Хабарҳо


Эъломияи умумии ҳуқуқи башар  паҳншудатарин санадест, ки  тибқи маълумот  бо беш аз 300 забон  тарҷума карда шудааст.  Он аз пешгуфтор ва 30 модда ибо...
Терроризм чун вабои аср имрўз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод м...
Санаи 4 декабри соли 2018 дар Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода...
Дар ҷаҳон ҳар кишвару миллат ва халқиятро  бо урфу одат ва анъанаҳои миллияш мешиносанду эҳтиром мегузоранд. Халқи тоҷик, ки аз қадим дорои маърифати ...

Мавқеъ


Қарни XX-XXI дар тамоми олам қарни нуру раҳмат, файзу баракат маҳсуб меёбад. Маҳз дар ҳамин қарн худшиносии инсон боло рафт, бисёр асрорҳои табиату ко...
Имрўз намояндагон ва тарафдорони гирбиҳамоӣ дар Берлин бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ раҳпаймо доир намуда истодаанд, ки ба паст задани давлату мил...
Ташкилоти эксремистии террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷумлаи онҳоест, ки мазҳабу равияҳои бегонаи диниро дар кишварамон паҳн намуда, ҷиноятҳои сан...
Дар замони муосир ҳар гуна гурўҳҳои иртиҷопараст пайдо шудаанд, ки мақсади  онҳо дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа низоандозист. Ҳизбу созмонҳои зери ...
Фильтр
  • Ҳалли мушкилот ва дарёфти роҳҳои инкишоф – асоси рушди минбаъда

    Рушди минбаъдаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба робитаи он бо давлатҳои минтақа ва ҳамсоякишварҳо бастагии қавӣ дорад. Маҳз чунин робитаҳо имкон фароҳам меоранд, ки кишвари соҳибистиқлоли мо бобати ҳалли мусбии мушкилоти ҷойдошта, дарёфти роҳҳои судбахши инкишофу ҳамкориҳо муваффақ бошад. Мавзўи конференсияи илмию амалии байналхалқие, ки санаи 25 ноябри соли 2016 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони «Давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ: мушкилот ва роҳҳои инкишоф» ҷараён гирифт, фарогири чунин масъалаҳои муҳим маҳсуб меёфт.

  • Парчами миллӣ – рамзи иқболу пирўзӣ

    Парчам ва парчамдорӣ – аз суннатҳои қадимаи давлатдорӣ буда, арҷ гузоштан ба он – эҳтиром ба арзишҳои деринаи таърихист. Ифтихор ва саодати бузургест, ки ҳамасола ин рўзи фараҳбахш дар саросари кишвар бо шукўҳу шаҳомат, ифтихор аз ватану ватандорӣ таҷлил мегардад.

    Ба ифтихори Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чораҷўиҳои бонуфузу хотирмон ба  вуқўъ пайвастанд. Аз ҷумла, санаи 22 ноябри соли 2016 ба шарафи ин санаи таърихӣ дар маъвои маърифат маҳфили бошукўҳи маърифатӣ – фарҳангӣ ташкилу баргузор гашт.

  • Ҷавонон алайҳи терроризм ва ифротгароӣ

    Санаи 18 ноябри соли 2016 дар толори маҷлисгоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохўрии устодону донишҷўёни факултети бизнес ва идоракунӣ бо намояндаи мақомоти Прокуратураи вилояти Суғд, сардори шўъбаи муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ, мушовири адлияи дараҷаи II Файзуллозода Таваккал Аҳмадиён баргузор гардид.

  • Хуршеди уфуқи ҷаҳони нави тоҷикон

    Мардуми шарафманду ватандўсти меҳан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мисли хуршеде дар уфуқи ҷаҳони нави тоҷикон пазируфта, ба хидматҳои бузургу бемунтаҳояш бобати рушду шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо садоқат ва самимияти фузун арҷ мегузоранд. Пешвои муаззами мо шахсияти бузурги таърихиест, ки халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид намуд, онро аз гирдоби нобудӣ наҷот дода, ҷон дар кафи даст мухолифонро ба оғўш кашида, ба миллати мотамзада Ваҳдату Сулҳ овард, ба халқи ноумед умеди тоза бахшид, ба ҷои кинаву адоват амнияту дўстиро ҳокими сарзамин гардонид.

