Хабарҳо


Эъломияи умумии ҳуқуқи башар  паҳншудатарин санадест, ки  тибқи маълумот  бо беш аз 300 забон  тарҷума карда шудааст.  Он аз пешгуфтор ва 30 модда ибо...
Терроризм чун вабои аср имрўз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод м...
Санаи 4 декабри соли 2018 дар Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода...
Дар ҷаҳон ҳар кишвару миллат ва халқиятро  бо урфу одат ва анъанаҳои миллияш мешиносанду эҳтиром мегузоранд. Халқи тоҷик, ки аз қадим дорои маърифати ...

Мавқеъ


Қарни XX-XXI дар тамоми олам қарни нуру раҳмат, файзу баракат маҳсуб меёбад. Маҳз дар ҳамин қарн худшиносии инсон боло рафт, бисёр асрорҳои табиату ко...
Имрўз намояндагон ва тарафдорони гирбиҳамоӣ дар Берлин бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ раҳпаймо доир намуда истодаанд, ки ба паст задани давлату мил...
Ташкилоти эксремистии террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷумлаи онҳоест, ки мазҳабу равияҳои бегонаи диниро дар кишварамон паҳн намуда, ҷиноятҳои сан...
Дар замони муосир ҳар гуна гурўҳҳои иртиҷопараст пайдо шудаанд, ки мақсади  онҳо дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа низоандозист. Ҳизбу созмонҳои зери ...
Фильтр
  • БАРНОМА-ДАЪВАТНОМА

    БАРНОМА-ДАЪВАТНОМА

    ба конфренсияи илмию амалии байналхалқӣ таҳти унвони

    «Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия дар шароити нави рушди сиёсати ҷаҳонӣ»

    Скачать

  • ТАРҒИБИ ҲАЁТИ СОЛИМ МИЁНИ ҶАВОНОН

     Тибқи қарори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ соли 2016 дар ҳудуди вилоят соли фарди солим эълон гардидааст. Вобаста ба ин баҳри тарғиби ҳаёти солим дар тамоми муасисаҳои таълимиву тандурустии вилоят, тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ гардида истодааст.

          Дар робита ба ин субҳи 26 майи соли равон тибқи нақша-чорабиниҳои Шӯрои донишҷӯёни донишгоҳ дар мувофиқа бо раёсати донишгоҳ дар доираи барномаи вилоятии «Соли 2016-Соли фарди солим» форуми донишҷӯён таҳти унвони “Саломати барои ҳама” баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбия Мубина Хоҷаева пизишки Маркази солимгардонии шаҳрии №5 Таҳмина Ҳайитова, ҳайати устодон ва донишҷӯёни шуъбаи ғоибонаи донишгоҳ ширкат варзиданд.

  • Конференсияи байналхалқӣ

    «Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия дар шароити нави рушди сиёсати ҷаҳонӣ» - чунин унвон дорад конференсияи илмию амалии байналхалқӣ, ки санаи 31 майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор мегардад.

    Дар кори конференсия олимону мутахассисони соҳа аз вилояту ҷумҳурӣ, мутахассисон аз марказҳои илмии Федератсияи Русия ширкат варзида, масоили ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия,  вазъият ва дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистону Русия, мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми амният ва муқовимат алайҳи таҳдидҳои муосири ғайри суннатӣ дар Осиёи Марказӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва стратегияи рушди муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Русия мавзӯъҳои меҳварии ҳамоиши мазкурро ташкил хоҳанд дод.

  • Мақоми Б. Ғафуров дар худшиносии миллии тоҷикон

    Баҳри сазовори   пешвоз гирифтани 25- солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  давоми 4 моҳи охир бахшида ба ҳаёту фаъолияти қаҳрамонони Тоҷикистон моҳномаи «Қаҳрамони Тоҷикистон» ташкилу  баргузор гардиданд.  Тибқи лоиҳа моҳи апрели соли равон моҳномаи  Қаҳрамонони Тоҷикистон ба ҳаёт ва фаъолияти фарзанди фарзонаи миллат, аллома Бобоҷон Ғафуров бахшида шуда, ба ин муносибат силсилаи маҳфилу чорабиниҳо доир гардиданд. Бо ташаббуси раёсати илми донишгоҳ  ва  факултети баҳисобгирӣ ва андоз дар осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Б. Ғафуров  конфреренсияи илмӣ дар мавзўи «Бобоҷон Ғафуров- Қаҳрамони Тоҷикистон», 

  • Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия амри замон

    Субњи 13 майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохўрӣ бо намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, Раёсати адлияи вилояти Суғд ва Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  васеъи устодону донишҷӯён баргузор гардид.

    Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯрабоев дар сухани ифтитоҳӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш аз ҳама баҳри рушди босуботи ҷомеаи муосир, такмили равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояи он, таҳким бахшидан ба асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рушди забони давлатӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои Конститутсия бо истилоҳу меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ маънидод намуд.

  • Ҷилои ҳунари донишандўзони ДДҲБСТ дар фестивал-озмуни “Фурӯғи ҷавонӣ”

    Даври навбатии фестивал-озмуни вилоятии «Фурӯғи ҷавонӣ», ки  бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 7 майи соли равон дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид, донишҷўёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо барномаҳои рангини фарҳангӣ ҳунарнамоӣ намуданд. Дар озмун ҳунарнамоии дастаи донишгоҳ аз рўи 11 намуд - табрикоти ровиён, суруди умумӣ бо номи «Ватан», рақси якка,  хониши бадеӣ аз ашъори Камоли Хуҷандӣ, суруди классикии «Уфари ироқи Бухоро», саҳначаи ҳаҷвӣ бо номи «Ихтироъкор», бадеҳа таҳти унвони «Лайлӣ», суруди халқҳои маскуни Тоҷикистон,

  • Диплом ва Ҷоми «Таҳаммулпазирӣ» (Толерантность) ба ДДҲБСТ

    Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати 70-солагии СММ-ЮНЕСКО  бо диплом ва Ҷоми «Таҳаммулпазирӣ» (Толерантность)  қадршиносӣ гардид.

         Ҷаласаи Президиуми  Пажуҳишгоҳи фарҳанги сулҳ (ЮНЕСКО)  ба муносибати 70- солагии СММ-ЮНЕСКО  ҷомеаи  меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо диплом ва Ҷоми « Таҳаммулпазирӣ» қадршиносӣ намуд.

         Ҳамчунин, ҷаласаи мазкур оид ба пазируфта шудани ректори ДДҲБСТ профессор Ҷ.Ҷӯрабоев ба узвияти Академияи байналхалқии гуманитарии «Аврупо-Осиё» қарор қабул намудааст.

         «Иқдоми мазкур бо мақсади таҳкими робитаҳои дӯстию ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи фарҳанги сулҳ  (ЮНЕСКО) роҳандозӣ гардид»,- гуфта мешавад дар мактуби ректори муассисаи мазкур,  президенти Академияи байналхалқии гуманитарии «Аврупо-Осиё» академик Э.Р.Тагиров.

  • Дипломи академияи илмҳои ҷумҳурии тоҷикистон ба ДДҲБСТ

    Барои иштироки фаъолонаи донишҷӯёни Донишгоҳи далвлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти  олии касбӣ барои дарёфти «Ҷоми  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо имзои Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ба унвони донишгоҳ Диплом ворид гардид.

    Дар Диплом аз ҷумла қайд гардидааст, ки «Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти  олии касбӣ барои дарёфти «Ҷоми  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»  (10-11 марти соли 2016) ва сазовор гардидан ба миқдори зиёди ҷойҳои ифтихорӣ дар соҳаҳои гуногуни илм бо дипломи мазкур сарфароз гардонида шуд».

  • Диплому сипосномаҳо ба унвони ДДҲБСТ

    Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4 то 30-юми апрели соли равон аз рӯи 13  намуди варзиш байни донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олии касбии вилояти Суғд мусобиқаҳои варзишӣ (Спартакиада) доир гардид.

     Ба ин муносибат ба унвони донишгоҳ аз раёсати ҷовонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Диплом, аз Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илм ва Федедратсияи футболи вилояти Суғд ҷиҳати иштироки фаъолона дар мусобиқаи байни макотиби олии касбии вилоят ва ташаккули варзиш дар байни  ҷавонон Сипоснома ворид гардид.

    Дар Сипоснома аз ҷумла зикр гардидааст, ки “ Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои ишғоли ҷойи 2-юм дар Спартакиадаи варзиши байни донишҷӯёни мактабҳои олии вилоят бахшида ба муносибати Рӯзи ҷавонон сарфароз гардонида мешавад.”

  • Ҳафтаи кафедраи системаҳои ахборотӣ-ҳисоббарорӣ

    Бо ташаббуси факултетҳо баргузории ҳафтаи кафедраҳо дар донишгоҳ ба ҳукми анъанаи нек даромада баргузории ҳамоишҳои илмӣ, конференсия, озмуну маҳфилҳо, дарсҳои кушоду намунавӣ дар доираи ҳафта дар густариши раванди таълиму тарбия ва пажуҳишоти илмӣ байни донишҷӯён ва устодон аз аҳамияти муҳим бархурдор аст.

