Хабарҳо


Эъломияи умумии ҳуқуқи башар  паҳншудатарин санадест, ки  тибқи маълумот  бо беш аз 300 забон  тарҷума карда шудааст.  Он аз пешгуфтор ва 30 модда ибо...
Терроризм чун вабои аср имрўз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод м...
Санаи 4 декабри соли 2018 дар Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода...
Дар ҷаҳон ҳар кишвару миллат ва халқиятро  бо урфу одат ва анъанаҳои миллияш мешиносанду эҳтиром мегузоранд. Халқи тоҷик, ки аз қадим дорои маърифати ...

Мавқеъ


Қарни XX-XXI дар тамоми олам қарни нуру раҳмат, файзу баракат маҳсуб меёбад. Маҳз дар ҳамин қарн худшиносии инсон боло рафт, бисёр асрорҳои табиату ко...
Имрўз намояндагон ва тарафдорони гирбиҳамоӣ дар Берлин бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ раҳпаймо доир намуда истодаанд, ки ба паст задани давлату мил...
Ташкилоти эксремистии террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷумлаи онҳоест, ки мазҳабу равияҳои бегонаи диниро дар кишварамон паҳн намуда, ҷиноятҳои сан...
Дар замони муосир ҳар гуна гурўҳҳои иртиҷопараст пайдо шудаанд, ки мақсади  онҳо дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа низоандозист. Ҳизбу созмонҳои зери ...
Фильтр
  • Наврўз – падидаи фарҳангӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ

    Тоҷикистон, яке аз кишварҳои ташаббускори ҷаҳонишавии иди байналмилалии Наврўз маҳсуб меёбад. Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ин ташаббус амалӣ гардида, ҷиҳати бештар аз пештар бо шаҳомати хоса таҷлил гардидани он шароити мусоид фароҳам овард.

  • Ҳашари наврўзӣ: Донишгоҳ гулоғўш мешавад

    Мардуми соҳибфарҳанги тоҷик Наврӯзро ҳамчун суннати муқаддас аз насл ба насл интиқол дода, ҷиҳати маҳфуз доштани  он азму талош меварзад. Дар айёми растохези табиат  шинонидани дарахтони гуногун, донапошӣ ба замини зархез,

  • Татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирӣ ва тарбияи ҷавонон дар замони соҳибистиқлолӣ

    Дар ҷаҳони муосир рў овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлату ҷомеа мебошад.

  • Хатари ташкилоти экстремистию террористӣ барои сохти давлати дунявӣ

    «Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид  карда,  барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст» (Паёми Пешвои миллат,  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, январи соли 2016)

  • Муаррифии ректори нави Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати роҳбарикунандаи макотиби олии мамлакат  санаи 15-уми марти солиравон тағйироти кадрӣ намуданд.

  • ВАО – ойинаи рунамои миллат

    7-уми март дар бинои асосии  донишгоҳ бо Қарори  Раиси вилояти Суғд ва  нақшаи  чорабиниҳо  оид ба таҷлили  Рузи матбуоти  тоҷик  дар партави Паёми Пешвои миллат бо иштироки собиқадорони созмони журналистони вилоят ва устодону муҳассилини донишгоҳ мулоқот баргузор гардид.

  • Моҳияти кибертерроризм ва терроризми электронӣ

    Дигар  типи терроризми байналхалқӣ, ки нисбатан ҷавон аст ва зуҳуроти вазнини ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад, кибертерроризм мебошад. Терроризм ҳамчун зуҳурот ҷинояти байналҳалқӣ мебошад ва ин, албатта, ба ҳама намуду типҳои вай,

  • КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ - МЕТОДИИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР: ПЕШРАВИҲО, МУАММОҲО ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОНҲО»

    28 феврали соли равон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ-методии ҷумҳуриявии таҳти унвони «Тарбияи ҷавонон дар ҷомеаи муосир: пешравиҳо, муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо» ба кори худ шурўъ намуд. Дар кори конференсия  ходими илмии Пажуҳишгоҳи Шарқи Дури АИ Федератсияи Русия Кулинтсев Юрий Викторович, мудири шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дасгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, иҷрокунандаи  сардори раёсати созмони ҷавонони вилояти Суғд Мадина Ҳомидова,  сардори Хадамоти кор бо ноболиғони раёсати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Насимҷон Набиев, роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои вилоят, олимону мутахассисони соҳа, устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ширкат варзиданд.

  • Ғолибони «Фестивали донишҷўёни навовару ихтироъкор» ва озмуни «Беҳтарин шеър ва ҳикояи наврўзӣ» муайян гардиданд

    Тибқи  дастури Вазорати маориф ва илми ҶТ моҳи январи соли равон миёни факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ватанпарастӣ, ҷалб намудани онҳо ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва маърифатӣ, дарёфти донишҷўёни лаёқатманду эҷодкор давраи якуми «Фестивали донишҷўёни навовару ихтироъкор» ва озмуни «Беҳтарин шеър ва ҳикояи наврўзӣ» (факултетӣ) баргузор гардид.

    24-уми феврали соли ҷорӣ  раёсати донишгоҳ давраи дуюми Фестивал озмунро (умумидонимшгоҳӣ)  баргузор намуд.

  • Конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Ҷавонон ва равандҳои ҷомеаи имрўза»

    Санаи 18-уми марти соли равон дар донишгоҳ конференсияи илмию амалии  донишгоҳи олимони ҷавон, аспирантон, унвонҷўён ва магистрантон таҳти унвони «Ҷавонон ва равандҳои ҷомеаи имрўза»   бо доираи васеи устодону олимон ва донишҷӯён доир гардид.

    Дар ҷаласаи пленарии конференсия ассистенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ Қадриддин Сулаймонов дар мавзўи «Заминаҳои ҳуқуқии мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон», дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ Шуҳрат Саидов доир ба мавзўи «Зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ заминаи раҳоӣ аз фиреби сиёсӣ», ассистентон Ғайрат Бобоҷонов дар мавзўъҳои «Абўиброҳим Мунтасир-муборизи барқарорсозии давлати

  • Ҷамъбасти озмуни наврӯзӣ ва фестивали «Фурӯғи ҷавонӣ» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ)

    Дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ  аз 15 январи соли 2016 №31 дар бораи гузаронидани Фестивал-озмуни вилоятии «Фурӯғи ҷавонӣ» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври аввали  Фестивал-озмуни «Фурӯғи ҷавонӣ» ба вуқуъ пайваст. Фестивал-озмун   аз санаи 15-ум то 18-уми март байни факултетҳо  баргузор гардид.