  • Қарзи шаҳрвандии мо

    Нимаи аввали моҳи ноябри соли 2016 бо ибтикори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар макотиби олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят бобати иҷрои қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 25 майи соли 2016, таҳти №263 дар бораи татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар доираи аксияи вилоятӣ силсилаи вохўриҳо доир гардиданд.

  • Такя ба маънавиёти пурғановат

    Пешвои баргузидаи халқ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар вохўриҳои хеш бо ҷавонони кишвар таъкид месозанд, ки онҳо бояд таърихи гузаштаи халқи худ, ҳаёти моддию маънавии онро тавре ки ҳаст, бидонанд. Бе маърифати таърихи халқи худ, бе такя ба маънавиёти пурғановати гузашта, бе истифода аз анъанаву суннатҳои дар тўли ҳазорсолаҳо ташаккулёфта ба муваффақият ноил шудан амри маҳол аст.

    Дар ин замина, баргузории Ҳафтаи кафедраи таърихи халқи тоҷик, ки санаҳои 8-12 ноябри соли 2016 дар факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ҷараён гирифт, бо чораҷўиҳои пурмўҳтаво ва рангини хеш – конференсияи илмию амалӣ, озмун – олимпиада, сабқати беҳтарин кори хаттӣ, семинари илмию назариявӣ, машғулиятҳои кушоди таълимӣ, викторина, боздид аз Осорхонаи донишгоҳ ва дигарҳо дар хотири ҳамагон нақши мунир боқӣ  гузошт.

  • Маркази рушди касбӣ: мусоидат ба пешрафти фаъолият

    Бо дастгирӣ ва дастури ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло шурўъ аз моҳи марти соли 2016 дар маъвои маърифат Маркази рушди касбӣ таъсис ва ба фаъолият оғоз бахшид.

     Ҳадафи таъсиси ин марказ ба низом даровардани шуғли минбаъдаи мутахассисони ҷавон, рушди касбияти донишҷўёну хатмкунандагон, ташаккул додани механизми ҳамкорӣ бо мақомоту идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, корхонаву муассиса, ташкилотҳо, шуғли аҳолӣ дар самти мусоидат бобати бо ҷои корӣ таъмин кардани хатмкардагон аст. Бо ин мақсад, моҳи июни соли 2016 дар донишгоҳ ҳамоиши хатмкардагон баргузор гардида, ассотсиатсияи хатмкардагони ДДҲБСТ таъсис ёфт.

  • Озмуни «Беҳтарин роҳбари гурўҳи академӣ» ҷамъбаст гардид

    Ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба таблиғи донишу хирад, тафаккури пешрафтаи насли ҷавон, таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ равона гардидааст, ҳамчунин барои боз ҳам беҳтар ба роҳ гузоштани корҳои тарбиявӣ, дастраси умум гардонидани таҷрибаи пешқадами роҳбарони гурўҳҳои академӣ бо фармони ректори донишгоҳ аз санаи 28 ноябри соли 2014, таҳти №71 ҳамасола озмуни «Беҳтарин роҳбари гурўҳи академӣ» гузаронида мешавад.

  • «Дастони моҳир» - мактаби сайқали маҳорат

    Бо мақсади эҳёи анъана ва расму оинҳои миллӣ, талқини ҷавонон ба мустақилият, сайқал бахшидани малакаи ҳаётии онҳо, ҳавасмандгардонии соҳибистеъдодҳо Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд байни донишҷўёни хобгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят озмуни вилоятии «Дастони моҳир»-ро эълон намуд. - Озмуни мазкур аз ду марҳала иборат буда, даври аввали он дар хобгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ гузаронида мешавад, - изҳор дошт дар сўҳбат муовини ректор оид ба корҳои тарбияи донишгоҳ, дотсент М.Ҷ. Хоҷаева. – Даври дуюми

  • Ташаккул ва камолоти навоварони ҷавон – тақозои айём

    Cанаи 4 ноябри соли 2016 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар заминаи мулоқоти ҷамъбастии намояндагони донишгоҳҳои пазируфтаи ҳамкор вобаста ба лоиҳаи «Озмоишгоҳҳои навоварона чун ангезандаи навгониҳои устувор дар секунҷаи маърифат» - INOCAST мулоқоти устодону донишҷўёни маъвои маърифат бо олимони шинохта аз Донишгоҳи Борас (Шветсия) ва муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Қазоқистон ба вуқўъ пайваст.

