Хабарҳо


Эъломияи умумии ҳуқуқи башар  паҳншудатарин санадест, ки  тибқи маълумот  бо беш аз 300 забон  тарҷума карда шудааст.  Он аз пешгуфтор ва 30 модда ибо...
Терроризм чун вабои аср имрўз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод м...
Санаи 4 декабри соли 2018 дар Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода...
Дар ҷаҳон ҳар кишвару миллат ва халқиятро  бо урфу одат ва анъанаҳои миллияш мешиносанду эҳтиром мегузоранд. Халқи тоҷик, ки аз қадим дорои маърифати ...

Мавқеъ


Қарни XX-XXI дар тамоми олам қарни нуру раҳмат, файзу баракат маҳсуб меёбад. Маҳз дар ҳамин қарн худшиносии инсон боло рафт, бисёр асрорҳои табиату ко...
Имрўз намояндагон ва тарафдорони гирбиҳамоӣ дар Берлин бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ раҳпаймо доир намуда истодаанд, ки ба паст задани давлату мил...
Ташкилоти эксремистии террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷумлаи онҳоест, ки мазҳабу равияҳои бегонаи диниро дар кишварамон паҳн намуда, ҷиноятҳои сан...
Дар замони муосир ҳар гуна гурўҳҳои иртиҷопараст пайдо шудаанд, ки мақсади  онҳо дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа низоандозист. Ҳизбу созмонҳои зери ...
Фильтр
  • Рушди ҳамкориҳои хориҷии донишгоҳ

    Санаи 24 июни соли 2016 мулоқоти ректори донишгоҳ профессор Ҷӯразода Ҷ.Ҳ. бо намояндаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Урал, муовини директори Донишкадаи ҳуқуқ ва соҳибкорӣ Половников А.Е., ки бо мақсади баргузор намудани силсилавохӯриҳо ва корҳои касбинтихобкунӣ бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҷиҳати таҳсил дар зинаи бакалавр ва магистратураи донишгоҳи мазкур ба Тоҷикистон ташриф овард, баргузор гардид.

  • Политический терроризм

    Политический терроризм-это метод политической борьбы, который связан с осуществлением насильственных вооруженных акций с целью устрашения и подавления политических противников.Он имеет своей целью нагнетание страха у населения и оказание вследствие этого воздействия на власть. Поэтому сегодня самым распространенным методом террора является насилие не в отношении носителей власти, а против мирных людей, с обязательной демонстрацией катастрофических результатов террора.Количество таких актов постоянно увеличивается, они становятся все более жестокими, и все больше людей оказываются их жертвами.

  • Национальное единство – основа устойчивости государства и нации

    Национальное единство является для нас в высшей степени ценным достижением,  основным условием благосостояния нашего народа, надежным фундаментом развития и прогресса нашей любимой Родины.  В этой связи, задача каждого сознательного  человека и патриота заключается в том, чтобы защищать национальное единство как бесценное богатство, крайне важное достижение, уважать его наряду с другими нашими национальными святынями.

    В сегодняшних условиях прежде всего необходимо на государственном уровне представлять суть и содержание национального единства в качестве выразителя взаимопонимания и сосуществования всех граждан, поколений и идей. Подобное преобразование понятия укрепит и придаст всеобъемлющий характер национальному единству и позволит еще больше расширить его в обществе в качестве  важнейшего элемента национального самопознания.

    Поэтому необходимо, чтобы представители молодого поколения приняли идею мира и единства в качестве важнейшей неотъемлемой части национальной культуры и менталитета и прилагали максимум усилий для её укрепления.

  • Ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ифротгарон одилона аст

    Аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ёфтани парвандаи ҷиноятӣ нисбати шахсоне, ки бо кирдорҳои ифротгароӣ даст задаанд, аз рўзмарра ва одилона будани хулосаи суд шаҳодат медиҳад. Чунки фаъолияти шахсоне, ки ба кирдорҳои ифротгароӣ даст задаанд, зиддиқонунӣ буда, ба ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар таҳдиди хатар дорад, ки боиси низоъангезӣ, муноқишаи иҷтимоӣ, зўроварӣ ва дигар оқибатҳое, ки ягонагии мардумро халалдор месозад,  шуда метавонист.

      Ғайр аз ин, бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом бинобар хусусияти террористӣ ва экстремистӣ доштан манъ карда шудааст. Чунки кирдорҳои аъзоёни ин ҳизб, аз ҷумла, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ, динӣ, бетартибиҳои оммавӣ, ба зўроварӣ тағйир додани сохтори давлатӣ аз дараҷаи баланди хавфнокӣ шаҳодат медиҳад, ки бо далелҳои раднашаванда тасдиқи худро ёфтааст.

  • Низои дохилидавлатӣ ва таъсири он ба амнияти минтақа ва байналхалқӣ

    Низоъ шакли субъективии мавҷудият ва инкишофи зиддиятҳои объективии пешрафти ҷамъият мебошад. Ба ибораи дигар, низоъ ин бархўрди манфиат, фаъолият, ақидаҳои шахсиятҳои алоҳида, гурўҳҳои иҷтимоӣ,  ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, давлат ва мақомоти он, созмону паймонҳои ҳарбию сиёсӣ ва сиёсию иқтисодӣ, сохторҳои иҷтимоию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ аст.

    Бар асоси баррасии хоси назарии таҳаввулоти бузурги охири асри XX муҳаққиқи амрикоӣ Самуел Хантингтон фарорасии давраи нав - даврони «бархурди тамаддунҳо» ва «низои тамаддунҳо»-ро эълом дошт: «Низои ояндаи байни тамаддунҳо - фазои ҷамъбастии тадриҷии низоъҳои глобалӣ дар ҷаҳони муосир хоҳад буд».

  • Дурўягӣ дар сиёсат заволи давлат аст

    Шахсони дурўя яке аз шахсони хатарнок ба шумор мераванд, новобаста аз он ки онҳо дар куҷо ва кадом соҳа кор ва фаъолият мебаранд. Лекин аз ҳама хатарнокаш он аст, агар чунин шахсон ба сиёсат даст зананд, оқибати он хеле хатарнок буда,  нохуширо ба сари давлат, ҳукумат, миллат ва халқ оварданаш мумкин аст.

    Таърих гувоҳ аст, ки дар давраҳои гуногун аз тарафи шахсони дурўя ва ноустувор чӣ ҳодисаҳо ба сари мардум омада, дар бисёри ҳолатҳо ин омил ба фоҷиа ва нестшавии давлатҳо оварда расонидааст. Агар мо аз таърихи давлати Сомониён ёдовар шавем, мебинем, ки давлати бузурги пешрафтаи онҳо аз тарафи дастпарвардаи хонадони Сомониён Маҳмуди  Ғазнавӣ, ки ўро барои кўмак расонидан даъват карда буданд, бо душман забон як карда, ба рў ниқоби дўстӣ кашида ин давлатро ба нестӣ оварда мерасонад.

  • Роғун сохтмони аср, ғуруру шукўҳи тоҷик

    Нерўгоҳи барқи обии Роғун бемуҳобот сохтумони асру манбаъи ғуруру шаҳомати миллати тоҷик аст. Маълум аст, ки сохтмони ин ишнооти азим дар замони Шўравӣ оғоз гардида, бинобар нобасомониҳои замон он ба итмом нарасида буд. Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол зарурат пеш омад, ки барои чароғон кардани манзили хеш, барои равшании хонаву дари хеш бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон даст ба эъмори ин иншооти азим занад.

    Соли 2010 ба сардии зимистон нигоҳ накарда, мардуми кишвар дар ҳар гўшаю канори Тоҷикистон раҳпаймоӣ намуда, пасандози худро барои харидани саҳмияи Роғун гузоштанд. Ин кирдори оммавӣ нишонаи ватандўстӣ ва дастгирии сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти Тоҷикистон буд.

  • Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бахшандаи нуру зиё

    Маҷмааи гидроэнергетики «Роғун» иншооти бузургтарини барқии дарёи Вахш ба шумор рафта, танзими бисёрсолаи маҷрои дарёро амалӣ месозад. Нерӯгоҳи «Роғун» на танҳо истеҳсоли солонаи барқро афзун менамояд, балки  аз ҳама муҳимаш, имконият фароҳам меорад, ки аз рӯи реҷаи воҷиб амал намуда, дар фаслҳои сард, дар давраи норасоии нерӯ ба қадри даркорӣ барқ истеҳсол намояд. Ин на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсояи мо аз Осиёи Ҷанубӣ манфиатбахш аст.

     Барномаи сохтмон зина ба зина ба истифода додани иншоот ва дар марҳилаи сохтмон аз ҳисоби ба истифода додани агрегатҳои аввал истеҳсоли нерӯи барқро дар назар дорад. Дар марҳилаи аввал маблағгузории комплекси бакорандозӣ дар фишори пасти сатҳи 160-170 метр бо тавоноии 1200 МВТ, истеҳсоли солонаи 4,5 миллиард кВт.соат, тақрибан 600 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Минбаъд маблағи ин нерӯи истеҳсолшударо метавон ҳамчун як қисми сарчашмаи маблағгузорӣ истифода бурд. 

  • Ҳамагон маъсуланд

    Имрўзҳо дар ҳудуди Тоҷикистон амал намудани баъзе аз ҳаракатҳои иртиҷоиву террористӣ ҳар як шаҳрванди кишварро ба ташвиш меорад. Бино ба маълумотҳои нерўҳои қудратӣ фаъолияти чунин гурўҳҳои ифротгаро дар саросари ҷумҳурӣ манъ ва пайваста маҳкум гардида, доири фаъолияти онҳо ҷомеа ва мардум имрўз вокунишҳои сахт нишон медиҳанд. Пас амалиёти онҳо чаро тамоман решакан карда намешавад? Саркардаи онҳо кистанд? Онҳо чӣ мақсад доранд? Наход онҳо меҳоҳанд Тоҷикистони тинҷу ороми моро боз ба як минтақаи даргир табдил диҳанд? Ҷустуҷўи ҷавоби ин саволҳо диққати моро ба ду масъалаи муҳим ҷалб намуд.

  • НБО – Роғун иншооти тақдирсози миллат

    НБО-и Роғун яке аз иншоотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва он истиқлолияти энергетикии ҷумҳуриро таъмин менамояд. Тавре маълум аст,  аз соли 2009 корҳои барқароркунии сохтмонӣ дар НБО-и Роғун аз нав оғоз гардид. Ин заруриятро қарори Ҷумҳурии Ўзбекистон оиди  қатъ намудани интиқоли барқ ба вилояти Суғд боз ҳам тезонид.

      Дар давраи Шўравӣ ва дар солҳои аввали истиқлолият ба вилояти Суғд аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон барқ интиқол дода мешуд. Дар натиҷаи пайдо шудани мушкилиҳо дар сиёсати Ўзбекистон нисбати Тоҷикистон интиқоли барқ ба вилояти Суғд аз Ўзбекистон қатъ карда шуд.

  • Роғун сохтмони тақдирсози миллат

    Сохтмони ин ГЭС-и пурқудраттарини Осиёи Миёна ҳанўз дар даврони Шўравӣ, солҳои 70-уми асри гузашта шурўъ гардида буд. Лекин бо сабаби ҳодисаҳои солҳои 90-уми қарни  гузашта қатъ гардида, танҳо баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав оғоз ёфт.

