ЭЪЛОН. * * * Барномаи табодул барои донишҷӯёни ихтисоси «Муносибатҳои байналхалқӣ»!Ба таваҷҷуҳи донишҷӯёни курсҳои 1 ва 2 ихтисоси Муносибатҳои байналхалқӣ» расонида мешавад, ки санаи 18 майи соли 2018 соати 13:00 дар назди шӯъбаи обитаҳои байналмилалии донишгоҳ (каб. 303) озмун барои иштирок дар барномаи табодули донишҷӯён бо Донишгоҳи федералии Урал (шаҳри Екатеринбург, Федератсияи Русия) баргузор мегардад. * * * Барои иштирок дар озмун дониши забони русӣ, таҳсили хубу аъло ва давомоти хуб хатмист. Иштирокчиёни озмун бояд ба комиссияи озмунӣ транскрипт ва тавсияи деканатро пешниҳод намоянд.

Хадамоти амнияти донишҷўён ва дружиначиёнӣ ихтиёрӣ

Хадамоти амнияти донишчуён ва дружиначиёнӣ ихтиёрӣ сохтори ихтиёрии донишчуёни донишгоҳ буда, бо мақсади таъмини тартиботи чамъиятӣ ва мубориза бар зидди хукуквайронкуниҳо дар байни донишчуён. пешгирии таблиғоту ташвиқоти зиддиконститутсионӣ, расонидани ёрии зарурӣ ба роҳбарияти донишгоҳ ҳангоми руҳ додани ходисаҳои фавкулодда таъсис дода шудааст.

Дар фаъолияти худ Хадамоти амнияти донишҷўён ва дружиначиёни ихтиёрӣ талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ», санадҳои дигари меъёриву ҳуқуқии Ҷумхурии Тоҷикистон, Оинномаи донишгоҳ ва Низомномаи хадамоти амнияти донишҷўён ва дружиначиёнӣ ихтиёриро ба рохбарӣ мегирад.

Ба самтҳои асосии фаъолияти Хадамоти амнияти донишҷўён ва дружиначиёни ихтиёрӣ дохил мешавад:

• Таъмини тартиботи чамъиятӣ ва пешгирӣ намудани конуншиканиҳо дар худуди донишгоҳ;

• Таъмини тартибот дар чорабиниҳои сиёсй, фарҳангӣ ва тарбиявй дар ҳудуди донишгох ва шаҳру вилоят:

• Андешидани чораҳои зарурй оид ба таъмини бехатарии донишчуёни донишгоҳ дар маҳалли гузаронидани чорабинихои чамъиятй, инчунин дар чорабиниҳои шахрию ҷумхуриявӣ, ки бо иштироки донишчуёни донишгох баргузор мегарданд;

• Расонидани ёрй ба кормандони мақомоти хифзи ҳуқуқ хангоми иҷрои вазифаҳои хизматй;

• Ташкили чораҳои таъхирнопазир барои бартараф кардани оқибати офатҳои табиӣ, холатхои фавкулодда, пешгирй намудани онҳо ва расонидани кумак ба зарардидагон:

• Бо дархости мақомоти корҳои дохила ба роҳ мондани хифзи тартиботи чамъиятӣ дар худуди маҳалли дахлдор:

• Баргузор намудани сўҳбату вохўриҳо бо вайронкунандагони тартиботи чамъиятй:

• Иштирок дар чорабиниҳои пешгирии чинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ:

• Танзими истифодаи воситаҳои наўлиётй ва риояи қоидаҳои харакат дар роҳ дар ҳудуди донишгоҳ;

• Сари вакт огоҳ намудани роҳбарияти донишгоҳ оид ба вазъи тартиботи чамъиятӣ.

Ба аъзогии Хадамоти амнияти донишҷўён ва дружиначиёни ихтиёрӣ, донишчуёне кабул карда мешаванд, ки ба синни 18 расида бошанд, сифатҳои корӣ ва ахлоқиашон бенуқсон буда. вазъи саломатиашон барои ичрои вазифаҳо оид ба таъмини тартиботи чамъиятӣ ҷавобгў бошад.

Қабул ба Хадамоти амнияти донишҷўён вадружиначиёни ихтиёри аз рўи тартиботи инфиродй дар асоси аризаи шахсӣ ба номи сардори ситод ва пешниҳоди тавсиянома аз номи куратори гурўҳ ба рох монда мешавад. Ба аъзои Хадамоти амнияти донишҷўён ва дружиначиёни ихтиёрӣ шаҳодатномаи намунаи махсус, ки аз тарафи ректори донишгох ва сардори Хадамоти амнияти донишҷўён имзо карда шудааст ва хамчунин нишони сарисинагии «Хадамоти амнияти донишчуёни Донишгоҳи давлатии хукук, бизнес ва сиёсати Точикистон» дода мешавад.

