷомеа роиҷ гардида, азбаски ба он бовар доштанд, дар ҳамин замина мақсаду манфиати ниҳонии гурўҳи муайяни одамон амалӣ мегардид.

  • Илмомўзӣ ва сабақи динӣ

    Илм ин омўзиш,  хулосабарорӣ ва ворид намудани навовариҳои судманд  дар  самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мебошад, ки ба он шахсони донишманд, соҳибмаърифат ва пуртаҳаммул ноил мегарданд. Илм дар пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳаввулоти бузург, ки ҳамарўза ба  вуҷуд меоянд, саҳми беандоза дорад. Тараққиёти илму техника ва ташаккулёбии маърифату ҷаҳонбинии инсон аз исботи ақидаҳои илмӣ ва дар амал татбиқ шудани онҳо гувоҳӣ медиҳад.

    Имрўз ҷомеаи мо, ки дар бунёди давлати демокративу дунявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст, ҳолатҳое ба чашм мерасанд, ки мардум зиёӣ -олимро аз мулло ва илмомўзиро аз сабақи динӣ фарқ намегузоранд, дунявӣ будани давлатдории мардуми тоҷикро фаромўш месозанд. 

  • Тарбияи сиёсии ҷавонон - омили муҷими бунёди давлати мутамаддин

    Тоҷикистони соҷибистиқлол роњи бунёди ҷомеаи демокративу дунявӣ ва шањрвандиро пеша кардааст. Ин амал аз ҷар як шањрванди кишвар, пеш аз ҷама аз ҷавонон  тақозо менамояд, ки сатњи маърифат ва фарҷанги сиёсии хешро афзун намоянд. Масъалаи назарияву амалияи тарбияи сиёсӣ доимо дар маркази таваҷҷўњи њизбњои сиёсӣ, давлату њукумати њар як кишвар қарор дорад.

     Ҷавонони имрӯза аксаран ҷонибдори ҷудо будани иттиҷодияњои динӣ аз давлат ва дар ин замина густариши робитаи дуҷонибаи ҷањонбинии дунявӣ ва динӣ мебошанд. Њамзамон бархе аз  онҷо зери фишор, таъсиррасонии гурӯњњое қарор доранд, ки мазҷабњои бегона, манфиатњои њизбњои ѓайриқонуниро тарѓиб менамоянд. Имрӯз тавассути иддае аз шахсони тахрибкор, аз ҷумла баъзе аз ҷавонони дар муассисањои тањсилоти динии хориҷи кишвар таҷсилнамуда ба кишвар ақидањои бунёдгарои динӣ (фундаменталистӣ), аз ҷумла  таълимоти салафия паҷн шудааст.

  • Истиқлолият ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ

    Таҳти ҳамин унвон дар таърихи 21-уми сентябри соли равон бахшида ба фаъолияти илмию таълимии файласуф, фарҳангшинос, педагоги варзида, Аълочии маорифи Тоҷикистон, муовини ректор оид ба робитаҳои байналхалқӣ Ҷӯраев Абдураҳим Ҳоҷиевич дар толори маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и ДДҲБСТ конференсия илмӣ баргузор гардид. Дар конференсия намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, донишгоҳҳои олии вилояту ҷумҳурӣ, донишгоҳҳои хориҷӣ ва устодону олимони донишгоҳ ширкат доштанд.

    Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷўрабоев ба кори конференсия ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳамагонро ба боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Мавсуф асоси пешрафти ҷомеаро дар ҳар давру замон аз илм вобаста дониста, олимонро пайвандгари қалбҳо муаррифӣ намуд.

