Хабарҳо


Эъломияи умумии ҳуқуқи башар  паҳншудатарин санадест, ки  тибқи маълумот  бо беш аз 300 забон  тарҷума карда шудааст.  Он аз пешгуфтор ва 30 модда ибо...
Терроризм чун вабои аср имрўз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод м...
Санаи 4 декабри соли 2018 дар Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода...
Дар ҷаҳон ҳар кишвару миллат ва халқиятро  бо урфу одат ва анъанаҳои миллияш мешиносанду эҳтиром мегузоранд. Халқи тоҷик, ки аз қадим дорои маърифати ...

Мавқеъ


Қарни XX-XXI дар тамоми олам қарни нуру раҳмат, файзу баракат маҳсуб меёбад. Маҳз дар ҳамин қарн худшиносии инсон боло рафт, бисёр асрорҳои табиату ко...
Имрўз намояндагон ва тарафдорони гирбиҳамоӣ дар Берлин бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ раҳпаймо доир намуда истодаанд, ки ба паст задани давлату мил...
Ташкилоти эксремистии террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷумлаи онҳоест, ки мазҳабу равияҳои бегонаи диниро дар кишварамон паҳн намуда, ҷиноятҳои сан...
Дар замони муосир ҳар гуна гурўҳҳои иртиҷопараст пайдо шудаанд, ки мақсади  онҳо дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа низоандозист. Ҳизбу созмонҳои зери ...
Фильтр
  • Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Андалеб-2016” дар ДДҲБСТ

    Ба ифтихори таҷлили сазовори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони Истиқлолият, тақвият бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва фарҳангиву таълимӣ     тибқи Низомномаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2016” 27 апрели соли равон дар ДДҲБСТ Фестивал-озмуни “Андалеб-2016” баргузор гардид.

         Дар барномаи фарҳангӣ ҳунарнамоии беҳтарин муҳассилини донишгоҳ аз рӯи шартҳои  навозиши умумӣ, намоиши либосҳои миллӣ, рақси якка, суруди якка, навозиши якка, суруди халқӣ, саҳначаи ҳаҷвӣ, суруди “Шашмақом”, намоиши анъанаи миллии хатнасур, сюитаи овозию рақсӣ пешниҳод гардиданд.      Махсусан, рақси якка дар иҷрои донишҷӯи курси якуми факултети ҳуқуқшиносӣ Аъзамҷон Турсунов, суруди якка таҳти унвони “Ватанам” дар иҷрои донишҷӯи курси сеюми факултети баҳисобгирӣ ва андоз Назирҷон Мирмуллоев, суруди халқҳои  сокини минтақаҳои Тоҷикистон  дар иҷрои Шаҳбоз Маҳкамов ва Мавзуна Холмаҳмадова,

  • Вохӯрӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Субҳи 26 апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи меҳнатӣ, устодону муҳассилини донишгоҳ доир ба муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамчунин дар ҳамоиш намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд.

    Меҳмонони вохӯрӣ вакилони Маҷлиси намоянгдагони Маҷлиси Олии ҶТ Ҷаббор Ахмедов ва Гулбаҳор Назирӣ, раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдулатиф Қодирӣ перомуни  аҳамият, моҳият ва зарурати ворид намудани тағийру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

  • Ташаккули фарҳанги худшиносии миллӣ

    Санаи 18 апрели соли равон бо ташаббуси Шўрои олимони ҷавони донишгоҳ бахшида ба ҳафтаи илми тоҷик диспут атрофии китоби тозанашри файласуфи тоҷик А.Ҷўраев «Фалсафаи худшиносии миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид, ки дар он сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, н.и.ф., дотсент СаидовС.Ғ., директории Маркази таълимии «Маърифат» н.и.м., дотсент Ахмедов Р. ва устодону олимони ҷавон иштирок доштанд.

             Чорабиниро раиси Шўрои олимони ҷавон дотсент Шўҳрат Саидов фититоҳ бахшида, таъкид дошт, ки гузаронидани диспут атрофи ин ё он мубрами илмӣ метавонад барои рушди тафаккури интиқодӣ ва ташаккул додани фазои илмӣ дар донишгоҳ мусодиат менамояд.

               Баъдан,баромадҳои ассистенти кафедраи сиёсатшиносӣ Солиев Ш. оиди боби аввали китоб «Фарҳангшиносӣ ва инсоншиносӣ, ташаккули тафаккури интиқодӣ ва роҳҳои татбиқи усулҳои ҷадиди таълим», унвонҷўи кафедраи сиёсатшиносӣ  Ҳошимова Н.

  • Конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба низоми кредитии таҳсилот дар ДДҲБСТ

    Субҳи 22 апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) конференсияи илмию методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми кредитии таҳсилот: ҳолат, муаммоҳо ва роҳҳои инкишоф» ба кори худ шурўъ намуд. Дар кори конференсия намоянда аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми вилояти Суғд, роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои вилоят, олимону мутахассисони соҳа, устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ширкат варзиданд.

  • Низоми кредитии таҳсилот: ҳолат, муаммоҳо ва роҳҳои инкишоф

    «Воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми кредитии таҳсилот: ҳолат, муаммоҳо ва роҳҳои инкишоф» - чунин унвон дорад конференсияи илмию методии ҷумҳуриявӣ, ки санаи 22 апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ)баргузор хоҳад шуд. Бино ба иттилои масъулини бахши таълим ва илми донишгоҳ дар кори конференсия олимону мутахассисони соҳа, устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ширкат варзида, масоили таҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар ҷорӣ намудани низоми кредитии таҳсилот, методикаи таълим, таҷрибаомўзӣ ва роҳҳои такмили он дар низоми мазкур, таҳсилоти ѓоибона ва ҷорӣ намудани низоми фосилавӣ дар

  • ҲАФТАИ ИШТИРОКИ ДОНИШҶЎЁН ДАР ИДОРАКУНИИ ДОНИШГОҲ

                Дар асоси қарори раиси вилоят “Дар бораи ташкил ва гузаронидани Ҳафтаи иштироки донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд” аз 09 феврали соли 2016 таҳти рақами №71 ва фармони ректори донишгоҳ аз 18- феврали соли равон, ба муносибати таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати дар ниҳоди донишҷўён парваридани ҳисси масъулият, тарбияи кадрҳои болаёқати роҳбарӣ, ҷалби онҳо ба низоми давлатдорӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи корбарии донишҷўён, аз санаи 28 март то 5 апрели соли 2016 дар сатҳи донишгоҳ «Ҳафтаи иштироки донишҷўён дар идоракунии донишгоҳ» дар давр аввал ҷамъбаст гардид.

  • ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ДАР БАЙНИ ЗАНОН

    Санаи 12-апрели соли равон бо ташаббуси бахши кор бо занону духтарони донишгоҳ дар толори маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и ДДҲБСТ дар доираи чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ ва маърифатии соли 2016 – Соли фарди солим мизи мудаввар дар мавзўи «Пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни занон» долир гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Маркази тандурустии №5 –и шаҳри Хуҷанд, духтури бемориҳои занона Дилафрўз Мунавварова, табиби оилавӣ Нигина Абдураҳмонова ва  донишҷўдухтарон, устодону масъулини Шўрои бонувони донишгоҳ ширкат варзиданд.

    Мудири бахши кор бо занони донишгоҳ Шарафнисо Олимбоева ҳамоишро ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба моҳият ва ҳадафҳои баргузории ҳамоиш ва боло бурдани маърифати ҷавондухтарон,

  • МАҲФИЛИ ДОНИШҶӮЁНИ ДДҲБСТ

    Субҳи 11-апрели соли ҷорӣ тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Шӯрои донишҷӯёни ДДҲБСТ маҳфили донишҷӯёни донишгоҳ таҳти унвони “Иттилои сомонаҳо: онро чӣ тавр бояд қабул намуд” доир гардид. Дар маҳфил намояндагони раёсати донишгоҳ, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва доираи васеи донишҷӯён ширкат варзиданд. 

    Исматҷон Султонӣ-раиси шӯрои донишҷӯён ба кори маҳфил ҳусни фититоҳ бахшида, аз ҳадафҳои баргузории маҳфил ёдовар шуд.

    Баъдан, Шокирҷон Насруллоев муҳассили соли дуюм дар мавзӯи “Таърихи пайдоиши интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ” маърӯза намуда, тариқи нурафшон слайдҳои ҷолибро ба иштирокдорон пешкаш намуд.

  • Ҷамъбасти озмуни моҳномаи «Қаҳрамони Тоҷикистон» Садриддин Айнӣ

    Раёсати илми донишгоҳ санаи 1 апрели соли 2016 тадбирҳои лозима андешида, дар байни донишҷўёни факултетҳо озмуни моҳномаи  «Қаҳрамони Тоҷикистон, ҳаёт ва фаъолияти Садриддин Айнӣ»-ро ташкил ва баргузор намуд.

    Барои иштирок дар озмуни мазкур аз ҳар як факултети донишгоҳ 3 нафарӣ донишҷўёни фаъол дар ҳайати комиссияи махсус байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Ҳайати зерин Шокиров Т.С.- докториилмҳои филология, профессор, Раҳимов И.У.- номзадии илмҳои филологӣ, дотсент Атамуллоева М.А.- номзади илмҳои филологӣ, дотсент дар озмун ширкат варзида, доварӣ намуданд.

  • ВАССОФИ СУЛҲУ ДӮСТӢ ВА ПАЙВАНДГАРИ ХАЛҚҲО

    Тибқи лоиҳаи моҳномаи «Қаҳрамони Тоҷикистон» дар ДДҲБСТ доир ба зиндагӣ ва фаъолияти қаҳрамонони Тоҷикистон тайи ду моҳи ахир пайваста ҳамоишҳои илмю фарҳангӣ, дарсҳои тарбиявӣ, вохӯриву чорабиниҳо доир гардида истодааст.  Ҳадаф аз баргузории ҳамоишҳо бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ дар қалби ҷавонон маҳсуб меёбад.

         Дар робита ба ин субҳи 1-уми апрели соли равон  дар толори китобхонаи илмии донишгоҳ таҳти унвони “Вассофи сулҳу дӯстӣ ва пайвандгари халқҳо” бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ҳамоиши фарҳангӣ-назариявӣ бо иштироки васеи устодону донишҷӯён ва намояндагони раёсати донишгоҳ доир гардид.

  • Сулҳофарин

    Имрўз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-  ҳамчун давлати тинҷу осоишта, дар муҳити орому фазои созанда  зиндагӣ ва умр ба сар бурда баъзе ҳодиса ва воқеаҳои аз сар гузаронидаи миллатамонро фаромўш намуда, саҳми ашхоси ҷонифидои миллатро, ки ҷони худро зери хавфу хатар гузошта, моро ба ин рўзҳои тинҷу ором расонида, давлати рў ба нести ниҳодаро аз нав эҳё намуда, ҷумҳуриро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ сохта, манфиатҳои ҳамаи қишрҳои ҷомеаро зери ҳимояи давлат қарор дода, Тоҷикистонро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, соҳибихтиёр, дунявӣ ва ягона эълон дошта, кишварамонро ба чунин рўзҳои саиду умедбахш, ки шахсро ба ояндаи дурахшон умедвор мекунад расонидаанд, фаромўш намуда истодаем.

  • Эмомалӣ Раҳмон шахсияти бузург ва нодири замони муосир

    Пайдоиш, ташаккул  ва ҳуввияти ҳар як халқу миллатро дар марҳилаҳои гуногуни таърих саргузашти сарнавишти он муайян месозад.

          Халқи қадимаи тоҷик, ки дар тўли таърих басо ҷафоҳо кашидааст, низ бурду бохтҳои худро аз давраи пайдоиш то кунун маҳз дар тарозуи таърих муайян мекунад.

    Ин амри табиист. Зеро таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро дар масири таърих бо ҳама шаҳомат ва хорию зорияш дида, ба ҳусну қубҳи фаъолияти корбарии ў сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сўи хештаншиносӣ  ва худогоҳӣ  ниҳода, бо дидаи иборат дурнамои кишвару мардуми худро муайян карда метавонем. Дар таърих нақши шахсият хеле бузург аст ва қаҳрамонии шахсиятҳои барҷаста, қабл аз ҳама, дар шинохти масъулият ва рисолати таърихии худ дар иртибот бо сарнавишти ҳаммилатони хеш ва кулли ҷомеаи башарӣ  падидор мегардад.

  • Нақши шахсият дар таърих

    Дар ташаккули хаёти сиёсӣ,иқтисодӣ,ичтимоӣ ва хуқуқии халқу миллатхо шахсиятхои таърихие хастанд ки ном,фаъолият ва зиндагиномаи онхо  бо таърих  ва сарнавишти  давлатдории он халқу миллатхо пайванди ногусастанӣ дорад.Дар таърихи давлатдории точикон Эмомалӣ Рахмон аз зумраи шахсиятхоест,ки на танхо дар ташаккул ва тахаввули таърихи навини миллати точик, хастии имрў зу фардои Тоҷикистон ,давлатдорӣ ва хуқуқи муосири кишвари сохибихтиёрамон ,балки барои эхё намудани падидахои неку писандида  ва арзишхои волои фархангии ниёгон хизматхои барчаста кардааст.

  • Пешвои миллат - роҳнамоӣ саодат

    Дар тули  24 соли соҳибистиқлолииТоҷикистон, ки шояд дар назди таърих фосилаи зиёде намебошад, кишвари мо ба музаффариятҳои шоиста ва дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маърифатӣ ноил гардид.