    Мулоқотро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Абдураҳим Ҷўраев ифтитоҳ бахшида, афзуд, ки ҳамгироии илм бо истеҳсолот, татбиқи афкори инноватсионӣ дар ҳаёт,

  • Ҳадаф: боло бурдани маърифати ихтисосӣ

    Ҳамасола санаи 31 октябр намояндагони соҳаи иқтисодиёти кишварҳои олам Рўзи байналмилалии пасандозро таҷлил менамоянд.

    Дирўз ба ифтихори ин санаи таърихӣ устодони факултети молия дар ҳамдастӣ бо кормандони ташкилоти хурди пасандози «Микроинвест» дар шаҳри Хуҷанд барои муҳассилини соли чоруми ихтисоси 1-25.01.04 - молия ва қарз ва 1-25.01.04.02 - кори бонкӣ семинари илмию методиро доир намуданд. Ҳадафи баргузории ин чораҷўӣ боло бурдани маърифати ихтисосӣ, рўшани бахшидан ба мавқеи асъори миллӣ дар ҳаёти шаҳрвандон, сармоягузорӣ дар шароити муосир, эҷоди моделҳои навин барои пасандоз, баррасию омўхтани хавфу хатар

  • Футбол: ғолибон муайян гаштанд

    Бо ташаббуси кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори Соли фарди солим байни устодони донишгоҳ мусобиқаи футболи хурд ташкилу баргузор гардид.

    Дар ин сабқат ҳафт даста – дастаи факултетҳо ва раёсати донишгоҳ байни ҳам қувва  озмуданд. Мақсад  аз баргузории мусобиқа, ки санаҳои 26-31 октябр ҷараён гирифт, тарғиби тарзи ҳаёти солим, инкишофи варзиш, тақвияти дўстии мустаҳкам байни омўзгорони маъвои маърифат маҳсуб меёфт. 

    Бозии дастаҳо шавқовару рангин доир гардида, собит сохт, ки ба он дастаи факултети баҳисобгирӣ ва андоз бо тайёрии хуб омадааст.

  • Сарчашмаи саодати мардум

    Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини кишвар санади таърихӣ буда, он асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии  таҳкиму пешрафти моро тибқи меъёрҳои эътирофгардида муқаррар менамояд. Дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат, ки онро чун сарчашмаи саодати мардум эътироф менамоянд, тамоми паҳлўҳои ҳаёти ҷомеа танзими ҳуқуқии худро дарёфтаанд.

    Ба ифтихори 22-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори раёсати донишгоҳ ва факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон санаи 1 ноябри соли 2016 конференсияи илмӣ баргузор гардид.

  • Ҳамоиши бонуфузи намояндагони донишгоҳҳои ҳамкор

    Санаҳои дуюм ва сеюми ноябри соли 2016 бо эҳтимоми раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар толори маҷлиси осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Гулистон мулоқоти ҷамъбастии намояндагони донишгоҳҳои баргузидаи ҳамкор дар доираи лоиҳаи «Озмоишгоҳҳои навоварона чун ангезандаи навгониҳои устувор дар секунҷаи маърифат» - (INOCAST) ба вуқўъ пайваст.

    Ба мулоқоти мазкур баробари ҳамоҳангсози лоиҳа – намояндагони Донишгоҳи автономии Барселона (Испания), ҳамзамон аз Донишгоҳи Ковентри (Англия), Донишгоҳи Борас (Шветсия), Донишгоҳи техникии Ҷумҳурии Латвия, ду донишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, се донишгоҳи Ҷумҳурии Қирғизистон, се донишгоҳ

  • Гузориш оид ба маҳфили маърифатӣ-фарҳангии ДДҲБСТ ба муносибати Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Дар таърихи 23 ноябри соли 2015 дар маҷлисгоҳи бинои асосии донишгоҳ  чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати меҳмонон, профессорону устодон ва донишҷўён    баргузор гардид.