      Дар марҳилаи аввали барқарор  гардидани корҳои сохтмонӣ кишварҳои Россия ва Хитой барои анҷом додани корҳо дар Роғун мароқ зоҳир намуда буданд. Лекин мавқеи ҳамсоякишвари мо,  ки бо иқрор бояд зидди ин сохтмон баромад, мавқеи ин кишварҳоро дигаргун сохт.

  • Рушди илм дар партави Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ

              Бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ 14-уми июни соли 2016 дар ДДҲБСТ конференсияи илмию амалии устодон ва донишҷӯён таҳти унвони «Рушди илм дар партави Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ» доир гардид.

          Ректори донишгоҳ Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло дар суханони ифтитоҳии хеш арз намуд, ки дар таърихи Тоҷикистони навин Истиқлолият ва Ваҳдат мафҳумҳои баробарарзиш маҳсуб гардида, туфайли ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Тоҷикистони азизи мо ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид. Ин воқеаи муҳим рамзи барҷастаи ҳамдигарфаҳмӣ, муттаҳидиву сарҷамъии миллати

  • Таъсиси Ассотсиатсияи хатмкардагон дар ДДҲБСТ

    Тараққиёти ҷомеаро бе инкишофи бемайлони илму маориф тасаввур намудан  ғайриимкон аст. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид гаштааст, ки давлату ҷомеа ояндаи неки худро бо пешравии соҳаи маориф, бо тайёр  кардани  мутахассисони варзидаи дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ мепайвандад.

         Дар таърихи 3-юми июни соли 2016 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиши хатмкардагон аз соли таъсисёбии донишгоҳ то ба ҳол бо иштироки 102 нафар собиқ донишҷӯёни солҳои гуногун аз тамоми  гӯшаву канори мамлакат, аз ҷумла, шаҳри Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрҳои Исфара ва Истаравшан, ноҳияҳои Деваштич, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров   ва устодон баргузор гардид.

  • Ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Дар таърихи 1-уми июни соли 2016 дар донишгох семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ва Рӯзи Байналмилалии муҳофизати кӯдакон дар мавзӯи «Ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: муаммо ва дурнамои ҳалли он» доир гардид. Дар суханони ифтитоҳии декани факултети ҳуқуқшиносӣ дотсент Шӯҳрат Кенҷаев қайд гардид, ки  масъалаи ҳуқуқи кӯдак мавриди омӯзиш, таҳқиқ ва баррасии амиқ қарор гирифтааст, зеро кӯдакон ояндаи миллатанд ва месазад ба  ин масъала эътибори ҷиддӣ дода шавад.

             Раиси Шӯрои олимони ҷавони донишгоҳ Шӯҳрат Саидов дар баромади худ иброз намуд, ки қабули эъломияи ҳуқуқи башар дар соли 1948 як таҳаввулоти бузурге дар самти ҳуқуқҳои инсон бахусус кӯдакон маҳсуб меёбад. Баъд аз намоиши филми мустанад оид ба кӯдакон ва ҳуқуқҳои онҳо, сардори Дафтари САҲА дар вилояти Суғд Шанджив Тиручелван дар мавзӯи «Нақши САҲА дар ташаккули ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон» маърӯза намуд.

  • Маҳфили «Адибони ваҳдатсаро»

    Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Ваҳдат вожаи муқаддас буда, он армони ҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Ваҳдат кафили асосии рушди давлати миллӣ буда, он вақт пойдор мемонад, ки бар адолати иҷтимоӣ  асос ёфта бошад. Арзиши ваҳдат дар ягонагӣ, дастаҷамъӣ, тифоқӣ ва бо ҳам будан  маҳсуб меёбад. Дар робита ба ин,  санаи 1-уми июни соли 2016 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  маҳфили «Адибони ваҳдатсаро» бо иштироки  шоирону нависандагон ва устодону толибилмон баргузор гардид.