    Ноил гаштан ба марҳилаисулҳофаринӣ ва ваҳдати миллӣ пас аз ҷангҳои бародаркуш беҳтарин неъматест, ки барои миллати мо дар ин фосилаи кутоҳ ба ҳидоят ва раҳнамоиҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардид. Беҳуда нест, ки роҳбари давлати моро имрўз дар арсаи сиёсати байналмилалӣҳамчун меъмори сулҳ ва ваҳдат ном мебаранд. Воқеан, сулҳе, ки миёни тоҷикон бо талошҳои бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон ба миён омад, дастоварди беназирест, ки кишварҳои дигари олам солҳо чунин сулҳу субот ва оромишро интизорӣ мекашанд.

             Дар ҷомеаи имрўза, ки ҷаҳон лабрези ҷангу хушунат ва қатлу куштор дар минтақаҳои мухталиф аст ва ҳамзамон кишварҳоиҷангзада дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ меафзоянд, аҳамияти сулҳи тоҷикон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бештар мешавад. Ҷаҳониёнҳатто хостори он ҳастанд, ки имрўз аз сулҳи тоҷикон дарси ибрат омўзанд, аз ин сулҳе, ки бо талошҳо ва ҷонбозиҳои меъмори он Эмомалӣ Раҳмон насиби миллати мо гардид.

  • Ҳадафҳои созандаи пешвои миллат

    Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ҳозира таъмини зиндагии осоиштаро барои ҳар як сокини кишвар аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии сиёсати хеш қарор додааст. Чунин мақсадҳои амлишаванда ҳар як фарди баору номуси Ватани азизамонро водор месозад, ки баҳри рушди устувори кишвар, беҳбудии рўзгори мардум ҳиссагузор бошад. Сад шукр, ки бо саъю талоши пайвастаи Сарвари давлат ва шахсони дилсўзу меҳанпараст, Тоҷикистони азизамон рўз ба рўз ободу шукуфон мегардад. Самараи азму талошҳо ва сиёсати дурандешонаи Президенти кишвар ва дастгирии ҳамаҷонибаи халқи заҳматкаши тоҷик аст, ки дар ҷумҳури зиёда аз 1300 корхонаҳои саноатӣ, 1500 мактабҳои нав, садҳо иншоотҳои ҳаётан муҳими тиҷоратию иқтисодӣ, корхонаҳои муштарак, роҳу пулҳо, нақбҳои дорои аҳамияти дохиливу байналмиллалӣ сохта ба истифода дода шудааст.

  • Ояндасоз пешвои миллат аст

    Дар амалияи имрўза мо шоҳиди нооромӣ, ҷангу ҷидоли кишварҳои олам ҳастем ва ин барои тамоми ҷомеаи имрўзаи ҷумҳуриамон як амали ибратомўз ба шумор рафта, боиси шукргузории оромии кишвари азизамон Тоҷикистон мегардад. Таърихи имрўзаи мо низ гувоҳи ин гуна амалҳои даҳшатангез (ҷанги шаҳрвандӣ) гардидааст, ки бо шарофату заматҳои ҷоннисоронаи  сарвари давлат муҳтарам, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон  фарзанди фарзонаи миллат бори дигар халқи тоҷикро ба остонаи сулҳу субот ва ваҳдату оромӣ оварда расонид. Ба зиммаи сарвари давлат масъулияти ҷиддие гузошта шудааст, ки амалӣ намудани он барои на ҳар як шахси масъул амри воқеъӣ мегардад. Мардуми тоҷик дар роҳи интихоби раҳпаймои худ, баҳри инкишофёбии меҳани азизи худ Тоҷикистон хато накардааст.

  • Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи нақшаҳои муайяннамудаи Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Таърих гувоҳ аст, ки таҳаввули бунёдӣ дар ҳаёти сиёсӣ, андешаи миллӣ, фарҳанги зиндагӣ ва шуури иҷтимоии ҷомеа бо кору пайкори шахсиятҳои барҷаста, шахсиятҳое, ки дар фазилату иродаи сиёсӣ, маънавӣ ва ахлоқии худ ормонҳои таърихии мардумро таҷасум кардаанд, дар пайвастагии бевосита қарор дорад.

    Соли равон мардуми кишвар солгарди навбатии Иҷлосияи 16-уми Шўрои олии Тоҷикистонро ҷашн мегирад. Воқеан  ҳам ин Иҷлосия накши тақдирсоз дорад, аз он истиқлолияти воқеии кишвар оѓоз меёбад. Бо гузашти замон, ин санаи таърихи нуфузи бештар пайдо мекунад, мавриди пажўҳиши муаррихону ҷомеашиносон қарор мегирад.  Масалан,  ҳазорсолаҳо дур намеравем, фақат таърихи солҳои 20-30-уми қарни гузаштаро, ки аслан давраи оғози ташкилёбии давлати навини тоҷикон мебошад, имрўзҳо меомўзем, бурди бохту он замонро дар риштаи таҳлил ҷой медиҳем, сабақ мегирем.

  • Эътирофи хизматҳои Президенти Ҷумхурии Точикистон дар хориҷи кишвар

    Ҷумхурии сохибистиқлоли Точикистон дар зарфи 23 соли Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои беназири таърихӣ соҳиб гашт, ки ҳамаи ин комёбиҳо тавассути рохбарии хирадмандонаи Президенти мамлакат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

                Хизматҳои софдилона ва фидокоронаи Сарвари давлат чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар эътироф гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо ва густариши чомеаи умумибашарӣ у ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумичаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ мушарраф гаштааст. Соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат Сарвари давлат сазовори ҷоизаи Олӣ медали тиллоии «Барои сулҳ ва ризоияти байни халқҳо» - и Федератсияи байналмилалии сулҳ гардид.

  • Эмомалӣ Раҳмон - пешвои миллат

    Дар дунё шахсиятҳои беназиру бетакрор кам нестанд. Ҳар яки онҳо дар ин ё он соҳа аз худ нишоне гузоштаанд. Чунончӣ, Анўшервони одил бо адолати худ, Исмоили Сомонӣ бо сиёсатмадори беҳтарин буданаш садсолаҳост, ки дар ёду дили халқ зиндаанд ва то ҳол онҳо бо некномӣ ба забон гирифта мешаванд. Эмомалӣ Раҳмон ҳам яке аз чунин  шахсиятҳои бузург аст, ки бо кору фаъолияти  некаш дар таърихи навини халқи тоҷик  нақши муассир дорад. Давлати навини тоҷикон аз моҳи сентябри соли 1991 ощоз ёфт. Бо ташаббуси шахсӣ ва саҳми арзишманди Эмомалӣ Раҳмон бунёди ҷомеаи навини Тоҷикистон гузошта шуд, пояҳои аввалини аркони давлатдории тоҷикон дар асри 20 мустаҳкам гардид, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё карда шуд.

  • Шахсияти таърихӣ

    Дар таърихи халқу миллатҳои мухталифи олам шахсиятҳои фавқулодда бузурге қарор доранд, ки дар таъмини сулҳу субот, рафоҳияти мардум ва пешрафту шукуфоии кишварҳояшон хидмати таърихие ба ҷо оварда, эътибору нуфузи давлат ва ватани маҳбубашонро дар соири мамолики Шарқ Ғарб интишор додаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи ҳамин гуна шахсиятҳои бузурги таърихӣ мебошанд, ки дар давраи басо мураккабу сарнавиштсоз ба сари қудрат омада, давлат ва миллати хешро ба туфайли ақли даррок, хиради азалӣ ва ҷонбозиҳояшон аз вартаи нобудиву ҳалокат наҷот доданд ва дар зарфи 23 соли роҳбарии хирадмандонаашон Тоҷикистонро ба як кишвари воҳид, орому осоишта ва пешрафтаву  мутараққӣ мубаддал сохтанд.

    Хидматҳои таърихии Ҷаноби Олӣ дар назди халқу Ватан аз ҷониби аҳли ҷомеа кайҳост, ки комилан эътироф шуда, боиси таълиф шудани даҳҳо китобҳо, садҳо мақолаҳо ва шеъру достонҳо гардидааст.

  • Ҷонибдори «Пешвои миллат» эълон гаштани Президент ҳастем!

    Андешаҳо перомуни пешвои миллат эълон гардидани Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

    Баъди тавассути расонаҳо ба нашр расидани андешаи баъзе аз донишмандони тоҷик дар бораи он ки Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Тоҷикистон расман пешвои миллат номида шавад, дар байни қишрҳои ҷомеа вокунишҳои мухталифро ба бор овард.  Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ  ва Холмаҳмади Самеъ бо нашри як матлаб дар торнамои ҳизби халқии демократӣ изҳор доштанд, ки хидматҳои Ҷаноби Олӣ, мухтарам  Эмомалӣ Раҳмон барои эътирофи пешвоӣ кофист, агарчӣ ба қавли онҳо: "Пешвои миллӣ дар фарҳанги сиёсии кишварҳои тозаистиқлол падидаи наву нодир аст".

    Муаллифони ин матлаб бар ин назаранд, ки бо эътирофи раиси ҷумҳури кишвар ҳамчун пешвои миллат на танҳо корномаи ӯ қадршиносӣ мешавад, балки ин симо омили ваҳдат ва пешрафти кишвар хоҳад буд.

    Албатта, пешвоёне чун Эмомалӣ Раҳмон зарурат ба чунин эътирофро надоранд, аммо "миллатҳо, кишварҳо дар шароити бархӯрди шадиди тамаддунҳо, манфиатҳо, ҷаҳонишавӣ зарурат ба пешвоёни расман эътирофгашта доранд."

    Албатта, дар қонунгузории Тоҷикистон мафҳуме чун "пешвои миллӣ" мавҷуд нест. Вале намунаҳое дар миёнанд, ки бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ унвонҳои шабеҳ ба инҳисори қудрати давлатиро дар қонунгузории худ ҷой доданд ва аз эҳтимол дур нест, Тоҷикистон чунин намунаҳоро дар пайи ситоишҳои рӯзафзун аз шахс ва хидматҳои раиси ҷумҳури худ пеш гирад.

     

  • Паёме ба «Ҷаҳони андешаи» Муҳаммади Н.

    Тибқи моддаи 1-ми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон,  кишвари мо давлати дунявӣ эълон шудааст ва иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ҳеҷ як мафкура, аз ҷумла мафкураи динӣ  "ба ҳайси давлатӣ" эътироф намешавад. Ташкилотҳои динӣ ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Эътиқоди динӣ кори хусусии ҳар шахс буда, "ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд".Мутаассибони динӣ ба нобудсозии муқаддасоте даст мезананд, ки ҳадаф аз ин золимӣ зудуда сохтани зеҳнияти инсонҳо ва ҳукмрон кардани томгароӣ ва мутлақхоҳӣ дар андешаҳои мардум аст. Сухани Мавлоно дар бораи он ки: «Эй бародар, ту ҳамон андешаӣ, Мо бақо, ту устухону решаӣ» дар ин ҷо ба маврид садо медиҳад.

    Ғолибан аксари чунин баҳсҳои тӯлонии ақидатӣ оқибат бо ноамниҳо дар ин ё он минтақаи аз ҷиҳати сиёсӣ ноустувор ва ҳалокати ҳазорҳо шаҳрванди одии ин кишварҳо анҷом мепазиранд, ки аз ноогоҳии худ думболи ин ё он гурӯҳи манфиатҷӯ мераванд.

  • Сарвари роҳнамо ва некмақдам

           Халқи соҳибтаъриху фарҳангсолори тоҷик дар охири қарни бистум баъди гузашти чандин асрҳо, баъди пушти сар намудани ноомад ва носозгориҳои тақдиру таърих, хушбахтона боз соҳибдавлату соҳибватан гардид.Маълуми ҳамагон аст, ки давлати ҷавон ва навистиқлолро ободу пуриқтидор намудан ва аз ниятҳои нопоки душманони хунукназари дохилию беруна эмин нигоҳ доштан чӣ қадар масъулияту машаққатро талаб менамояд. Давлати ҷавони тоҷиконро нотавонбинони миллат дар ибтидои давлатсозӣ оғўштаи хуни ноҳақ гардонида, қариб буд, ки номи Тоҷикистони азизро ба нестӣ оварданд. Дар ин марҳилаҳои ҳассос, ки кишвар дар ҳолати парокандагӣ, вайроншавӣ, торуморшавӣ, беҳокимиятӣ қарор дошт, мардум ба ояндаи дурахшон ва орому ободи ватан умед надоштанд. Кишвар саросар дар фазои ғуссаву ғам ва ноумедӣ печида гардида буд.

           Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда халқи бофарҳангу созанда ва инсонгарою таҳаммулпазирӣ тоҷик умедвори он буд, ки рўзе мерасаду хиради азалии ин миллати боору  номус ғалаба мекунаду, миллатро сарвари дилсўзу ғамхор, ватандўсту меҳанпарвар роҳбарӣ менамояд.

          Бо ҳамин ниятҳои неку созанда намояндагони халқ дар қасри овозадори Арбоб, дар Иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI Шўрои Олӣ ҷамъ омаданд, то роҳи минбаъдаи ватанро муайян намуда, сарвареро интихоб намоянд, ки миллатро соҳибӣ намояд, ҳар як зарра обу хоки мулки аҷдодиро аз дасти аҷнабиёну ватанфурўшон ҳифз намояд. Вакилон дар интихоби сарвару посбони миллат хато накарданд ва масъулияти баланду масъулиятшиносонаи сарвариро ба ўҳдаи фарзонфарзанди ватан, фарди халқпарвару ватансоз Эмомалӣ Раҳмон вогузор намуданд.