    Бо ташаббуси кафедраи системаҳои ахборотӣ-ҳисоббарорӣ бахшида ба  Рўзи илми тоҷик ҳафтаи кафедра  ҷараён гирифт. Дар доираи ҳафта бо ҷалби доираи васеи олимону устодон ва донишҷӯёни факултети инноватсия ва телекоммуникатсия силсилаи ҳамоишҳои илмию таълимӣ ва фарҳангию маърифатӣ, аз қабили семинар-тренинг  бо иштироки сардори  ширкати “Мегафон Тоҷикистон” Фирдавс Зеваров, семинар- тренинг бо иштироки  мутахассисони бонки Эсхата, озмуни “Барномасози беҳтарин” дар байни донишҷӯёни факултет, бозии интеллектуалӣ байни донишҷўёни

  • Терроризм-падидаи номатлуби даврони муосир

    Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми нави худ хусусан устодони кафедраҳои ҷомеашиносиро вазифадор намуданд, ки ба масъалаи тарбия намудани донишҷўён дар рўҳияи хештаншиносӣ, ватандўстӣ ва ҳувияти миллӣ тарбия намоянд.

    Аз таърих мо медонем, ки бисёри мамлакатҳо дини исломро ҳамчун парчам истифода бурда, мақсадҳои ғаразноки худро иҷро намудаанд. Ин раванд дар охири асри ХХ аввали ХХI ба авҷи худ расид. Ҳодисаҳои ваҳшиёнае, ки гурўҳҳои терористии бо ном давлати исломӣ дар хокикишвари Сурияву Ироқ, Тунис (18-уми март) Яман (20-уми март) Нигерия ташкил намуданд,

    дар баробари талафот ёфтани 500 нафар шаҳрвандони ин давлатҳо, инчунин осорхонаҳои муҳими таърихӣ вайрону валангор гардиданд.

    Ташкил намудани чунинам алҳои хунину нанговарро бисёри саркардаҳои ин гурўҳҳо истиқбол намуда, ҷангиёни ҳалокшудаашонро ба унвони «шаҳид» ва муборизи роҳи ислом меноманд ва бо ин амал дини мубини исломро дар чашми мардумони олам ҳамчун дини реаксионӣ ҷилва медиҳанд.

  • ВОҚЕАҲОИ ФЕВРАЛИИ СОЛИ 1990 – САРАХБОРИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН…

    Ин чӣ шўрест, ки дар даври қамар мебинам, 

    Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам. 

    Ба касофати сиёсати бозсозӣ, шикастани сутунмўҳраи СССР ва тезутунд шудани муносибатҳои миллӣ бар асари нобаробариҳои раванди иҷтимоӣ Тоҷикистони ибтидои солҳои 90-ум ба яке аз мавзеҳои даргири мамлакат табдил ёфта буд. Баъди хунрезиҳои шаҳри Тифлис моҳи апрели соли 1989, қазияҳои нохуши Боку ва Степанокерт моҳи январи соли 1990 навбати Тоҷикистон расид.

  • Маърифати сиёсии ҷомеа ва омилҳои ба он таъсиркунанда

    Ҷомеаи имрўза пур аз рангорангӣ, ихтилофот ва тазодҳои мухталиф буда, дар назди ҳар як инсони комил вазифагузорӣ менамояд ва масъулияти баландро тақозо дорад. Дар давраи истиқлолият бунёдкориҳои бузург ҷомеаро фарогир буда, пеш аз ҳама аз сулҳу осоиштагӣ дар кишвар иртибот дорад.

    Ҳаёти сиёсии муосир аз ҷавонон ҳушёрии сиёсӣ, зиракии сиёсӣ, ақлу хиради баланди сиёсиро талаб менамояд. Ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд аз рўи донишу малака, ҷаҳонбинӣ, фарҳанги сиёсии хеш дар раванди сиёсӣ бошуурона ширкат варзида, дар ҳалли масъалаҳои баҳсноки сиёсӣ, қабули ин ё он қарори сиёсӣ бояд масъулияти хосаро ҳис намояд.

  • Хиёнати мунофиқин дар таърихи давлатдории тоҷикон (дар аҳди Сомониён)

    Дар ҳама давру замон, сароғоз аз ҷомеаи ғуломдорӣ то ба акнун мақомоти давлату давлатдорӣ бе тарафи муқобил вуҷуд дошта наметавонад. Оре, тибқи қонуни ягонагӣ ва муборизаи ба ҳам зидҳо ҳеҷ инкишофе бе муқовимати тарафи дигар ба рушди худ расиданаш амри маҳол аст. Албатта муқовимат дар замоне амалӣ мешавад, ки қудрату ҷасорати худашро дар муқобил эҳсос карда бошад ва агар қудрати мутақобилиашро заиф бидонад хиёнатро ба роҳи мунофиқӣ равон мекунад. Ба тасдиқи ин гуфта метавонем қиссаеро аз аъмоли қаноти муттазоди сулолаи Сомониён ба ёд орем. 

    Ҳоло дар даҳаи якуми қарни Х, айёми туфулияти Насри-II солҳои 907-914 бо роҳбарии бародари Исмоили Сомонӣ Исҳоқ дар Самарқанд ва писарони ӯ Мансур ва Илёс дар Нишопуру Фарғона солҳои 918 ва

  • Омилҳои таҳкими оила

    Мақоми зан дар ҷаҳони муосир мусаллам аст, ки бо вазифаю ўҳдадориҳои хонаводагӣ, нигоҳубини фарзанду тарбияи ў ва хизмат ба ҳамсар маҳдуд намегардад. Ин анъана кўҳнашуда маҳсуб меёбад ва занони гирифтори чунин суннат чун тарафдорони ақидаҳои консервативӣ ба шумор рафта, хешро бо хоҳиши худ ба ғуломӣ мебахшанд.

    Мо ба дараҷаи нави муносибатҳо расидаем ва занон, ки пештар(то оғози асри хх) на ҳуқуқи овозу на ҳуқуқи орзўю хоҳишҳо доштанд, акнун дар ин ҷабҳаҳо бо мардон ҳампаҳлў гардиданд.

  • Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои зерин ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

    Мудирони кафедраҳо: мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ; мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ, соҳибкорӣ ва байналхалқӣ; мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ; мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ; мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ; мудири кафедраи кори бонкӣ; мудири кафедраи забони русӣ; мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ; мудири кафедраи сиёсатшиносӣ; мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит; мудири кафедраи андоз ва андозбандӣ; мудири кафедраи системаҳои ахборотӣ-ҳисоббарорӣ.

    Профессорон: профессори кафедраи менеҷмент – 1 ҷой; профессори кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ – 1 ҷой; профессори кафедраи назарияи иқтисодӣ – 2 ҷой; профессори кафедраи забони тоҷикӣ – 1 ҷой; профессори кафедраи сиёсатшиносӣ – 2 ҷой, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик – 1 ҷой.        

  • Эмомалӣ Раҳмон –пешвои миллат

    Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳалаи худ накши махсусе дорад. Дар таърихи навин аз нигоҳи мо, волотарин дастовардамон  соҳиб шудан ба истиқлоли давлатии Чумҳурии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ амалӣ гардид.

    «Таърих гувох аст,-менависад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - ки тўли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борхо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст…

    Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри XVI аст, ки нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шўравӣ арзи ҳастӣ намуда, ҳамчу шакли давлатдории мутаммаддину  пешрафта сабзид, ба камол расид ва ташаккул ёфт.

  • Ҷонфидо

    Ба Президенти мамлакат,

    Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон

    Аё, эй ҷонфидои миллати тоҷик,

    Аё, эй раҳнамои миллати тоҷик.

    Аё, эй ахтари тобони ин миллат,

    Ту будию ту ҳастӣ пешвои миллати тоҷик.

    Замоне бар сари ин халқу миллат сад бало омад,

    Балое бадтар аз садҳо вабо омад,

    Зи ақли норасо омад.

    Чу дарди бедаво омад.

    Само гашта ғуборолуд,

    Замин месўхт аз оташ

    Ва он ҳам оташи пурдуд.

    Ба сар борони тири ҷонситон мерехт,

    Бародар бо бародар хоки ҳам мебехт.

  • Ҷанги иттилоотӣ

    Воситаҳои  Ахбори Омма (ВАО) яке аз воситаҳои муҳими ҳаёти ҳар як халқу давлат ба ҳисоб меравад. Беҳуда онро ҳокимияти чорум намегўянд. Ба воситаҳои ахбори умум радио, телевизион, газетаю маҷаллаҳо дохил мешаванд. Айни ҳол Интернет шакли аз ҳама маъмул ва паҳншудаю пуртаъсири ВАО гардидааст. Ҳадафи асосии ВАО ба мардум расонидани иттилооти гуногун ва таъсир расонидан ба ҷаҳонбинию қобилияти дарки ў ба шумор меравад. Имрўзҳо бузургтарин расонаҳои хабарии дунё ба мисли ИТАР-ТАСС, АЛ-ҶАЗИРА, РЕЙТЕР,ФРАНС-ПРЕСС, ОЗОДӢ, БИ-БИ-СӢ дар миқёси олам бо ҳам рақобат карда, ҳодисаю воқеаҳоро ба таври хеш ба самъи мардум мерасонанд.

    Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ нақши ВАО хеле чашмрас гардид. Дар як муддати кўтоҳ рўзномаю маҷаллаҳои чӣ давлатӣ ва чӣ озод арзи вуҷуд намуданд. Рўзномаҳои Ҷумҳурият, Садои мардум, Минбари халқ, Ҷавонони

    Тоҷикистон; маҷаллаҳои Фирўза, Бонувони Тоҷикистон, Ноҳид, ки таъсисгарашон идораҳои мухталифи ҳукуматианд, орзую омоли мардумро аз нигоҳи сиёсати имрўзаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ менамоянд. Ба вуҷуд омадани рўзномаю маҷаллаҳои озод ва характери оппозитсионидошта фазои иттилоотии Тоҷикистонро боз ҳам пурратар кард. Газетаҳои Фараҷ, СССР, Озодагон, Наҷот, Чарощи рўз ба афкори табақаҳои гуногуни мардум нигаронида шудаанд.

  • Худшиносиву худогоҳӣ пешаи мо ва Сарвари мост

    Таърихи начандон дур гувоҳ аст, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатдорӣ бўҳрони шадидеву вартаи мушкиле  Тоҷикистони соҳибистиқлолро шуруъ аз ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ фаро гирифта буд. Ҷанги шаҳрвандӣ, тарки хонаву манзил, бародаркушӣ ва  хатари маҳв шудани миллати тамаддунофар доғе буд, ки қалбҳои ҳазорон шахсони бономусу ори тоҷикро месўзонд. Он лаҳзаҳое, ки  фиғони зори модарон ба гўши ҳафт осмон мерасид, оилаи тоҷик дар парокандагӣ ва сарсонӣ қарор дошт.  На ҳамсояе  ба ин оила кўмаке мекарду на дўст ва маслиҳатгаре дошт.  Баръакс алангаи низоъи бародаркушӣ маҳз бо мадади нотавонбинони ин оила авҷ мегирифт.                       

           Дар чунин лаҳзаҳои бесарусомонӣ ҳатто мушкил буд, ки  касе барои ояндаи миллати тоҷик умеди нек бандад. Дигаргун сохтани  сарнавишти таърихи фоҷиабори ватану миллатро  сарваре лозим буд, ки воқеан миллӣ бошад ва барои сулҳу ваҳдат ҷони худро дареғ надорад. Шахсе лозим буд, ки манфиатҳои миллаташро аз манфиатҳои қавму маҳаллу минтақа болотар донад. Ва ин шахс Эмомалӣ Раҳмон буд.

  • Эмомалӣ Раҳмон – пешвои миллат

    Хуррам он кас, ки бар ин дафтари пок аз ҳама ҳарф,

             Рақами  хайр кашиду асари хайр гузошт.

    Ниёгони бофарҳанги мо чандин кутуб оид ба сиёсати мулкдорӣ ва ҷаҳондорӣ эҷод намуда, ки  маъруфанду то ҳол мавриди омӯзиш қарор доранд.  Имрӯзиён муваззафанд, ки таҷрибаи бузургони миллати худро биёмӯзанд ва аз он ибрате андӯхта бошанд. Мо - тоҷикон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро аз ҷумлаи пешвоёни маърифатпарвару додгар, фарҳангдӯст меҳисобем, зеро амалкарди эшон аз рӯйи гуфтаи бузургон пай мегираду эҳтироми абармардони миллат ва хоса забону фарҳанги миллӣ дар сархати кори эшон қарор дорад.

  • Дастовардҳои даврони истиқлолият

    Баъди пош хӯрдани давлати абадқудрати СССР собиқ ҷумҳуриҳои советии сотсиалистӣ мустақил гардида, соҳибихтиёрӣ ва худидоракунии худро ба даст оварданд.

               9 сетябри соли 1991 дар сессияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати мустақил, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Созмони бонуфузи Миллали Муттаҳид, ки мамлакатҳои дунёро ба ҳам пайвастааст, соҳибихтиёрии Тоҷикстонро ба эътибор гирифт ва республика аз 2 марти соли 1992 аъзои  баробарҳуқуқи ин созмон гардид. Истиқлолияти Ҷумҳурӣ ба душвориҳои зиёде дучор гардид, мураккаб гардидани вазъияти дохили ба он вобаста буд, ки қувваҳои мусаллаҳи бо номи оппозитсияи тоҷикон дар майдони Шаҳидон мардуми зиёдро гирд оварда, ба муқобили ҳукумати конститутсионӣ баромад,

  • Тадбиқи масъалаҳои оиладорӣ дар рисолаи Тадбири манзили А.Сино

    Оила аз қадимтарин сохтори иҷтимоӣ дар таърихи башарият ба ҳисоб меравад.

    Датоварҳои охирини илмҳои ҳафриётшиносӣ ва энтография таърихи ташаккули ҷомеаҳои инсонӣ на се ҳазор сол чуноне,ки  дар ибтидои асрс ХХ меҳисобанд,балки 10-12ҳазорсоларо фаро мегирад, пайдоиш ва равнақи обшинаҳои алодӣ ҳамчун маҳсули асосии иқтисоди истеъмолӣ ба замони гузариш ба неолит (асри нави санг тақрибан ҳазораҳои VII-VIII то милод рост меояд)

    Пойгоҳ ё худ базаи асосии ин обшинаҳоро мунсибатҳои хешутабории якчанд насл ташкил медоданд ва аз сабаб сохтро авлодӣ мегуфтанд.

  • Симои сарвари кишвар улгўест барои мо ҷавонон

    Дар рушди нумўи ҳар як миллату халқиятҳо нафарони алоҳидае ҳастанд, ки нақши меҳварӣ ва калидӣ доранд ва такони пурзўре барои дастовардҳои бузурги он миллату халқиятҳо гузоштаанд. Хусусан барои рушди кишварҳои тараққикардаи имрўза низ замоне нафарони алоҳида саҳми бориз ва раҳнамоии худро гузошта буданд. Барои мисол дар рушди Россия Пётри кабир, барои рушди ИМА падарони асосгузор, барои рушди Олмон Отофон Бисмарк, барои рушди Фаронса Наполеон ва барои рушди имрўзаи Ҷумҳурии халқии Хитой Ден Сяопин саҳми бузурге доштанд. Аз ин ҷо бармеояд, ки нафарони алоҳида бо кўшишу амали худ ва бо сарсупурдагияшон метавонанд миллатҳо ва ҷомеаҳоро аз ҳолати бўҳронӣ ва ақибмондагӣ раҳонанд ва онро ба пешрафту шукуфоӣ бирасонанд. То ба имрўз шаҳрвандони кишварҳои дар боло зикршуда аз хизматҳои абармадоне, ки миллату ҷомеаҳои онҳоро ба пешрафт расонид ба некӣ ёд меоранд ва онҳоро қадрдонӣ мекунанд.

  • Ҳодисаи ваҳшатангез

    «Ифрогароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза ба зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки ба истифодаи ислом ба чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифратгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди Қонун ҷавоб гўянд!»

    Эмомалӣ Раҳмон 

                              Терроризм ва  окибатхои он.

  • Ҳодисаи ваҳшатангез

    «Ифрогароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза ба зидди дин муаррифӣ набояд кард. Зарур аст, ки ба истифодаи ислом ба чунин мақсадҳои зишт роҳ дода нашавад ва ҷинояткорону ифратгароён барои амалҳои ҷинояткоронаашон дар назди Қонун ҷавоб гўянд!»

    Эмомалӣ Раҳмон 

                              Терроризм ва  окибатхои он.

  • Нолаи падари фарзандгумкарда

    Писарам, писари  ба ҷону дил баробарам хабари нангини марги туро шунида тамоми вуҷудамро щаму андуҳ фаро гирифта дидагонам ашкборону, қалбам хунчакон гаштанд. Чунки ниҳоли пайванди ҷонамро аз беху бандаш буриданд. Имрўзҳо аз он оҳу нола дорам, ки ҷасади тирборон гаштаи туро ба дастони худ ба қабр намонда як каф хок напошидам. Оҳ писарам, ҷон писарам. Фарзанди дилбандам ҷигарбандамро ба ҷанги бародаркуш бурда ваҳшиёна куштанду бе кафану бе ҷаноза монанди ҳайвони бесоҳибмурда зери хок карданд. Раҳгумзада писарам, фиребхурда писарам. Ту дар кишвари бегона чи гум карди, ки ба онҷо рафти?  бо иҷозати ки, бо фотеҳаи кадом хоҷагони бадхохи дину миллатӣ осудаи мо ба онҷо рафтӣ?

