Хабарҳо


Эъломияи умумии ҳуқуқи башар  паҳншудатарин санадест, ки  тибқи маълумот  бо беш аз 300 забон  тарҷума карда шудааст.  Он аз пешгуфтор ва 30 модда ибо...
Терроризм чун вабои аср имрўз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод м...
Санаи 4 декабри соли 2018 дар Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода...
Дар ҷаҳон ҳар кишвару миллат ва халқиятро  бо урфу одат ва анъанаҳои миллияш мешиносанду эҳтиром мегузоранд. Халқи тоҷик, ки аз қадим дорои маърифати ...

Мавқеъ


Қарни XX-XXI дар тамоми олам қарни нуру раҳмат, файзу баракат маҳсуб меёбад. Маҳз дар ҳамин қарн худшиносии инсон боло рафт, бисёр асрорҳои табиату ко...
Имрўз намояндагон ва тарафдорони гирбиҳамоӣ дар Берлин бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ раҳпаймо доир намуда истодаанд, ки ба паст задани давлату мил...
Ташкилоти эксремистии террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷумлаи онҳоест, ки мазҳабу равияҳои бегонаи диниро дар кишварамон паҳн намуда, ҷиноятҳои сан...
Дар замони муосир ҳар гуна гурўҳҳои иртиҷопараст пайдо шудаанд, ки мақсади  онҳо дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа низоандозист. Ҳизбу созмонҳои зери ...
Фильтр
  • Қутбнамои ҷомеа ҷониби оянда

    Санаи 22 декабри соли 2016 дар ҳама сохтору факултетҳои донишгоҳ тавассути телевизион тамошои оммавии устодону кормандон  ва донишҷўён аз Паёми навбатии Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён гирифт. Ҳамагон бори дигар эҳсос намуданд, ки Паёми навбатӣ ба Парлумони кишвар - ҳуҷҷати муҳими сиёсати давлат дар соли нави мелодии 2017 чун қутбнамои фаъолият роҳи моро ҷониби ояндаи дурахшон рўшанӣ мебахшад.

  • Дар партави Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»

    Боиси фараҳу сарфарозӣ ва саодати мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки санаи 22 декабри соли 2016 Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» қабул ва дар матбуоти ҷаҳон ба тасвиб расид. Мояи ифтихори тоҷикон аст, ки амалӣ гаштани ин ҳуҷҷати муҳим ба иқдому пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвандӣ дошта, мавқеи устувор касб менамояд.

  • Арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихор ва шахсиятҳои барҷаста

    Дар ҳаёти ҷамъиятии давлати тозаистиқлоли мо бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чун нишони  арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихор ва фарзандони фарзонаи миллат, ки бобати озодиву шукуфоии халқ талошу ҷонбозиҳо кардаанд, таваҷҷўҳи хоса зоҳир мегардад.

    Дар заминаи чунин иқдомҳои шоиста дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ силсилаи чорабиниҳои илмӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ба нақша гирифта шудаанд.

  • Талоши густурдаю муназзам

    Соли 2017 ба таъсиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон 90 сол пур мешавад. Ин ташкилоти башардўстона 23 декабри 1927 дар кишвари мо арзи ҳастӣ намуда, фаъолияти худро дар асоси принсипҳои бунёдии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар амалӣ месозад.

             Ба ифтихори санаи таъсисёбии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон намояндагони раёсати ташкилоти мазкур дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо садорати факултети ҳуқуқшиносӣ ва кафедраи ҳуқуқи сиҳибкорӣ ва байналмилалӣ конференсияи илмӣ – амалиро доир намуд.

  • Завқиддин – ғолиби ҳамоиши илмии байналмилалӣ

    Ҳамасола бо ибтикори раёсати Донишгоҳи Амрикоии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкек дар заминаи лоиҳаи Модели Созмони Милали Муттаҳид бо ширкати беҳтарин донишандўзони мактабҳои олии кишварҳои Осиёи Миёна ва ҳамсоядавлатҳои дигар конференсияи илмии байналмилалӣ баргузор гашта, беҳтарин маърўзаҳо қадршиносӣ мегарданд.