        Тибқи барнома санаи 15-уми март дастаҳои факултетҳои инноватсия ва телекоммуникатсия, бизнес ва идоракунӣ, 16-уми март дастаҳои факултетҳои сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, баҳисобгирӣ ва андоз,

  • Татбиқи равандҳои самарабахши таълим

    Ташкилу баргузории ҳамоишҳои илмӣ конференсия, озмуну маҳфилҳо, дарсҳои кушоду намунавӣ дар доираи ҳафтаи кафедра дар донишгоҳ ба ҳукми анъанаи нек даромада, моҳи марти соли равон низ бо ташаббуси факултети сиёсатшиносӣ ҳафтаҳои кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ гузаронида шуд.

    Бо ташаббуси кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ санаҳои 11-ум то 17 марти соли 2016 ҳафтаи кафедра таҳти унвони “Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  ҷараён гирифт. Дар доираи ҳафта бо ҷалби олимон ва устодони кафедра силсилаи ҳамоишҳо ташкилу баргузор гардиданд.

  • Ҳафтаи кафедраи забони русӣ

    Ташкилу баргузории ҳамоишҳои илмӣ конференсия, озмуну маҳфилҳо, дарсҳои кушоду намунавӣ дар доираи ҳафтаи кафедра дар донишгоҳ ба ҳукми анъанаи нек даромада, моҳи марти соли равон низ бо ташаббуси факултетҳо ва кафедраҳои донишгоҳ ҳафтаҳои кафедра гузаронида шуданд. Роҷеъ ба ин бо ташаббуси кафедраи забони русӣ санаҳои 7-ум то 11 март ҳафтаи кафедра таҳти унвони “Забони русиро биомӯз”  ҷараён гирифт.

    Дар доираи ҳафтаи кафедра силсилаи дарсҳои тарбиявӣ дар мавзуи Рӯзи модарон, дарси намунавии дотсент Дилбар Мирзоева, дарси кушоди дотсент Мамлакат Атоева дар мавзӯи “Арбоб -мавзеи таърихӣ”,  конференсия таҳти унвони “Забони русиро биомӯз”ва  озмуни хониши беҳтарин доир гардиданд. 

  • Ғолибияти донишҷӯёни ДДҲБСТ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ

    Дар асоси мактуби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон № 05/5-694, аз 10.02.2016 оид ба баргузории Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки санаҳои 10-11 март пешбинӣ гардида буд, раёсати донишгоҳ тадбирҳои саривақтӣ андешид. Бо мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷўён ба омўзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмию техникӣ, дарёфти донишҷўёни лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба соҳаҳои илм тибқи талаботи Низомномаи олимпиадаи мазкур фармони ректори донишгоҳ таҳти №6 аз 10.02.2016 ба тасвиб расид. Тибқи он дар кафедра ва факултетҳои донишгоҳ то санаи 25-уми феврали соли 2016 байни донишҷўён давраи якуми олимпиада аз рўи соҳаҳои зерини илм гузаронида шуд:

    -Ҳуқуқ;

    -Забон ва адабиёти тоҷик;

    -Математика;

    -Фалсафа;

    -Таърих;

    -Иқтисодиёт;

    -Технологияҳои иттилоотӣ;

  • Ақидаҳои ифротӣ ва хатари он ба амнияти миллӣ

    Санаи 10.03.2016 дар бинои таълимии №2, нишасти 3-юми маҳфили олимони ҷавон «Илм ва ҷомеаи муосир» таҳти унвони «Ақидаҳои ифротӣ ва хатари он ба амнияти миллӣ»  баргузор гардид, ки дар он раиси шўрои олимони ҷавон Саидов Ш., директори маркази  таълимии «Маърифат» дотсент Ахмедов Р., декани факултети ҳуқуқшиносӣ дотсент Кенҷаев Ш., муовини декани оид ба илми факултети ҳуқуқшиносӣ дотсент Ҳомидова М., раисони шўрои олимони ҷавони факултетҳои баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳуқуқшиносӣ ассистентон Раҳмонова З., Ҳамидуллоев Б., унвонҷўён ва донишҷўёни донишгоҳ иштирок доштанд.

    Маҳфилро раиси Шўрои олимони ҷавон дотсент Саидов Ш. ифтитоҳ намуда, аз ҳадафҳои баргузории маҳфил ёдовар шуд.

  • Каҳрамони Тоҷикистон - Мирзо Турсунзода

    Ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки  давоми нимсолаи дуюми соли таҳсили ҷорӣ  моҳномаи «Қаҳрамони Тоҷикистон»-ро доир намояд. Тибқи лоиҳа ҳар моҳ  баргузории силсилаи чорабиниҳо роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти Қаҳрамонони Тоҷикистон пешбинӣ гардида,  ҳадаф аз баргузории ин чорабиниҳо, шиносоии шогирдон бо кору пайкори чеҳраҳои намоёни миллат, ибратандӯзӣ аз ҳаёти қаҳрамонон маҳсуб меёбад.

  • Фестивали наврӯзӣ

    Ба  истиқболи сазовори ҷашни байналмиллалии Наврўз дар донишгоҳ озмуни Наврўзӣ ва фестивали «Фурўғи ҷавонӣ» оғоз гардид. Дар чорабинӣ, ки аз санаи 15-ум то санаи 18-уми  март байни факултетҳо идома мекунад, дастаҳо аз рӯи  шартҳои табрикоти наврўзӣ, рақси якка, саҳнача, суруди якка, хондани бадеҳа, навохтани асбобҳои миллӣ, намоиши либосҳои миллӣ, намоиши дастурхони наврўзӣ ва рӯзномаи деворӣ  қувва меозмоянд. Тибқи накша санаи 15-уми март озмун байни дастаҳои факултетҳои инноватсия ва телекоммуникатсия, бизнес ва идоракунӣ бо ҷалби доираи васеи устодону муҳассилин доир мегардад.

  • Посухи Мулло Абдураҳим: Чаро аз ҳисоби ҲНИТ мансабро қабул кардед?

    Абдураҳим Каримов, маъруф ба Мулло Абдураҳим, ки худро бунёдгузори Ҳизби наҳзати исломӣ дар собиқ вилояти Кӯлоб муаррифӣ мекунад, дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар Душанбе ин ҳизбро гунаҳкори ҷанги шаҳрвандӣ ва Эронро пуштибони он хонд. 