  • Бори каҷ ба манзил нахоҳад расид

    Тавре аз сархати васоити ахбори омма огаҳи пайдо кардем, шаби 3 ба 4 сентябри соли равон собиқ муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалими Мирзо бо дигар ҳаммаслакони ҷиноятпешааш бо ҳадафҳои муғризона ва андешаҳои нопоки хоинанааш ба Ватан хост, тинҷиву ороми ва фазои беғубори мамлакатамонро халалдор созад. Рафтори хиёнаткорона ва ноҷавонмардонаи ин гуна афроди хоини миллат Назарзода Абдуҳалим нобахшиданӣ мебошад. Вақте кас дар бораи ҳолномаи Абдуҳалим Назарзода огаҳӣ пайдо мекунад,  дар ҳайрат мемонад. Зеро номбурда суистифода аз вазифа намуда, бо ҳамроҳии дигар аъзоёни гуруҳи ҷиноятпешааш Кабирӣ Муҳиддин ва Ҷунайдулло Умаров амволи зиёдеро шахсӣ ва соҳибӣ намудаанд, ки боиси нигаронист. Тавре мегӯянд “бори каҷ ба манзил нахоҳад расид” ва ин кирдорҳои нопок ва амалҳои номатлуби гуруҳи ҷиноятпешаи Назарзода А. дар як муддати кутоҳ аз тарафи мақомотҳои қудратӣ муайян, пешгирӣ ва безарар карда шуд, ки пурмасъулиятии фаъолияти Прокуратураи генералӣ, КДАМ, ВКД ва дигар ниҳодҳои қудратиро нишон медиҳад. Мақомотҳои қудратии мамлакат дар амалиёти зиддитеррористӣ оид ба несту нобуд кардани дастаи террористии собиқ муовини Вазири мудофиаи ҶТ ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода 16-уми сентябри соли 2015 бори дигар пурмасъулиятиву матонати худро дар назди халқу Ватан собит сохта,  нагузоштанд, ки  гуруҳи манфиатҷӯ ва ҷиноятпешаи Ҳоҷӣ Ҳалим амнияти миллиро халалдор созад.

  • Вокуниш

    Дар натиҷаи амалиёти қаҳрамононаи сохторҳои қудратии мамалакат гурӯҳи ҷинояткори яроқнок, ки роҳбарии онро хоин ва душмани миллат Абдуҳалим Назарзода ба ӯҳда дошт, пурра несту нобуд карда шуд.

    Гурӯҳи террористии ҷинояткор А.Назарзода, ки саропо бо яроқҳои гуногуни ҷангӣ муссалаҳ буд, мақсад дошт, ки дар мамалакат бо роҳи зӯрӣ ноороми ва бетартиби ба амал орад. Аммо дар натиҷаи матонату садоқати командони сохторҳои қудратӣ нақшаҳои ҷиноятпешаи гурӯҳи ҷинояткор А.Назарзода барбод дода шуд.

    Бояд қайд кард, ки амалиёти ҷинояткор А.Назарзода дар натиҷаи таъсири гурӯҳи ҷангиёни ДИИШ, ки имрӯз дар Сурия, Ироқ амалиётҳои террористӣ содир намуда истодааст, ба амал омад.

  • Беадабро ҳар куҷо бинӣ, бикўб!

    Рўзҳои охир амали балвогаронаю террористии собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода ҷомеаи Тоҷикистонро ба ташвиш оварда буд. Дар сўҳбатҳои мардум сухан аз ин иғвову фитна мерафт. Ин воқеаҳои нангин сархати хабарҳои расонаҳои иттилоотӣ гардид. Мардум бо умедворӣ ба оинаи нилгун, рўзномаю сомонаҳои хабарӣ таваҷҷўҳ доштанд, ки чӣ хабари наве мерасад. Ахиран, хабари маҳв гаштани гурўҳи терористӣ ва ҷинояткори Ҳоҷӣ Ҳалим дар фазои иттилоотӣ паҳн гашт ва мардум осуда гардиданд. Хабари нобуд гардидани Абдуҳалим Назарзода ба ин байти Сайидои Насафӣ мувофиқ аст:

  • Ёдбуди инсони комил

    Субҳи 16-уми сентябри соли равон, бахшида ба 90-солагии Ходими Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саттор Қаюмов бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар толори китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии илмиву адабӣ, таҳти унвони “Устод, олим ва инсони комил” доир гардид. Дар чорабини намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, устодони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва ҳайати устодону профессорони донишгоҳ ширкат доштанд.  

    Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯрабоев ба чорабинӣ  ҳусни ифтитоҳ бахшида, таҷлили 90-солагии Саттор Қаюмов ва дигар фарзандони содиқи миллатро аз сиёсати дурнигарона ва маънавибунёди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои неки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ арзёбӣ намуд. Мавсуф фаъолияти Саттор Қаюмовро нотакрор ва пурҷабҳа муаррифӣ намуда, таъкид дошт, ки хизматҳои шоистаи Саттор Қаюмов  дар ҳама самтҳои фаъолият намунаи ибрат буда, номи ин шахси наҷиб то абад дар саҳфаи таърихи миллати тоҷик бо хатҳои заррин сабт шуда, номи некаш вирди забонҳо хоҳад монд.