  • Пешниҳод барои бастани ҳнит

    Дар замони истиқлоли миллӣ ваҳдатсароӣ яке аз мавзўъҳои дўстдоштаи эҷодкорон гашааст, ки бесабаб нест. Зеро ваҳдат пояи миллат аст ва ин ганҷина барои миллати мо осон ба даст наомадааст.  Баъзе аз афрод мехоҳанд, ки ба ин рахна зананд ва ба мақсадҳои ғаразноки худ расанд. ҲНИТ дар байни мардум тафриқа меандозад. Бо баҳонаҳо ва зери ниқоби ислом баромад карда, ақидаҳои ғаразноки худро баён медоранд.  Аз ин сабабирода доштанд, ки аз дохили ин ҳизб калимаи «ислом» - ро бигиранд. Инчунин дар сарқонуни мамлакат омадааст, давлатдории мо дунявӣ аст ва дин наметавонад ба давлат дахолат кунад.  Ислом ба ҳизб ниёз надорад. Дар давоми панч солиохир, воқеаҳои Рашт, Суғд ва ВМКБ ба вуқуъ пайваст,ки ба таври ғайримустақим аъзоёни фаъоли ҲНИТ дар ноором карданивазъи минтақаҳои алоҳида даст доштанд. Бинобар ин, аз даст додани назорат аз болои масъулини ҲНИТ дарҳолатҳои буҳронӣ, марказҳои тасмимгирии ҷумҳуриявӣ аз тамоми нуқтаи назарнороҳат сохт.

  • Кирдорхои вахшиёнаи созмонхои террористии исломӣ

    Имрўзҳо ҳар як фарди ҷомеаро кирдорҳои ваҳшиёнаи созмонҳои террористӣ ба ташвиш овардааст. Ин чиз маро низ нороҳат месозад ва андеша меронаму ғам мехўрам. Дилам ба ҳоли он ҷавонҳое месўзад, ки фирефтаи пулу мол шудаанду виҷдонашонро фурўхтаанд. Оре, сабабгори ҳамаи ин ваҳшигариҳо набудани виҷдони пок аст, чунки виҷдони пок ҳимоятгари шарафу номуси инсонҳост. Агар инсон виҷдони пок дошта бошад, аз корҳои ношоям даст мекашаду ба дуздиву ғоратгарӣ, одамкушиву дигар рафторҳои ношоиста даст намезанад. Афсўс, ки имрўзҳо маънавиёти ҷавонони мо коста шудааст. Онҳо ба ҷойи он, ки меҳнати ҳалол карда ризқу рўзиашонро пайдо кунанд, аз пайи ба даст овардани пули муфт мешаванд. Барои пулу мол шуда, виҷдону номус ва шарафашонро мефурўшанду бозичаи дасти иғвогарон мешаванд. Чанд рўзи «хуш»-и ҳаёти худро фикр мекунанду оқибаташро намеандешанд. Хабарҳое, ки дар бораи рафтори ваҳшиёнаи созмонҳои террористӣ мешунавам азиятам мекунанд. Нафратам меояд ба он нафароне, ки зери ниқоби «Ислом» хунрезиву ваҳшигарӣ мекунанду динро бо сиёсат омехта месозанд. Ин нафароне, ки месўзанду мекушанду вайронкорӣ мекунанд на инсон ҳастанду на мусулмон.

  • Раҳнамо ва ҳомии миллат

    Дар бораи хизматҳои фидокоронаи Президенти кишвар ,Ҷаноби Олӣ , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати таҳкими Ҳокимияти давлатӣ,истиқлолияти миллӣ ,созишномаи сулҳи тоҷикон,сиёсати ободониву созандагиаш  борҳо навиштаанд ва боз хоҳанд навишт.

          Зеро Сарвари давлат на танҳо ҳамчун роҳбари аввалмақом  балки ,ба ҳайси як фарзанди тоҷик хизматҳои бузургро дар назди Давлату миллат ба сомон расонидааст.

         Пешниҳоди ректори Донишкадаи Давлатии Омӯзгории шаҳри Душанбе Носир Салимӣ  ва устоди Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон Холмаҳмад Самеъ  оиди лоиқ донистани Президенти кишвар ба унвони Пешвои  миллат як иқдоми зарурӣ ва сазоворӣ дастгирӣ аст.Тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасурии ӯ тавонист,ки дар як муддати кӯтоҳ харобиҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ободиҳо табдил ёфта ,кишвар аз вартаи ҳалокат берун оварда,халқи парешонгашта сарҷамъ карда шуд.

  • Пешво будан кори саҳл нест

    Чанде муқаддам аз тариқи расонаҳои хабарии мамлакатамон пешниҳоди ҷолибе пахш гардид, ки дар ҷомеаи имрўза ҷорӣ намудан ва ба расмият даровардани матлаби пешвои миллатро тақозо менамояд. Аллакай вобаста ба ин масъала сару садоҳои зиёд аз тариқи матбуоти чи ҳукуматӣ ва чи мустақил, билхосса, торномаҳои Интернет ба миён омаданд.

    Агар як қавми ҷомеа ин пешниҳодро мусбат арзёбӣ намуда, онро бо исботу далелҳои солим ҷонибдорӣ карда бошад, иддае низ садо баланд намуданд, ки чунин матлаб гўиё ба ҷомеаи демократӣ тавъам ва ё хос нест.

    Албатта, хонандаи закӣ аллакай пай бурд, ки ин пешниҳод, як навъ, қадршиносиест марбут ба хидматҳои бузург, содиқона ва бебозгашти Президенти феълии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон.

    Акнун, модоме ки ҳадаф маълум аст, мехоҳем, ба хонандаҳои нуктасанҷ исбот карда бошем, ки оё оянда як унвони расмии «пешвои миллат» ҳақиқати воқеӣ ва ҳуқуқӣ дорад, ё он, як навъ, усули тозаи қадрнамоии хидматҳои сарвари мамлакат дар радифи таъбирҳои «Ҷаноби Олӣ» ва «муҳтарам» ба шумор меравад.

  • Номи нек аз нияти нек аст!

    Вақте, ки мо ба номҳои инсонҳои гуногун назар меандозем, дар аксари ҳолат хислати шахсӣ ба номи гузошташуда ҳамоҳанг аст. Падару модарон ба ниятҳои нек фарзандони худро номгузорӣ мекунанд, то ки сазовори ҳамон ном гардад. Марди деҳқону коргари ҳалолкор бо ҳамроҳии зани ҳалиму меҳрубон ва хушрафтору накўкирдораш номи фарзанди хешро бо ниятҳои нек номгузорӣ намоянд, Худо хоҳад, нияти поки онҳо мустаҷоб мегардад. Падару модари Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо он ният номи фарзанди азизи худро Эмомалӣ гузоштаанд, то ки дар оянда шахси пешво гардида, ба мардум раҳнамоиву сарварӣ намоянд. Вожаи «Эмом» ин ҳамон калимаи «Имом» аст, ки мувофиқи забони тоҷикӣ гардидааст. Дар таърих ҳазрати Алӣ ҳамчун шахси пешво, роҳбари мусалмонон маъруф мебошанд. Яъне орзуву омоли волидайни Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он будааст, ки дар замони имрўза ҳамчун пешвои миллат гарданд ва ҳамаи тоҷикистониёнро дар зери парчами ваҳдат муттаҳид гардонад.

  • Номзади арзандаи Пешвои миллат

    Дар ҳар давру замон дар тӯли таърих шахсиятҳои барҷаста аз қабили Маҳамта Гандӣ, Шарл де Голл, Франклин Рузвелт, Ден Сяопин, Ли Куан Ю, Махатхир Муҳаммад чун пешвоҳои муваффақи миллӣ дониста шудаанд. Бояд зикр намуд,  ки на ҳама сарварони давлат ба таърих  ҳамчун пешвои миллат ворид шудаанд.

    Пешниҳоде, ки азҷониби академик Носирҷон Салимӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи муносибатҳои байналхалқии ДМТ  барои расман пешвои миллат номидани Эмомалӣ Раҳмон шуда буд, хеле бамаврид ва мувофиқ мебошад. 

    Дар ҳақиқат Сарвари кишвар  Эмомалӣ  Раҳмон замоне ба сари қудрат омаданд, киТоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ  таҳдид мекард,мардум ба парокандагиву гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯ ба рӯ буд. Ҳар рӯз садҳо модарони халқи тоҷик ашк мерехтанд.

    Таърих гувоҳ аст, ки Эмомалӣ Раҳмон он рисолате, ки бар дӯшиӯниҳода шуда буд аз ӯҳда он баромада миллатро аз нобудву парокандагӣ эмин нигоҳ дошт. Маҳз хизматҳои шоёни он кас буд, ки дар кишвари мо барқарор шудани сулҳу субот, оромӣ ва ризоияти миллӣ барпо шуд. Ӯ ҳамчун пешво тавонист ваҳдати миллатро ба даст оварад. Агар ба таърих ва ҳаводиси Афғонистони ҳамсоя бингарем, фиғони модарону хоҳарон ва бародарону падарони шаҳиди нобаҳангомро мебинем, ки ин худ як дарси ибрат мебошад.

    Сулҳи тоҷикон дар саросари кишварҳои ҷаҳон ҳамчун намуна омӯхта мешавад, ки ин сулҳ дар як муддати кӯтоҳ ба даст омадааст, ки ин хизмати президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

  • Паёме ба «Ҷаҳони андеша» - и Мухаммади Навид

    Чун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон , узви ҷомеаи соҳибистиқлол  маро баъди мутолиаи ин паёми «ҷаҳони андеша»водор намуд , ки чанде аз фикрҳои худро нисбати ин рўи сатр биёрам .

    Мардуми хирадманд ва сулҳдусти Тоҷикистон то ҳол доғи ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 – уми асри гузаштаро фаромўш накардааст.

    Дар он солҳо воизон ба мисли Муҳаммад Навид дар даст баландгўяк дар майдони «Шаҳидон» аз номи дини мубини ислом баромад намуда, бо ишораи мо «давлати исломиӣ»- ро бунёд менамоем мардумро ба гумроҳӣ андохта, ҷангро ба миён оварданд, ки оқибати онро ҳеҷ кас фаромўш накардааст. Мо хуб огоҳем, ки бо дастгири ва хиради баланду сиёсати инсондустонаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомали Раҳмон моҳи июни соли 1997 сулҳ ба миён омаду, мардум қадамгузори шоҳроҳи осоиштагӣ гардид.

     Моро ин ишораҳои Муҳаммад Навид ба тааҷуб меоварад. Агар ин суханҳои ўро таҳлил намоем, боз ҳамон нидоҳои пардапўшона…

  • Каломи раҳнамо- равшангари дилҳо

    Мо бояд ватани ҳудро сидқан ва баробари ҷони


    ҳеш дўст дорем, ватандўсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва

    муқаддаси инсонӣ,  яъне соҳибватанӣ ба ҷо орем.

     

    Эмомалӣ Раҳмон

    Саодатмандтарин миллат дар масири таъриҳ он аст, ки  тақдир бар вай фарзандони ҷасуру ҳирадмандро эҳдо намудааст, ки бо афкору кору пайкори сазандаву барозанда меҳани ҳешро ободу миллаташро ҳамчун оҳанрабо дар атрофи ҳуд сарҷамъ месозад. Ҳушбаҳтона, қисмат бар миллати соҳибтамаддуни тоҷик низ ин гуна фарзандро эҳдо бинмудааст, ки пас аз ҳазору сад соли ҳузури бедавлатӣ, бар мардуми кишвари ҳуд саодати беназирро таъмин соҳтааст. Маҳз, фарзанди ҷонфидои миллати тоҷик Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мардуми ҳудро аз авҷи ҳузну яъс ва шикастарўҳӣ раҳо баҳшида, пайки наҷотро ато бинмуд ва ҳодиву раҳнамову мубашшири наҷот гардида, дар фурсати камтарин барномаи мубораки миллатсозро бо талошҳои пайгиронаи ҳеш амалӣ намуд ва давлати тоҷикро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ сохт.

     Донишманди маъруфи тоҷик ректори Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон Носирҷон Салимов пешниҳод намуданд, ки Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон расман пешвои

  • Эмомалӣ Раҳмон –пешвои миллат

    Миллати куҳанбунёди тоҷик таърихи беш аз дунимҳазорсола дорад ва дар тўли мавҷудияти хеш борҳо ба зулму таъқиботи аҷнабиён гирифтор гашта, аз чи қадар сарзаминҳои паҳновари хеш, фарзандони фарзонааш ва фарҳанги бойю рангинаш маҳрум гашт…

          Баъд аз таназуллёбии давлати Сомониён танҳо дар даврони шўравӣозодии нисбӣ ба даст овард, аммо озодӣ ва истиқлолияти ҳақиқӣ танҳо пас аз пош хўрдани Итиҳоди шўравӣ ва 9-сентябри соли 1991 соҳибистиқлол эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон насибамон гашт.

            Ҳамагон хеле хуб воқифанд, ки солҳои аввалиистиқлолият бо фаъолияти аввали истиқлолият бо фаъолияти ифротгароиёни дохиливу дахолати неруҳои иртиҷоии хориҷӣ меҳани азизи моро ҷанги бемаънии бародаркуш фаро гирифта , оғуштаи хуни бегуноҳон сохт. Қариб буд, ки ба касофати ин бадгуҳарон миллати тоҷик аз байн мерафт, яъне ба Тоҷикистони навбунёди мо хавфи азбайнравӣ таҳдид мекард.