    Мулло Абдураҳим, собиқ узви Комиссияи оштии миллӣ (КОМ), раҳбари пешини Кумитаи гумрук ва ҳоло декани факултаи филологияи шарқи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа имрӯз, 25 феврал изҳор дошт, рӯзҳои аввали ташкили майдонҳо дар Душанбе то ҳадде тавонист, мардумро ба майдони Шаҳидон ҷалб кард: “Гумон кардем, ки мардумро барои Ислом ба майдон меорем. Намедонистам, ки ин ҷанги таҳмилӣ аст”. 

    Меҳмони маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо" афзуд, ҳақиқати ҳолро дар Афғонистон, замоне ки барои овардани силоҳу идомаи ҷиҳод рафт, дарк намуд. Ӯ гуфт, то сафараш ба Афғонистон ҲНИТ-ро ваҳҳобӣ гумон мекард, аммо дар Афғонистон фаҳмид, ки пушти ин ҳизб Эрон меистад:

  • Конференсияи илмию назариявии вилоятӣ таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол»

    Бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар  таърихи 2-юми марти соли 2016 дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд конференсияи илмию назариявии вилоятӣ таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол»  баргузор гардид. Дар ҳамоиш аҳли маориф ва фарҳанги вилояти Суғд, олимону устодон аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, намояндаи ҲХДТ дар вилоят  ширкат варзиданд.

  • Вохӯрии судманд

    Дар таърихи 1-уми марти соли равон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинӣ доир ба масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм ва экстремизм, шомилгардии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро  баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҳабибуллоевич Ҷӯрабоев, намояндаи мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  Тоҷибой Султонӣ, сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Зариф Мирдодоев, сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милиса Набиев Насимҷон Абдуқаюмович, муовини сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд,

  • Мулоқоти муфид

    Субҳи 25 феврали соли равон дар толори маҷлисгоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии  намояндагони шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят, шӯъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии МИҲД-и вилояти Суғд, ва намояндаи РВКД дар вилояти Суғд бо устодону донишҷӯён дар мавзӯи   “Пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва тарбияи онҳо дар руҳияи  ватандӯстӣ, тартибу одоби ҳамидаи инсонӣ” баргузор гардид.

    Вохӯриро муовини ректор оид ба корҳои тарбия Мубина Хоҷаева ифтитоҳ намуда, ҳадафи вохӯриро ба самъи иштирокдорон расонд.

    Сипас, филми мустанад таҳти унвони “Сад пушаймонӣ аз Сурия” намоиш дода шуд. Дар филм шахсони гумроҳшуда дар бораи сафар худ ба кишвари Сурия нақлҳои ҷолиби диққат намуданд.

  • Таҷлили наврӯзи байналмиллал дар донишгоҳ

    Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки зиёиён ҷумҳзурӣ, меҳмонони хориҷа ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ҷашни байналмиллалии Наврӯзи аҷам бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар саҳни донишгоҳ аз ҷониби факултетҳо хаймаҳои наврӯзӣ ороста шуда буд, ки бозгӯкунадаи анъанаҳои неки наврӯзї буданд.

    Нахуст, ректори донишгоҳҶамшед Ҷӯрабоев иштирокчиёни чорабиниро бо ин ҷашни пуршукӯҳ табрику таҳният гуфта, қайд намуд, ки Навруз яке аз бошукӯҳтарин ҷашнҳои қавми Ориёӣ ва мардуми форсизабон буда, ниёгони мо ҳанӯз аз замони шоҳ Ҷамшеди бузургу хирадманд ин ҷашнро ҳамчун рамзи пайванди ногусастанӣ миёни табиат ва инсон, айёми покиву сафо, муҳаббату дӯстӣ, эҳсону сахо ва бахшоишу самимият бо шукӯҳу ҷалоли хоса таҷлил мекардаанд.

    Сипас аз номи аҳли зиё Кароматулло Олимов ба сухан баромада таҷлии ҷашни байналмиллалии Наврӯзро дар донишгоҳ фоли нек арзёбӣ намуда, аҳли устодону донишҷӯёни донишгоҳро ба ин муносибат табрик гуфт.

  • Ғолибияти донишҷӯён дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ

    Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки санаҳои 11-13 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, 300 нафар донишҷуён аз 25 донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ барои ба даст овардани «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни ҳам қувва озмуданд.

    Олимпиадаро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ бахшида, аз аҳдоф ва натиҷаҳои олимпиада ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои ҷавон, кашфи донишҷўёни соҳиблаёқат ибрози андеша намуд.

    Кори бахшҳои олимпиада дар муассисаҳои таҳсилоти олии соҳавӣ аз рўи 12 фан ҷараён гирифт. Дар озмун донишҷўёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз рўи ҳафт фан – математика, ҳуқуқ, иқтисодиёт, таърих, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, фалсафа қувваозмоӣ намуда, ба чунин натиҷаҳо ноил гардиданд:

    Ҷойҳои якум:

  • ФАТВО ВА ТАСАЛЛОИ ИНТИХОБОТӢ БА ҲНИТ

    Вақтҳои охир шоҳиди падидҳои манфии иҷтимоӣ, ки ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро халалдор намуда, ба сулҳу субот ва амнияти мамлакат халал ворид менамояд, аз қабили ҳодисаҳои гаравидани баъзе аз ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонаи ифротӣ ва ҳатто террористӣ мешавем. Ин томоюл, бешак, мардуми ватандўст,  бахусус қишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро, ки осудагиву ваҳдати миллӣ ва суботу амният барояшон азиз аст, бетараф гузошта наметавонад, зеро ин мушкилест, ки миёни ҷавонон ба зуҳур омадааст. Тайи моҳҳои охир тавассути садову симо маърўза намудан ва намоиш додани амалҳои ғайри ахлоқии як қатор рўҳониёни кишвар  диққати ҳамагонро ба худ ҷалб намуда, боиси баҳсҳои гуногун миёни хонандагону бинандагон гардид.

    Бархе аз иштирокдорони доираҳои баҳсӣ чунин амалҳоро тарҳрезӣ шуда, баъзеи дигарашон муқобил ба Ислом, гурўҳи сеюм барои бадном кардани ҲНИТ ва ҳамин тавр ҳар шахс назари хешро оид ба ин қазияҳо баён менамуданд. Вале беш аз навад фисади иштирокдорони чунин баҳсҳо, ки аз илму дониш,  китобхонӣ  фарсахҳо  дур мондаанд  ва худро пуштибони ин омилҳо нишон дода, ба таври худ аз он як навъ дифоъ  мекарданд.