           Ҳамоишро ректори донишгоҳ, профессор  Ҷамшед Ҷӯрабоев ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ғояи миллӣ, тафаккур ва андешаи миллӣ маҳсуб меёбад, андешаронӣ намуд. Мавсуф иброз намуд, ки таҷрибаи талхи кишварҳои ҷангзада ба мисли Сурия, Ироқ ва Афғонистон бояд дарси ибрати  ҳамагон бошад, зеро Ваҳдати миллӣ роҳи ягонаи таъмини рушд ва амнияти миллӣ арзёбӣ гаштаст. 

  • Конфренсияи илмию амалии байналхалқӣ таҳти унвони «Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия дар шароити нави рушди сиёсати ҷаҳонӣ»

    Санаи 31- уми майи соли равон  дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  конференсияи илмию амалии байналхалқӣ таҳтиунвони «Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия дар шароити нави рушди сиёсати ҷаҳонӣ» бо иштироки меҳмонон ва устодони донишгоҳ дар толори бинои дуюми ДДҲБСТ баргузор гардид. Дар кори конференсия намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Консули генералии Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд, мудири шӯъбаи Пажуҳишгоҳи  таърих, бостоншиносӣ, мардумшиносии ба номи  АҳмадиДонишиАИ ҶТ директори Маркази тадқиқоти минтақаҳои ҷаҳон  дар назди ДСРТ,  олимону мутахассисони соҳа ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олии  касбии  мамлакат ширкат варзиданд.

  • Ҷаласаи шӯрои олимони донишгоҳ

    Санаи 29 майи соли равон ҷаласаи навбатии шӯрои олимони донишгоҳ шуда гузашт. Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои муҳим аз қабили  омода намудани кадрҳои илмӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, сарфароз гардонидани донишҷӯёни фаъол бо ифтихорномаву сипоснома сурат гирифт.

    Мудири шӯъбаи аспирантура ва доктарантураи донишгоҳ Мунзифахон Атамуллоева аз фаъолияти шӯъба бобати иҷрои барномаи омода кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот дод. Сипас, мудири бахши идоракунии сифати таҳсилот, дотсент Соҳибназар Ашӯров оиди сатҳу сифати таълим ва вазъи донишазхудкунии донишҷӯён аз фанҳои тахассусӣ ва дақиқ гузориш дод. 

     Дар шӯро ҳамчунин доир ба вазъи ишғоли вазифаи дотсентиву проффесорӣ дар донишгоҳ ва бобати тасдиқи мавзўи рисолаҳои номзадӣ, ҳавасманд гардонидани донишҷўёни пешқадам, ғолибони Спартакиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриявӣ пешниҳодҳо карда шуд.

  • Ҷамъбасти рӯзҳои ҷавонони Тоҷикистон дар донишгоҳ

    Санаи 29 майи соли равон дар Донишгоҳи давалатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинӣ ба ифтихори ҷамъбасти рӯзҳои ҷавонони Тоҷикистон доир гардид. Дар чорабини прокурори вилояти Суғд мушовири адлияи дараҷаи сеюмВоҳидов Ҳабибулло Сайдуллоевич, ректори донишгоҳ доктори илмҳои таърих Ҷамшед Ҷӯрабоев ва устодону донишҷӯёни фаъолу пешсафи донишгоҳ ширкат доштанд.

     Ҷамшед Ҷӯрабоев ба чорабини ҳусни ифтитоҳ бахшида, донишҷӯёни пешқадам, аълочиёни хониш, варзишгарону санъаткорони бомаҳорат, ғолибони олимпиадаҳои байналмилаливуҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, аъзоёни маҳфили ҳозирҷавобони шӯхтабъ, ширкатдорони дастаи SIFE,

  • Имтиҳоноти давлатии хатм дар факултетҳои донишгоҳ

    Дар асоси нақшаи тартибдодаи раёсати донишгоҳ моҳи майи соли ҷорӣ дар факултаҳои донишгоҳ имтиҳонҳои хатм оғоз гардид.