  • Хиёнат ба Ватан – амали нангин

    Дар замони муосир бозии абарқудратҳо дар тақсими дороиҳои олам, бо ҳам пархош кардани онҳо ҷиҳати намоиши тавонмандӣ, бозгўи  рақобатҳо ҷиҳати нишон додани тавоноии худ қишри бонуфузи олам – мардуми бехабару фирефтаро ба оташи хун печонида, низоми амнияти ҷаҳон ва суботи кишварҳоро барҳам мезанад. Ин васила, ба ҷои ба ном «демократия» бадтарин бало ба сари мардуми бечора меборад. Рухдоди охирини бисёр нангин – амали террористии гурўҳи собиқ муовини Вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода тасдиқгари андешаҳои болоист.

    Тавассути шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон, ҳамчунин васоити ахбори омма аз ҳодисаҳои санаи 4 сентябри соли 2015 дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат огоҳии комил ёфтам. Дар ин замина, ман – сармуҳаррири нашрияи «Маъвои хирад» - и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Анварҷон Ғафуров тасмим гирифтам, ки перомуни ин рухдоди нангин, амали душманонаю саропо боѓарази ин як нафар хоин ва ҳампешагони нохалафу носипоси ў мулоҳизоти хешро баён намуда бошам.

  • Дӯстро ҳини тангдастӣ метавон шинохт

    Дар масири зиндагӣ инсонро зарур меояд, ки мушкилоти зиёдеро пайваста паси сар бисозад. Лекин барои банӣ башар ду дӯшворае вуҷуд доранд, ки онҳоро дар танҳоӣ таҳаммул кардан ба касе асло муяссар намешавад. Ин борҳои гарон эҳсоси шодӣ ва ғам маҳсуб мешаванд. Маҳз ба ҳамин сабаб аст, ки дар рӯзгори одамӣ таъбироти «шодишарикӣ» ва «ғамшарикӣ» дар радифи вожаҳои муҳимтарин ва хушгувортарин мақом пайдо кардаанд. Аз расму одатҳои ибратпазири халқи ҳимматбаланди мост, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсози миллату давлат- чи дар соатҳои шодию сурур ва чи мавридҳои санҷишу имтиҳоноти сахт- ҳамеша дӯстони ҷониамон ҳам ҷисман ва ҳам рӯҳан дастгиру мададгорамон мешаванд ва чунонки дар урфият мегӯянд, ба шарофати ҳиммати ёрону бародарони ҷонӣ вазнинии бори рӯзгор- хоҳ аз дарду алам бошаду хоҳ аз суру шодмонӣ байни ҳамагон баробар тақсим шуда, ба ин васила таҳаммулаш осонтар мегардад.

  • Мулоқоти судманд бо вакилон

    Ба муносибати 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми муассисаву корхонаҳои давлатӣ пайваста мулоқоту вохӯриҳои судманд доир гардида истодааст. Дар ин замина субҳи 11-уми сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и ДДҲБСТ мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ доир гардид. Дар мулоқот ҳамчунин намоянда аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Мирзоқосим Каримов ва Раиси комиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Наим Маликисломов ширкат доштанд.

    Ректори донишгоҳ  Ҷамшед Ҷӯрабоев ба сухан баромада, меҳмононро ба даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Мавсуф 24-умин баҳори умри Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба кулли иштирокчиён самимона табрик гуфта, афзуд, ки Истиқлолият - ганҷи бебаҳо, неъмати азизтарин барои кулли тоҷикистониён маҳсуб меёбад. Мирзоқосим Каримов табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати 24-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба самъи ҳозирин расонд.

  • Истиқлолият асоси пойдории давлат

    Санаи 7-уми сентябри соли 2015 бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлигоҳи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Нақши соҳибихтиёрии давлатӣ дар инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид. Дар конференсия муовини Раиси шаҳри Чкалов Киромидин Мухторов, намоянда аз раёсати донишгоҳ ва устодону донишҷӯёни факултет ширкат варзиданд. 

    Конференсияро декани факултет Шуҳрат Кенҷаев ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо фарорасии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Номбурда аз дастовардҳои даврони истиқлол ёдовар шуда, ҳадафи баргузории конференсияро гиромидошт ва таҳким бахшидан ба истиқлоляти давлатӣ муаррифи кард.