  • Пешво ва рисолати ӯ дар ҷомеа

    Дар замони муосири зудмутағайир дар афкори ҷамъияти масъалаҳое арзи вуҷуд менамоянд, ки муҳокимаи онҳо ба тақдиру ояндаи давлат ва миллат вобаста мебошанд. Чунин ҳолат табиист, зеро  дар ҳар зинаи рушди ҷомеа вазифаҳое ба миён меоянд, ки ҳалли онҳо дар раванди эҳтимолияти рушди ҷомеа аҳамияти ҳалкунандаро дорад. Бешакку шубҳа ҳар як шаҳрванди миллатдӯсту ватанпарвар тибқи дарку фаҳмиши худ дар ҳаллӣ масоили ба миён омада тибқи имкониятҳои худ баҳри рушду нумӯи ҷомеа  ҳиссагузор мегардад. Аммо саҳифаҳои муборизаҳои таърихӣ баҳри озодӣ ва соҳибистиқлолӣ собит менамояд, ки то он даме, ки ормонҳои сиёсӣ ташаккул наёбад ва муҳимтар аз он бе пешвои сиёсие, ки мардумро аз паси худ бурда, баҳри касб намудани он ормонҳо неруҳои зеҳниии ҷомеаро сарҷамъ намуда, ба онҳо роҳнамои нанамояд,  расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ  амри муҳол аст. Вобаста ба ин имрӯзҳо зарурияте ба миён омадааст, ки мо ба масъалаи кӣ будани пешво бори дигар назарандозӣ намоем.  Бо ин мақсад, мо ба якқатор асарҳои илмӣ, тафсирномаву луғатҳо рӯ овардем. Билохира дар луғатномаи Мухаммадхусайни Бурҳон “Бурҳони қотеъ” дарёфтем: “Пешво – саркарда ва пешрави мардумон бошад; ва ба арабӣ муқтадо ... гӯянд.” (Муҳаммадҳусайни Бурҳон. Бурҳони қотеъ. Душанбе,1993, с.259.) Бояд тазаккур дод, ки дар ин ҷо вожаи “муқтадо” ба маънои аввал, сараввал ва пешбар омадааст. Аз ин ҷо чунин бармеояд, пешво он шахсест, ки равандҳои эҳтимолии рушди ҷомеаро нисбат ба дигарон амиқтар дарк намуда, онҳоро ба сӯи фатҳи қуллаҳои навӣ зиндагӣ аз паси худ бурда тавонад.

  • Пешвои хирадпарвар ва донодўст

    Зуҳурии шахсияти соибназар, инсони нексиришт ва абармарди олигуҳар Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсат ба ҳукми пешвою раҳнамояндаи миллат дар тозатарин вақту фазои таърихӣ пас аз ҳазор соли кишвардории аҷдоди бузурги тоҷикон Сомониёни ориёнасл муждагонии масъуде  расонид.

    Шукронаи ин сиёсат, ки ҳамасола дар қаламрави кишвар бо дастгирии сарвари давлат хадамоти шахсиятҳои бузурги адабиву фарҳангӣ арҷгузорӣ мешаванд. Бахусус, таҷлили бошукўҳи 100-солагии устод Абўабдуллоҳ Рўдакӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 600-солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва чандин ҷашнҳои дигар нишонаи барҷастаи дастгирии давлат ҷиҳати рушди маънавият ва худшиносии миллӣ мебошад.

    Дар замони шўравӣ гароиш ва ҳам таваҷҷуҳ ба осори хаттии ниёгонамон маҳдуд гардида, ниёзҳои маҳдуди фикрии тобеъ ба ғояи ягонаи ҳизбӣ адабиётро то андозае аз фарҳангу тамаддуни миллӣ канор гузошт. Ин амр ҳатто боис бар он ҳам шуд, ки баррасии андешаҳои диниву миллӣ, таҳлили ҳамаҷонибаи осори назмиву насрии классикон на танҳо аз тадқиқ берун монад, балки ба ағлаби шоирон аз чашмандози маҳдуди фикрии онҳо ба дину оин ва афкори миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, ҷусторҳои илмӣ дар заминаи пажўҳиши афкори зидди диниву миллӣ сурат бигирад.

  • Шахсияти арзанда ба пешвои миллат

    Дар марҳилаи имрўзаи рушду шукуфоии миллатчашми диққат дўхтан ба воқеияти сиёсиву иҷтимоӣ ва масъалаҳои  умдаи он хеле муҳим ва дорои аҳамияти дараҷаи аввал аст. Як нигоҳи шитобзада ба раванди миллисозӣ дар қарни имрўз ба исбот мерасонад, ки то чӣ андоза ҷомеаи тоҷикон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ғаномандӣ ёфтани сатҳи сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои муҳим ва қобили таваҷҷўҳе шарафёб гардид.Ин ибтикори ҷиддӣ ва усулӣ боиси дарёфти нуфузу эътибори давлати Тоҷикистон ва сарвари воломақоми он дар миқёси ҷаҳон гашт.

    Дафтари таърихборҳо ин нуктаро ба рўшанӣ собит кардааст, ки миллати куҳанбунёди тоҷик дар марҳилаҳои хосаи ташаккул ва такомули фикрии хеш борҳо ва аз дидгоҳи мухталиф рўй ба  арзишҳои баланди башарӣ оварда, ба бозсозии ормонҳои ватаниву ҷаҳоншинохтии хеш даст задааст. Агар амиқан ва усулан назар карда шавад, ҳодисаи рўйкард ба чунин арзишҳо ҳамеша дастуре барои барпоӣ ва мондагории саодати миллӣ буданд ва заминаи комилро барои ҳифозат ва растагории таърихии мо фароҳам овардаанд, ки хеле сабақангезанд.

  • Пешвои миллат роҳкушои ояндаи чароғони мо

    Дар давоми наздик ба 24 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки шояд дар назди таърих фосилаи зиёде намебошад, кишвари мо ба музаффариятҳои шоистаи таҳсин ва дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маърифатӣ ноил гардид. Худ расидан ба марҳилаи сулҳофаринӣ ва ваҳдати миллӣ пас аз ҷангҳои бародаркуш беҳтарин неъматест, ки барои миллати мо дар ин фосилаи кутоҳ ба ҳидоят ва раҳнамоиҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардид. Беҳуда нест, ки роҳбари давлати моро имрўз дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ҳамчун меъмори сулҳ ва ваҳдат ном мебаранд. Воқеан, сулҳе, ки миёни тоҷикон бо талошҳои бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон ба миён омад, дастоварди беназирест, ки кишварҳои дигари олам солҳо чунин сулҳу субот ва оромишро интизорӣ мекашанд. 

  • Чароғафрўзи роҳи саодати миллат

    (Дар ҳошияи мақолаи Носирҷон Салимӣ ва Холаҳмади Самеъ. “ Пешвои миллат”

    Ҳанўз дар остонаи охири ҳазораи дуюм, ки як давраи мудҳишу ҳалокатбор барои миллати мо ба ҳисоб меравад, кишвари аз зери асорати мафкуравии ҳизби комунистии давлати абарқудрати Шўравӣ озодшуда, ба сангарҳо тақсим гардида, ба майдони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ табдил ёфт. Тоҷикон, ки дар ибтидои ин аср, бо муборизаҳои ҷонкоҳ ва заҳматҳои сангину сахт барои якпорчагии давлату кишвар мубориза мебурданду то андозае барои амалӣ гардидани ҳадафҳояшон дар ин самт муваффақ гардида буданд, як бори дигар ба чунин мушкилоти таҳаммулнопазир дучор шуданд. Тайи ҷараён гирифтани ҷанги ба истилоҳ бародаркўш умеди якпорчагии давлату миллат аз даст мерафт ва ҳар лаҳза хатари аз байн рафтани Тоҷикистон эҳсос мегардид.

  • Пешвои тоҷикони ҷаҳон

    Мо имрўз ифтихор аз он мекунем, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору зиндагӣ мекунем.

    Пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот дар мамлакат, маҳз бо сиёсати пешгирифтаи сарвари мамлакат, пешвои тамоми тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошад. Тавре маълум аст, Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳассосу тақдирсоз вазифаи роҳбариро ба зиммаи худ гирифт, ки дар Иҷлосияи XVI – уми таърихии Шўрои Олӣ ўро ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд.

    Бо кўшишҳои баъзе аз гурўҳҳои мансабпараст қариб буд, ки Тоҷикистон пора-пора гардад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвар, ҳамчун ҳомӣ, ҳамчун фарзанди фарзонаи миллати тоҷик мамлакатро аз вартаи нобудшавӣ раҳоӣ намуд. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар он Иҷлосияи тақдирсоз  ба мардуми шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 роҷеъ ба ин масъала чунин иброз намудаанд:

  • Ақидаҳои ифротӣ ҳуҷум алайҳи генофонди миллат

    Ҷаҳони имрӯза пур аз ҳодисаю воқеаҳои сиёсӣ буда,  дар  раванди ҷаҳонишавӣ он тамоми халқу миллатҳоро фаро мегирад.  Экстремизм  ё ифротгароӣ яке аз падидаҳои  сиёсии  ҷаҳони муосир буда,  мубориза бар зидди он дар охири асри гузашта ба дараҷаи масоили умумибашарӣ табдил гашта буд. Ақидаҳои ифротӣ тавассути созмонҳои гуногун паҳн гашта, шаклҳои мухталиф дорад. Ифротгароӣ шакли фаъолияти сиёсиест, ки принсипи демократияи парламентиро рад карда,  ба мафкураю амалияи бетаҳаммулӣ, антисемитизм ва миллатгароии ашаддӣ асос меёбад. Мафҳуми экстремизм дар конвенсияи аҳдномаи Шанхай дар бораи мубориза алайҳи терроризм, сепаратизм ва экстремизм чунин маънидод гаштааст: «экстремизм-амалест, барои ба таври зӯрӣ забт кардани ҳокимият, нигоҳ доштани он ва бо  роҳи зӯрӣ дигар кардани сохти конститутсионӣ, дахолати зӯроварон ба амнияти ҷомеа».Тоҷикистон низ чун иштирокчии созмони Шанхай ин ковенсияро эътироф мекунад ва вазифадораст, ки дар дохилу хориҷи мамлакат зидди ин зуҳуроти номатлуби чаҳони муосир мубориза барад.  

  • Олими бедордил

              Дар донишгоҳ 70-умин баҳори умри инсони накуном, олими сермаҳсул ва худогоҳу бедордил Музаффар Дониёров дар ҳалқаи устодону ҳамкорон ва ёру дӯстон таҷлил карда шуд.

    Нахуст, Аъзам Ҳотамӣ намояндаи Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба сухан баромада, Музаффар Раҳматовичро ба муносибати 70-умин солгарди баҳори умраш аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд табрик намуда, номаи меҳри раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Шумо- соҳибҷашни гиромӣ аз чеҳраҳои намоёни илми кишвар маҳсуб ёфта, дар радифи бузургтарин ва маҳбубтарин олимони ҷумҳурӣ миёни аҳли ҷомеа маъруфият доред”.

  • Нақши илм дар ташаккули давлатдории миллӣ

    Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илмро мунтазам дастгирӣ намуда, дар иҷрои самтҳои афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ ва тарбияи насли олимони даврони истиқлолият бештар таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд.

    Моҳи апрели соли равон бахшида ба рӯзи илми тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсия илмӣ-назариявии олимону устодон ва донишҷӯён таҳти унвони “Нақши илм дар ташаккули давлатдории миллӣ” баргузор гардид.

    Ҷаласаи умумии конференсияро ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯрабоев ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки илм дар ҳама давру замон дар ташаккули давлатдории миллӣ нақши чашмрас дошт. Имрӯз низ аз тарафи ҳукумати ҷумҳурӣ хосатан Сарвари давлат ба илм таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад, ки ҳамасола дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ рӯзи илми тоҷик бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

  • Дин ва ифротгароӣ

    Асоси калидии маънавиёт ва ахлоқи инсонро зиёда аз 1700 пеш аз зуҳури дини мубини ислом, пайғамбари оини зардуштӣ  Зардушти Испитамон дар мафҳуми «аша»-ростӣ ва «дуруҷ»-дурeғ, ки бар пояи «дайна»-виҷдон устувор аст муайян намуда, асоси ахлоқии адени баъди зардуштиро дар ваҳдати афкору гуфтору кирдор мустаҳкам намудааст. Чӣ тавре, ки олими варзида ва диншиноси маъруфи тоҷик Шерзод Абдуллозода дар китоби худ  «Диншиносӣ» овардааст: зардушт таълим медиҳад, ки инсон чун аз озодии ирода бархурдор аст, метавонад ҳам муҳарриб (вайронкунанда) бошад ва ҳам ободкунанда. Одамӣ байни  модда ва руҳ, некӣ ва бадӣ, фано ва ҷовидонӣ, зулмат ва нур вокеъ шуда  ва  метавонад он чиро, ки дилхоҳи eст, интихоб кунад. Агар e фазилатро интихоб кард, бояд дорои андешаи нек, гуфтори нек ва кирдори бошад.

  • Доир ба муқовимат зидди терроризм ва экстремизм

    Дар Тоҷикистон, дар баробари равнақу ривоҷ ёфтани суботу осоиштагӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, таъмин гардидани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон  ва шаҳрванд, омилҳое низ ба назар мерасанд, ки ба халалдор намудани амнияти миллии кишвар нигаронида шудаанд.

    Фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ (ифротгароӣ) ва террористӣ, шомил гардидани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ин гуна равияҳои носолим ва таблиғи ғояҳои ин зуҳурот, инчунин,  сафарбар гардидани шаҳрвандон ба минтақаҳои Осиёи наздик, ба марказу неруҳои экстремистиву террористӣ, ҳамчун падидаҳои халалдоркунандаи амнияти ҷомеъа маҳсуб меёбанд, ки набояд аҳли ҷомеаи солими кишварро бетараф монад.

             Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат даъват ба амал оварда, таъкид намуданд: “Бояд тадбирҳое андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими  ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд”.

  • Эмомалӣ Раҳмон арзандаи ин унвон аст

    Таърих гувоҳ аст, ки пас аз барҳам хурдани Иттифоқи Шўравӣ дар қаламрави он чӣ ходисаҳое ба вуқуъ  омад, аз ҷумла дар кишвари зебоманзари мо. Ҳеҷ кас фаромўш намекунад, ки бо ёрии қувваҳои беруна  барои мансаб, барои давлатдорӣ ҷанги шаҳрвандӣ шуд ва чӣ қадар бегуноҳон қурбон шуданд  ва ба иқтисодиёти ҷумҳур чӣ қадар зарари моддӣ расонида шуд. Таърих ёд надорад, ки мардуми тоҷик хонаашро бо дасти худ оташ занад, бародар бародари худро кушад. Ҳамаи ин ҳодисаҳоро халқи тоҷик ва Тоҷикистониён дар ҷанги шаҳрвандӣ диданд. Аз ин сабаб чӣ қадар тоҷикону Тоҷикистониён аз кишвар ба дигар мамлакатҳо фирор карданд. Давлат як вақти кўтоҳ бошад ҳам, фалаҷ шуд, бесарвар монд. Наздик буд, давлати тоҷикон аз байн равад.