    Имтиҳонот зери назорати масъулин муташаккилона ҷараён гирифта, дар сатҳи баланди методию касбӣ гузаронида шуда истодааст.

    Лозим ба тазаккур аст, ки синфхонаҳо бо шарту шароити имтиҳонсупорӣ ҷавобгӯ  буда, умуман, имтиҳонҳо дар фазои ором, бо риояи талаботҳои ҷойдошта баргузор гардида истодаанд.

    Хосатан дар факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ имтиҳоноти давлатии хатм дар ҳайати комиссияи бонуфуз доир гардида, дар як рӯ аз 12 нафар  хатмкунандагон 8 нафарашон сарбаландона бо баҳои аъло  аз имтиҳони давлати гузаштанд, ки ин натиҷаи маҳсули фаъолияти босамари устодонро дар раванди таълим бозгӯ менамояд.

  • Марҳилаи имтиҳонҳои ниҳоии донишҷӯён тариқи маркази тестии донишгоҳ

    Санаи 18 майи соли равон дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ  марҳилаи имтиҳони ниҳоии донишҷӯён оғоз гардид.  Намояндагони раёсати донишгоҳ аз рафти имтиҳонот дидан карда, ба шароиту имкониятҳои фароҳамнамудаи садорати факултетҳо бобати баргузории имтиҳонот баҳои баланд доданд.

    Ҳамаи тестҳои ба донишҷӯён пешкашшуда фарогири мавзӯъ ва барномаҳои таълимии устодон мебошанд.  Саволномаҳои тестӣ пешаки ба сомонаи донишгоҳ ворид шудаанд ва донишҷӯён аз ин имконият истифода намуда, ба имтиҳонҳо ҳамаҷониба омода гардидаанд.

  • Аттестатсияи унвонҷўёну аспирантон

    Масъалаи омода намудани кадрҳои соҳибунвони илмӣ дар мадди назари ҳамешагии раёсати донишгоҳ қарор дорад.Аспирантон ва  унвонҷўён аз ҷониби раёсати донишгоҳ ҳамаҷониба  дастгирӣ карда  мешаванд.

    Дар донишгоҳ зиёда аз 160 нафар муҳаққиқони ҷавон корҳои пажўҳишии худро тавассути аспирантура ва унвонҷўӣ ба расмият дароварда, аз рўи мавзўъҳои илмии тасдиқгардида давом медиҳанд  ва аз иҷрои нақшаи кории худ ба шўъбаи илм ва аспирантура маълумот медиҳанд.

    Дар асоси Низомнома оид ба тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006, № 6/4 тасдиқ шудааст, моҳи майи соли ҷорӣ мутобиқи нақша дар донишгоҳ аттестатсияи дохилии унвонҷўёну аспирантон гузаронида шуд.

  • Ёдбуди инсони наҷиб ва олими шинохта

    Ба муносибати 80 - солагии  доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои байналхалқии мактабҳои олӣ, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шодравон  Тўхта Ҷалилов санаи 23 июн дар донишгоҳ конференсияи илмӣ баргузор гардид. Барои гиромидошти хотираи  олими шинохта, намояндагони  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, макотибии олии вилоят, хешон, пайвандон, наздикон ва шогирдони Тўхтабой Ҷалилов дар маҳфили ёдбуди ў гирд омаданд. Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷўрабоев  дар сухани  ифтитоҳиаш ба нақш ва мақоми олими варзидаи соҳаи иқтисод, ходими давлатию ҷамъиятӣ Тухтабой Ҷалилов  мухтасар равшанӣ бахшид. Сипас  намояндаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сармутахассиси шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилоят Ният Ҳаёт  номаи шодбошии Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Абдураҳмон Қодириро ба аҳли нишаст расонд.