  • ҲИЗБУ ҲИМОЯТИ РИШУ ҲИҶОБ ШИКАСТ ХУРД

    Дар замони феълӣ афроди зиёде рӯ ба риш ва  сатр овардаанд. Ин як намуд тақлид ва таассуб ба ғарб аст, гарчанде ришро суннати Пайғамбар мегӯянд, аммо бархе барои суннат не, балки барои зебогии зоҳирии худ мемонанд. Мо худ тариқи телевизион ва дигар ВАО дида истодаем, ки ин ришдорон чӣ корҳоеро ба сомон расонида истодаанд. Вақте ба шаҳри Душанбе меравед аз зебогии шаҳр наметавон чашм канд, вале пероҳани ба бар намудаи духтарони азизи мо ки аз матоъҳои сип-сиёҳ дӯхта шудааст, ҳатто бо  ниқоб руяшонро пушонидаанд руҳияи одамро шикаста мекунад. Ҳатто духтарчаи тақрибан (аз қаду қоматаш маълум буд)  11-12 солае дасташ ба дасти модари ҳиҷобпӯш, ки ӯ низ сатр пўшида буду дар рӯяш ниқоб дошт  ҳар лаҳза пеши по мехурд. Агар оддӣ карда гуем ришу ҳиҷоб имиҷ шудааст. 

                Рӯзе, духтари сатрпуше, ки ӯро дар маҳаллаи мо ҳама ҳамчун сабукпой мешиносанд вохурдам ва аз ӯ сабаби ба тан намудани сатр, яъне ҳиҷобро пурсон шудам чунин посухе дод, ки ҳеҷ интизорашро надоштам ҳад мезадам, ки аз корҳои кардааш пушаймон шудааст, вале фикрам ғофил баромад "бо ҳиҷоб метавон диққати бисёр одамонро ба худ ҷалб намуд" -гуфт ӯ.

  • ИНТИХОБОТ ҶОЙИ ФИСҚУ ФАСОД НЕСТ

       Инак интихоботи навбатии вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот бо риояи принсипҳои иштироки шаҳрвандон дар асоси ҳуқуқи баробар ва   бевосита бо овоздиҳии пинҳонӣ ва низоми омехтаи интихобот, озод ва  ихтиёрӣ будани иштирок дар интихобот ҷамъбаст гардида, халқ вакилони арзандаи худро ба Парлумони кишвар ва Маҷлисҳои маҳаллӣ    интихоб намуд. Интихоботи озодона ва ифодаи соҳибихтиёрии иродаи халқ меъёри асосии шаффофу озод ва демократӣ гузаштани интихобот     ҳисоб меёбад, ки бори дигар исботи худро ёфт.

        Вале, сару садоҳои зиёде, ки имрўз торномаи ҷаҳонии Интернетро фаро гирифтаву баъзан дар садову симо ва рўзномаҳо бо талху пичингҳо    нисбати ҲХДТ ба гўш мерасанд ва бо ҳар баҳонае ҲНИТ ва ё дигар     гурўҳҳои мансабталошро ҳимоят карданӣ мешаванд, кам набуданд.

  • ҶАМШЕД ҶӮРАБОЕВ: ҲАДАФИ АСЛИИ МУАССИСАҲОИ ОЛӢ ТАРБИЯИ НАСЛИ МАЪНАВИБУНЁД

    ҶАМШЕД ҶӮРАБОЕВ: ҲАДАФИ АСЛИИ МУАССИСАҲОИ ОЛӢ ТАРБИЯИ НАСЛИ МАЪНАВИБУНЁД

    Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон яке аз бонуфузтарин макотиби олӣ дар шимоли кишвар маҳсуб мешавад, ки дар тӯли фаъолияти беш аз 20 солаи хеш барои пешрафти хоҷагии халқи кишвар нақши муассир гузоштааст. Махсусан, густариши фаъолияти соҳоти мухталифи ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии  вилояти Суғд ба фаъолияти ин боргоҳи илмиву таълимӣ пайвастагии қавӣ дорад.

    Дар оғози баҳор ва омад-омади Наврӯзи хуҷастапай имкон пайдо кардем, ки бо сарвари донишгоҳ Ҷӯрабоев Ҷамшед Ҳабибуллоевич сӯҳбат доир намоем. Инак, фишурдаи сӯҳбатро барои хонандагони гиромӣ пешкаш менамоем.

    - Мӯҳтарам Ҷамшед Ҳабибуллоевич! Аввалан фарорасии баҳор ва Наврӯзи аҷамро барои Шумо ва тамоми ҷомеаи меҳнатии донишгоҳатон муборакбод мегӯем.

    - Ташаккур.

    - Мехостам, ки сӯҳбати мо аз фаъолияти соли қаблӣ ва нақшаҳои навбатиатон дар соли равон ибтидо гирад.

    - Имрўз ҳар яки мо дар қайди таассуроти хотирмоне кору зиндагӣ дорем, ки аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳосил шудааст.

  • ШАНБЕГӢ ДАР ДОНИШГОҲ

    Дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 02.03.2015 таҳти рақами №05/2-788 санаҳои 21-25 марти соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ Иди Наврӯзи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.

    Ба ин муносибат санаҳои 7-14 марти соли равон аҳли кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон гирду атроф ва замини назди биноиҳои таълимӣ ва хобгоҳу ҷойҳои ҷамъиятиро аз ҳар гуна гулу буттаҳои худрӯй ва бегона тоза намуда, шоху навдаҳои дарахтонро ба тартиб дароварда, дар атрофи биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи донишгоҳ зиёда аз 150 бех ниҳоли ороишӣ ва 250 бех гули садбарг шинониданд.

     Ҳамчунин 500 нафар донишҷӯён бо роҳбарии устодон барои тоза намудани боғи “Наврӯзгоҳ” ширкат варзиданд. Иштирокчиён ҳадафи баргузор намудани ҳашарҳои умумиро барои ободии кишвар

  • Тағйироти ҷиддӣ дар мафкураи мардум

    Ислом яке аз дини бузурги ҷаҳон дар радифи дини Христианӣ ва Буддизмӣ ба ҳисоб меравад. Ислом динест, ки инсонро ба ҳалолкориву адолатпарварӣ, тозагиву ободонӣ ҳидоят мекунад ва дар дили инсон меҳру муҳаббат нисбати Ватан, Модар пайдо мекунад. Мо мардуми Осиёи Миёна, хусусан тоҷикон ба дини Ислом 14 аср мешавад, эътиқод менамоем. Дар давоми 14 асри мавҷудияти худ Ислом ба мухолифатҳои зиёд рў ба рў шуд. аммо ба ин мухолифату сахтиҳо нигоҳ накарда дини Мубини Ислом рушду тоқат карду то ба имрўз ҳамчун як дини азизу мукаррам расида омад.