                Шукронаи Худо, ки 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи ХУ1 –уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шўрои Олии ҶТ интихоб шуд.

  • Мулоҳизаҳо оид ба масъалаи баҳсу мунозираҳо оиди ҲНИТ

    Абўҳанифа шахсияти дорои тафаккури қавӣ ва ҷолибе буд, ки ҳамчун шогирди саҳоба ва тобеин дар таҳкими илми калому усули ислом, фиқҳу сиёсат ва ахлоқ андешаҳои ҷолиб ва ҷояҳои бунёдӣ пешкаш намуд. Агар ба умқи андешаи Абўҳанифа рўй оварем, хоҳем дарёфт, ки доираи маълумоту дониш ва ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмии вай хеле васеъ буда, таълифоти ў маҷмўае аз хазоини ҳикмати башарӣ, гавҳари фалсафаию равонӣ ва ахлоқию рўҳонӣ мебошад.

    Абўҳанифа соҳиби истеъдоди олӣ буда, ҳакимест, ки дар осори хеш бо намояндагони мактабу равияҳои мухталифи илмиву сиёсӣ ва фирқаву мазоҳиби исломиву ҷайриисломӣ баҳсҳо намудааст. Вай дар осору таълифоташ ба хотири дифоъ аз қонун, волоияти он, суботу оромии ҷомеа андешаву мулоҳизоти асҳоби ақл ва арбоби нақл, ақидаи аҳли ҷабария, қадария, мўътазилия ва соири фирқаҳои даврони хешро хостааст ҳамоҳанг созад. Абўҳанифа фақеҳи равшанфикре, ки тавонист дар ҳалли масоили ихтилофангез нақл ва ақлро бо ҳам ошно созад ва аввалин шахсоне буд, ки дар фарҳангӣ исломӣ тавозуни ақл ва нақлро ба вуҷуд овард.

    Таҳлили осор ва андешаҳои каломӣ, фалсафӣ, фиқҳӣ, сиёсӣ ва ахлоқии Абўҳанифа аз он шаҳодат медиҳад, ки вай равшантарин намунаи инсони комил, олими бузург, мутафаккири шаҳир ва нобиҷаи нотакроре буд, ки дар халифати наҳзати ислоҳгароиро бо қудрати тавонояш пеш бурда, тавассути таълимоти инсонпарварӣ ва наҷотбахшаш дар масири таърих миллионҳо мардумони сайёраро новобаста аз наҷоду миллат бо ҳам дўст ва ҳамфикр сохт.

  • Муборизаи зидди экстремизм ва тарбияи насли ҷавон дар рўҳияи ватандўстӣ

    Дар баъзе аз кишварҳои мусулмонӣ, ки дар онҳо ҷараёнҳои ваҳҳобия ва салафия ҳамчун ҷараёнҳои расмӣ пазируфта шудаанд, бо роҳу воситаҳои гуногун мехоҳанд идеологияи худро бар ивази ёрипулиҳо ба дигар манотиқ ворид созанд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки бо ин васила «хоҷагони хориҷӣ» бо ҷорӣ намудани «исломи ноб» ба тафаккури ҷавонон таъсир расонда, онҳоро ба ҷиҳод ва амалҳои террористӣ даъват менамоянд.      

    Омили дигари таъсиррасон дар раванди экстремизми динӣ ин дар мактабҳои ғайрирасмии динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил намудани наврасону ҷавонон мебошад. Онҳо ғайри Қонунӣ дар Покистон, Эрон, Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Сурия ва Миср таълимоти динӣ гирифта, ҳисси ватандўстию хештаншиносии худро гум мекунанд. Баъди бозгашт ба Ватан ба арзишҳои динӣ - мазҳабии худ арчгузорӣ накарда, рафтору кирдорашон тамоман дигар мешавад.

  • МУЛОҚОТИ ТАЪСИРБАХШ

    Дар толори маҷлисгоҳи бинои таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Дилшод Зарипов бо устодон ва кормандони Раёсати донишгоҳ мулоқот баргузор гардид.

    Муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Мубинахон Хоҷаева ба мулоқоти имрӯза ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷаласаи баргузоршудаи  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он бобати сатҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ ва тадбирҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар соҳаи маориф муфассал ибрози назар намуд. Мубинахон Хоҷаева дар фароварди суханаш доири ҷиноятҳои коррупсионии дар соҳаи маориф рухдода  ёдовар шуда, аз он бо таассуф изҳори нигарони кард.

  • Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ...

    Аз Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, ки ҳукумати кишвар ҳамеша ба мавқеи зан дар ҷомеа аҳамияти ҷиддӣ медиҳад, зеро нақши асосиро дар бунёди оилаи солим маҳз зан-модар дорост. Чи хеле ки мегӯянд, оилаи солим ҷомеаи солимро бунёд  мекунад.

    Махсусан, мавқеи зан дар тарбияи фарзанд ва таъмини ояндаи босаодати вай бузург буда, маҳз модар метавонад, ки бо тарбияи нек ва ҳидояти хеш фарзандро ба роҳи рости зиндагӣ раҳнамун созад.

    Мутаассифона, воқеаҳое, ки имрӯзҳо тариқи васоити ахбори омма манзур мегарданд, дарак аз он медиҳанд, ки модарон дар тарбияи фарзандони худ масъулият ҳис намекунанд ва нисбати тақдиру ояндаи фарзандон беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Зеро он қатлу куштор ва муносибати ваҳшиёнае, ки ба муқобили фарзанди инсон сурат гирифта истодааст, аз ҷониби боз ҳам фарзанди инсон зоҳир мегардад. Магар ин нафарон фарзанди модар нестанд, ки раҳму шафқатро фаромӯш кардаву беадолативу бедодгариро нисбат ба ҳамнавъону ҳамҷинсони худ раво мебинанд?

  • Ба ояндаи фарзандонамон бетараф набошем

    Аллома Муҳаммад Иқбол мефармояд:

    Кӯдакеро дидӣ, эй болищназар,

    К-ӯ бувад аз маънии худ бехабар.

    Ношиноси дуру наздик ончунон,

    Моҳро хоҳад, ки баргирад инон.

    Фарзанд идомаи зиндагиву нақши мондагори инсон аст. Замони кӯдакӣ замони бисёр зебову латиф аст, ки баргаштан ба ин фасли осмонӣ ормони ҳар инсони хокист. Хотираҳои замони кӯдакӣ хотираҳои нозудуданиву ҷовидонӣ аст. Аз ин хотир кӯдаконро дунёе мебояд, то ибтидои зиндагиашон зебо бошаду дар хотирашон суҷаҳои рангин боқӣ гузорад.

    Кӯдакон аслан ба хоҳишҳое  мутамоиланд, ки щайри қобили мумкин аст хостаҳояшон дастрас бошад. Хоҳиши кӯдак ҳадду сарҳад надорад. Дӯст медорад вақте ҳама бо ӯву бо ҳам меҳрубонанд.  Аммо барои мо, ки воқеият воқеият аст, гоҳо дунёи хаёлоташонро як чизи сатҳӣ мепиндорем. Ҳамин хоҳишҳову эҳсосот ва муҳиту муносибатҳое, ки барояш фароҳам омадааст, сохтмони рӯҳониву ҷисмонии ӯро шакл медиҳад.

  • Сад шукри Худо, ки сагшиаю харсуннӣ наем!!!

    Худованди бузург инсонро яке аз ашрафтарин ва азизтарин махлуқи худ дар рӯйи замин офарид, ба бандааш ато намуд ақл, фаросат, идрок ва гуфтору шунавоиро метавон ном бурд. Имрӯзҳо сар то сари олам дар ҳамаи минтақаҳое, ки мардуми мусулмон кор ва зиндагӣ мекунанд, мудом хархаша, бадгӯйӣ кардан, ҳамдигарро сарзаниш кардан ва ҳатто барои қатли якдигар омодагӣ мегиранд. Суоле пайдо мешавад, ки чаро маҳз дар давлатҳои мусулмонӣ мудом ҷангу куштору террори мардум рӯй ба инкишоф аст!? Ба фикри ман, яке аз сабабҳои асосии он иборат аз он аст, ки аксари мардуми худро мусулмон муаррифӣ мекарда аз арзишҳои баланди дини мубини ислом хабар надоранд ва аксарияташон, ки саводи нокифояи мазҳабӣ доранд, тез ба доми фиреби ҷосусони хориҷӣ гирифтор гашта, ба хоҷагони худашон, ки ба ном «сарсупурдагони исломанд», ҳамчун манқуртҳо хизмат менамояд. Дини мубини ислом ҳеҷ гоҳ ҷонибдори он нест, ки хуни бандаи муъмин ноҳақ рехта бошад.

  • Манфиатҳои милли ва сиёсатгардонии дин

    Давлати Тоҷикистон бо сарварии президенти ҶТ, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун давлати дуняви шукуфон тараққий намуда  истодааст. Аз ин лиҳоз ҶТ, исломи ахлоқмадорро манъ  накардааст, ҳамаи принсипҳои ислом дар асоси этиқоди мусурмонон ба ҷо оварда шуда  истодааст. Баъд аз истиқлолиятро ба даст даровардани Тоҷикистон ҳудуди онро ҷанги шаҳрванди фаро гирифта, бештари олимону  мутахассисон, муаллимону муҳандисон ва кормандони дигар муассисаю корхонаҳо тарки кишвар намуданд. Бо рафтани бисёри аз онҳо фазои илмию фарҳангӣ мамалакат холи монд. Ва ҳамон солҳо нафаре ё гурўҳе аз рўшанфикрону озодаандешони Тоҷикистони натавонистанд фарҳанги миллии худро эҳё ва муҳофизат намоянд. Бинобар ин фарҳанги арабӣ ва мафкураи  исломӣ мисли асри VII аз нав хурўҷ карда ба оташи ҷанг равған рехт. Ҳаминро бояд ба инобат гирифт, ки гуногунақидаги дар масъалаи дину этиқод ба нофаҳмиҳо пайдоиши ҳар гунна ҳаракатҳову ҳизбҳое оварда мерасрнад, ки метавонад боиси халалдории оромиву суботи давлату ҷомеъа гарданд

  • Мо радкунандаи равияи экстремистию террористӣ

    Имрӯзҳо яке аз масъалаҳои  ташвишовари  ҷомеа ин, баравияҳоиэкстремистиидинӣ шомил шудани баъзе ҷавононванаврасонмебошад.

    Терроризм – ин амале мебошад, ки аз ҷониби шахси алоҳида, ташкилотваёгурӯҳиодамон, бароибаҳадафҳояшонрасиданравонакардамешаванд.  Умуман дар бораи терроризм фикру ақидаҳомухталифандвааз ҷониби таҳлилгаронваолимониинсоҳабатавривасеъшарҳдодашудаанд.

    Дар тамоми Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханрониҳои ӯ дар мулоқот бо аҳли зиё, ҷавонон дар бораи пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, баҳаракатҳои ифротгарою террористӣ ва мазҳабу равияҳои бегона ба хотири ҳифзи суботуамнияти ҷомеа ва рушдидавлатимиллӣ дар фазои осоишта таъкид гардидааст.

  • Мо бар онем, ки ислом саломат бошад

    Сохтори сиёсии ҷомеаи ҷаҳонии муосирро бидуни ҳизбҳои  сиёсӣ, иттиҳодияҳои мухталифи ҷамъиятӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ тасаввур кардан имкон надорад.  Онҳо аз ҷумлаи унсурҳои муҳими  инкишофи ҷомеаи мутамаддин буда,  дар низоми муносибатҳои байниҳамдигарии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мақом ва нақши пешбарро соҳибанд.  Ҳизбҳои  сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ,  ҳамчун яке аз унсурҳои асосии сохтори сиёсии ҳамагуна ҷомеа, то дараҷае сатҳи тараққиёти онро муайян мекунанд, навъи муҳими зуҳуру риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳимояи манфиату талаботи инсон аст. Бидуни онҳо дар ҷамъият демократия, озодии фикр, адолат, озодии ҳуқуқ имконнопазир аст.

    Ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ танзимгари муносибатҳои байниҳамдигарии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буда тавассути онҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ аз болои давлат назорат мебарад. Мавҷудияти чунин институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз сатҳи камолот ва қобилияти худмуташаккилии он шаҳодат медиҳад.

    Дар радифи унсурҳои дигари сохтори сиёсии ҷомеа ҳизбҳои сиёсӣ нақши хоса доранд.

  • Шукри сулҳу осоиштагӣ намоем

    Терроризм – чӣ калимаи дахшатнок. Ин мафхум дар шуури мо аз охирхои асри ХХ мустахкам чой гирифтааст. Инсоният ду чанги шадиди чахониро аз сар гузаронд,  ки чамъочамъ дар мухорибахои он зиёда аз 60 миллион одамон халок гардиданд.   Лекин он терроризме, ки холо дар чахон пахн шуда истодааст, аз ин чангхо беш ба инсоният зарар оварда истодааст, зеро ки он сархад надорад, душман аён нест ва мо намедонем, ки аз кадом тараф  ба мо зарба расонида мешавад.  Махз терроризм буд, ки солхои охир тамоми инсоният  дар тарс мебошад, зеро ки он глобализатсияе, ки инсоният солхои охир ба он ноил гардид, ба  зери хатар гузошт. Холо кам одамон мехоханд ба хоричи кишвар саёхат кунанд.