  • Никоҳ ва оила аз нигохи дини Ислом

    Имрўзҳо бўҳрони иқтисоди ва болоравии нарху навоҳо ба зиндагии оилахои ҷавон таъсири манфии худро расонида истодаанд. Тамошои дискҳои фаҳши бадахлоқона, барномаҳои зуроварӣ дар интернету намоиши алоқаҳои ҷинсии беникоҳ дар телефонҳои мобили ба ҷудошавии оилаҳои ҷавони бе таҷрибаи сода сабаби асоси шуда истодаанд. Оила зинаи  асоси ва пайвандии миёнаи фард ва ҷомеа буда, устувории он устувории ҷомеа аст. Беҳтар мешуд арўсу домод то  оила барпо кардан бо маълумот бошанду  касбу кори доими рисқрасони онҳо шуданаш шарт аст. Пеш аз тўйи арўси хонаи истиқомати аз молу мулк захирае дошта бошанд дар устувории оилаашон ин манбаҳо ёрии бузург мераслонад.

  • Нест бод терроризм ва ифродгароӣ

    Дар охири қарни XX ва ибтидои қарни XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифродгароӣ ва терроризм рў ба рў  шуд,ки ба бақои оламу одам таҳдид мекунад.

    Имрў зҳо хатари терроризм ва ифродгароӣ  дар  авҷи болоравист ва ин аҳли ҷомеаи солими тамоми сайёра,аз он ҷумла Тоҷикистону тоҷикистониёнро низ бартараф гузошта наметавонад. Боиси таасссуф аст,ки ҷавонон имрўзҳо аз сабаби дониши мукаммал ва  саводи кофӣ надоштан худро ба коми терроризм ва ифродгароӣ андохта истодаанд. Ин амали онҳо сабабҳои зеринро дорост.

    1.Надоштани маълумот оиди ифродгароӣ ва терроризм.

    2.Ҳисси молу сарват (пул)

    3.Надоштани ҳисси ватандустӣ ва инсондў стӣ дар ниҳоди худ.

    4. Надоштани ҳисси эҳтиром ва дустдорӣ нисбати оила ва наздикони худ.

    Албатта онҳое,ки мегў янд, ифродгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд,ки инсониятро дар тамоми тў ли таърих ҳамроҳӣ намудаанд, беасос нест.Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд.

  • Нест бод терроризм ва ифродгароӣ

    Дар охири қарни XX ва ибтидои қарни XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифродгароӣ ва терроризм рў ба рў  шуд,ки ба бақои оламу одам таҳдид мекунад.

    Имрў зҳо хатари терроризм ва ифродгароӣ  дар  авҷи болоравист ва ин аҳли ҷомеаи солими тамоми сайёра,аз он ҷумла Тоҷикистону тоҷикистониёнро низ бартараф гузошта наметавонад. Боиси таасссуф аст,ки ҷавонон имрўзҳо аз сабаби дониши мукаммал ва  саводи кофӣ надоштан худро ба коми терроризм ва ифродгароӣ андохта истодаанд. Ин амали онҳо сабабҳои зеринро дорост.

    1.Надоштани маълумот оиди ифродгароӣ ва терроризм.

    2.Ҳисси молу сарват (пул)

    3.Надоштани ҳисси ватандустӣ ва инсондў стӣ дар ниҳоди худ.

    4. Надоштани ҳисси эҳтиром ва дустдорӣ нисбати оила ва наздикони худ.

    Албатта онҳое,ки мегў янд, ифродгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд,ки инсониятро дар тамоми тў ли таърих ҳамроҳӣ намудаанд, беасос нест.Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд.

  • Миллат етакчиси

    Жаҳон халқлари тарихи саҳифаларини варақласак, буюк сиймолар ҳаёти ва фаолияти билан танишамиз. Уларнинг улкан ҳаёт йӯлига назар солсак, улар ӯз халқининг бахт-саодати йӯлида фидокорона меҳнат қилиб, халқининг меҳру муҳаббатига сазовор бӯлишганлигини кузатамиз.

    Тожикистон халқи ҳам ӯзининг ватанига содиқ фарзандлари билан доимо фахрланиб келган. Чунки бу азамат ӯғлонлар мамлакатимизнинг турли тарихий даврларида ватанимиз осойишталиги ва ободончилиги йӯлида улкан меҳнатлар қилишган.

  • Дин ва ҷавонони муосир

    Ба мо аз таърих маълум аст, ки арзишҳои миллию таърихӣ  барои ҳар халқу миллат  гуҳари  ноёб ба шумор меравад. Ин арзишҳо дар ҳама давру замон  пайваста ва оқилона барои тарбияи ахлоқию маънавии наслҳо истифода карда мешуданд. Пас аз паҳн гардидани дини ислом дар қаламрави Осиёи Миёна барои халқи тоҷик тирезае ба тамаддуни дигаре кушода гардид, ки дар натиҷа фарҳанги миллӣ бо фарҳанги исломӣ омезиш ёфт. Бо амри тақдир сиришти фитрӣ ва ҳувияти таърихии халқи тоҷик тамаддуну фарҳанги исломиро пурмазмуну ғанӣ гардонид. Дар ин ҷода хизмати фарзандони барўманди халқи тоҷик ба монанди; Салмони Форс, Имом Абўҳанифа, Имом Бухорӣ, Муҳаммад Ғаззолӣ ва дигарон хело назаррас мебошад. Тафаккури илмию афкори динии халқи тоҷик дар тўли мавҷудтяти худ марҳилаҳои гуногуни таърихӣ, рушду тараққиёт, таҳқиру маҳдудиятҳоро аз сар гузаронида, то ба рўзҳои мо омада расидааст.

  • Андешае аз хатар

    Шароити нави таърихӣ ва рушду такомули босуръату тағйирёбандаи муносибатҳои иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҷамъиятиву ҳуқуқӣ тақозо менамояд, ки фарзандони бонангу ори миллати тоҷик бо васоиту омилҳои маъмулу пазируфташуда, таърих, забон, фарҳанг, ҳуввият ва асолати худро ҳифз ва инкишофи онро таъмин намояд.

    Мавқеи геополитикӣ ва бойигариҳои табии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати кишварҳои абарқудрат ва исломиро ба худ кашидааст. Дар шароити хеле мушкили имрўзаи ҷаҳонӣ, ки дар Африқои Шимолӣ ва давлатҳои араб таҳаввулоти бузурги сиёсию иҷтимоӣ рўй медиҳад, барои аз байн бурдани суботу амният дар Тоҷикистон баъзе ҳаракату ҷумбишҳо рў задаанд.

  • Хатарҳои ифродгароиву терроризм дар замони муосир

    Реша рондани падидаҳои номатлуб аз қабили ифротгароиву терроризм, экстремизми динӣ, терроризми байналхалқӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир (норкобизнес) ва дигар амалҳои ношоиста, дар замони муосир доман фарох намуда, тамоми xаҳонро ба ташвиш андохтааст. Мутаасифона аз ин амалҳои номатлуб Тоxикистон низ бе баҳра набуда, чунин падидаҳо, рушди давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, демокративу дунявиро халалдор мекунад.

    Дар воқеъ таассуб ва ифротгароӣ яке аз падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, хатари умумиинсониро дар сайёра ба бор овардааст.

  • Ифротгароӣ аз оини миллати мо нест

    Бо мақсади рўшанӣ андохтан ба вожаи «ифрот» ба луғатномаи «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» рў овардем, ки дар он вожаи зикгардида чунин шарҳ дода шудааст: ифрот - аз ҳад (андоза) гузаштан дар коре; ифрот кардан (намудан) аз ҳадди эътидол гузаштан (гузарондан), дар коре зиёдаравӣ кардан; ифротгароӣ- экстремизм; ифротгароӣ- мансуб ба ифрот: унсурҳои ифротӣ. он ки дар корҳо зиёдаравӣ мекунад; экстремист; ифроткорӣ -аз ҳадду меъёр гузаштан дар коре, ифрот кардан; ифроткорона - ба тариқи ифрот, ифротгарона.

  • "Зан дар ҷомеа" дар мисоли куштори ваҳшиёнаи Фархунда-шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Афғонистон

    Чандест,ки дар тамоми воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ саҳнаи куштори ваҳшиёнаи як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо номи Фархундаи бегуноҳ, ки аз тарафи гуруҳҳои ҳайвонсиратони ифротгаро сурат гирифта буд, дарҷ гардида ва ба мазраъи тамошо гузошта шуд.

    Ин ҳодисаи нангину нафратовар дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеаи ҷаҳонӣ норозигии дастаҷамъонаро падид овард. Онҳо эътирози худро нисбати ҳайвонсиратони хунхор ба ҳар васила тариқи расонаҳои хабарӣ иброз намуданд. Банда низ мехоҳам нисбати ин ҳодисаи нанговари ҷомеаи "пешрафта" ва он гурўҳи "адолатхоҳ"-и "мусулмон" баён созам.