    Ҳазор, ҳазор афсўс, ки дар замони имрўзаи мо инсонҳое пайдо шуданд, ки нисбати ин дин зулм мекунанд, дини азизи моро ниқоб мекунанда корҳои зишти худро ба амал тадбиқ менамоянд.

  • РУШДИ УСТУВОР - БО ҲИЗБИ ХАЛҚИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

    Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон-ҳизби нуфузпайдокарда ва татбиқкунанда буда, дар давоми солҳои истиқлолияти Тоҷикистон обрў ва манзалаташро дар байни аҳли мардуми кишвар таҳким бахшидааст. Боиси хурсандӣ аст, ки дар маъракаҳои сиёсӣ ва сабқатҳои интихоботӣ пайваста ба пирўзӣ мерасад.

    Тавре  Президенти  кишвар  мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола дар бобати баргузории интихобот таъкид карданд, «Интихоботи навбатӣ бояд бо омили муттаҳидкунандаи халқи Тоҷикистон, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати милливу сарҷамъии мардуми кишвар ва болоравии эътибору обрўи давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардад».  Ин гуфтаҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ  намуда,  дар ҳақиқат интихоботи имсола шаффофу озод дар доираи Сарқонуни кишвар баргузор гардид.  Дар интихобот бештари аҳолӣ  Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намуданд, зеро барномаи ин ҳизб бештар ба некўаҳволӣ ва пешравии ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа нигаронида шудааст.

  • Масъалаҳои худшиносии миллӣ дар партави асарҳо ва Паёмҳои сарвари кишвар

    Дар вазъе, ки арзишҳо ва ҳадафҳо дар замони ҷаҳонишавӣ бо суръат тағйир меёбанд ва раванди аз нав баҳодии арзишҳо вусъат ёфтааст, таъмини ҳушёрии баланди сиёсӣ, миллӣ, эҳтиёткорӣ ва бо андешагӣ аз ҷумла вазифаҳои муҳимтарин барои ҳар як дарди миллат маҳсуб меёбад.

     Ниёгони заковатманди мо дар ҳама давру замонҳо роҳи ягонаи наҷоти миллатро танҳо бо дар  худшиносиии миллӣ ҷӯё шудаанд. Онҳо дар воқеъ ба масоили худшиносӣ ишора намуда, ибтидои дарки оламро худи одам, зинаи аввали саодатро дар худшиносӣ диданд.

     Сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунад, ки фалсафа, таърих, забон, адабиёту фарҳанги халқи тоҷик. ба туфайли офаридаҳои донишмандон ва адибон, гузаштагон ва мероси гаронбаҳои онҳо, ки аз шуҷоату қаҳрамонии халқ, ахлоқи олӣ, ҳаёту корнамоиҳои аҷдоди ориёии мо ҳикоят мекунад дар ташккули ҳисси худшиносии миллӣ нақши муҳим доранд.

  • «Ҳизбу ҳимояти ришу ҳиҷоб шикаст хўрд»

    Пас аз ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ дар кишвари азизамон имконият пайдо гардид, ки фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ,  ҳизбҳои сиёсӣ ва муносибати онҳо ба давлат дар доираи талаботи қонун ба роҳ монда шавад.

    Дар ин давра маҳз бо талошу заҳматҳои шабонарўзии Сарвари давлат Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми созмонҳои бонуфўзи байналмиллалии исломӣ ҳамкориҳои биёсрҷониба ба роҳ монда шуд. Дар ин муддат ба Созмони Ҳамкории Исломӣ, Бонки Исломии Рушд ва кишварҳои олами ислом ҳамкориҳои самарабахш роҳандозӣ карда шуд, ки ба ҷабҳаҳои иқтисодии миллии кишвар манфиат оварда истодааст.

    Инчунин дар ин давра дар баробари арҷгузорӣ ба арзишҳои волои таърихиву фарҳангӣ, ба арзишҳои динӣ низ эътибори ҷиддӣ дода шуд.

  • Ваҳдатро амал зарур аст на ҷадал

    Дар даврони истиқлол дар Тоҷикистон дигаргуниҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ ба вуҷуд омаданд. Таъсири тағйиротҳои сиёсӣ аз қабили бисёрҳизбӣ, озодандешӣ, парлумони касбӣ, интихоботҳои алтернативӣ  ва дигарҳо дар ташаккули афкору маърифати сиёсии мардум нақши хоса гузоштанд.

    Имрўз дар раванди баргузории раъйпурсию интихобот ба мақомотҳои гуногуни сиёсӣ мардум аз мактаби бузурги густариши демократиконии ҷомеа гузашта, торафт  аз лиҳози сиёсӣ обутоб меёбад. Ин таҳавулотҳо нишонаи бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буда,  ҳама баҳри беҳбуд, рушд ва ваҳдату субботи аҳли он бояд равона карда шавад. Ягон  шахси худогоҳ наметавонад, нисбати рўйдоди атрофаш беэътиноӣ зоҳир карда, аз  ин воқеаҳо худро дар канор гирад.

  • Активное политическое участие как атрибут зрелой нации

    С принципом представительства и идеей партии тесно связана идея выборности, призванной обеспечить народ­ный суверенитет и представительство всех заинтересованных группиро­вок и слоев населения в системе власти страны. Роль выразителя народного суверенитета отводится избирательному корпусу. Вы­боры, по сути дела, являются одним из ведущих институтов легитимизации политической системы и политического режима. Учи­тывая этот факт, в развитых странах значительное внимание уделяется подготовке подрастающего поколения к участию в политичес­ком и особенно избирательном процессах.

      Большая роль в этом плане отводится системе образования, а также различным механизмам - от официальных празднований национальных дат до мероприятий патриотических и политических организаций. Изби­рательные кампании уже сами по себе обеспечивают возможности для про­паганды достоинств участия в голосовании. Мероприятия, проводимые с це­лью активного участия в выборах, не только усиливают политический интерес, но и оказывают значительное влияние на установки граждан в отношении правительственного процесса. Акт участия в выборах уже сам по себе увеличивает веру граждан в законность и ответственность прави­тельства.