    Қисми илмии конференсия бо маърӯзаи илмии Орипов Т.О.-н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ асоси пойдори давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон”сурат гирифт.

  • Чорабинии фарҳангӣ-назариявӣ бахшида ба рӯзи китоб

    Субҳи 4-уми сентябри соли равон бахшида ба Рӯзи китоб дар бинои китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-назариявӣ таҳти унвони “Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест” баргузор гардид. Чорабини бо иштироки устодон ва ҷалби донишҷўён доир гардид.

             Директори китобхона Дилрабо Салимова ба чорабини ҳусни ифтитох бахшида, афзуд, ки китоб беҳтарин ганҷинаи ҳаёт буда, аз қадимулайём мардуми мо китобдӯсту маърифатпарвар буданд. Мудири шуъбаи аспирантура ва докторантураи донишгоҳ Башорат Ҳакимова устодон ва донишҷўёнро аз номи раёсати донишгоҳ ба муносибати Рўзи китоб табрик гуфт.

  • Рӯзи дониш

    Ҳамасола бо иштироки Роҳбари давлат оғоз гардидани дарси сулҳ ва соли нави таҳсил дар кишвари мо гувоҳи равшани эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсии ҷомеа, мақому мартабаи илму маориф, маънавиёту маърифат, заҳмати омўзгорону устодон ва саъю талоши донишҷўёну хонандагон, яъне насли ояндасози миллат мебошад.

    Дар ин лаҳзаҳои идона кулли  кормандони соҳаи маориф, устодону омўзгорон, донишҷўёну хонандагон, кўдакони хушбахти диёрамонро, ки бори аввал ба мактаб мераванд ва онҳоеро, ки соли аввали таҳсили худро дар муассисањои таҳсилоти ибтидоӣ,

  • Барномаи фарҳангӣ бахшида ба 600 солагии Мавлоно Ҷомӣ

    Ба муносибати 600 солагии бузургдошти Мавлоно Ҷомӣ дар тамоми гушаву канори мамлакатамон силсила чорабиниҳо баргузор гардида истодааст. Дар ин замина 26-уми сентябри соли равон дар саҳни  бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии ҷумҳуриявӣ бо иштироки намояндагони ҳукумати вилояту шаҳр, Вазорати маориф ва илм, адибон ва устодону донишҷӯён баргузор гардид. Ба чорабини Аслам Каримов ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро аз номи раёсати донишгоҳ  хушомадед гуфт. Дар ҳамоиши мазкур намояндагон аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон, адибон  аз шуъбаи иттифоқи нависандагони вилояти Суғд, аз ҷумла, шоира Фарзона, Аҳмадҷони Раҳматзод ва дигарон ҳузур доштанд.

  • Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ бахшида ба 600 солагии Мавлоно Ҷомӣ дар ДДҲБСТ

    Бахшида ба 600 солагии шоир, мутафаккир ва орифи барҷастаи  қарни  ХV-и тоҷик  Мавлоно Ҷомӣ таърихи 26-уми сентябр дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёати Тоҷикистон конференсия ҷумҳуриявӣ таҳни унвони “Абдураҳмони Ҷомӣ ва масоили рушди фарҳангсолорӣ дар тамаддуни шарқ” баргузор гардид. Дар конференсия намояндагон аз Мақомомти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мақомоти иҷроияя ҳокимияти далатии шаҳри Хуҷанд, сафорати Ҷумҳурии Иисломии Эрон дар шаҳри Хуҷанд, устодон ва проффесорони ДМТ, ДДҚ ба номи Н.Хусрав, ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, ДДҲБСТ ва Донишкадаи куҳи металургии Тоҷикистон ширкат доштанд.

  • Мулоқоти адибон бо донишҷӯёни ДДҲБСТ

    Ба хотири баланд бардоштани маърифати фарҳангии донишҷӯён субҳи 25-уми сентябр, мулоқоти адибон бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мулоқот Шоири халқии Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият”, Муҳаммад Ғоиб, намояндагон аз Шуъбаи иттифоқи нависандагони вилояти Суғд Аҳмадҷони Раҳматзод, Маъруфи Бобоҷон, Додохони Эгамзод, Муҳаммад Субҳон ва ректори Донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯрабоев ширкат доштанд. Ректори Донишгоҳ ба мулоқот ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Баъдан, аз навиштаҳои шоири беназир Муҳаммад Ғоиб ёдовар шуда, афзуд, ки “то ба имрӯз зиёда аз 52 китоби М.Ғоиб дастраси хонандагон гардидааст, ки ҳаркадоме инъикосгари мавзӯи алоҳида мебошанд. Дар аксар навиштаҳои шоир васфи ватану ватанпарастӣ мушоҳида мешаванд”. Сипас Ҷӯрабоев Ҷ. риштаи суханро ба Муҳаммад Ғоиб вогузошт. Шоир аз овони донишҷӯияш баёни андеша намуда, қайд кард, ки факултети физикаро хатм намуда, баъдан қисматашро ба навиштани шеъру мақола ва қиссаву очерк бахшида,  домани эҷодро гирифтааст.