    Соли равон чунин чораҷўии бонуфузи илмии донишҷўён дирўз дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷараён гирифт.

  • Китоби чоруми Муҳибҷон Эрбоев интишор гашт

    Тариқи нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд китоби таҳиянамудаи донишҷўи соли чоруми факултети ҳуқуқшиносӣ, раиси ҷамъияти илмии донишҷўёни ДДҲБСТ, аъзои вобастаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳибҷон Эрбоев таҳти унвони «Шарҳи мухтасари асосҳои давлат ва ҳуқуқ» аз нашр баромад.

    Дар китоби мазкур асосҳои ташкилу фаъолияти дастгоҳи давлатӣ, шаклҳои сохти давлатдорӣ, идоракунӣ ва навъи режимҳои сиёсӣ, вазифаву функсияҳои давлат дар заминаи қонунҳои  асосӣ дар шакли нақшаҳо ба хонандагони сершумор манзур гардидаанд.

  • Нақши зани тоҷик дар бунёди оила

    Дар айёми мо масъалаи маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, пойдории оила аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо дорад. Зеро ҷомеаи солим аз оилаи солиму  насли солим ташаккул ва камол меёбад.

    Дар ин замина, бо ташаббуси шўъбаи корҳои тарбия ва бахши кор бо занони донишгоҳ чанде пеш дар толори маҷлисгоҳи бинои нави таълимии маъвои маърифат конференсияи маърифатӣ – тарбиявӣ таҳти унвони «Нақши зани тоҷик дар бунёди оила»  баргузор гардид.

  • Омили муҳими ташаккули маърифат

    Шўъбаи таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ тибқи нақшаи фаъолият мулоқоти мутахассисонро аз ташкилоту муассисаҳои корфармо бо иштироки хатмкунандагони имрўзаи маъвои маърифат идома мебахшад. Вохўриҳо тариқи машваратҳои сайёр низ ба вуқўъ мепайванданд.

    Чанде пеш чунин машварати сайёр бо иштироки хатмкунандагон – муҳассилини  соли чоруми ихтисоси бонкӣ дар БДА ҶТ «Амонатбонк» ва ҶДММ ТАҚХ «Матин» дар вилояти Суғд ҷараён гирифт.

  • Бо ақидаҳои солиму пешбаранда

    Дар такя ба маълумоти расмӣ ва иттилооти матбуоти давр 394 нафар сокини вилояти Суғд дар ҷангҳои Сурия иштирок доранд. Маврид ба ёдоварист, ки дар нимсолаи аввали соли 2016 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 130 нафар роҳбар ва аъзои ҳизбу ҳаракатҳои диниву экстремистӣ дастгир гашта, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд. Дар маҷмўъ, аз Тоҷикистон бошад, теъдоди нафароне, ки дар Сурияву Ироқ меҷанганд, аз 1100 нафар зиёд аст, - зикр гашт дар мулоқоте, ки бо иштироки прокурори калони шўъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи вилояти Суғд, мушовири дараҷаи IIҶўраева Донохон Тўрахоновна санаи 25 ноябри соли 2016 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид.

  • Табрикоти солинавӣ

    ТАБРИКОТИ

    солинавии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷўрабоев Ҷамшед Ҳабибуллоевич

             Соли 2015 бо ҳама файзу нусрат, барору муваффақиятҳои беназираш ба китоби таърихи Тоҷикистон ворид мегардад. Соле, ки аз тақвими зиндагии мо рафт, соли вусъати созандагию бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва густариши худшиносию худогоҳии миллӣ барои ҷомеаи меҳнатии устодону муҳассилини Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Баробари ин, соли сипаришуда дар партави ғамхории доимӣ ва татбиқи сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат – Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф пешравиҳои азим, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, ривоҷи дўстию робитаҳои ҳамкории судманд ба вуқўъ пайвастанд.