  • Дин ва ифротгароӣ

         Асоси калидии маънавиёт ва ахлоқи инсонро зиёда аз 1700 пеш аз зуҳури дини мубини ислом, пайғамбари оини зардуштӣ  Зардушти Испитамон дар мафҳуми «аша»-ростӣ ва «дуруҷ»-дурeғ, ки бар пояи «дайна»-виҷдон устувор аст муайян намуда, асоси ахлоқии адени баъди зардуштиро дар ваҳдати афкору гуфтору кирдор мустаҳкам намудааст. Чӣ тавре, ки олими варзида ва диншиноси маъруфи тоҷик Шерзод Абдуллозода дар китоби худ  «Диншиносӣ» овардааст: зардушт таълим медиҳад, ки инсон чун аз озодии ирода бархурдор аст, метавонад ҳам муҳарриб (вайронкунанда) бошад ва ҳам ободкунанда.

  • Ҳақиқати таърих ва Эмомали Раҳмон Файласуфи Юнони қадим Арасту гуфтааст: “Афлотун дӯсти ман аст, вале ҳақиқат аз он болотар аст”

    Ҳақиқати таърихӣ арзиши воло ва бебаҳотарин маҳсули ақлу хиради инсон аст. Эзиди бузугрофарандаи замину осмон ҳаёту зиндагӣ аз ибтидо ҳамчун гавҳари мазмуну моҳият ва мақсади ҳаёт, дар дилу тафаккури инсоният барои амали неку субот, танзиму созандагӣ ва кафолати амнияту озодии башарият  ба он ҷои хосае додааст. Чунин хислату хусусиятҳоро офаридагор дар қатори сарварони ҷомеаи тамаддунфари демократӣ насиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон гардонида аст.

  • АКСИЯ БАЙНАЛХАЛҚӢ БАХШИДА БА ИДИ ҒАЛАБА

    Санаи 6-майи соли равон дар  саҳни бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба 70-умин солгарди Иди Ғалаба аксия байналхалқии ҷавонон таҳти унвони “Валси Ғалаба” доир гардид.

    Дар чорабини устодону донишҷӯён, кормандони раёсати донишгоҳ, намояндагон аз мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва собиқадорони ҷанг ширкат намуданд.

    Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯрабоев ба чорабини ҳусни оғоз бахшида, иштирокдорони чорабиниро ба муносибати 70 солагии Иди Ғалаба самимона табрик намуд.

  • Эмомалӣ Раҳмон–пешвои миллат

    Миллати куҳанбунёди тоҷик таърихи беш аз дуюнимҳазор сола дорад ва дар тўли мавҷудияти хеш борҳо ба зулму таъқиботи аҷнабиён гирифтор гашта, аз чи қадар сарзаминҳои паҳновари хеш, фарзандони фарзонааш ва фарҳанги бойю рангинаш маҳрум гашт

    Баъд аз таназуллёбии давлати Сомониён танҳо дар даврони шўравӣ озодии нисбӣ ба даст овард, аммо озодӣ ва истиқлолияти ҳақиқӣ танҳо пас аз пош хўрдани Итиҳоди шўравӣ ва 9-сентябри соли 1991 соҳибистиқлол эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон насибамон гашт.

  • Эмомалӣ Раҳмон-пешвои миллат

    Пешвои миллат будан кори осон нест. Он иродаи матин, масъулияти бузург ва нерўмандии равонро тақозо менамояд. Барои ба пирўзӣ расидан ў бояд мушкилотҳоро дарк намояд. Ана ҳамин хислатҳо ба ў нерў мебахшад ва ба мушкилиҳову хатарҳо муқобил гузошта метавонад.

    Ин хислатҳо дар Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ў ба ҳам овардани ваҳдати мардум, сулҳи тоҷикон ва ором сохтани кишвари маҳбуби тоҷикон камар баст.

  • Шомил шудан ба гуруҳҳои ифротгаро ҷиноят буда, оқибати вазнин дорад.

    Президенти мамалакат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.01.2015 сол бо баробари нишон додани роҳҳои ҳалли масаълаҳои мубрами рӯз дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа диққати мақомоти марбутаро ба ҷой доштани ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят аз ҷониби ноболиғону ҷавонон, мушкилоти мавҷуд дар таълиму тарбияи онҳо, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, такмил додани тарзи қабул ва баррасси муроҷиатҳои шаҳрвандон ҷалб намуда, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботро вазифадор намуданд, ки мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ва ҳифзи сарҳади давлатиро пурзӯр намуда, фаъолият дар ин самтҳо ҷоннок карда шавад.

    Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст дар якқатор давлатҳо терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ба таблиғоту ақидаҳои ифротгароӣ зиёд шуда истодааст. Баъзе аз гуруҳҳои ифротгар кӯшиш доранд, ки бо истифода аз дини мубини ислом, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ҷавонону наврасонро ба роҳи бад бурда, ба манфиати хеш истифода намоянд.

  • Вокуниш ба «Пешвои миллати – Тоҷикистон» №13 аз 2.04.2015 сол муаллифон: Носирҷон Салимӣ Холаҳмад Самеъ

    Аз таърих медонем, ки дар дунё номҳое ба забон гирифта мешавад, таърихианд, миллати худро ба оламиён муаррифӣкардаанд. Онҳоро дар таърих бо унвони «Пешвои миллат» ном мебаранд. Хидмати онҳо дар назди халқу Ватан беназир аст. Дар замони ҳукумронии ин шахсиятҳои таърихӣ дар кишварҳои сарварикардаи онҳо пешвоҳои назаррас, муносибатҳои ҳамкорона ба давлатҳои пешрафта, бунёдкориву ободкориҳои азим ба амал омадааст.

    Халқ ин ин шахсиятҳоро эътироф намуда, онҳоро «Пешвои миллат» унвон додаст. Вақте ки Шумо мақолаи арзишманди олимони варзидаи кишвар Носирҷон Салимӣ ва Холаҳмад Самеъро бо унвони «Пешвои миллат» дар якчанд саҳифаи рўзномаи «Тоҷикистон» мутолиа мекунед, Шуморо чунин як чеҳраи таърихӣ, ки имрўз барҳақ ўро халқи Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони дунё пешвои миллат эътироф кардаанд,

    дар шахсияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ҷилавгар мегардад. 

    Дар мақолаи мазкур муррихон хидматҳои шоёни Пешвои миллатро хеле дурўсту таҳлилнок ба қалам овардаанд.

  • Ҳамовозӣ ба мақолаи «Пешвои миллат» «Тоҷикистон» № 13. аз 2.04.2015 с. Носирҷон Салимӣ ва Холаҳмад Самеъ

    Мо ҷомеаи омўзгорони шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷ.Расулов мақолаи хеле пурмаҳтавои олимони варзида Носирҷон Салимӣ  ва Холмаҳмад Самеъ, ки дар ҳафтанома «Тоҷикистон» №13 аз 2.04.2015 бо унвони «Пешвои миллат» дар ҳаҷми васеъ ба табъ рисида буд, бо мароқи баланд мутолиа карда баромадем.

     Аввалан ташаккур ба муаллифон, дар ҳақиқат хизматҳои беназири Сарвари Давлат, Ҷаноби Олӣ  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро мушикофона, бо далелу санадҳои муътамад ба риштаи таҳлил кашида, дар симои дигар шахсиятҳои бузурги сари қудрат омадани ҷаҳонӣ , чун Махата Гандӣ , Шарл Де  Голл, Франклан Рўзвелт, Ден Соялин, Ли Куан Ю, Махатхир Мухаммад, номи пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро зикр кардаанд, шоёни таҳсин ва қобили тарциб мебошад. Имрўз мо мўзгорон ифтихор мекунем, ки туфайли ин фарзанди фарзона, пешвои миллатӣ  тоҷикони дунё Эмомалӣ  Раҳмон Тоҷикистонро тамоми ҷаҳон шинохт. Дастовард ва он пешвоҳои иқтисодию иҷтимоие, ки тули солҳои истиқлолият таҳти Сарварии Эмомалӣ  Раҳмон кишвари мо, халқи мо комёб гардид, ҳоҷат ба ягон шарҳу эзоҳ надоранд.

  • Бо умеди кас машав, к-ин пурхатост…

    «Замоне дар Мисри бостон исломгарон сари ҳокимият омада, давлатро ба нестиву нобудӣ оварда расониданд.» Инро дар куҷое хонда будам ва ҳар замон, ки Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон ва ё худ пайравон, аниқтараш зархаридони он садо баланд мекунанд он ба хотирам меояд ва худ ба худ андеша мекунам: Магар ин қадар ҷабру ҷафое, ки солҳои 90-уми асри гузашта бар сари халқу миллати мо омад басанда нест? Чаро онҳо дидаю дониста ба халқу миллати хеш хиёнат мекунанд? Магар ислом ба ҳизбу ҳизбиён эҳтиёҷ дорад?