  • Худшиносу худогоҳ бошем

    Имрӯз, мутаассифона, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, бахусус дар давлатҳои исломӣ, равияҳои худкушӣ, мардумкушӣ ва амалҳои террористӣ анъана шудааст ва ин ҳамаро ба мардуми мусалмон алоқаманд мекунанд, ки ин дину мазҳаби моро гунаҳкор месозад. Ташкил ва равонасозии чунин амалҳои террористӣ дар давлатҳои исломӣ ва дигар давлатҳо ин пешаи мусалмонони асил нест, балки ба зоҳир мусалмонон аст, чи хеле ки Муҳаммад Иқбол фармудааст:

    Ислом ба зоти худ надорад айбе,

    Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусалмонии мост.

  • Дар зери ниқоби дини ислом

        Зуҳури дини ислом, ки пасон сабаби ташкили давлати муттаҳидаи арабҳо, - Хилофати Араб (622-1258) гардид, дар такдиру сарнавишти бисёр халқҳои Шарқ, аз ҷумла тоҷикон накши муҳим бозид. Ислом, ки ба маънӣ-итоат, тавозӯъ, фармонбардорӣ аст, яке аз динҳои яктопарастии ҷаҳонӣ буда, дар асри VII дар нимҷазираи Арабистон дар муҳити қабилаҳои араб пайдо шудааст. Асосгузори он Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (570-632), яъне Муҳаммад пайгамбар шуморида мешавад. Азбаски дар исломи ибтидой гояҳои иҷтимоии бародарӣ, баробарӣ, накӯкорӣ, адолатпарварӣ, шафқату эҳтиром ба якдигар таргибу талқин шуда, зулму тааддӣ, риёкорӣ, дурӯғгӯӣ, ришвахӯрӣ зери тозиёнаи танкид афтида буд, мардуми нимҷазираи Арабистон ва баъдтар қавмҳои эронй хам онро писандида қабул карданд.

  • Иқдоми хуб ва натиҷабахш

    Тайи солҳо ва рўзҳои охир аз ҳар гўшаву канори мамлакат садоҳои зиёде оид ба ақидаҳо ва фаъолияти норавшани ҲНИТ ба мушоҳида расида истодааст, ки дар саҳифаҳои маҷаллаҳову рўзномаҳои гуногун ва сомонаҳои ннтишор шуда буданд. Лек ташаббус ва иқдоми неки Мавлонов А.В., ки мақсади аз фаъолият боздоштани ҳизби сиёсии динӣ дар Тоҷикистон ба ном исломиро дорад, на танҳо ман, балки бисёре аз мардуми кишвар пурраҷонибдорӣ мекунанд.

    Зеро дар ҳамаи давру замонҳо ислом ба гурўҳ, қисм ё худ ҳизбе, ки тафриқандозиро миёни мардум эҷод менамояд, ниёзманд набуд ва нахоҳад монд. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки дар кадом давлату миллате, ки ҳизби сиёсии динӣ мавҷуд бошад дар он ҷоно оромию тарсу ваҳшоният ва куштору ҳодисаҳои хатарнок хуруҷ дорад. Аз ин рў ин ташаббус шоистаи дастгирӣ мебошад.

  • Ҷомеаи орому осуда кафили рушди давлат

    Таърих гувоҳ аст, ки мардуми меҳнатдўсту ободкори тоҷик аз қадимулайём баҳри рўзгори тинҷу осоишта ва шукуфоии миллати хеш ҷаҳду талош меварзиданд. Сад афсўс, ки солҳои охир фаъолияти террористиву экстремистии созмонҳо ва ҳизбу ҳаркатҳои гуногун ба некўаҳволӣ ва зиндагии ободу осоиштаи мардуми тоҷик, вазъияти иҷтимоию сиёсии Тоҷикистони азизу ободамон таъсири манфии худро мерасонад.

    Терроризм ва экстремизм ду мафҳуми ба ҳам алоқаманданд, ки имрўз вирди забони мардум гардида, ҳамаро ба таҳлука овардаанд. Истилоҳи «терроризм» аз калимаи лотинӣ манбаъ гирифта, маънояш «тарс, ваҳму ҳарос» ва маънии калимаи «экстремизм» «тундравӣ, аз андоза гузаштан»-ро ифода менамояд.

  • Иштироки донишҷӯён дар семинари ҷумҳуриявӣ

    Моҳи апрели соли равон дар шаҳри Душанбе семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар семинар Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, намояндагон аз Кумитаи ҷавонони назди ҳукумати ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ ва донишҷӯён аз манотиқи  гуногуни ҷумҳурӣ ширкат доштанд.

    Дар семинари илмӣ-амалии баргузоршуда, 10-нафар донишҷӯёни фаъоли ДДҲБСТ бо роҳбари раиси бахши ҷавонони донишгоҳ Исоматдино Ҷ. ширкат варзиданд. Ҳадафи баргузории семинари мазкур ин пеш аз ҳама бартараф кардани ақидаҳои ифротиву иртиҷоӣ аз миёни ҷавонон мебошад, ки дар рафти семинар Рамазон Раҳимзода ин нуктаро муфассалтар шарҳ дода гузашт. Ҳамчунин вазир зимни баромад худ аз ҷавонон  хоҳиш ба амал овард, ки дар ҳама ҳолат ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ёру рафиқи худро ба андешаи солим ва роҳи созанда  равона созанд.

  • Ҳизби созандаву пешбар

     Ҷамшед ҶЎРАБОЕВ,

    ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,

    бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

    Ҳизби созандаву пешбар 

     Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Маҳз дар ҳамин иҷлосия сиёсатмадориву хирадмандӣ, дурандешиву нексириштӣ ва фарҳангсолориву таҳаммулпазирии халқамон падидор шуд,  ҷавҳари ѓояҳои давлатдории навини тоҷикон ташаккул ёфт ва минбаъд зимни таъмини сулҳу ваҳдат, бо кўшишу ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи миллат бо тарҳи замонавию миллӣ ҷилвагар гардид ва имрўз мо кишвари азизамонро дар қатори давлатҳои абарқудрат ҳамчун субъекти баробарҳуқуқи муносибатҳои байналхалқӣ  мебинем.   

    Бист сол аст, ки дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии  кишвар нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби созандаву пешбаранда назаррас мебошад.

    Ба туфайли саъю талошҳои созандаи ҳизб дар мамлакат пойдевори мустаҳками рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, демократия гузошта шуда, барои ба сафи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид гаштани Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам гардид.  

    Истиқлолият ва ваҳдат, бешубҳа, ба ҳайси неъматҳои бебаҳои таърих ва дастоварди бузурги сиёсиву маънавӣ дар таърихи тоҷикон эътироф шудаанд. Зеро баъди ҳазор соли давлатдорӣ таърих неъмати бебаҳои соҳибистиқлолиро ҳадя намуда, давлати навини Тоҷикистонро рўи харитаи сиёсии олам падидор намуд.

  • Шукри Истиқлолияти давлатро кунем

    Истиқлолияти давлати барои дарк ва мустаҳкамгардидани худшиносии миллӣ ва озодиву ифтихори миллат, шараф ба вуҷуд овард. Дар навбати худ эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллат  чун омили муҳимтарин маънавиёт ба таҳкими истиқлолияти давлат мусоидат намуд. Натиҷаш ҳамин аст, ки имрўз ҷомеаи мо ба таъриху фарҳанг ва оину суннатҳои миллии худ таваҷҷўҳи бештар зоҳир мекунад.  Оламиён огоҳ ҳастанд, ки фарҳанги миллии тоҷикон дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои динии мо дар тўли беш аз 1000 соли охир ташаккул ёфтааст ва давлати дунявии мо ба ин даврони таърихи ҳамчун як ҷуфти ташаккулёбии таърихӣ фарҳанги миллат муносибат мекунад. Соҳибихтиёрии давлат дар баробари бунёди давлати миллӣ, эҳёи фарханги миллат сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ ба эҳёи арзишҳои динӣ ва ормонҳои таърихи миллати куҳанбунёдамон мусоидат кард.

  • Оё ҲНИТ зарур аст ё на?

    Ҳафтаи гузашта рӯзи 27 март дар намози ҷумъа аз ҷониби имом-хатибони масоҷиди кишвар даъвати бастҳани ҲНИТ карда шуд. Нисбат ба ин масъала намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳо вокунишҳои гуногун нишон доданд. Имом-хатибони сабаби чунин даъватро дар зарурати таъмини амният ва ҳифзи ваҳдат дар байни аҳолии кишвар медонанд. Воқеан ҳам интихоботи гузашта нишон дод, ки ин ҳизб дар байни аҳолӣ эътибори худро аз даст додааст ва вуҷуди он барои ваҳдати кишвар хатар эҷод мекунад. Аслан имом-хатибон матнеро таҳти унвони "Ваҳдат ва ягонагии ҷомеа дар интихоби роҳи рост" ки аз ҷониби А. Мавлонов имзо шуда буд қироат кардаанд. Муаллиф дар матни мазкур  мавҷудияти ҳизбро ба ваҳдати миллӣ хатарнок ҳисобида пешниҳод кардааст, ки оиди мавҷудияти ин ҳизб райъпурсии умумихалқӣ гузаронида шавад ва дар асоси натиҷаҳои он масъалаи мавҷудияти он ҳал карда шавад. А. Мавлонов пешниҳод кардааст, ки дар кишвар як ҳизб бошаду самаранок бошад.

  • ҲНИТ ҳизби ормонӣ набуд ва намешавад

    Интихоботи чанде пеш доир шуда дар Тоҷикистон иродаи сиёсии мардумро муайян намуд. Дигар мардум на ба ҳизби замоне ормонии мардум- ҳизби коммунист бовар доранду на ба ҳизбе, ки номи мубораки исломро дорад. Пас пешниҳоди идаае аз коршиносон ва донандагони дини мубини ислом дуруст аст, ки бояд ин ҳизб ҳамчун як ташкилоти ифдокунандаи ормонҳои халқ бояд баста шавад, зеро он рисолати худро дар ин «40 соли таъсисёбиаш» иҷро карда натавонист. Дурустараш дархўри рози ниёзи мардум нагардид. Ҳол он ки шумораи аъзои худро дар кишвар беш аз 50 ҳазор медонистанд, худи аъзоёни ин ҳизб низ бар зидди ҳизби худ овоз доданд. Ин худ бозгўи он аст, ки ҲНИТ дар ҷомеа мавқеъ надошту надорад. Он «имиҷсозиҳое», ки аз ҷониби баъзе расонаҳои хабарӣ атрофии ин ҳизб мекардаанд, ҳамаш дуррўғи маҳз будааст. Зеро тавре дар оинномаи ҳар ҳизб омадааст, бояд ҳизбҳои сиёсӣ дорои ячейкаи худ, утоқи кори худ ва барномаи кории худро дошта бошад. Аммо тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд ин ҳизби сиёсӣ ба ном дар қоғаз амал мекарду таи солиёни дароз аъзоро ба таври даҳонӣ қабул мекард. Савганди онҳо танҳо эҳтиром доштан ба арзишҳои ҳизбӣ буд, на миллӣ. Пас 50 ҳазор доштани аъзо низ дурўғ аст.

  • Терроризм – хатар ба ҷомеа

    Дар Сурия, Ироқ имрўзҳо гурўҳҳои ифротгароён амалиёти террористӣ ташкил намуда оммаро ба изтироб меоваранд. Онҳо бо роҳи ваҳшиёна одамонро ба қатл расонида онро бо воситаи сомонаҳои гуногун намоиш медиҳанд. Бояд зикр кард, ки мақсади гурўҳҳои ифротгароӣ ьо чунин рафторҳои ваҳшиёна дар байни ҷомеа ба вуҷуд овардани тарс, ҳарос ба шумор меравад.

                Амалҳои террористӣ аз тарафи гурўҳҳои ҳизби Таҳрир, Ваҳҳобия, Салафия, Ансурлоллоҳ ва ғайраҳо ташкил карда шуда истодааст. Онҳо бо ҳар роҳ кўшиш карда истодаанд, ки ҷавононро ба ҳайати худ ҷалб карда онҳро дар амалиётҳои террористии худ истифода баранд.

  • Терроризм ва хатари он ба амнияти кишвар

    Терроризм дар солҳои охир ба яке аз мушкилоти сиёсиву амниятииҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.Сиёсатшиносон  ва аҳли фарҳанги сиёсӣ бар онанд, ки ин зуҳурот чун вабоиасри XXI эътироф шуда, ба ҳастиву саломати  банӣ башар муассир буда, худ ҷой доштанаш дар миқёси як минтақа ё як кишваргувоҳ бар оқибатҳои фалокатбори он аст.

    Ҳузуру  зуҳури  терроризм  дар ҳаёти сиёсии мамолики ҷаҳон омили баҳамзанандаи суботу амният аст. Мутассифона,  мавзӯоти куштори мансабдорони давлатӣ, намояндагони ВАО, соҳибкорон, ҳодисаҳои қатли омм, таркиш дар нақлиёт, истгоҳҳои роҳи оҳан ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки ҳамагӣ ба терроризм бастагӣ доранд,ҳамарӯза дар сархатти хабарҳои байналмиллалии садову симо ва ВАО-и чопӣ қарор гирифтаанд.

  • Тероризм вабои аср

    Тайи чанд сол аст, ки вокунишҳое нишонрас перомуни яке аз масъалаҳои глобалӣ – тероризм сурат гирифта истодааст ва маҳкум шудани ин вабои аср аз ҷониби қишрҳои ҷомеа далолат ба он мекунад, ки инсоният дар оғози асри навин, ки онро асри технология унвон намудаанд, ба мушкилии зеҳнӣ ва маънавӣ дучор гардидааст. Вусъати афкори ғайриинсонӣ дар зери ниқоби ислом ва ташкил кардани давлати исломӣ муҷиби пайдо шудани муборизаҳои ақидатӣ дар минтақа ва ҷаҳон гардидааст. Талошҳо ва амалиётҳои ваҳшатбори созмонҳои ифротиву терористии қаламрави Сурия ва Ироқ  боиси зарбаҳои нерўҳои зиддитерористии давлатҳои дигар дар хоки ин ду сарзамини мусалмоннишини курраи Осиё гардидааст ва ин бори дигар боиси сурат гирифтани муқобилиятҳои низомӣ дар ин самт шудааст, ки як андоза ба истиқрору истиқлолияти давлатии кишварҳои ҳамсояи ҳаммарзи мусалмоннишинашон хатар эҷод менамояд.