            Қабл аз суханронии ректори донишгоҳ ва меҳмонони чорабинӣ бо эълони баранда Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти садои мусиқии тантанавӣ ворид карда шуд ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон танинандоз гардид.

            Ректори донишгоҳ профессор Ҷўрабоев Ҷ.Ҳ. ба кори маҳфил ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳамагонро бо Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд. Қайд гардид, ки Парчами мо рамзи давлатдорӣ, истиқлолияти миллӣ ва орзуву ормонҳои  тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. 

          Воҳидов Ҳабибулло Сайдуллоевич- прокурори вилояти Суғд, мушовири давлатии адлияи дараҷаи сеюм ҳозиринро бо Рўзи Парчами давлатӣ муборакбод намуда,  ба ҳамагон беҳтарин неъматҳои зиндагӣ ва сулҳу суботи ҳамешагиро таманно намуд. 

  • Конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи “Ташаккули самтҳои инноватсионии илмҳои дақиқ ва техникӣ дар замони муосир: муаммо ва дурнамои рушд”

    Дар таърихи 19 ноябри соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи ДДҲБСТ конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Ташаккули самтҳои инноватсионии илмҳои дақиқ ва техникӣ дар замони муосир: муаммо ва дурнамои рушд” баргузор гардид. Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўрабоев ба кори конференсия ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳамагонро ба боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Мавсуф қайд намуд, ки баргузории конференсия  дар рушди илм, пажўҳишоти илмии бунёдӣ,  ташаккули самтҳои рушди техника ва технологияи муосир нақши бориз хоҳад гузошт.

  • БАРНОМА

         

    БАРНОМАИ

    конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи Ташаккули самтҳои инноватсионии илмҳои дақиқ ва техникӣ дар замони муосир: муаммоҳо ва дурнамои рушд”

                                                                         (19 ноябри соли 2015)

    Скачать

  • Равишҳои тадқиқоти илмӣ дар замони муосир

    Бо ташаббуси раёсати илм ва иноватсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар таърихи 12 ноябри соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и донишгоҳ конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Усул ва равишҳои таҳқиқоти илмӣ дар замони муосир” доир гардид. Дар конференсия намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, олимону устодон ва унвонҷӯёну магистрантони донишгоҳу донишкадаҳои қаламрави вилоят ширкат доштанд.

    Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯрабоев ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида афзуд, ки имрӯзҳо таваҷҷӯҳи давлату ҳукумати мамлакат нисбати рушду такомули илм бештар зоҳир гардида, илм ва пажӯҳишоти илмӣ дар баробари соҳаи маориф аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дониста шудааст

  • Лоиҳаи нави аврупоӣ «Introducing transdisciplinary european studiesin Tajikistan» («Омўзиши байнисоҳавии аврупоӣ дар Тоҷикистон») дар донишгоҳ

    Санаи 12 ноябри соли 2015 ҳамоҳангсозони лоиҳаи барномаи Иттиҳоди Аврупо Эрасмус+ лоиҳаи навро таҳти унвони «Introducing Transdisciplinary European Studiesin Tajikistan» («Омўзиши байнисоҳавии Аврупоӣ дар Тоҷикистон») муаррифӣ (презентатсия) намуд. Дар вохӯрӣ бо меҳмонон намояндагон ва масъулини бахшҳои таълим, робитаҳои байналхалқии донишгоҳ, илм, тарбия ва дигарон ширкат варзиданд. Татбиқкунандаи лоиҳа намояндагони донишгоҳи ҳамоҳангсоз – Донишгоҳи Дрездени Олмон профессор  Экхард Хейнике ва профессор Марк Лотор  устодони донишгоҳро бо марҳилаҳои асосии лоиҳа шинос намуда, ҳадаф ва тартиби амалӣ гардонидани онро ба самъи иштирокчиён расониданд. Қайд гардид, ки аз Тоҷикистон Академияи илмҳои ҶТ, ВМИҶТ, Донишгоҳи милли Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишгоҳҳои давлатии Хоруғ, Данғара ва ДДҲБСТ шарикони лоиҳаи мазкур мебошанд. Лоиҳаи мазкур ҷорӣ намудани ихтисоси навро дар магистратураи донишгоҳҳои ҳамкор пешбини намуда, аз январи соли 2016 то соли 2018 татбиқ карда мешавад.