  • Фарҳанги интихоботии мардум баланд шудааст

    1 марти соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоботи вакилони Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олӣ  ва  маҷлисҳои  маҳаллӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳанги воло  баргузор  гардид.

    Фикр мекунам, ки мардуми шарифи мамлакат раъйи худро ба номзадони беҳтарин ва азҳоби мардумӣ доданд. Натиҷаҳои интихобот бори дигар собит намуданд, ки дар муқоиса ба солҳои пешин мардум ба раъй ва ё худ овози хеш бетараф нестанд ва дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок карданд. Иштироки наздик 4 миллион интихобкунандагон далели гуфтаҳои болоист.

    Агар солҳои пешин мардум бо боварӣ аз таблиғоти азҳоби сиёсии гуногун овози худро медоданд, имсол сифати боварӣ ва эътимод ба азҳоби сиёсӣ аз ҷониби мардум ба амалҳои воқеъии ҳизбҳо нигаронида шуд. Яъне, он ҳизбҳои сиёсии амалкунанда дар мамлакат давоми 5 соли охир ва пештар аз ин то кадом дараҷа ба тафаккуру зиндагии воқеъии мардум таъсири ҷиддӣ расониданд, аз ҷониби интихобкунандагон хулосаҳои зарурӣ бароварда шуд.

  • Ҳар кӣ боварии халқро арзанда мегардад…

    Тоҷикону Тоҷикистон дар саҳнаи таърих чандин санҷишу имтиҳоноти таърихиро таҳаммулу паси сар намуда, дар ҳассостарин лаҳзаҳо бо нерўи тавоно ва тафаккури созандаву бунёдкоронаи худ табли ҳастӣ зада, аз ояндаи дурахшони худ башорат медиҳанд.

    Охири даҳаи 90-уми асри ХХ барои Тоҷикистон давраи нави сарнавиштсоз буд, ки камтарин хатову нодонӣ ба нобудии миллӣ оварда мерасонид. Хушбахтона, ақли солим ва нерўи азалии созандагии ниёкон буд, ки тавассути иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти қонунӣ сари кор омада, тоҷиконро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшид. Дар дарозои бист соли созандагиву бунёдкорӣ тоҷикон роҳи минбаъдаи рушду таракқиёти худро муайян намуда, дар моддаи аввали Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт шуд, ки Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ин аст, ки зери сиёсати фардоофари давлату ҳукумат мақому мавқеи Точикистон сол то сол боло рафта истодааст.

  • Шодмонии хурдсолон

    Дар  иртибот  ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, № АП – 159 ва мактуби Вазорати маориф ва илми мамлакат ибтидо аз соли равон Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон сарпарастии Комплекси кўдакистон – мактаби махсус барои кўдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷандро ба зима гирифтааст.

      Дар арафаи ҷашнвораҳои Наврўзи оламафрўз ва 20 – солагии таъсисёбии ДДҲБСТ намояндагони маъвои маърифат меҳмони кўдакистон – мактаби мазкур гардида, хурдтаракону хонандагонро бо иди саиди миллати куҳанбунёдамон таҳният гуфтанд. Чун тўҳфаи идона намояндагони донишгоҳ ба толибилмони ин муассисаи таълимӣ  50 килограмм орд, 50 килограмм шакар, 50 килограмм сабзӣ, 15 килограмм равған, 10 килограмм намак, 24 килограмм макарон, 80 дона маҳсулоти қаннодӣ ба маблағи умумии 1500 сомонӣ маводи  хўрока тақдим намуданд.

  • Дар сўҳбати адибон

    Дар арафаи ҷашни Наврўзи дилафрўз  - санаи 14 марти соли 2014 устодону муҳассилини факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ бо аҳли адаб – раиси шўъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд, шоири ширинкалом Аҳмадҷони Раҳматзод ва Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Муҳиддини Хоҷазод  сўҳбати  гарму  самимӣ  оростанд. Мулоқотро муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбия, дотсент М. Набиҷонова бо суханони ифтитоҳӣ оғоз бахшида, меҳмонони иззатмандро самимона хайра мақдам гуфт. Сипас нависандаи маъруф, устод Муҳиддини Хоҷазод, шоири маҳбуб Аҳмадҷони Раҳматзод бо навбат ба сухан баромада, доир ба нақши адабиёт дар камолоти маънавии ҷавонон бо ҳарорат ҳарф заданд.

  • Мақсад – ташаккулу камолоти муҳассилин

    Ҷиҳати ташаккулу камолоти муҳассилин, ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят намудани онҳо, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, ҳуқуқвайронкунию  ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғон тибқи нақшаи якҷояи РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар китобхонаи илмии донишгоҳ  мулоқоти намояндагони мақомоти мазкур бо устодону муҳассилини факултетҳои донишгоҳ  доир гардиданд. Мулоқоте, ки санаи 11.03.14 бо иштироки муовини сардори Хадамоти пешгирии ҷинояткории ВКД дар вилояти Суғд, полковники милитсия Пўлодҷон Саидов, нозири калони шўъбаи назорати бехатарӣ аз сўхтори Раёсати хадамоти  давлатии оташнишонии вилояти Суғд, капитани милитсия Ҷамшед Зоиров, нозири калони Хадамоти пешгирии ҷинояткории ВКД дар вилояти Суғд лейтенанти калони милитсия К. Нарзуллоев ва устодону муҳассилини факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии донишгоҳ баргузор гардид, бо пурсишу посухҳои иштирокдорон басо хотирмон буд.

  • Сўҳбатҳои ошкорою муфид

    Имрўзҳо силсиламулоқоти ректори донишгоҳ Ҷ. Ҷўрабоев бо муҳассилини факултетҳо бомуваффақият ҷараён дорад. Ин тадбири муфиду саривақтӣ тибқи нақшаи тасдиқнамудаи раёсати донишгоҳ дар моҳи марти соли равон бо кулли муҳассилини факултетҳо баргузор мегарданд.