  • Ташрифи адибон ба ДДҲБСТ

    Ба хотири баланд бардоштани маърифати фарҳангии донишҷӯён бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва бахши суғдии иттифоқи нависандагон субҳи 8-уми декабри соли равон мулоқоти адибон бо устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Дар мулоқот Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, муаллифи Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, Саидалӣ Маъмур намояндагон аз бахши  Суғдии иттифоқи нависандагони вилоят Муҳиддин Хоҷазод, Муҳаммад Субҳон, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Додохони Эгамзод  ва раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ширкат доштанд.

  • Барҳам задани хушунату зӯроварӣ дар оила

    Бо мақсади барҳам задани хушунату зӯроварӣ дар оила санаи 7 декабри соли равон дар толори маҷлисгоҳи бинои асосии  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохўрии устодону донишҷӯён бо намояндагони бахши кор бо занони ҲХДТ дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, ҳуқуқшиноси Маркази занон «Гулрухсор» Н. Ҷўраева баргузор гардид.

    Муовини ректор оид ба корҳои тарбия, дотсент Мубина Хоҷаева ба чорабини ҳусни ифтитоҳ бахшида аз ҳадафҳои баргузории  он ҳарф зад. Сипас, Мудири бахши кор бо занони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳамрохон Отаева перомуни хушунату зўроварӣ дар оила, одоби оиладорӣ ва таҳаммулпазирӣ ибрози назар намуд. Зикр гардид, ки  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади дастгирии оилаҳо маркази ҳифзи ҳуқуқи оиларо ташкил кардааст, ки корафтодагон метавонанд аз ин марказ муроҷиат намуда, маслиҳатҳои муфид гиранд.

  • Таҷлили соли нав дар донишгоҳ

    Санаи 30-юми декабр дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон соли нави мелодиро таҷлил намуданд, ки дар он ҳайати устодону проффесорон ва кормандони ин боргоҳи маърифат ширкат доштанд.

    Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯрабоев ба чорабинии идона ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро аз номи раёсати донишгоҳ бо фарорасии соли нави мелодӣ табрик намуда, афзуд, ки бигзор дар Соли Нав ҳамаи орзуҳои неки мардуми шарифи Тоҷикистон амалӣ гардида, дар хонадони ҳар як тоҷику Тоҷикистони шодиву хушбахтӣ ва муҳаббати пок поянда бошад! Мавсуф ҳамчунин доири дастовардҳои соли 2014 ҳарф зада, дурнамои соли 2015-ро ба самъи ҳозирин расонд. Сипас донишҷӯён барномаи омоданамудаи солинавиашонро манзури ҳозирин намуданд.  Дар чорабинии имрӯза ҳунарманди мардумии ҶТ Тулқун Тоҷибоев, аълочии фарҳанги ҶТ Сулаймон Саидғозиев ва роҳбари дастаи созию овозии “Ошёни меҳр”-и донишгоҳ С. Ёқубов ширкат варзида, ба чорабини ҳусни идона зам намуданд.

  • Чанд хулоса аз бехулосагии Кабирӣ!

    Рўзҳои охир дар саҳифаҳои васоити ахбори омма атрофи мақолаи роҳбари маркази омўзиши равандҳои муосир ва оянданигарии назди Академияи илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои фалсафа Ҳафиз Бобоёров «ҲНИТ мисли ДИИШ мулҳиду кофар мерўяд» баҳсу музокирот ҳангома дорад. Дар ин росто роҳбари ҲНИТ Мухиддин Кабирӣ бошад, хулосаҳои ин марказро сахт маҳкум намудааст.

