Хабарҳо


Эъломияи умумии ҳуқуқи башар  паҳншудатарин санадест, ки  тибқи маълумот  бо беш аз 300 забон  тарҷума карда шудааст.  Он аз пешгуфтор ва 30 модда ибо...
Терроризм чун вабои аср имрўз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод м...
Санаи 4 декабри соли 2018 дар Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода...
Дар ҷаҳон ҳар кишвару миллат ва халқиятро  бо урфу одат ва анъанаҳои миллияш мешиносанду эҳтиром мегузоранд. Халқи тоҷик, ки аз қадим дорои маърифати ...

Мавқеъ


Қарни XX-XXI дар тамоми олам қарни нуру раҳмат, файзу баракат маҳсуб меёбад. Маҳз дар ҳамин қарн худшиносии инсон боло рафт, бисёр асрорҳои табиату ко...
Имрўз намояндагон ва тарафдорони гирбиҳамоӣ дар Берлин бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ раҳпаймо доир намуда истодаанд, ки ба паст задани давлату мил...
Ташкилоти эксремистии террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷумлаи онҳоест, ки мазҳабу равияҳои бегонаи диниро дар кишварамон паҳн намуда, ҷиноятҳои сан...
Дар замони муосир ҳар гуна гурўҳҳои иртиҷопараст пайдо шудаанд, ки мақсади  онҳо дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа низоандозист. Ҳизбу созмонҳои зери ...
Фильтр
  • Ду диплом барои ихтирои арзанда

    Идомаи солҳои соҳибистиқлолии кишвар вобаста ба масъалаи ташаккули сохтори иҷтимою иқтисодӣсилсилаи барномаҳои давлатӣ, консепсияҳо, қарорҳои дахлдори Ҳукумати Љумҳурии Тоҷикистон дар пайванд ба раванди ҳамгироии илму таҳсилот дар низоми маорифи кишвар густариш меёбанд. Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 ва баргузории озмунҳои  мухталифи ҷумҳуриявӣдар ин самт далели афкори болоист.

    Дар такя ба масъалаи мазкур муассисаи давлатии  Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • Ғолибият муборак, Зарнигор!

    Аз раёсати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон хушхабари тозае ворид гардид: дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи беҳтарини сол-2016», ки санаҳои 20-22 октябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, муҳассили соли чоруми ихтисоси 1-26.02.01, факултети бизнес ва идоракунӣ Зарнигор Ҷӯраева дар байни 17 нафар иштирокдорон аз макотиби олии касбии кишвар бомуваффақият иштирок намуда, соҳиби ҷои дуюм, Диплом ва тӯҳфаи қиматбаҳои хотиравӣ гардид.

  • Ҳисор–чеҳранамои Тоҷикистон

       Тибқи қарори Ҳукумати мамлакат соли 2015 дар Ҷумҳурӣ 3000-солагии Ҳисор, мавзеъи таърихиву фарҳангӣ бо тантана таҷлил карда мешавад. Дар ҳамин замина субҳи 23-юми октябри соли равон бо ташаббуси раёсати илми донишгоҳ бахшида ба Сеҳазорсолагии Ҳисори Шодмон дар бинои китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки устодону профессорон ва ҷалби донишҷӯён чорабинии фарҳангӣ-назариявӣ таҳти унвони “Ҳисор чеҳранамои Тоҷикистон” баргузор гардид.

             Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии сардори раёсати илм, дотсент Саидумрон Саидов оғоз бахшида, таъкид намуд, ки ташаббускори асосии ин ҷашн Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Мавсуф ҳадаф аз роҳандозӣ намудани чорабиниро ин пеш аз ҳама бедор кардани ҳисси худшиносии миллӣ ва огоҳ сохтани донишҷӯён аз таъриху фарҳанги пурғановати гузаштаи хеш арзёбӣ намуд.

  • ШУКӮҲИ МИЛЛАТ

    Дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои неки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ баҳри ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси бойи адабию фарҳангӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ансамбли шашмақомхонони “Нури Хуҷанд” санаи 30-юми сентябри соли равон бахшида ба Соли фарҳанг, Рӯзи Рӯдакӣ ва Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ  таҳти унвони “Шукӯҳи миллат” дар маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” саҳнаи ҳунарнаомиҳои Боғи Камоли Хуҷандӣ Маҳфили адабиву фарҳангӣ доир гардид.

    Дар маҳфил намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, устодон аз ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, ҳайати устодону донишҷӯёни ДДҲБСТ ва шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд ва навоҳиҳои атрофи он ширкат доштанд.  