    Ҳодисаҳои ваҳшиёнае, ки гурўҳҳои терористии бо ном давлати исломӣ дар хоки кишвари Сурияву Ироқ, Тунис (18-уми март) Яман (20-уми март) Нигерия ташкил намуданд, дар баробари талафот ёфтани 500 нафар шаҳрвандони ин давлатҳо аксар осорхонаҳои муҳиму таърихӣ вайрону валангор гардиданд.

  • Таъсиси давлати исломӣ – интизориҳо ва воқеият 03.04.2015

    Чунонки Шумо огаҳӣ доред, чанде пеш дар олами ислом воқеае рух дод, ки ҳамагонро ба даҳшат овард. Дар давлати Афғонистон зане бо номи Фархунда ба иттиҳоми он, ки гўё ў Қуръони каримро сўзонида бошад, аз ҷониби як гурўҳ авбошони худобехабар, ки худро ҳомиёни Қуръони карим ва дини поки ислом пиндоштаанд, аввалан ваҳшиёна ба қатл расонида баъдан оташ зада шуда, ҷасадашро ба дарё партофтанд.

    Баъд аз ин ҳодиса маълум мешавад, ки Фархунда зани порсо ва худотарс буда, нисбати муқаддасоти дини ислом, бахусус Қуръони карим эҳтироми хоса доштааст.

    Аввалан нигаҳдорандаи Қуръони карим худи Парвардигор аст, чунонки Ҳақ таоло дар китобаш фармудааст:

     

  • Таассуби динӣ – таҳдид ба амният

       Таассуб ва ифротгароӣ яке аз падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, хатари умумиинсониро дар сайёра ба бор овардааст. Мусаллам аст, ки аҳдофи ҳар гунна гурўх ё ташкилоти ифротгаро бо роҳи зўриву истибдод ва ғайриқонунӣ  бесуботу ноором намудани ҷомеа ва сарнагунсозии ҳокимияту давлат мебошад. Заминаҳои зуҳури тассубу ифротгароӣ мухталиф буда, бар ҷаҳолату авомфиребӣ, баҳрамандиҳои молиявӣ, дастрасӣ ба сармоягузориҳои ғайриқонунии  манфиатҷўёни хориҷӣ асос меёбад. Чунин падидаи номатлуб ҳамчун василаи фишор ва амалисозии манофеъ ва хоҳиши давлатҳои абарқудрат дар ҷомеаҳои ҳассосияти баланди динидошта, ки аксари бошандагон мусалмонон мебошанд бештар ба назар расида истодааст. Мисоли равшани онро метавон дар ҳодисаҳои ҳузнангези Ироқ, Либия, Сурия, Афғонистон ва Покистон  ба осонӣ мушоҳида намуд.

  • Маърифати либоси исломӣ

    Худованди таоло инсонро офарид ва барояш тамоми мавҷудотро мусаххар сохт. Сипас одамиро илм омузонд ва тавассути дониш ўро бар малоика бартарӣ дод. Парвардигор ба инсон ақл ато намуд ва ба воситаи ақл одам аз ҳайвон фарқ кард.

    Шариат ва ақли инсони одамро водор намуд, то ки ў либос пўшад ва аврати худро пинхон созад.

    {يَابَنِي آدَمَ قَدْ أَنزَلْنَا عَلَيْكُمْ لِبَاسًا يُوَارِي سَوْآتِكُمْ وَرِيشًا وَلِبَاسُ التَّقْوَى ذَلِكَ خَيْرٌ ذَلِكَ مِنْ آيَاتِ اللَّهِ لَعَلَّهُمْ يَذَّكَّرُونَ}(الأعراف/26

    «Эй фарзанди Одам, ҳароина мо фуруд овардем бар шумо либосе, ки бипушад шармгоҳи шуморо ва фуруд овардем ҷомаҳои зинатро ва либоси парҳезгори аз ҳама беҳтар аст» (Сураи Аъроф, ояти 26).

    Имоми Аъзам дар фиқҳ муқаррар намудааст, ки пушиши зан иборат аз тамоми баданаш аст, ҷуз рўй, кафи даст ва пойҳо.

    Бар асоси муқаррароти шариати исломӣ мардум бо назардошти урфу одати маҳаллӣ, хусусияти миллӣ ва ҷойгиршавии ҷуғрофӣ либосҳои гуногун ба бар мекунанд. Яке либоси дароз, дигаре кутоҳ, саввуми ранги дигар.

    Мардуми шарифи тоҷик, алалхусус занону модарони мо таи садсолаҳо либосҳое мепушиданд, ки ба талаботи шариат ҷавобгў буда, урфу одати маҳаллӣ ва хусусиятҳои ҷуғрофиро ба инобат гирифта буд. Чунин тарзи либоспўшӣ ҳоло ҳм дар деҳоти Тоҷикистон ба назар мерасад: куртаҳои гиребондор, остиндароз, дар сар рўймол ё дока. Бо дидани чунин либос дили одам ором мегирад, зеро чунин либос дар асл либоси модарони мову шумо аст.

  • Ҳизбҳо бояд масъулиятшиносбошанд, вагарна ..

    Мавҷудияти низоми бисёрҳизби дар ҷомеаи муосири тоҷикистон падидаи муҳими ҷомеаи шаҳрванди мебошад. Дар банди 28- уми боби 2-уми Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гаштааст, ки шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷусла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ, ва атеистӣ дошта, итӣтифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодитяҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихътиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад.

    Ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси гуногугандешии сиёсӣ барои таҳаккул ва ифодаи иродаи халқ мусоидат мекунаннд ва дар ҳаёти сиёсӣ иштирок менамоянд. Бояд тазаккур дод, ки ин муқаррароти конститутсинӣ дар асоси таҷрибаи ҷомеаҳои тараққикардаи дунё ба Конститутсия ворид карда шудааст.

  • Мубориза барои оромии кишвар

    Терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон домангустурда аст. Ин мафҳуми хатарзо дар дили мардуми олам таҳдидҳои нав ба навро дар либосу тобишҳои гуногунзоҳир месозад.

    Сурати якмарому доимӣ гирифтани амалҳои ғайриинсонии террористон ба муқобили мардуми оддӣ дар қаламрави бархе аз кишварҳои дунё, аз шумори Покистон, Афғонистон, Сурия, Ироқ, Либия, Нигерия ва давлатҳои дигар далолат аз он менамояд,  ин нерўи харобкори сиёсӣ торафт дар курраи арз доман паҳн менамояд.

    Дар асоси маълумоти коршиносони мўътамад дар ҷаҳон беш аз  500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунад, ки  бештари онҳо барои қурбон шудан дар роҳи ислом (дар асл барои бадном кардани дини ислом) фаъолият мекунанд. Дар кишварҳои мусалмонии Сурия ва Ироқ  ташкилотҳои террористии пинҳонкор ба қатли берамонаи оммавӣ даст зада истодааанд, ки чунин рафтори ваҳшиёнаи ғайриинсониро дар ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин дидану таҳаммул кардан номумкин аст.

  • Давлат ҳомии асосии дину диндорист

    Ба шарофати Истиқлолият ва файзу баракати сулҳу оромиши Ватани маҳбубамон имрўзҳо саодати маънавию камолоти фарҳангиву динии ҷомеа ба таври рўзафзун рушд менамояд. Раванди таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон бо фароҳамоварии фазои мусоиди  эътиқодоти солими динӣ  воқеияти   раднопазири даврони соҳибистиқлолии кишварро собит намуда, иқдоми барозандаву арзишманди миллиро дар ҷодаи тавсиаи донишҳои илмиву динии ҷомеа нумўи тоза бахшидааст.      

          Мояи тафохури миллии мост, ки ба василаи иқдомоти густардаи фарҳангӣ ва навовариҳои иҷтимоии Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пайкари маънавиёти миллат рўҳи тоза дамида, мўътақидан дин дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи дин воқеъ гардидааст.

  • Фаъолияти ҷинояткорона ва зиддибашарӣ

    Ифродгароӣ, тундгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахти меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад, изҳор намуда буд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нооромиҳое, ки имрўз дар гўшаву канори олам руҳ медиҳанд, аксаран ба фаъолияти ҳизбу ҳаракат ва равияҳои ифратгаро, ташкилотҳои бадхўй, миллӣ, динӣ ва байналмилалӣ вобаста буда оромӣ, устуворӣ ва солимии ҷомеаро натанҳо дар қаламрави кишвари алоҳида, балки дар миқёси умумиҷаҳони халалдор мекунад. Пайдоиш ва амалиёти харобовари ҳаракату созмонҳои тундгаро ва терористӣ балоест, ки инсониятро ба таҳлука гирифтор кардааст. Бо таассуф бояд зикр намуд, ки баъзе кишварҳои абарқудрат ба хотири пиёда сохтани ҳадафҳои худ сарпарастии чунин равияву гурўҳҳоро ба ўҳда гирифта, онҳоро ба аслиҳа ва маблағҳои калон таъмин кардаанд, имрўз низ чунин амалро давом медиҳанд. Ташкилоти террористии «Ал-қоида» ва зодаи он «Давлати Исломии Ироқ ва Шом» мувофиқи ақидаи аксари сиёсатмадорони машҳури ҷаҳон парваридаи сохтори ҷосусии ИМА буда, имрўз ба худи онҳо таҳдид мекунад. Амалиёти террористӣ дар Париж, оташ задани ҷисми сарнишини

  • Вокуниш

    Зери шиори «Ваҳдат ва ягонагии ҷомеа дар интихоби роҳи рост» муаллифи матн пешниҳоди худро бо иқтибос аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Рисолати таърихии дин, ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни умати мусулмон» оғоз намудааст.

            Дар матни мазкур аз натиҷаҳои интихоботи Маҷлиси намояндагон истиқбол шуда, зикр шудааст, ки дар интихоботи вакилон ба парлумони кишвар мардуми шарофи тоҷик барои ояндаи неки фарзандон, ободии ватани азиз овоз дода, «дар интихоби худ хато накард. Чунонки аз натиҷаи интихобот маълум гашт, шаҳрвандон асосан ба ҳизбе овоз доданд, ки натиҷаи фаъолияташро бо чашми сар мушоҳида намуда, ояндаи Тоҷикистон дар сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат мебинанд».

  • Вокуниш ба мактуби кушод - «Ваҳдат ва ягонагии ҷомеа дар интихоби роҳи рост»

    Мо як гурўҳ устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон муроҷиатномаи як нафар аҳли ислом…………. (домулло ………) тариқи сайти «Радиои озодӣ» огаҳ гаридем муаллиф бар ҳақ гуфта аст, ки ваҳдат ва ягонагии ҷомеа дар интихоби роҳи рост аст ва мисолу далелҳои аниқро рў овардааст. Таърих гувоҳ аст, ки кашмакашҳо ва аз номи Худованд ба доми ҷаҳолат кашидани ҷомеа фақат ба фоҷеа оварда мерасонад. Маҳз бо «кўшишҳои» наҳзатиҳо халқи тоҷик ба фоҷеаҳои солҳои 90-уми асри XX рў ба рў шуд, ки қариб буд ҷанги сарзада миллатро ба несту нобудшавӣ оварда расонад. Маҳз ин бародарон мардумро ба ду майдон ҷамъ намуда, бародарро бар зидди бародар монда, ба хун оѓўшта карданд. Имрўз мардуми тоҷик дар фазои сулҳу салоҳ ва осоиштагӣ зиндагӣ намуда, сиёсати сулҳпарваронану хирадмандонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро тарафдорӣ менамояд.

  • Ҳадафи мо: ваҳдат, якдилӣ ва Ҳамдигарфаҳмии ҷомеа

    Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити комилан пуртазоди таърихӣ ба асри нав ворид гашт, ва ин гузариш ба марҳилаи ҷадиди такомулу дигаргуниҳои бузурги бунёдии илмиву фарҳангӣ ниёзтарҳи наву тозае дорад. Дар оѓози ин аср мо ҳамагон шоҳиди натиҷаҳои ниҳоии он таҳаввулоте шудем, ки аз нигоҳи мазмуну мўҳтаво ва раванди мантиқию ҷавҳарии худ бар асоси нақшаҳои муайян ва арзишҳои мушаххас тарроҳӣ гардиданд. Ин арзишҳо модернизм, гуногунандешӣ, фардгароӣ ва динро дар бар гирифтанд, ки дар маҷмўъ якрангу якнаво набуда, бар мазкур аз як тараф боиси пешрафту инкишоф шуда бошанд, аз тарафи дигар рўйдоду зуҳури шуму ифротгароёнаи глобализмро ба арсаи оламу таърих оварданд.

    Бидуни шакку тардид глобализм ба сарнавишти таърихии инсоният ва ҷавҳарии дурнамои он таъсири рўзафзун ва пайваста мегузорад. Воқеан ҳам ҳамин ҷаҳонишавӣ буд, ки ненўаҳворлии мардум, техникаву технологияи ҷадид, истеҳсолот ва истеъмолот, ошкорбаёниву гуногунандешии демократиро амаоан татбиқ сохт ва боиси наздикшавии аҳолии сайёра ва рушду нyмўи кишварҳо ва халқҳо гардид.