    Аслан аз руи фаҳмиши худам ва тибқи шунидаҳоям низ медонистам, ки ислом ба ягон ҳизб эҳтиёҷ надорад. Вақте бо яке аз шахсони наздики Мулло Абдуллоҳи Нурӣ, ки робитаи зичи хонаводагию ҳамкорӣ доштанд, исломшинос Мулломаъруфи Истаравшанӣ суҳбат доштам,  мусоҳибаи Шарифи Ҳамдампурро бо яке аз асосгузори  ҲНИТ

  • ДИИШ ва ҲНИТ: Ду паҳлӯи як танга

    Куштори зиёда аз 50 000 мусулмон аз тарафи ДИИШ!

    150 нафар занону духтаронро барои ба никоҳи ҷиҳодӣ надаромаданашон зинда ба зинда гӯр кардан!

    Паррондани 21 нафар, ки аз дини дигар пайравӣ мекунанд ва сӯзондани 45 нафар, ки аз дигар мазҳабанд!

    Қатли 13 нафар наврасон, ки футболро тамошо кардаанд!

    Ба фурӯш гузоштани аъзои дарунии асирон!

    Бо сари сарбозон футболбозӣ намудан!

     

    Ин ҳама ваҳшониятҳое, ки мебошад, ки иддае чанд нохалаф ва мардумбезор дар ниқоби ислом алайҳи инсоният ҷанг эълон кардаанд. Ниқобе, ки гурӯҳе аз он дар Тоҷикистони азизи мо низ  барои корҳои паст ва ғаразҳои нопоки сиёсиашон истифода мебаранд. Хайратангези дар он аст, ки ДИИШ ва ҲНИТ ва баъзе рӯҳониҳои иртиҷои, ба мисли Тураҷонзода аз нигоҳи идеологӣ корбариҳои якхела доранд.

  • Президент- кафили сулҳ

    Сабақҳои талхе, ки халқи мо гирифт, бояд аз насл ба насл дар хотири миллатамон боқӣ бимонад.

    Ҳар кадоми мо , ки аз имтиҳони душвор гузаштем, таълимоти асили диниро аз идеалогияҳо ва пешвоёни онҳо, ки дар зери пардаи муқаддасоти инсонӣ- Исломӣ одамро аз ҳуқуқу озордиҳо маҳрум карданӣ мешаванд, ба осонӣ фарқ карда метавонем.

    Дар ҷараёни фоҷиае, ки халқи мо аз сар гузаронд, мардум дарк намуд, ки ҷудоиандозӣ ва кўшишҳои қувваҳои иғвогари пасипардагӣ,талошҳои тоҷикро ба асил ва ғайриасил, мусулмон ва номусулмон ҷудо кардан чӣ гуна бадбахтиҳо ба бор оварда метавонад.

    Конститутсияи мо Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр,демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намудааст.

  • Савти дўстӣ

    Дар таърихи 30 майи соли 2014 дар маҷлисгоҳи бинои асосии донишгоҳ ба ифтихори дахумин солгарди созмонёбии Маркази омўзиши Конфутсий ва қавитар намудани робитаи дўстии байни кишварҳои Чину Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар консерт савту навои хитоӣ дар иҷрои донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии пойтахт, ки туфайли дастгирии Маркази омўзиши Конфутсийи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон забони хитоиро омўхтаанд, садо доданд. Иштирокчиёни консерт- устодону мухассилини Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз савту навои дилчаспи чинӣ як ҷаҳон ҳаловат бурданд. Бояд гуфт, ки барои гузаронидани чунин чораҷўии шавқовар интихоб гардидани донишгоҳамон ифодагари таваҷҷўҳи роҳбарияти Маркази омўзиши Конфутсий ба маъвои маърифатамон  аст. Дар хотимаи консерт ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷўрабоев ба роҳбарияти Маркази омўзиши Конфутсийи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои таҳия ва пешкаши чунин барномаи ҷолиби консертӣ изҳори сипос намуда, тазаккур дод, ки ин тадбири муфид дар кори боз ҳам васеътар шудани доираи ҷаҳонбинии устодону донишҷўён мусоидат мекунад.

  • Сухан аз муаммо, ҳолат ва дурнамои инкишоф

    Дар таърихи 29.05.2014 дар маҷлисгоҳи бинои асосии донишгоҳ ҷаласаи умумии конференсияи илмӣ-назариявии олимону устодон ва донишҷўёни донишгоҳ таҳти унвони «Рушди илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар замони муосир: муаммо, ҳолат ва дурнамои инкишоф» баргузор гардид. Дар ҳамоиши илмӣ олимону муҳаққиқон аз  муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, намояндагони васоити ахбори омма, инчунин олимону устодон ва донишҷўёни донишгоҳ  иштирок доштанд. Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷўрабоев бо суханони муқаддимавӣ ба кори конференсия  ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла таъкид дошт: - Конференсияи илмию назариявии мо имрўз дар айёме баргузор мегардад, ки ҳар яки мо дар қайди таассуротҳои наҷиби аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳосилшуда кору зиндагӣ менамоем.

  • Чорабиниҳои шавқовар

    Ба ифтихори 20-солагии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз 26 то 31 май Ҳафтаи кафедраи  математикаи олӣ ва моделсозӣ баргузор гардид. Барномаи Ҳафта аз чорабиниҳои шавқовари илмию таълимӣ – аз ҷумла аз ташкилу баргузории маҳфили «Математика - шоҳи фанҳо», сўҳбати атрофи мизи мудаввар дар мавзўи «Математика дар иқтисодиёт», дарсҳои кушоди омўзгорон Э. Ризоев, Р. Шодиева, дарси кушоди тарбиявии Ҳ. Атоева иборат гардида, доираи васеи устодону муҳассилинро фаро гирифт. Дар ташкилу баргузории чорабиниҳои Ҳафтаи фаннӣ мудири кафедра, дотсент Ё. Мўҳсинов, омўзгорон Н. Азимова, У. Ҷалилова, М. Раҳимова, М. Шойимқулов, С. Юсуфов,  Р.Шодиева, Ҳ. Атоева фаъолона саҳм гирифта, ба он мусоидат карданд, ки  чорабиниҳои Ҳафта хотирмону ҷолиб гузаранд.

  • Барандагони идрорпулии Раиси вилоят

    Санаи 21 май дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолият” дар тантана ба ифтихори Рўзи ҷавонон маросими супоридани идрорпулии Раиси вилоят мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ барои муҳассилину аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят баргузор гардид. Дар қатори бисёр писарону духтарони хушбахти вилоят сазовори барандаи идрорпулии Раиси вилояти Суғд гардидани 16 нафар муҳассилини донишгоҳ  нишони қадрдонии хониши аъло, ширкати фаъолонаашон дар конфронсҳои илмию олимпиадаҳо ва корҳои ҷамъиятӣ маҳсуб мегардад. Усмонова Марҳабо, Муборакшоева Моҳрухсор, Каримова Шаҳло, Абдусаломова Моҳира, Наҷмиддинов Мирзоғафур, Қурбонов Ҳаёт, Қурбонов Самандар, Юсупов Ғайрат  аз зумраи он донишҷўёни фаъоли донишгоҳ ба ҳисоб мераванд, ки ба дарёфти идрорпулии Раиси вилояти Суғд  дар соли хониши 2013 – 2014 мушарраф гардиданд. 

  • Пирўзӣ


    Аъзои дастаи ҳозирҷавобони шўхтабъи (КВН)-и донишгоҳ дар таърихи 25.05.2014 дар мусобиқаи ниҳоии байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дастболо шуда, унвони чемпионии лигаи хуҷандии КВН-ро мушарраф гардид. Дар мусобиқа дастаи КВН-и донишгоҳ бо аъзоёни дастаҳои шўхтабъи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, шўъбаи IV-уми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, РосНОУ қуввасанҷӣ намуда, бо бартарии зиёд соҳиби ҷои аввал гардид. Аъзоёни дастаи зарифони донишгоҳамон аз рўи 6 барномае, ки ба ҳаёту фаъолияти донишҷўён ва ҷавонон вобастагӣ дошт, дониш, маҳорат, чолокӣ, зарифию хуштаъбии хешро намоиш дода, ба кафкўбиҳои тамошобинони сершумор аз макотиби олии вилоят сазовор гардиданд. Дар дастоварди назаррраси даста саҳми Фаррух Сангинов, Мирзобаҳром Валиев, Парвинахон Одилова, Фарангис Камолова, Шаҳриёри Қурбон, Икром Сафаров, Нигина Умарова барин донишҷўёни соҳибистеъдод хеле калон аст.

  • Медали биринҷӣ гирифтанд.

    Бо ташаббуси Федератсияи футболи вилоят ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят чанде пеш мусобиқаи футбол байни бонувон баргузор гардид. Қувваозмоӣ дар варзишгоҳи «Спартак» ва мактаби варзишии бачагонаю наврасони №1-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифт ва дар он 18 даста аз шаҳру навоҳӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят иштирок доштанд. Дастаи бонувони футболбози донишгоҳ аз 4 дидор дар сетоаш ғалаба ба даст оварда, як бозиро бохта, ба мусобиқаи нимниҳоӣ роҳхат гирифт. Дар бозии нимниҳоӣ футболбоздухтарони донигоҳамон бо дастаи Коллеҷи омўзгории шаҳри Исфара ғолиб омада, зинаи сеюмро соҳиб шуданд. Ҷойҳои якум ва дуюм насиби варзишгарони дастаҳои Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ва Коллеҷи омўзгории шаҳри Конибодом гардиданд. 