  • Машварати кормандони РХДО дар ДДҲБСТ

    Бо мақсади иҷроиши қарори раиси шаҳри Хуҷанд аз 20-уми майи соли 2010 таҳти рақами №359 “Оид ба ташкили дастаҳои ихтиёрии оташнишонон”, фармони ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба масъалаи зикршуда аз 16-сентябри соли равон таҳти рақами №57 ба тасвиб расид. Баҳри иҷроиши қарору фармони мазкур санаи 20-уми сентябри соли ҷорӣ дар бинои дуюми ДДҲБСТ бо иштироки кормандони Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Хуҷанд машварат баргузор гардид. Дар машварат сардори шуъбаи назорати давлатии бехатари аз сухтори РХДО-и вилояти Суғд подполковник Мирзоев Рустам Бегмуродович бо кормандони шуъбаи мазкур ва устодону донишҷӯён ширкат доштанд. Ба машварат Амонов Аминҷон Ҷамолович-раиси кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро хушомадед гуфт ва риштаи суханро ба Мирзоев Р.Б дод. Мавсуф доир ба таърихи таъсисёбии РХДО суханрони намуда, ҳамзамон афзуд, ки имрӯзҳо дар назди шуъба РХДО корҳои тарғиботӣ бо мақсади таъмин ва риояи қоидаҳои сухтор мустаҳкам ба роҳ монда шудааст. Натиҷаи он гузаронидани машваратҳо дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳиҳои вилоят мебошад.

  • МУЛОҚОТИ РЕКТОРИ ДДҲБСТ

    бо устодон ва донишҷӯёни факултетҳои баҳисобгирӣ ва андоз ва сиёсашиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ

    18-уми сентябри соли равон дар биноиасосии ДДҲБСТ мулоқоти ректори донишгоҳ Ҷӯрабоев Ҷамшед Ҳабибуллоевич бо устодону донишҷӯёни факултетҳои баҳисобгирӣ ва андоз ва сиёсашиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ  баргузор гардид.

                Ректори донишгоҳ Ҷӯрабоев Ҷ.Ҳ ба мулоқот ҳусни ифтитоҳ бахшида, донишҷӯёнро, ки аз таърихи донишгоҳ аввалин маротиба тариқи ММТ имтиҳон супорида ба донишгоҳ дохил шуданд табрик намуда, соли равонро соли таърихӣ муаррифӣ кард.

  • СҲШ БА МУНОСИБАТҲОИ ҲАМКОРИИ ДАВЛАТҲОИ ҲАМСОЯ ТАҲКИМ МЕБАХШАД

    Субҳи 19-уми сентябри соли равон дар бинои асосии ДДҲБСТ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар партави “СҲШ: бехатарӣ ва устувории ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ” баргузор гардид, ки ҳадафи асосии баргузории конференсияи мазкур  таҳким бахшидан ба рушди ҳамкории давлатҳои узви СҲШ мебошад. Дар конференсия намояндаи вилояти Оши ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд, сафир Мирахмедов Аскаралӣ Раҳматович ва устодону донишҷӯён донишгоҳ ширкат доштанд.

    Ҷўраев Абдураҳим Ҳоҷиевич-муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ-номзади илмҳои фалсафа, дотсент ба конференсия ҳусни ифтитоҳ бахшида меҳмононро хушомед гуфт ва риштаи суханро ба Мирахмедов А.Р дод.