    Нисбати масъалаи мазкур ҳаминро гуфтаниям, ки то ҷойе ман воқифам  маркази номбурда аз рўи ҳадафҳои оинномавии худ равандҳои сиёсии муосирро мавриди омўзиш ва таҳлил қарор дода, дурнамои ҳаёти сиёсии Тоҷикистонро бозгўи мекунад. Барои ин марказ гирифтани иҷозати расмӣ аз ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ба мувофиқа овардани манфиатҳои тарафайн ҳоҷате надорад. Хулосаҳои он ба маърази умум барои иттилоъ ва муҳокима пешниҳод гардида, дар навбати худ омода аст, ки эродҳоро низ қабул намояд. Вале, ҲНИТ агар ягон эътирозе дошта бошад, пас бигзор ба мардум ба тариқи шаффоф ҷавҳари худро нишон диҳад. Ба хулосаҳои олимону муттахассисони ин марказ илман асоснок ҷавоб гўяд, на бо ҳарзагўиву шахсиятрасӣ.

  • Ислом аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии тавҳидӣ

    сармуалими кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳукуқ Воситов Ҳ.А.

    Дар замони муосир омилҳои ҷудоихоҳӣ ва коста гардидани ғояи ваҳдати миллӣ дар аксарияти кишварҳои мусулмонии Шарқи араб, ҳаводис ва ҷангҳои шаҳрвандии дохилӣ дар онҳо масоили аз нигоҳи нав назар намудан ба ғояи ягонагӣ ва нақши дин дар ин равандро ниҳоят муҳим гардонидаанд. Бояд гуфт, ки масъалаи номбурда барои Тоҷикистон низ, ки баъди соҳиб шудан ба истиқлолият роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқиро пеш гирифтааст аз ҳар ҷиҳат муҳиму аҳамиятнок аст. Имрўз, чуноне ки маълум аст, таъсири мутақобилаи се падида, яъне дин, давлат ва ҷамъият ба ҳам зич гардида, дар доираи он масоили таъмини ваҳдат ва амнияти миллӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, дар мувозинат нигоҳ доштани идеологияи динӣ ва ғайраҳо дар маркази таваҷҷўҳ қарор доранд. Чунин ҳолат нав набуда, балки давоми чандин асрҳо баъди нузули ислом ба Осиёи Миёна рушду такомул ёфта то замони мо омада расидааст.

  • Табрикот

    ТАБРИКОТИ

    СОЛИНАВИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ҲУҚУҚ, БИЗНЕС ВА СИЁСАТИ ТОҶИКИСТОН ҶЎРАБОЕВ ҶАМШЕД ҲАБИБУЛЛОЕВИЧ 

    Мардуми сарбаланди тоҷик ва кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон боз як соли бунёдкориву созандагиро  сипарӣ карда, бо ниятҳои нек ва нақшаҳои бузург ба сўи ояндаи обод қадамҳои устувор мегузоранд.

    Аҳли донишгоҳамон низ дар партави ғамхории доимӣ ва  сиёсати маънавибунёди Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф соли 2014 – ро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст мекунанд. Агар аҳли кишвар бо як ҷаҳон ифтихору саодат  соли сипаришуда ҷашни 20-умин солгарди Конститутсия (Сарқонун) – и Ҷумҳурии Точикистонро таҷлил карда бошанд, пас барои ҳар як узви ҷомеаи меҳнатии донишгоҳамон баробари ин санаи фархунда соли 2014 соли таҷлили бошукўҳи ҷашни 20 – солагии маъвои саодати маънавиамон гардид. Ҷиҳати истиқболи сазовори ин ҷашнҳои босаодат  ҳайати устодону профессорон, муҳассилини донишгоҳ ҷаҳду талоши зиёде ба кор бурданд.