  • Сиёсати молиявию қарзӣ дар шароити муосир

    Дар доираи ҳафтаи кафедраи молия ва қарзи факултети молия санаи 9 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи бинои таълимии донишгоҳ бо ҷалби мутахассисони соҳаи молия ва қарз, устодону донишҷӯён ва унвонҷӯёну магистрантон баҳри таҳким бахшидан ба самтҳои муосири робитаи назария ва амалия дар риштаи улуми молия ва қарз мизи мудаввар таҳти унвони “Сиёсати молиявию қарзӣ дар шароити муосир: самтҳои рушд ва муаммоҳо” баргузор гардид. Дотсент Тухтабой Тухтаев мудири кафедраи молия ва қарз ба кори ҳамоиш ҳусни оғоз бахшида, доири нишондодҳо ва натиҷаҳои сиёсати қарзию молиявӣ дар минтақа гузориш дод.

    Нарзулло Маликов - сардори нозироти андози вилоят доир ба самтҳои муҳими сиёсати молию қарзӣ ва омӯзиши фаъолияти молии корхонаҳо, самтҳои барномаҳои мақомоти андоз маълумоти муфассал дод. Манучеҳр Масаидов намояндаи сарраёсати молия дар вилояти

  • КОНСТИТУТСИЯ САРЧАШМАИ САОДАТ

    Бахшида ба 21 солагии Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 4-уми октябри соли равон дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, устодону муҳассилини донишгоҳ конференсияи илмӣ таҳти унвони “Конститутсия сарчашмаи саодат ва инкишоф” баргузор гардид.

             Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯрабоев ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки қабули ин санади муқаддас сохти давлатдорӣ ва ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро  муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат асос гузошт.Мавсуф зимнан таъкид дошт, ки

  • Нақши ҳавзаи илмии Cуғд дар забоншиносии муосири тоҷик

    Таърихи 20-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори маҷлигоҳи бинои дуюми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба фаъолияти илмии забоншинос ва шарқшиноси варзида Нурулло Ғиёсов конференсияи илмӣ таҳти унвони “Нақши ҳавзаи илмии Суғд дар густариши суханшиносии муосири тоҷик” баргузор гардид. Дар конференсия намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанду Чкаловс, ҳайати устодону проффесорони ДМТ, ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, ва ДДҲБСТ ширкат доштанд.

    Ба кори конференсия ректори донишгоҳ Ҷӯрабоев Ҷамшед ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро аз номи раёсати донишгоҳ хушомадед гуфт. Нурулло Ғиёсовро ба синни мубораки 60 солагӣ аз самими қалб табрик намуда, афзуд, ки саҳми эшон дар пешбурди ҳавзаи илмии Суғд хеле назаррас аст.

  • Таҷлили рӯзи парчами миллӣ дар ДДҲБСТ

    Сӯбҳи 19-уми ноябри соли равон дар бинои асосоии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Парчами миллӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабини намояндагон аз Мақомомти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат доштанд.           Нахуст ректори донишгоҳ Ҷӯрабоев Ҷамшед ба чорабини ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро аз номи раёсати донишгоҳ ба муносибати ҷашни Парчами миллӣ табрик гуфт. Мавсуф ҳамзамон афзуд, ки парчаму парчамбардорӣ аз гузаштагонамон ба мо мерос мондааст. Ҳадафи баргузории чорабинӣ ин пеш аз ҳама шиносоии ҷавонон бо анъана ва дастовардҳои миллӣ, бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳуввияти миллии ҳар як фард нисбат ба Парчам ва таърихи он мебошад. Баъдан, номаи табрикотии раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз ҷониби Мирзотоҳир Набиев ва номаи шодбодии раиси шаҳр Раҷаббой Аҳматзода аз тарафи Умеда Муродова ба самъи ҳозирин расонида шуд. 

Маҷмӯаи аксҳо

Телевизиони донишгоҳ

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Суғд

17 мик-н, хонаи 1 ш.Хуҷанд 735700

Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

+992(3422)2-38-11

+992(3422)2-51-70

http://www.zoofirma.ru/