  • Ҳар ки хандонад ятими хастаро…

    Санаи 21 июни соли 2014 намояндагони ДДҲБСТ бо сарварии ректори донишгоҳ  Ҷамшед Ҷўрабоев кўдакони бепарастору маъюб, тарбиятгирандагони  мактаб – парваришгоҳи ҷумҳуриявии низомаш махсуси ноҳияи Ҳисорро, ки дар Беморхонаи физеотерапевтии ҷумҳуриявӣ дар вилояти Суғд  ба муолиҷа ва истироҳат фаро гирифта шудаанд,  аёдат карданд. Ин амали нек ба истиқболи Рўзи Ваҳдати миллӣ сурат гирифт. Дар ин чамъомад  ректори донишгоҳ  Ҷамшед Ҷўрабоев сухан карда, таъкид дошт, ки дар партави сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат  Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ятимону бепарасторон таҳти ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд. Бо истироҳату  табобат фаро гирифта  шудани як гурўҳ тарбиятгирандагони  мактаб – парваришгоҳи ҷумҳуриявии низомаш махсуси ноҳияи Ҳисор дар ин муолиҷагоҳи мўътабар самараи ҳамин сиёсати хирадмандона маҳсуб мегардад. Муовини сардухтур оид ба корҳои муолиҷавии  Беморхонаи физеотерапевтии ҷумҳуриявӣ Садриддин Муҳиддинов ин иқдоми аҳли донишгоҳро нек арзёбӣ кард.

  • Бахшида ба Рўзи Ваҳдати миллӣ

    Дар арафаи таҷлили ҷашни 17-умин солгарди ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода конференсияи илмӣ баргузор гардид. Намояндагони кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, шахсони барўманди кишвар, собиқадорони давлатию ҷамъиятӣ низ иштирокдорони конференсия буданд. Конференсияро бо суханони ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷўрабоев оғоз бахшида, тазаккур дод, ки ба имзо расидани ҳуҷҷати сарнавиштсози сулҳу салоҳ бо роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, кишварро осуда гардонд ва дар дили халқи азияткашида шўълаи умедро аз нав барафрохт. 

    Дар суханронии худ раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки имрўз вобаста ба имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон дар кишвар раванди худогоҳиву худшиносӣ такон ва густариши тоза пайдо карда, ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандўстӣ ва ватанпарастӣ то ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд. 

  • Ба ифтихори ҷашн

    Соли равон дар Тоҷикистон 20-солагии қабули Сарқонун ҷашн гирифта мешавад. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ва ба ифтихори таҷлили ҷашни 20-солагии қабули Сарқонун дар мавзўи «Конститутсия қутбнамои ҳаёти ҷавонон» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Пеш аз оғози ҷамъомад меҳмонон аз осорхонаи донишгоҳ дидан карданд. Конференсияи илмӣ-назариявиро раиси Шўрои донишҷўёни донишгоҳ Дилшод Бобоев ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро аз номи раёсати донишгоҳ хайрамақдам гуфт. Мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов баромад намуда, дар бораи нақши ҷавонон дар пешрафти кишвар сухан кард. Сониян сардори раёсати  илмӣ-татқиқотии донишгоҳ, номзади илмҳои филология, дотсент Шавкатҷон Рустамов ба сухан баромад.  

  • Доир ба захираҳои обию энергетикӣ

    Бо ташаббуси факултети бизнес ва идоракунӣ ва иштироки доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Исайнов Ҳисайн Раҳимович семинарии илмию назариявӣ баргузор гашт. Семинар ба мавзўи «Захираҳои обию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистонт - муаммоҳо ва дурнамои пешрафт» бахшида шуда буд. Семинари илмӣ-назариявиро ноиби ректор оид ба корҳои таълим, доктори илмҳои иқтисодӣ Даврон Бобоҷонов ифтитоҳ бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Дар семинар устодони донишгоҳ, аспирантон, иқтисоддонҳо ва меҳмонони дигар ширкат доштанд. Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Исайнов Ҳисайн Раҳимович доир ба захираҳои обию энергетики Ҷумҳурии Тоҷикистон-муаммоҳо ва дурнамои пешрафт баромади муфассал намуд. Мавсуф дар баромадаш дар бораи бунёд ва фаъолияти нерўгоҳҳои барқӣ дар Тоҷикистон, истеъмоли қувваи барқ, захираҳои обӣ, аз лиҳози захираҳои обӣ дар Осиёи Миёна ҷои аввалро ишғол намудани Тоҷикистон ва дигар паҳлуҳои мавзўи мазкур сухан ронд. 