  • Предвыборная гонка и обострение идеологической борьбы

    Как известно, приближаются дни выборов в Маджлиси Оли  Республики Таджикистан. Началась предвыборная гонка и идеологическая борьба обострилась. Это естественное явление в современном демократическом мире, ибо каждая из противоборствующих сторон будет стремиться всеми дозволенными средствами, указанными в Законе о выборах, добиться своих политических целей, удовлетворить свои политические амбиции. При этом каждая из сторон, опираясь на неопровержимые факты, иногда на менее убедительные документы или всего лишь на слухи и эмоции, стремится опорочить политического конкурента (политическую партию в целом, её членов; кандидата в депутаты или в президенты и т. д.). Как это у них получается – это другой вопрос. Мы же скажем, что обиды после выборов, взаимные упреки, сетования на нарушения Закона о выборах, объективности хода выборов, подсчета голосов, приписки – это тоже неотъемлемая часть поствыборных дебатов. Мы помним результаты последних выборов в высший орган государственной власти Республики Таджикистан 2010 года, когда, по данным счетной комиссии, неоспоримое первенство было за Народно-Демократической партией Таджикистана (НДПТ), когда 65% кандидатов по партийным спискам стали депутатами парламента и более 70% - по одномандатным округам.

  • Фикру мулоҳизаҳо дар бораи як мусоҳиба

    Баъди ба нашр расидани андешаҳои Ҳафиз Бобоёров оид ба мавзўи «ҲНИТ мисли ДИИШ мулҳиду кофар мерўяд» баҳсҳои зиёде байни аъзоёни ҲНИТ ва дигар истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ба амал омад. Онҳо бо пофишорӣ иддаои доктори илми фалсафа Ҳафиз Бобоёровро маҳкум карда, ба ин васила нишон доданӣ мешаванд, ки ҳақ ҳастанду ба роҳи рост равонанд. Маҳфили “Ҷаҳони андеша”-и Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии назди Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки бо изҳори назарҳои хос ва нашри мақолаҳо дар мавзуъҳои мазҳабӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон машҳур аст, дигарбора дар сархати ахбори расонаҳо қарор гирифт. Пажӯҳишгарони ин марказ дар вокуниш ба интиқоди Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз кори олимони Академияи улум, ин ҳизбро ба гуруҳҳои террористӣ ва Давлати Исломии Ироқу Шом ё ДИИШ шабеҳ донистанд. Ба андешаи онҳо, хатари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳам аз хатари ин гуруҳҳои тундрав кам нест.

  • К вопросу взаимоотношений секуляризма с исламской культурой

    Проблемы соотношения секуляризма и ислама в  государстве или вопросы развития ислама в условиях доминирования секуляризма – один из самых существенных и, в то же время, самых сложных в современном мире. Современное секулярное государство является европейским феноменом и результатом длительного процесса секуляризации, который привел к отделению церкви от государства. Спустя более двадцатилетия с начала процесса формирования государств в Центральной Азии, с одной стороны, сильнее проявляется приверженность большинства населения мусульманству и исламу. С другой стороны, оказывается, что и секуляризм достаточно устойчиво укоренился в обществе, что отражается на процессе формирования государств – все центральноазиатские государства образованы на основе принципа секуляризма. В этой связи взаимоотношения между секуляризмом и исламом имеют большое значение. В соотношении секуляризма и религии, возможно, заложены конфликтные потенциалы. Как способствовать тому, чтобы сторонники секуляризма и ислама не вступили в конфликт друг с другом – один из главных вопросов, а также и вызовов для развития Центральной Азии, и, следовательно, для всего евроазиатского пространства. Таджикистан в этом отношении является модельным государством, содержащим множество вышеперечисленных проблем и находящемся в постоянном поиске совершенствования общества для устойчивости своей политической системы. Светско-исламский диалог, начавшийся в нашей стране еще в начале 90-х гг. прошлого века, продолжается до сегодняшнего дня.

  • Гар ту мехоҳӣ мусулмон зистан…

    Гар ту мехоҳӣ мусулмон зистан,

    Нест мумкин ҷуз ба Қуръон зистан. 