  • Мулоқот бо профессор Владимир Михайлович

    Бо ташаббуси раёсати донишгоҳ, бахши робитаҳои байналхалқӣ, факултети ҳуқуқшиносӣ дар маҷлисгоҳи бинои таълимии донишгоҳ вохӯрии устодону донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ бо доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор корманди Академияи адлияи Федератсия Русия, роҳбари шӯъбаи назарияи ҳуқуқ, давлат ва ҳокимияти судӣ Владимир Михайлович Сырых баргузор гардид.

     Нахуст, муовини ректор оид ба робитаҳои байналхалқии донишгоҳ Абдураҳим Ҷӯраев ҳузури меҳмонро ба боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, ҳадафи баргузории мулоқотро аз баланд бардоштани савия донишу маърифати ҳуқуқии донишҷӯён арзёбӣ кард. Мавсуф зимнан афзуд, ки Владимир Михайлович яке аз олимони барҷастаи соҳаи илми ҳуқуқшиносии Федератсияи Русия буда, муаллифи зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ, даҳ монография ва дастурҳои методию таълимӣ мебошад.

  • Эълон

     Ба донишҷӯёни хатмкунандаи соли хониши 2015-2016  факултетҳои бизнес ва идоракунӣ, иноватсия ва телекомуникатсия, молия, сиёсатшиносӣ ва МБ (курси 5) ҳуқуқшиноси (4 сола) (6 сола) 

     Хабарнома 

    Донишгоҳи  давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи Шумо мерасонад, ки аз санаи 20.10.2015  машғулиятҳои дарсӣ ва сессияи имтиҳонотӣ оғоз гардида, то санаи 28.11.2015 давом мекунад.

             Дар донишгоҳ  Марказӣ тестӣ ташкил, гардида, ба кор шурӯъ намудааст.  Аз ин лиҳоз, тарзи супоридани имтиҳонҳои сессионӣ ва баҳогузорӣ ба таври электронӣ дар Маркази тестии донишгоҳ амалӣ мегардад.  Санҷишу имтиҳоноти даҳонӣ ва гирифтани имтиҳонот аз тарафи омӯзгори дарсдиҳанда барҳам хӯрдааст. Дар ҳолати дар рӯзҳои муайянкардашуда бе ягон огоҳӣ ба дарс ва сессияи имтиҳонотӣ иштирок накрадани Шумо, мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»  аз сафи донишҷӯён хориҷ мегардед. Иштироки пурраи Шумо ба дарсҳо ин мақоми ҳалкунанда дар сазовор гаштан ба баҳоҳо мебошад. Ҳатман бояд аз кафедраи тахассусӣ мавзӯи рисолаи дипломӣ гиред. Имсол пас аз сессия 4 – ҳафта таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ пешбинӣ гардидааст. Пардохти маблағ таҳсил ҳатмӣ буда он бояд 100% - ро ташкил диҳад.

             Бинобар ин аз Шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки санаи 20.10.2015 соати 12:30 ба ДДҲБСТ ҳатман  ҳозир шавед.

      Телефон  2-63-46 (барои тамос)

                                                                                                                                       Раёсати таълим

  • Рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ

    Субҳи 9 октябри соли равон дар маҷлисгоҳи бинои таълимии  ДДҲБСТ конференсияи илмӣ дар мавзўи «Омилҳои  молиявию қарзӣ дар таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ» баргузор гардид. Дар конференсия намоянда аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҳайати устодону проффесорон ва муҳассилини донишгоҳ ширкат доштанд. 

         Муовини ректор оид ба корҳои илмии донишгоҳ дотсент Абдуқаҳҳор Орипов конференсияро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки ҳадафи баргузории конференсия ин таҳким бахшидан ба рушди иқтисодиёти миллӣ мебошад. Мавсуф ҳамзамон устоди донишгоҳ н.и.и., дотсенти кафедраи кори бонкӣ Дилбар Юсуповаро бо 80-умин солгарди баҳори умраш аз номи раёсати донишгоҳ таҳният гуфта, ба соҳибҷашн саодату сарбаландиро таманно намуд.

  • Фирефтаи ифротгароён нашавем

    Вазъияти ноороми ҷаҳонӣ, таҳдид ба зиндагии осоишта ва сулҳу суботи инсоният имруз аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст.

     Ҳангоме, ки кас тариқи расонаҳои хабарӣ гурезагони давлатҳои Шарқро мебинад, ки  дар даст кудакони хурдсол бо чи қадар машаққату азиятҳо, дар ҳоли маъюсӣ ва ноумедиҳо аз тарси маргу куштор сарҳадҳои давлатҳои дигарро убур менамоянд, дилаш реш мешавад.