    Раёсати донишгоҳ баргузории силсиламулоқотро бо муҳассилин дар арафаи таҷлили ҷашни 20-солагии маъвои маърифат бо ректори донишгоҳ бо он мақсад  ташкилу роҳандозӣ карда истодааст, ки  дар  сӯҳбатҳои  рӯ ба рӯ бо муддао ва мушкилиҳои ҳаёти донишҷўён аз наздик ошно гардад, барои ҳаллу фаслаш мусоидат намояд. Ин тадбир аз он ҷиҳат муфиду саривақтӣ аст, ки имкони сӯҳбати ошкорои ҳамаи муҳассилину устодони факултетҳо бо роҳбарияти донишгоҳ фароҳам меояд, ҳар як иштирокчии мулоқот метавонад бе ҳеҷ монеа оиди ҳаллу фасли  ин ё он масъала ба раёсат муроҷиат намояд.

  • Тадбирҳои судманд


    Аз ҷониби раёсати маъмурию хоҷагӣ дар самти корҳои ободониву кабудизоркунӣ якчанд тадбирҳо амалӣ гардиданд. Аз ҷумла дар саҳни бинои асосии донишгоҳ, варзишгоҳ ва бинои таълимии №2 зиёда аз 300 бех дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шуданд. Дар масоҳати 1,5 гектар замини назди донишгоҳ киштукори баҳорӣ ҷараён гирифт. Шинонидани зиёда аз 5 ҳазор бех гулҳои садбарг ва зиёда аз 300 бех ниҳолҳои мевадиҳанда дар мавзеи шафати варзишгоҳ, бинои таълимии №2 ба нақша гирифта шудаанд. Таъмиру ба эътидол овардани кори пойгоҳҳои обкашии донишгоҳ рўзҳои наздик ба сомон расонида шуда, дастгоҳҳо ба мавсими навбатии обёрӣ омода мегарданд. 
    Имрўз шудгори заминҳои минтақаи таҷрибавӣ- истеҳсолии Қайроққум ва сафед намудани танаҳои дарахтон ҷараён дорад.

  • Дар олами китоб

    Дар китобхонаи илмии донишгоҳ ташкили чорабиниҳои илмию фарҳангӣ бо мақсади равшанӣ бахшидан ба мазмуну мундариҷаи махзани китобҳои илмӣ, таълимӣ, бадеӣ ва дигар нашрияҳо ва барои дар руҳияи ватандўстӣ, худшиносӣ ва масъулиятшиносӣ тарбия намудани муҳассилин аз омилҳои муҳиб ба ҳисоб мераванд. Бо ин мақсад дар толори китобхона дар моҳи феврал баргузории намоишҳои гуногуни мавзўӣ аз қабили «Тоҷикистон: дирўз ва имрўз» («Таджикистан: день за днем») бо сарлавҳаҳои: «Соли 2014 – соли ҷашни 20-солагии Рўзи қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумхурии Тоҷикистон», «Соли 2014 - соли вусъати ободонию созандагӣ», «21 феврал – Рўзи байналхалқии забони модарӣ» ташкил шудаанд. Дар давоми соли таҳсили равон дар ҳамдастӣ бо кафедраҳои тахассусӣ баргузории конференсияҳои илмӣ – назариявӣ бахшида ба Рўзи Рўдакӣ, Рўзи забони давлатӣ ва мизи мудаввар бахшида ба 105 – солагии академик Б. Ғафуров ташкил гардиданд.

  • Дар мавзўи муҳим

    Дар таърихи 5 марти соли 2014 дар китобхонаи илмии донишгоҳ ба ифтихори 20-солагии ДДҲБСТ таҳти унвони «Масоили мубрами педагогӣ, психологӣ ва методикаи таълими замони муосир» конференсияи таълимӣ-методӣ баргузор гардид. Дар чорабинии муфид олимону мутахассисони соҳаи педагогика аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят ширкат варзида, доир ба масъалаҳои мухталифи таҳсилот, психология ташкил ва гузаронидани дарс, такмили ихтисос андешаҳои ҷолиб баён доштанд. Махсусан маърўзаҳои сармуаллими кафедраи педагогика ва психологияи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Ғ. Холиқов, мудири кафедраи назарияи иқтисоди донишгоҳ, дотсент Х. Назаров, мутахассиси Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои ДДҲБСТ, дотсент С. Кенҷаев хеле шавқовар ва пурмазмун буд. Мудири бахши идоракунии сифати таҳсилот, дотсент Х.

  • Олимони соҳаи иқтисод машварат оростанд

    Дар таърихи 7 марти соли 2014 дар толори маҷлисгоҳи бинои таълимии №2 бо иштироки олимони соҳаи иқтисоди вилояти Суғд, мудирони кафедраҳо ва устодони соҳаи иқтисоди донишгоҳ семинарии илмӣ-назариявӣ ва методологӣ баргузор гардид. Аввал раиси Шўрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисод, профессор Алиҷон Бойматов ҳозиринро бо тағйиротҳо дар тартиби ҳимояи рисолаҳо ва низоми нави Комиссияи Олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия батафсил шинос намуд. Сипас доир ба мавзўъҳои «Методологияи тадқиқот ва роҳҳои баланд бардоштани сифати рисолаҳо», «Унвонҷў – зинаҳои баланд бардоштани сатҳи тайёрӣ ба ҳимояи рисола» муовинони раиси Шўрои дифои ДДҲБСТ, докторони илмҳои иқтисод, профессорон Азизулло Авезов ва Аброр Мирсаидов гузориш доданд.

  • Роҳхат ба мусобиқаи Чумҳуриявӣ

    Солҳои охир дар вилояти Суғд ба равнақи варзиши тирпарронӣ байни наврасону ҷавонон эътибори махсус равона гардида, ба ифтихори ҷашнвораҳои таърихӣ тез – тез мусобиқаи мерганҳо ба вуқўъ мепайванданд.

                Нимаи дуюми моҳи феврали соли равон ба истиқболи 20 – солагии қабули Конститутсия (Сарқонун) – и  Тоҷикистони соҳибистиқлол чунин мусобиқаи вилоятӣ бо иштироки 60 нафар ҷавонон – мерганҳои беҳтарин доир гашт. Дар он аз ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят намояндагон иштирок карда, дастаи 18 нафараи шаҳри Хуҷанд нисбати ҳарифон беҳтар баромад карданд. Онҳо туфайли натиҷаҳои беҳтарини тирпарронӣ сазовори ҷойи аввал ва соҳиби роҳхат ба мусобиқаи ҷумҳуриявии мерганҳо дар шаҳри Душанбе гардиданд.