    Муҳаммад Иқбол 

     Мусоҳибае, ки дар сомонаи интернетӣ байни роҳбари Маркази омўзиши равандҳои муосир ва оянданигории назди Академияи илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои фалсафа Ҳафиз Бобоёров ва мухбири Радиои Озодӣ баргузор шудааст, аз баҳси миёни раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва шахси номбурда оиди фаъолияти Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон бармеояд. Ҳақ бар ҷониби Ҳафиз Бобоёров мебошад, ки мегўяд: «На мазҳаб, балки сиёсӣ кардани мазҳаб боиси рукуди ҷомеа мешавад».  Дини ислом дини ҷаҳонӣ буда, аз ҷиҳати миқдори ихлосмандон дар дунё ҷои дувумро ишғол мекунад. Ислом динест, ки тамоми масоили ҳаёти инсониро дарбар гирифта, ҷавҳари онро  ахлоқу маданияти покиза ташкил медиҳад. Таълимоте ки дар Қуръону ҳадисҳои Муҳаммад пайғамбар (с)  дида мешавад, инсонҳоро ба роҳи рост ва некиву накўкорӣ даъват менамояд. Бинобар ин, ислом ба мавҷуд будани ҳизби сиёсӣ ниёз надорад.

  • Таҷлили Рӯзи Эъломияи ҳуқуқи башар дар ДДҲБСТ

    Санаи 10-уми декабр дар толори маҷлисгоҳи бинои дуюми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи қабули Эъломияи ҳуқуқи башар конфернсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ҷамъияти Вакалотдор оид ба ҳуқуқи  инсон дар вилояти Суғд ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат доштанд. Нахуст, Абдуқаҳҳор Орипов муовини ректор оид ба илм суханрони намуда, ҳозиринро аз номи раёсати донишгоҳ ба Рӯзи қабули ин санади муҳим табрик гуфт. Мавсуф ҳамзамон афзуд, ки дар замони ҷаҳонишавии босуръат амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ, зиндагии орому осуда ва устувории пояҳои давлатдорӣ ҳамон вақт пурра таъмин мегардад, ки барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқию сиёсии ҷомеа тадбирҳои мушаххас рӯи кор ояд.

    Баъдан Суҳроб Рустамов намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд номаи шодбодии раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонд.

  • МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

    Баҳри боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа санаи 2-юми декабр дар толори маҷлисгоҳи бинои дуюми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии донишҷӯдухтарони фаъол бо намояндагони  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар он Мунаввара Дадобоева мудири кор бо занон ва оила, Гулнора Дадобоева мутахассиси кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Биҳоҷал Раҳимовна ширкат доштанд.

    Нахуст, Мубинахон Хоҷаева-муовини ректор оид ба тарбия меҳмононро аз номи раёсати донишгоҳ ба ин боргоҳи илму маърифат хушомадед гуфта, риштаи суханро ба Мунаввара Дадобоева вогузошт.

    Мавсуф аз барномаҳои давлатие, ки то имрӯз баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба имзо расидаанд ёдовар шуда, доир ба мақом ва манзалати зан дар ҷомеа ибрози андеша намуд.

    Сипас, Биҳоҷал Раҳимовна аз собиқаи кориаш музокира намуда, афзуд, ки занону духтарон имрӯз дар пешрафти тамоми соҳа бояд саҳмгузор бошад.

  • КОНФЕРЕНСИЯ ИЛМИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДДҲБСТ

    Дар асоси Нақшаи баргузории машварартҳои илмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 27-уми ноябр дар толори маҷлисгоҳи бинои дуюми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Тоҷикистон дар асри ХХI: дурнамои рушди устувори иқтисодиёти миллӣ”баргузор гардид. Дар конференсия намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ДДҚ ба номи Носиири Хусрав, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Руссия ва ҳайати устодону профессорони ДДҲБС ширкат варзиданд. 

    Ба кори конференсия ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯрабоев ҳусни ифтитоҳ бахшида ҳозиринро аз номи раёсаи донишгоҳ ба боргоҳи илму маърифат хушомадед гуфт.

Маҷмӯаи аксҳо

Телевизиони донишгоҳ

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Суғд

17 мик-н, хонаи 1 ш.Хуҷанд 735700

Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

+992(3422)2-38-11

+992(3422)2-51-70

http://www.zoofirma.ru/