    Охир, онҳо низ соҳиби давлату хонаву дар буданд. Кўдакони онҳо низ орзуи хушҳоливу донишандузиро доштанд. Кӣ онҳоро ба ин аҳвол расонд?

    Вабои аср, ки онро ифротгароӣ ё худ терроризми байналмилалӣ меноманд.

  • Баъзе андешаҳо нисбати сиёсати имрўзаи ташаккули ифротгароӣ

    Равандҳои сиёсию иҷтимоии замони муосир аз ҷиҳати мазмуну моҳият ва хусусиятҳои амалишавии худ бо пуртазодию пешгўӣ нашуданашон фарқ мекунанд. Ин аст, ки муҳити иҷтимоӣ дар аксар маврид вобаста ба пешгирии онҳо инстинкти худнигоҳдориро истифода бурда наметавонад. Ин хусусият бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки таъсири василаҳои иттилоотӣ ба ҳама равандҳои сиёсӣ рўз то рўз зиёд гашта, дарёфти технологияҳои назорат ва идоракунии онҳо мушкил гашта истодааст.

    Саволе ба миён меояд, ки кадом гурўҳи ҷавонон ва занон бештар майли гаравидан ба равияҳои ифротиро доранд?

    Лозим ба ёдоварист, ки раванди тарбия низ дар замони муосир хусусияти мушкил ба худ касб намудааст.

  • Геополитика ислама и терроризм

    Одна из самых сложных задач процесса человеческого познания- это понимание особого рода  идеальных объектов, а именно того громадного комплекса мира идей, или «информационного океана», который создан в историческом развитии духовно- практической деятельности людей.

    Как и каждая из мировых религий, ислам представляет собой сложный социально-духовный и культурный феномен, тесно связанный с историей, бытом, общественным строем, исповедующих его народов. Но со времени возникновения ислама прошло уже тринадцать  столетий. 

  • Терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надорад

    Терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надоранд, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист. Терроризм чун вабои асри  ХХ1  имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.

    Имрӯзҳо дар бархе аз кишварҳои ҷаҳони ислом, хусусан давлатҳои арабӣ- Сурия, Ироқ, Яман, инчунин Афғонистон амалҳои террористӣ содир шуда истодаанд,  ки вазъи сиёсӣ дар ин кишварҳо ноором буда, мардуми осоишта қурбони амалҳои  гурӯҳу ҳаракатҳои  терророристӣ ва ифротӣ гардидаанд. Хусусан зуҳури давлати исломии Ироқу Шом  барои амнияти минтақа ва ҷаҳон  таҳдидҳои навро эҷод сохтааст.

  • Озмуни ҳозирҷавобони хуштабъ дар донишгоҳ

    Санаи 7-уми октябри соли равон дар толори калони бинои асосии ДДҲБСТ бахшида ба Рўзи омўзгорон байни факултетҳои  ҳуқукшиносӣ, сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, баҳисобгирӣ ва андоз, бизнес ва идоракунӣ, инноватсия ва телекоммуникатсияи донишгоҳ мусобиқаи донишгоҳии дастаи ҳозирҷавобон ва хушдилон (КВН) баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагон аз раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Зариф Мирдадоев ва ҳайати устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат доштанд.

    Озмуни дастаҳои хушдилон ва ҳозирҷавобон тариқи шартҳои озмун, саломнома ва муаррифӣ, пешниҳоди латифа ва дар давоми 6 дақиқа омода намудани саҳнаи фарҳангӣ таҳти мусиқӣ ва рақс сурат гирифт.

  • Таҷлили Рӯзи забон дар донишгоҳ

    Санаи 5-уми октябри соли равон бахшида ба Рўзи забон дар китобхонаи илмии ДДҲБСТ конференсияи илмӣ-бадеӣ таҳти унвони “Забон – бақои миллат” баргузор гардид. Дар конференсия устодону профессорон ва донишҷўёни донишгоҳ иштирок намуданд.

    Мудири кафедраи забони тоҷикӣ профессор Туғрал Шокиров ба кори конференсия ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба таҷлили рўзи забон дар миқёси ҷумҳурӣ ибрози ақида намуд. Мавсуф таъкид дошт, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ин забони давлатї маҳсуб ёфта, ҳамасола таҷлили ин санаи таърихӣ мавқеъ ва мақоми забонро дар ҷомеаи мо боло хоҳад бурд.

  • Баъзе аз муаммоҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои ифротгароӣ ва терроризм

    Дар ибтидои қарни XXI падидаи наве бо номи ҷаҳонишавӣ авҷ гирифта ва дар арсаи байналмилалӣ муносибатҳои нави иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро ба миён овард. Дар адабиёти ҳуқуқии муосир зикр карда мешавад, ки ҷаҳонишавӣ чун ҳамкории халқҳо, ҷомеаҳо ва давлатҳо дирўз ва ё имрўз оғоз наёфта, ин раванд тамоми таърихи инсониятро ҳамроҳӣ менамояд.