  • Бахшида ба соли оммавияти футбол

        Мусобиқаи байни дастаҳои сохторҳои донишгоҳ оид ба футбол, ки бо ибтикороти раёсат ва Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ ба ифтихори эълон шудани соли 2014 – соли оммавияти футбол  ва 20-солагии таъсисёбии ДДҲБСТ давом дошт, дирўз ҷамъбаст шуд.    Футболбозони дастаҳои факултетҳои ва инноватсия ва телекоммуникатсия туфайли маҳорати баланд ва бозии хуб бар ҳарифони худ дастболо шуда, ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар дидори ниҳоӣ, ки дар варзишгоҳи донишгоҳ баргузор гардид, футболбозони дастаи факултети баҳисобгирӣ ва андоз  бо бозии зебоии худ табъи ҳаводорони футболро шод гардонида бо ҳисоби 2:0 ғолибият ба даст оварданд. Ҷойҳои дуюму сеюм насиби дастаҳои факултетҳои инноватсия ва телекоммуникатсия ва раёсати донишгоҳ гардид. 

  • Сазовори ҷои аввал

    Дар варзишгоҳи донишгоҳ аз санаи 19.05.2014 то 26.05.2014 мусобиқаи дастаҳои футболи донишҷўён баргузор гардид. Мусобиқа ба  эълон шудани соли 2014 – соли оммавияти футбол  ва 20-солагии таъсисёбии ДДҲБСТ бахшида шуд. Дар мусобиқа 7 даста барои ҷои аввал мубориза бурданд. Футболбозони дастаи факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ туфайли маҳорати баланди варзишӣ бар аксари ҳарифон ғолиб омада, дар мусобиқа ҷои аввалро ишғол намуданд. Варзишгарони дастаҳои факултети молия ва хобгоҳи донишгоҳ бошанд, ба дарёфти ҷойҳои дуюму сеюм мушарраф гардиданд. 

  • Конференсияи илмӣ-назариявӣ

    Дар таърихи 20 майи соли 2014 бо ибтикороти бахши илми факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ва кафедраи умумидонишгоҳии фанҳои ҷамъиятӣ бахшида ба 1150-солагии мутафаккир, файласуф, олими энсиклопедист Абўбакри Муҳаммад ибни Закариё  ибни  Яҳёи Розӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Маҳфили илмиро бо суханони муқаддимавӣ мудири кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ, дотсент Б. Турсунов ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба хизматҳои ин олим ва мутафаккири бузург баҳри рушду нумўи илму фарҳанг сухан ронд. Сипас дотсент Р. Маллаев дар мавзўи «Абўбакри Розӣ: фалсафаи саодати зиндагӣ», номзади илмҳои фалсафа, дотсент М. Поччоева роҷеъ ба мавзўи «Назари файласуфонаи Абўбакри Розӣ» андешаҳои ҷолиб баён доштанд. Тазаккур гардид, ки хизматҳои ин мутафаккири бузург дар назди инсоният шоиста буда, он ҷиҳати рушду нумўи  илму  фарҳанг  то имрўз қадр карда мешавад.

  • Дар саҳнаи "Андалеб"

    Барои тақвияти неруҳои зеҳниву эҷодии муассисаҳои фарҳангӣ ва баланд бардоштани нақши онҳо дар раванди тарбияи маънавии шаҳрвандон, алалхусус насли ҷавону наврас дар руҳияи хештанши- носию ватандустӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси пурғановати фарҳанги миллӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои "Барномаи ҳифзи меро­си фарҳангии ғайримоддии халқи точик барои солҳои 2013-2020" дар қаламрави ҷумҳурӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ "Андалеб-2014" баргузор гардид.

    Дар даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ "Андалеб-2014" донишҷўёни мактабҳои олӣ ва махсус  иштирок намуданд.

  • Сухан аз ҷамъбасти фаъолият

    Дар таърихи 19 май дар маҷлисгоҳи бинои таълимии рақами  2 Конференсияи  III  ҳисоботӣ – интихоботии иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми вилояти Суғд Юсуфҷон Ҷумъабоев ва вакилони ташкилоти иттифоқи касабаи ҳамаи сохторҳои донишгоҳ иштирок намуданд. Вакилон баъди интихоботи ҳайати комиссияҳои дахлдор ҳисоботҳоро дар бораи фаъолияти кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ аз моҳи марти соли 2007 то моҳи майи соли 2014 ва комиссияи назоратию тафтишотии  КМИК  шуниданд. Дар ин хусус ҳисоботи раиси кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ Аминҷон Амонов ва раиси комиссияи назоратию тафтишотии КМИК, дотсент Далерҷон Дадоматов ба маърази муҳокима гузошта шуданд.

    Сарбоғбон Кароматулло Баҳодуров, мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ, соҳибкорӣ ва байналхалқӣ, дотсент Самад Болтуев, мудири кафедраи менеҷмент, дотсент Шаҳодат Зокирова, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит, дотсент Мамадраҷаб Акрамов, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми вилоят Юсуфҷон Ҷумъабоев ба музокира баромада, доир ба бурду бохти фаъолияти Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ дар давраи ҳисобот андешаҳои ҷолиб баён доштанд. Музокирачиён фаъолияти кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳро дар давраи ҳисобот қаноатбахш арзёбӣ карданд.

  • Парчами пурҷилои мо

    Моҳҳои охир чун гузорам ба маркази шаҳри Хуҷанди бостон, ба соҳили Сайҳунруд меафтад, ба Парчами пурҷилои баланд қадафрохтаи Тоҷикистон назар карда, беихтиёр вуҷудамро нишот фаро мегирад.Аз он ифтихорам фузун мешавад, ки мо соҳибватанем, имрўз кишварҳои дигари дунё моро чун сарзамини соҳибистиқлол, зебо ва тамаддунофар мешиносанд. Мо - насли имрўзи ниёгони бохирад қадам ба қадам, зина ба зина пеш меравем. Фарзандони бонангу номуси меҳан – идомабахши анъанаҳои наҷиби ориёиҳо ва сомониён гаштаанд. Ифтихорам боз аз он ҷиҳат дуболо мешавад, ки ман шоҳиди лаҳзаи таърихӣ – парафшонии ин рамзи муқаддаси Ватан дар минтақаи Суғди номвар ҳастам. Зиҳӣ, Тоҷикистони дилоро ва Парчами хушранги азизи мо!

  • Лаҳзаҳои хотирмон

    Дар факултети баҳисобгирӣ ва андоз  роҳбарони гурўҳҳои академӣ ҷиҳати рангину шавқовар ҷараён гирифтани машғулиятҳои тарбиявӣ пайваста тадбирҳои амалӣ меандешанд. Далели ин гуфтаҳо дирўз дар Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии маркази вилоят баргузор гардидани машғулияти навбатии тарбиявии мост. Донишандўзони соли аввали факултет таҳти сарварии номзади илмҳои филологӣ А.Каримов ва кормандони осорхона дар мавзўи «Ватан ва фарзандон» оид ба таърихи миллати куҳанбунёди мо, Тоҷикистони соҳибистиқлол, бузургон ва фарзандони шоистаи миллат сўҳбати самимӣ оростанд. Тамошои экспонатҳои ҷолиби таърихӣ, лавҳаю васиқаҳо, гўшаҳои таҳиягардида аз ҳаёти дирўзу имрўзи мардуми тоҷик дар хотири мо таассуроти наҷиб боқӣ гузоштанд.

  • Бузургдошти Ҳаким Фирдавсӣ

    Дирўз дар факултети молия ҷиҳати бузургдошти Ҳаким Абулқосим  Фирдавсӣ маҳфили илмӣ баргузор шуд. Маҳфилро сармуаллими кафедраи забони тоҷикӣ Абдухолиқ Мирниёзов ифтитоҳ бахшида оид ба «Вижагиҳои «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ» маърўза намуд. Сипас намояндаи вобастагии ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Хуҷанд Масъуди Аҳмадванд дар мавзўи «Хиради сиёсӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» суханронӣ кард. Донишҷўён - Ш. Ўрунхоҷаева, З. Ҷўраева, С. Ҷамшедов, Ф. Қўзибоев, К. Шодиев, С. Нағзибекова аз «Шоҳнома»-и Абулқосим  Фирдавсӣ  порчаҳои шеърӣ қироат намуданд. Дар интиҳо аз ҷониби намояндаи вобастагии ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Хуҷанд Масъуди Аҳмадванд  иштирокчиёни фаъоли маҳфилро бо тўҳфаҳо сарфароз  намуд.