  • Тифлаконро таҳният гуфтанд

    Ба ифтихори Рўзи байналхалққии муҳофизати ҳуқуқи тифлакон – 1 июн дар радифи мақомоти иҷроияи давлатӣ раёсат ва сохторҳои донишгоҳ як зумра амалҳои хайру савобро роҳандозӣ намуданд. Дар чорабинии ба ин муносибат дар комплекси кўдакистон-мактаби махсус барои кўдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд баргузоргардида, 30 май намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва донишгоҳамон ширкат доштанд. Тарбиятгирандагони мактабро мудири шўъба оид ба корҳои дин ва танзими анъана, расму оинҳои Дастгоҳи  Раиси вилоят Абдуҳаким Шарифов ва ректори донишгоҳамон Ҷамшед Ҷўрабоев ба муносибати ҷашни фархунда таҳният гуфтанд. Ба тифлакон ҳадяҳои Раиси вилоят ва аҳли донишгоҳ дар вазъияти тантанавӣ тақдим гардиданд. 

  • Саҳна тарабобод буд

    Дар таърихи 2 июни соли 2014 саҳнаи Театри мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят дар ихтиёри иштирокчиёни фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб» буд. Ҳаваскорони санъат аз ташкилоту муассиса, корхонаҳои шаҳри Хуҷанд дар ҳузури Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода дар саҳнаи ин озмуни бонуфуз ҳунару маҳорати хешро намоиш доданд. Аз ҷониби ҳаваскорон 12 номгўи барномаҳои ҷолиб, ки  тараннумгари ишқи пок, дўстию бародарӣ, васфи диёри азиз, халқи ҳунарманди кишвар буданд, ба ҳайати ҳакамон пешкаш ва сазовори 121 хол гардид. Тибқи Низомнома аз рўи шартҳои табрикоти дастаи ҳунарӣ, суруди ҳамсароёни бисёровоза, намоиши сару либоси миллии тоҷикии мардона ва занона, навозиши умумӣ бо рақси якка, суруди якка дар мавзўи Модар - Ватан, сулҳу дустӣ, байтбарак аз рубоиёти халқӣ ва ғайра намоиш дод шуданд. 

  • Корҳои ободонӣ ва сабзгардонӣ вусъат мегиранд

    Ба муносибати эълон шудани соли 2014 - Соли гулҳо дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон корҳои ободонӣ, сабзгардонӣ ва парваришу  шинонидани гулҳо вусъати тоза мегиранд. Тавре сарбоғбони донишгоҳ К. Баҳодуров иброз дошт, имрўз замини минтақаҳои назди биноҳои таълимии рақамҳои 1,2,3 – и донишгоҳро 1000 бех гули садбарг, 2000 бех гули кана, наздик 300 бех ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан ҳусни тоза мебахшанд. Бо саъю талоши боғбонҳо дар замини назди биноҳои донишгоҳ кўчати зиёда аз 4000 бех гулҳои рангоранг, аз қабили петуния, марҷонгул, гули мино (астра) шинонида шуда, хуб нашъунамо меёбанд.

Маҷмӯаи аксҳо

Телевизиони донишгоҳ

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Суғд

17 мик-н, хонаи 1 ш.Хуҷанд 735700

Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

+992(3422)2-38-11

+992(3422)2-51-70

http://www.zoofirma.ru/