  • Ваҳдатро амал зарур аст на ҷадал

    Дар даврони истиқлол дар Тоҷикистон дигаргуниҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ ба вуҷуд омаданд. Таъсири тағйиротҳои сиёсӣ аз қабили бисёрҳизбӣ, озодандешӣ, парлумони касбӣ, интихоботҳои алтернативӣ  ва дигарҳо дар ташаккули афкору маърифати сиёсии мардум нақши хоса гузоштанд.

    Имрӯз дар раванди баргузории раъйпурсию интихобот ба мақомотҳои гуногуни сиёсӣ мардум аз мактаби бузурги густариши демократиконии ҷомеа гузашта, торафт  аз лиҳози сиёсӣ обутоб меёбад. Ин таҳавулотҳо нишонаи бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буда,  ҳама баҳри беҳбуд, рушд ва ваҳдату субботи аҳли он бояд равона карда шавад. Ягон  шахси худогоҳ наметавонад, нисбати рўйдоди атрофаш беэътиноӣ зоҳир карда, аз  ин воқеаҳо худро дар канор гирад. Хангоми сӯҳбати телевизионӣ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ибрози назар карда гуфта буд, ки давлат ва хукумат фаъолияти онхоро нодида мегирад. Аммо  мушаххас дар бораи саҳми созмони сиёсии худ дар панҷ соли гузашта ва барои мӯҳлати нав баҳри баланд бардоштани некӯаҳволии халқ ва ҳалли дигар масъалаҳои иқтисодию ва фарҳангию сиёсӣ  ҳарф назад.  Беҳтар мешуд агар дар бораи барномаи пешазинтихоботии  худ мегуфт. Аз он ҳар кас мефаҳмид, ки ҳизб дар давоми  панҷ сол чӣ корҳо карду боз дар панҷ соли оянда чӣ ҳоҳад кард.    дар баромад танҳо насиҳату нуќтаи назар ва муносибати субъективии раиси яке аз аҳзоби сиёсӣ шунида шуду халос.

  • Ваҳдат ва ягонагии ҷомеа дар интихоби роҳи рост

    «Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон.

     Э.Раҳмон 

    Шукру сипоси фаровон ба адади ситораи осмон, қатраи борон ва барги дарахтон, реги биёбон ва зарраҳои замину осмон мар он Худойро, ки ягонагӣ сифати Ўст ва ҷалолу кибриё ва азамату ало ва маҷду баҳо хосияти Ўст.Ва аз камоли ҷалоли вай ҳеҷ офарида огоҳ нест ва ҳеч касро ба ҳақиқати маърифати Вай роҳ нест, балки иқрор додан ба аҷз аз ҳақиқати маърифати Вай мунтаҳии маърифати сиддиқон аст.

    Ва дуруд бар Муҳаммади Мустафо (с), ки сайиди паёмбарон аст ва роҳнамою роҳбари муъминон аст. Ва амини асрори рубубият аст ва баргузидаю бардоштаи Ҳазрати Илоҳият аст. Ва бар ҷумлаи ёрон ва аҳли байти вай, ки ҳар яке аз эшон қудваи уммат аст ва пайдокунандаи роҳи шариат.

    Миллат ва давлате, ки ояндаи худро равшан дидан мехоҳад, бояд аз таърих сабақ бардошта мероси таърихии худро зинда нигоҳдорӣ намояд.

  • Таблиғгарони ҳуҷҷати муҳим

    Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рўзи 23 апрел тариқи садо ва симои кишвар пахш гардид, барномае маҳсуб мегардад, ки рушди тамоми соҳаҳои мамлакатро фаро мегирад. Дар Паём барномаи рушди соҳаҳои хоҷагии халқ барои 7 соли оянда муқаррар гардид.

    Паёми нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар барои аҳли ҷомеа, чун роҳнамои зиндагӣ ва асоси ташаккул хизмат менамояд. Дар таблиғи нуктаҳои ин ҳуҷҷати муҳим ҳайати устодону профессорон ва кормандони донишгоҳ ҳамаҷиҳата саҳм мегиранд. Баробари он, ки дар сўҳбату мулоқотҳо бо донишҷўён мўҳтавои ин ҳуҷҷати муҳимро ба муҳассилин ҳамаҷиҳата фаҳмонда медиҳанд, устодон тариқи телевизион ва радио оиди моҳияти созандагии Паём баромадҳои ҷолиб  меороянд.

  • Бо натиҷаҳои назаррас

    Дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон № 730 аз 16.04.2014 ва мактуби расмии Вазорати маориф ва илм №05/1-1244 аз 21.04.2014 рўзҳои 25-26 апрел дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври хотимавии олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (равияи фанҳои гуманитарӣ) баргузор гардид.

    Олимпиада дар асоси «Низомномаи олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  30 марти соли 2010, №5/32) аз рўи фанҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик (равияҳои тахассусӣ ва ғайритахассусӣ), забон ва адабиёти рус (тахассусӣ ва ғайритахассусӣ), забони англисӣ (тахассусӣ ва ғайритахассусӣ), таърих (тахассусӣ ва ғайритахассусӣ), фалсафа ва сиёсатшиносӣ (равияи ғайритахассусӣ) ҷараён гирифта дар он наздик 200 нафар донишҷўёни беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 28 донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат фаъолона ширкат варзиданд.

  • Бо таваҷҷўҳи зиёд

    Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар таърихи 23 апрели соли 2014 дар Иҷлосияи ҳафтуми якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ҳайати устодону профессорон, кормандону муҳассилини Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон гарму ҷўшон истиқбол намуданд.

    Тамошои сарҷамъонаи Паём бо иштироки фаъолонаи кулли устодону муҳассилин, кормандон дар маҷлисгоҳи асосӣ, маҷлисгоҳи Шўрои олимон ва дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ роҳандозӣ гардид.

    Дар сўҳбатҳое, ки баъди тамошои Паёми Президенти кишвар аз ҷониби намояндагони раёсат, ҳайати устодону профессорон бо кормандону муҳассилин баргузор гардиданд, олимон ин ҳуҷҷати муҳимро роҳнамои фаъолияти минбаъда  дар кори тарбияи шоистаи насли ояндасоз арзёбӣ намуда, нуктаҳои муҳими онро ба ҳозирин фаҳмонида доданд.

  • Олими пешбарандаи иқтисодиёт

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши илмҳои дақиқ, аз ҷумла ба саҳми фанни математикаи олӣ дар пешрафти ҳаёти ҷамъиятӣ баҳои баланд дода, онро яке аз омилҳои муҳими пешбарандаи иқтисодиёт ва ояндаи ҷомеа арзёбӣ кардаанд.

    Ҷиҳати татбиқи  ин ҳидояти созандаи Сарвари давлатамон дар кафедраи математикаи олӣ ва моделсозӣ тадбирҳои зиёде амалӣ мегарданд. Дарси кушоди амалии дотсенти кафедра Ё. Мўҳсинов, ки дар таърихи 23.04.2014 бо муҳассилини соли аввали ихтисоси 1-40.01.02.02–и гурўҳи тоҷикии факултети инноватсия ва телекоммуникатсия дар мавзўи «Интеграли муайян ва хосиятҳои он» баргузор гардид, аз зумраи ҳамин чорабиниҳои муфид маҳсуб мегардад.

  • Бо сарфарозию шукргузорӣ


    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияро ҷузъи фарҳанги миллӣ дониста, барои рушду инкишофи соҳа пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар партави сиёсати маънавибунёди Сарвари давлат таъсис ёфта, 16 апрели соли 2014 бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва  илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, меҳмонон аз
    мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ,  роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, хатмкунандагони донишгоҳ аҳли ҷомеа ҷашни 20-солагии таъсисёбиашро таҷлил намуд.

    Қабл аз баргузории тантанаҳо меҳмонону иштирокчиёни ҷашн аз Осорхонаи таърихии таҷдидгаштаи донишгоҳ дидан намуданд, дар маросими ифтитоҳи Маркази компютерӣ ширкат варзиданд.

  • Ҷом ба муҳассилин

    Бо ибтикори раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе даври дуюми Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.  Дар озмуни мазкур аз ҳаждаҳ мактаби олии касбии мамлакат бештар аз 200 нафар донишандўзони пешсаф дар риштаҳои ихтисоси интихобнамудаи хеш қувва озмуданд. Боиси сарфарозист, ки дар ин озмун шаш нафар муҳассили донишгоҳи мо фаъолона ширкат карданд. Шахсан худи ман дар риштаи таърих назди ҳакамони озмун – олимони шинохтаву варзидаи мамлакат аз санҷишҳо сарбаландона гузашта бо холҳои баландтарин ба дарёфти ҷойи якум ва Ҷоми таъсиснамудаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардидам.

  • Ғолибият

    Дирўз дар маркази вилоят даври аввали мусобиқоти дастаҳои ҳозирҷавобони шўхтабъ (КВН) – и омўзишгоҳҳо ва макотиби олии касбии вилоят баргузор гардид. Дар он намояндагони ҳашт муассисаи таълимӣ байни ҳам қувва озмуда, донишу маҳорати худро намоиш доданд.   Дастаи ҳозирҷавобони шўхтабъи маъвои маърифати мо дар ҳайати А.Дадобоев, Шаҳриёри Қурбон, И. Сафаров, П. Одилова, Ф.Камолова, Д.Бобоҷонов, П. Машарифова, Н.Умарова, М.Мирзошарифов, А.Ўрунов бомаҳорат ҳунарнамоӣ карда, сазовори холи баландтарини аъзоёни ҳакамон ва роҳхат ба даври навбатӣ гардид.

  • Китобҳои нав – армуғони ҷашнӣ

    Ба ифтихори ҷашни 20 – солагии таъсисёбии донишгоҳи маҳбубамон китобхонаи маъвои маърифат аз номи устодону кормандон ба миқдори зиёд  китобҳои тозанашрро ҳадя гирифт. Китобҳои мазкур ба соҳаҳои таълим, тарбия, илм, ҳамчунин ихтисосҳои дар донишгоҳ омўхташаванда пайвандӣ дорад. Адабиёти навине, ки чанд рўз қабл таҳти унвони «Ганҷинаи хирад аз китобҷў»- муаллифон С. Кенҷаев, Ҳ. Ғаюров; «Накҳати шохаи райҳон»-муаллифон Ғ. Ҷўраев, А. Ғафуров; «Меҳри касб»- муаллифон С. Кенҷаев, Ё. Мўҳсинов; «Учебное пособое по русскому языку для студентов юридического факультета»- муаллифон М. Хоҷаева, М. Неъматова; «Гумрук-дарвозаи давлат»- муаллиф У. Абдуғаниев; «Русский язык для экономических специальностей»- гурўҳи муаллифон; «Русский язык для студентов гуманитарных специальностей: учебно-методический комплекс»-

  • Дар сўҳбати соҳибдилон

    Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузории мулоқоти устодону муҳассилин бо намояндагони илму адаб, шахсиятҳои барўманд ба ҳукми анъанаи нек даромадааст. Ба ифтихори ҷашни Наврўзи байналмилалӣ ин дафъа аҳли донишгоҳ бо намояндагони илму адаби кишвар  сўҳбати  гарму  самимӣ оростанд.

    Маҳфилро бо суханони муқаддимавӣ ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷўрабоев ифтитоҳ бахшида, меҳмонони гиромиқадрро ба ҳозирин муаррифӣ намуд ва онҳоро ба маъвои маърифат самимона хайрамақдам гуфт.

  • Сазовори ҷои сеюм

    Бо ташаббуси Федератсияи футболи вилоят ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят чанде пеш мусобиқаи футбол байни бонувон баргузор гардид.

    Қувваозмоӣ дар мактаби варзишии бачагонаю наврасони №1-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифт ва дар он 6 даста аз шаҳру навоҳӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят иштирок доштанд.

    Дастаи бонувони футболбози донишгоҳ аз 5 дидор дар дутоаш ғалаба ба даст оварда, як бозиро мусовӣ анҷом доданд ва дар ду вохўрӣ ба мағлубият дучор гаштанд. Дар ҷамъбасти мусобиқа дастаи донишгоҳ баъди дастаҳои футболи ноҳияи Мастчоҳ, Коллеҷи тиббӣ-1 мақоми фахрии сеюмро соҳиб шуд. Ҳамлагари дастаи футболи бонувони донишгоҳ Мадина Шокирова ҳамлагари беҳтарини мусобиқа дониста шуд.

  • Сухан аз таърихи осорхона

    Ба наздикӣ тариқи нашриёти «Ношир»-и маркази вилоят китоби дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Ҷумъабой Ҳомидов таҳти унвони «Аз таърихи фаъолияти осорхонаҳо дар Тоҷикистон» дастраси хонандагон гардид.

    Дар асар, ки бо қарори Шўрои табъу нашри ДДҲБСТ ба чоп расидааст, олим ба таърихи ташаккули соҳаи осорхона дар солҳои аввали Ҳукумати шўроӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рў овардааст. Муаллиф тибқи маводҳои зиёди сарчашмаҳо паҳлўҳои мухталифи масъала, аз ҷумла фаъолияти аввалин осорхонаҳои кишваршиносӣ, муассисаҳои илмии ҷумҳуриро дар давоми солҳои 1917-1937 мавриди тадқиқ қарор додааст.

  • Бо сарфарозию шукргузорӣ

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияро ҷузъи фарҳанги миллӣ дониста, барои рушду инкишофи соҳа пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар партави сиёсати маънавибунёди Сарвари давлат таъсис ёфта, 16 апрели соли 2014 бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва  илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, меҳмонон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ,  роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, хатмкунандагони донишгоҳ аҳли ҷомеа ҷашни 20-солагии таъсисёбиашро таҷлил намуд.

Маҷмӯаи аксҳо

Телевизиони донишгоҳ

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Суғд

17 мик-н, хонаи 1 ш.Хуҷанд 735700

Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

+992(3422)2-38-11

+992(3422)2-51-70

http://www.zoofirma.ru/