  • МУЛОҚОТИ ВАКИЛОНИ ПАРЛУМОН БО УСТОДОН ВА ДОНИШҶӮЁН ДДҲБСТ

    Санаи 17-уми сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи бинои дуюми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати  Тоҷикистон  мулоқоти вакилони Маҷлисинамояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодон ва донишҷӯён баргузор гардид. Дар мулоқот  Шоди Шабдолов, Исмоил Талбаков намояндагон  аз ҳизби  комунистии Тоҷикистон, Маҳмадшариф Низомов аз ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Домуллоҷон Ҳоҷиев, Мунаввара Кенҷаева  аз ҳизбӣ халқи-демократии Тоҷикистон ва муовини раиси шаҳри  Хуҷанд Муродова Умедахон Бурҳоновна, ректори донишгоҳ Ҷӯрабоев Ҷамшед Ҳабибуллоевич ширкат доштанд.

    Муовини раиси шаҳри Хуҷанд ба мулоқот ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро бори дигар ба Хуҷанди бостонӣ хушомадед гуфт

    ва мақсади мулоқотро ба самъи ҳозирин расонид. намуд Нахуст Шоди Шабдоловро ба сухан даъват.

  • Вохурии ректори ддҳбст бо дониҷӯёни соли аввали факултети молия

    Таърихи 16-уми сенябри соли равон дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохурии донишҷӯёни соли аввали факултети молия бо ректори донишгоҳ Ҷӯрабоев Ҷамшед Ҳабибуллоевич баргузор гардид. Дар вохурии мазкур ноибони ректор, устодон ва донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои молия ва қарз, кори бонкӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ ширкат доштанд.

    Нахуст ректори донишгоҳ ба вохурии имрӯза ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки “рисолати аввалини ҳар яки мо ваҳдат, сулҳ, оромиву осоиштагии ватани азизамон мебошад.

    Мо бояд пайрави ба андешаҳои хирадгароёнаи сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, Эмомоалӣ Раҳмон намоем. 

    Ҳар як иқдоми пешгирифтаи сарвари давлат ба рушди соҳаи маориф ва тарбияи солими насли наврас равона карда шудааст. Созандагиву ободкорӣ, пешрафти илму техника аз донишу малакаи ҳар як шахс вобаста аст.

  • Истиқлолият муқаддастарин арзиши миллӣ

    Санаи 5-уми сентябри соли 2014 бахшида ба 23-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар бинои асосии ДДҲБСТ конференсияи илмӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ректори донишгоҳ ва устодону шогирдон ширкат доштанд. Чорабиниро ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҳабибуллоевич Ҷӯрабоев ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз самими қалб табрик намуд. Мавсуф аз дастовардҳои даврони истиқлолият ёдовар шуда, гиромидошт ва таҳким бахшидани онро вазифаи   ҳар як нафари худшиносу ватандӯст донист. Ҷӯрабоев Ҷ.Ҳ аз ҷумла афзуд, ки “имрӯзҳо бо сиёсати дурнигаронаи сарвари давлат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар сар то сари кишвар таҳсил дар сатҳи байналмиллалӣ  ба роҳ монда шудааст. Мо низ бояд ҷавобан ба ин ғамхориҳои давлату ҳукумат баҳри ободиву созандагӣ ва гулгулшукуфонии ватани азизамон саҳмгузор бошем”. 

  • Чорабинии илмӣ-оммавӣ бахшида ба рӯзи китоб

            Субҳи 4-уми сентябри соли равон бахшида ба рӯзи дониш, китоб ва ба муносибати ҷашни 600 солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар бинои китобхонаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии илмӣ-оммавӣ баргузор гардид. Ба чорабинии идона намояндаи раёсати донишгоҳ профессор,  Ҳомидов Ф.М-декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ифтитоҳ бахшида қайд намуд, ки китоб беҳтарин ганҷинаи ҳаёт буда, аз қадимулайём мардуми мо китобдӯсту маърифатпарвар буданд.    Сипас ҳозиринро Умарова М.С-директори китобхонаи илмии ДДҲБСТ бо фаъолияти китобхона  ва адабиёти соҳавии дохилшуда ба фонди китобхона ошно сохт. Дар рафти чорабини донишҷӯён дар васфи китобу дониш ва ашъори Мавлоно Ҷомӣ ғазалҳо қироат намуда, табъи ҳозиринро  шод намуданд. Ҳамзамон суолу ҷавоб байни донишҷӯён гузаронида шуда, аз посухҳои шогирдон устодон қаноатманд гаштанд.

Маҷмӯаи аксҳо

Телевизиони донишгоҳ

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Суғд

17 мик-н, хонаи 1 ш.Хуҷанд 735700

Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

+992(3422)2-38-11

+992(3422)2-51-70

http://www.zoofirma.ru/