             Дар заминаи пошхўрии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҷумҳуриҳои нави соҳибистиқлол тавлид гардиданд. Ғояҳои коммунистӣ аз байн рафта, дар ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол ҷараёни гуногунандешӣ ва бисёрҳизбӣ авҷ гирифт. Минбаъд дар Осиёи Марказӣ ба ҷои ҷумҳуриҳои собиқ Шўравӣ як қатор давлатҳои соҳибистиқлол ба вуҷуд омаданд, ки аз рўзи аввали мавҷудияташон ба як қатор мушкилиҳои ҷиддии иҷтимоӣ – иқтисодӣ, иҷтимоӣ – фарҳангӣ ва мафкуравӣ рў ба рў шуданд.

  • Садои ҷавонон бар зидди ифротгароӣ

    Имрўз аҳли кишвар  боварӣ доранд, ки эстремизм (ифротгароӣ),  ғайр аз ҳалокати одамони бегуноҳ, гумроҳшавии ҷавонон, харобии иқтисодиёт, бадбахтиву касодии зиндагӣ ва нобудшавии мероси нодири таърихиву фархангӣ ба аҳли башар оқибати дигареро намеорад.

    Содиршавии ҷиноятҳои  хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки кинаву адовати миллӣ, маҳаллӣ, динӣ ҳоло аз байн нарафтаанд. Ошкоркунӣ ва бартараф карда шудани онҳо натанҳо вазифаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, балки вазифаи мо шаҳрвандон низ ба ҳисоб меравад. 

    Тамоили ҳарчи беш хурўҷ кардани ин зуҳурот ҷаҳониёнро водор месозад, ки  ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, тадбирҳои ҷиддӣ дар сатҳи баланди сиёсӣ андешида шаванд.

  • Ифротгароӣ – падидаи хатарноки ҷомеа

    Имрўзҳо, дар  шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои гуногунмазмуни байналмилалӣ  минтақаи Осиёи Марказӣ нақши  басо муҳим дошта, арсаи муборизаи  шадиди дохилӣ ва байналхалқӣ гардидааст, ки манфиатҳои кишварҳои гирду атроф ва ҳамсояҳои наздикро  фаро мегирад. Воқеият чунин аст, ки экстремизм, ифротгароӣ ва сўиқасду кушторҳои беҳуда дар ҳамаи мамлакатҳои хурду бузург ба назар мерасанд.

    Ифротгароии сиёсӣ  махсусан дар байни ҷавонон яке аз муаммоҳои марказии ҳаёти   ҷамъият ва давлати имрўза аст, оқибатҳои он ҳамеша вайронкорӣ ва бесуботист. Хавфи ифротгароӣ дар байни ҷавонон натанҳо дар  тартиботи ҷамъиятӣ хатар дорад, балки ин падидаи номатлуб, бештар ҷиноятҳои вазнинро низ ба миён меорад, ки онњо терроризм ва бетартибињои оммавӣ мебошанд.

  • Тарбияи ҷавонон

    Санаи 22-юми октябри соли равон дар бинои асосии ДДҲБСТ  маҳфили мубоҳисавӣ дар мавзӯи “Одобу ахлоқи ҷавонон дар ҷомеа” бо иштироки намояндагони кумитаи иҷроияи вилоятииҲХДТ ва ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷуён баргузор гардид. Мақсад аз баргузории маҳфили мазкур баланд бардоштани донишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва одобу ахлоқи ҷавонон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошад.Дар маҳфил оид ба мавзуъҳои муносибати ҷавонон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, иштирок дар намоишҳои театрӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ, иштирок ба чорабиниҳои сиёсию, шомилшавии баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстримистии ғайриқонунӣ миёни иштирокдорон суолу ҷавоб сурат гирифт, ки донишҷӯён ба суолҳои худ посухҳоимукаммал гирифтанд. Ҳамчунин доир ба ду қонуни қабулгардида, “Танзими ҷашну маъракаҳо ва маросимҳои мардумӣ” ва “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва татбиқи он дар кишвар мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар маҳфили имрӯза донишҷуён Ҷумъаев И., Аминов М., Саидова Ф., Раҷабова С.,ва дигарон фаъолона иштирок намуданд.

Маҷмӯаи аксҳо

Телевизиони донишгоҳ

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Суғд

17 мик-н, хонаи 1 ш.Хуҷанд 735700

Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

+992(3422)2-38-11

+992(3422)2-51-70

http://www.zoofirma.ru/