  • Иқдоми шоиста

    Маннон Қамарович Ҳусайнов аз зумраи олимони шинохтаи соҳаи иқтисоди тоҷик аст, ки имрўз фаъолияти илмӣ-таълимии хешро дар Донишгоҳи давлатии таҷҳизотсозӣ ва информатикаи шаҳри Москва ба ҳайси профессори кафедраи баҳисобгирии бахгалтерӣ, молия ва аудит бомуваффақият пеш мебарад. Ба қалами олими тавоно беш аз 35 асарҳои илмӣ-оммавӣ, аз ҷумла 5 китоб доир ба масъалаҳои мухталифи соҳахои иқтисод, савдо  мансубанд. Асарҳои олим бозгўи масоили умдаи соҳаи иқтисод, аз ҷумла асосҳои тараққиёти соҳаи хизматрасонӣ ва савдои чакана, соҳаи хизматрасонӣ дар сатҳи муосири рушд, иқтисодиёт ва танзими давлатии он мебошанд. Асарҳои М. Ҳусайнов инчунин масоили муҳими иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсати иқтисодӣ, нақши давлат дар ҳаёти иқтисодӣ, тамоилҳои нав дар иқтисодиёти бозорӣ дар давраи гузаришро фаро гирифтаанд.

  • Дар масири эҷод

    Имрўзҳо фаъолияти илмию таълимии донишгоҳ дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз  Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23.04.2014) бармеояд, роҳандозӣ шудааст. Дар Паём Ҷаноби Олӣ  аз ҷумла таъкид мекунанд: «Вазифаи муҳими олимони кишвар бо дарназардошти шароити давлати соҳибистиқлол таҳқиқ намудани таърихи пурифтихори миллат, проблемаҳои фалсафа ва адабиёту фарҳанги бою рангоранги тоҷикон, поку бегазанд нигоҳ доштан ва таҳким бахшидан ба мақоми забони давлатӣ, тоза нигоҳ доштани забони муошират, эҷоду эҳёи забони илмии тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намудани дастовардҳои ниёгон мебошад.

  • Озмуни ҳунар

    Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 тасдиқ шудааст, баланд бардоштани сатҳ ва сифати тарбияи зебоипарастии муҳассилинро тақозо мекунад.

    Баргузории фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2014» байни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ ба татбиқи амалии ин ҳуҷҷати муҳими соҳаи тарбия мусоидат мекунад.

    Тибқи Низомнома фестивал – озмун дар ду давр  сурат мегирад. Дар иртибот ба ин Қарори Раиси вилояти Суғд аз 07.04.2014 таҳти №148 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2014» » ба тасвиб расид. Даври аввали озмуни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят, аз ҷумла байни дастаҳои ҳунарии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, ДДҲБСТ, Донишкадаи иқтисод ва савдои  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Коллеҷҳои тиббӣ ва омӯзгории шаҳри Хуҷанд  аз 21.04. то 15.05 дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

  • Ҳадаф - дастгирии ниёзмандон

    Санаи 8 май дар саросари олам ҳамчун Рўзи ҳаракати умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар васеъ таҷлил мегардад.

    Маъракаи ҷавонон – донишҷўёне, ки дар таърихи 7 май дар маҷлисгоҳи асосии донишгоҳ баргузор гардид, ба таҷлили ин санаи таърихӣ бахшида шуд. Дар он фаъолону собиқадорони ҳаракат, намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва устодону муҳассилин ширкат доштанд. Аввал филми мустанади «Дирўз ва имрўзи Ҳилоли Аҳмар» пешкаши иштирокчиёни ҷамъомад гардид. Он аз фаъолияти доманадори кормандон, фаъолони ҳаракат нақл намуда, ҳозиринро ба меҳру шавқат, хайру саховат ҳидоят кард.

    Доир ба самтҳои фаъолияти ҳаракати Ҳилоли Аҳмар байни муҳассилин викторина баргузор гардида, Манучеҳри Камол, Фаррух Маҳмадалиев, Наимҷон Ғаффоров барин донишҷўёни факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ дар он ғолибият ва тўҳфаҳои хотиравиро соҳиб шуданд. Дар вазъияти тантанавӣ ба як гурўҳ аъзоёни нави ҷамъият – муҳассилини фаъол билетҳои узвият тақдим гардиданд.

  • Тоҷикистон рушди тоза меёбад

    Паёми навбатии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-апрели соли равон барномаи мушаххаси амали мардуми кишвар барои имрўзу ояндаи зиндагии мост. Суханронии пурмўҳтавои Сарвари давлатро тариқи ҷаҳаннамо дар ҳалқаи устодону ҳамсабақон бо мароқи афзун тамошо карда, аз он болида гардидам, ки ҳамасола ба соҳаи илму маориф эътибори бештар равона магардад. Аз ҷумла, дар суханронӣ чунин зикр гашт: «Маҳз ба ҳамин хотир, ки маориф соҳаи ояндасози ҳаёти кишвар мебошад, мо ба нақша гирифтаем, ки бо мақсади ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи насли навраси халқамон ва умуман ҷиҳати таъмин намудани рушди соҳаи маориф ва беҳтар гардонидани таъминоти иҷтимоии аҳли маориф дар 7 соли оянда 27 миллиард сомонӣ ҷудо намоем.»

  • Суханвари масъулиятшинос

    - Киро метавон шахси суханвар, дарккунандаи маъниҳои хоси калом, дорои ҳисси баланди масъулияшиносӣ дар зебоиҳои нутқ ном бурд? Ба ин суоли дўстдорони адабиёт озмуни вилоятии «Ровии беҳтарин», ки арафаи Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бо ибтикори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд дар китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхўҷа Асирӣ ҷарён гирифт, ҷавобгўи боэътимод аст. Озмуни мазкур ба ифтихори 20-солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 66 нафар довталабони ҷойҳои фахрӣ аз макотиби таҳсилоти олию миёна ва ҳамагонӣ, ташкилоту муассисаҳои мухталиф ташкилу баргузор гардид. Иштирокдорони озмун дар назди ҳайати бонуфузи ҳакамон, ки ба он кормандони Раёсати фарҳанг, радиову телевизион, устодони варзидаи донишгоҳҳои олии касбии вилоят, беҳтарин китобдорон шомил буданд, бо қироати намунаҳои ноби осори манзуму мансур, таронаю суруд адои ҳунар карданд.

  • Тоҷикистон – Бритониёи Кабир – Афғонистон: дўстӣ мустаҳкам мешавад

    Соли 2014 ташкилоти умумиҷаҳонии ҷамъиятии «Хадамоти волонтёрон дар хориҷа» (VSO) ва Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон (АМЗСТ) бори дуюм дар шаҳри Хуҷанд лоиҳаи «Хизмати шаҳрванди байналмилалӣ»-ро, ки аз тарафи Созмони BFID маблағгузорӣ ва шахсан аз ҷониби сарвазири Бритонияи Кабир пуштибонӣ шудааст, амалӣ менамояд. Лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки ҷавонон дар самти рушди ҷомеа ширкат варзида, ҳамкорию дўстиро байни кишварҳои Бритониёи Кабир, Афғонистон, Соири мамлакатҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон тақвият бахшад.

                Лоиҳаи мазкур дар меҳвар 20 нафар ҷавононро аз Бритониёи Кабир, 4 нафар ҷавононро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва 16 нафар ҷавонони дигарро аз Чумҳурии Тоҷикистон сарҷамъ гардонидааст.

  • Ба истиқболи ҷашн

    Нимаи аввали моҳи апрели соли равон дар Донишгоҳи славянии Россияю Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба истиқболи ҷашни 20 –солагии қабули Конститутсия (Сарқонун)-и таҳти унвони «Ҷамъият ва ҳуқуқ» конференсияи илмии байнахалқии донишҷуён ба вуқӯъ пайваст. Дар кори конференсия  донишҷӯён аз макотиби олии касбии вилоятҳои Суғду Хатлон, кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин кишварҳои Русия ва Қирғизистон ширкат доштанд.

     Баҳтарин маърӯзаҳои муҳассилин дар мавзӯи «20-соли амали Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва пешомадҳо» манзури ҳозирин ва мавриди баҳсу мулоҳизаронӣ қарор гирифтанд.

  • Ҷои дуюм дар «Хониши ломоносовӣ»

    Санаҳои 24-25 апрели соли 2014 дар филиали душанбегии Донишгоҳи давлатии  Москва ба номи М.В. Ломоносов Конференсияи илмии ҷумҳуриявии донишҷуён таҳти унвони «Хониши ломоносовӣ» бахшида ба 1159 солагии Абӯбакри Закариёи Розӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур устодону донишҷуён аз макотиби олии кишвар, аз ҷумла аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россияю Тоҷикистон, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва дигар донишгоҳҳо иштирок ва дар мавзӯъҳои  мубрами рӯз баромад намуданд.

Маҷмӯаи аксҳо

Телевизиони донишгоҳ

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Суғд

17 мик-н, хонаи 1 ш.Хуҷанд 735700

Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

+992(3422)2-38-11

+992(3422)2-51-70

http://www.zoofirma.ru/