  • Тараннуми талошҳои созанда

    Дар нахустрўзҳои  баҳори оламафрўз дар аёме, ки табиат ҳусну таровати тоза мегирад, модарону хоҳарони азизи мо иди зебои хеш Рўзи модарро таҷлил менамоянд. Ин басо рамзист, зеро воҷаҳои зан, зебоӣ, гул бо ҳам пайвандии қавӣ доранд. Аз ин ҷост, ки ҳамасола Рўзи модар дар маъвои саодати маънавии мо бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

                Дирўз ба ифтихори Рўзи модар дар толори асосии донишгоҳ таҳти унвони «Модар – сарчашмаи ҳаёт» маҳфили бошукўҳи идона баргузор гардид. Нахуст ректори донишгоҳ Ҷ.Ҳ.Ҷўрабоев, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мудири шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Аминҷон Шарифов, олимаҳо, муаллимаҳову кормандони маъвои маърифатро бо иди нишотбахши Рўзи Модар таҳният гуфтанд. Зикр гашт, ки имрўз – дар даврони истиқлолият рисолати зан- модар мазмуну маънои нав пайдо намуд. Бонувони азизи кишвар, аз ҷумла олимаҳо, муаллимаҳову кормандони донишгоҳ чун аъзоёни пешқадами ҷомеа дар кори омодасозии мутахассисони сазовор ва шукуфоию пирўзиҳои Тоҷикистони маҳбуб фаъолона ширкат варзида, пайваста нақши созандаю назаррас мегузоранд.

  • Насиба – сазовори ҷойи аввал

    Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва идораи фарҳанги маркази вилоят дар толори театри тамошобини навраси ба номи Одилҷон Назаров ба ифтихори Рўзи модар ва Наврўзи оламафрўз озмуни «Зан – сарчашмаи ҳаёт» баргузор гардид. Дар он намояндагони мактабҳои олии касбии вилоят, омўзишгоҳҳову таълимгоҳҳои дигар аз рўи чаҳор намуд  шарти озмун байни ҳам қувва озмуда, маҳорату малакаи хешро намоиш доданд. Намояндаи донишгоҳи мо, муҳассили соли якуми факултети баҳисобгирӣ ва андоз Насиба Камолова дар ин озмуни бонуфуз аз ҳама беҳтар ҳунарнамоӣ карда дар ҷамъбаст сазовори ҷойи аввал, нишони ифтихорӣ ва тўҳфаи хотиравӣ гардид.

  • Китобҳои нав – армуғони чашнӣ

                Сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш таъкидан зикр доштанд: «Олитарин офаридаҳои моддиву маънавии башарият маҳсули хираду заковати инсонӣ мебошад». Бале, дар айёми мо зиёиёни кишвар чун ганҷинаи бебаҳои сармояи ақлонии миллат дар роҳи тақвият бахшидани тафаккури созандаи ҷомеа бо масъулияти зиёде бар дўш доранд. Ин ҷиҳатро дар мисоли олимон – устодону эҷодкорони донишгоҳамон ба хубӣ эҳсос намуда метавонем. Ба ифтихори ҷашни 20 – солагии таъсисёбии донишгоҳи маҳбубамон китобхонаи маъвои маърифат аз номи устодону кормандон  китобҳои зиёди тозанашрро ҳадя гирифт. 

  • Ободонӣ – мароми шоиста

    Ободу зебо ва сабзгардонии диёр аз анъанаҳои наҷибу деринаи ниёгони арҷманди мост. Дар ин замина, ба ифтихори Наврўзи оламафрўз ва 20-солагии таъсисёбии ДДҲБСТ устодону муҳассилини донишгоҳ мунтазам ба шанбегӣ ва ҳашарҳои ниҳолшинонӣ баромаданд. Аз ҷумла,  то дирўз бо иқдоми неки устодону муҳассилини донишгоҳ дар гулбоғҳо ва майдончаҳои шафати биноҳои таълимии маъвои маърифат бештар аз 300 бех ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда ва 2500 бех гули садбарг шинонида шуданд. Ҳамзамон устодону муҳассилини факултетҳои донишгоҳ бо сарварии боғбонҳо ва намояндагони шўъбаи иқтисодӣ-иҷтимоӣ  С.Дониёров, Қ.Тўхтаев, А.Самадов, А.Ғаниев, М.Орифҷонов ва дигарон бобати аз алафу буттаҳо, партовҳо тоза намудану баровардани онҳо кўмаки худро расониданд. 

  • Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ

     Дар чаласаи навбатии семинари илмӣ-назариявии кафедраи забони русӣ китоби Кароматулло Олимов «Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ» (Душанбе: «ЭР-граф», 2013) муаррифӣ карда шуд. Китоби Кароматулло Олимов «Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ» бо гуфтори Эмомалӣ Раҳмон «Раванди худогоҳиву худшиносии мардуми кишвар густариши тоза пайдо карда, ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд» оғоз шудааст. Кароматулло Олимов дар китоб дар бораи халқи соҳибдавлати мо дар муддати бисту ду сол дар соҳаҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ, иқтисодиёт, маорифу илму фарҳанг ва ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ дастовардҳои беназирро зикр намудааст. Дар китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ» Кароматулло Олимов, аз ҷумла, қайд намудааст, ки яке аз масъалаҳои ҷиддӣ дар баҳсҳои илмии муосир глобалисозии фарҳанг аст.

  • Таҷаллии тозаи наврўз

    Дар ин аёми зебои сол, ки устодону муҳассилини донишгоҳи мўътабари мо 20-умин солгарди таъсисёбии онро таҷлил доранд, иди фархундаи пуршараф ва бостонии қавмҳои ориёӣ, ифодагари ормонҳои миллии мардуми тоҷик – Наврўзи оламоро зиндагии моро таҷаллии дигар мебахшад. Устодону донишандўзони донишгоҳ ба ин ҷашнвораҳо бо дастовардҳои арзанда омаданд. Баргузории Ҳафтаҳои фаннӣ, мулоқотҳои рангин бо инсонҳои барўманду шинохта, ташкили маҳфилҳо, таҳияи рўзномахои деворию лавҳаҳои ҷолиб, тарғиби анъанаҳои беҳтарин ҷузъе аз чораҷўиҳои идонаи мост. Баробари ин, беҳтарин  донишандўзони донишгоҳ  мисли солҳои пешина ба мусобиқоту олимпиадаҳои фаннии мактабҳои олии касбии кишвар омодагӣ мегиранд.

Маҷмӯаи аксҳо

Телевизиони донишгоҳ

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Суғд

17 мик-н, хонаи 1 ш.Хуҷанд 735700

Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

+992(3422)2-38-11

+992(3422)2-51-70

http://www.zoofirma.ru/