Шўъбаи корҳои тарбия

 

Мудири шўъбаи корҳои тарбия

Ҷамолов Сўҳроб Нуриддинович

 

Шўъбаи корҳои тарбия 17 апрели соли 2006 дар асоси фармони ректори донишгоҳ таҳти №39 «Оиди ворид намудани тағйирот ба ҷадвали аёлотии донишгоҳ» таъсис дода шудааст.

Шўъба ҷараёни корҳои тарбиявиро дар донишгоҳ дар асоси Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаҳои кории барои ҳар як соли хониш таҳиягардида ва нақшаи дурнамои фаъолият роҳандозӣ намудааст.

Ҳадафи фаъолияти шўъбаи корҳои тарбия татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўхтарам Эмомолӣ Раҳмон, дар руҳияи ватандустӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандӣ тарбия намудани ҷавонон, пешгирии зуҳуроти бегонашавӣ ва бегонапарастӣ, гаравиш ба ташкилоту созмонҳои ифротгаро ва тақлидкунандаи таассуби динӣ, талқини тарзи ҳаёти солим байни донишҷўён мебошад.

Ба сохтори шўъбаи корҳои тарбия дохил мешавад: Шўрои кураторон, бахши тарбияи факултетҳо, бахши кор бо ҷавонон, Шўрои донишҷўён, дастаи донишҷўён дар соҳибкории озод, дастаи хушдилон ва ҳозирҷавобон, хадамоти амнияти донишҷўён, дружиначиёни ихтиёрӣ, созмонҳои ҷавонони факултетҳо, бахши кор бо занон, Шўрои бонувон, Шўрои духтарон, Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнат, Осорхонаи донишгоҳ, хобгоҳи донишҷўён, дастаи созию овозии «Ошёни меҳр», театрстудияи «Парвози истеъдод», гурўҳи рақсии «Хушхиром».

Дар ҷараёни корҳои тарбиявӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўхтарам Эмомолӣ Раҳмон ва Паёмҳояшон ба Парлумони кишвар, ҳамчунин фармонҳо ва мактубҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар Низомномаву дастурамалҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи тарбияро ба назари эътибор мегирад.

Барои дар сатҳи лозима ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия, ташакулли худогоҳию худшиносии ҷавонон, пешгирии падидаҳои манфии ҷахонишавӣ дар такя ба талаботи қонунгузории амалкунанда, консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмўъ ҳамасола беш аз 200 чорабиҳои мухталифи сиёсӣ, ахлоқӣ, маърифатӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангию варзишӣ ҷараён мегиранд.

Риояи қатъии тартиботи дохилии донишгоҳ, дастурамали либосҳои тавсиявӣ, то ба 97-98% расидани давомоти муҳассилини факултетҳо, иштироки фаъолонаи донишҷўён дар ҳафтаҳои худидоракунии донишгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, теъдоди бештари гирандагони стипендияи Раиси вилоят, иштироки устодону муҳассилини донишгоҳ дар чорабиниҳои бошукўҳи шаҳриву вилоятӣ, дар рўзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар Бадахшон, дар фестивал – озмуни ҷумҳуриявии «Ҷилваи чакан - хандаи ҳусн», ғолибияти дастаи донишгоҳ дар фестивал - озмуни вилоятии мактабҳои олии касбӣ «Фурўғи ҷавонӣ», ғолибият дар фестивал – озмуни ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ «Андалеб - 2016», ғолибият дар озмуни дастаҳои хушдилон ва ҳозирҷавобони мактабҳои олии касбии вилояти Суғд, ғолибияти дастаи мунтхаби донишгоҳ дар мусобиқаи варзишӣ дар намуди волейбол байни мактабҳои олии касбии вилояти Суғд, ишғоли ҷойи дуюм бо гирифтнаи 16 медал дар мусобиқоти ҷамъбастии Спартакиадаи донишҷўёни мактабҳои олии касбӣ дар шаҳри Душанбе, иштирок ва ишғоли ҷойи дуюм дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷўи сол» байни муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ, ғолибияти истиқоматкунандагони хобгоҳ дар озмуни вилоятии «Дастони моҳир», паст гардидани сатҳи ҷинояткорӣ байни донишҷўён, дастгирии ятимони кулл, қадршиносии донишҷўёни аълохону фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ ва волидайни онҳо, пас аз ҳар нимсола ба роҳ мондани ирсоли мулоҳизоти ҷамъбастӣ ба унвони волидайни донишҷў оид ба фаъолияти таълимиву тарбиявӣ, таҳия ва чопи китобу дастурҳои тарбиявӣ ва амсоли инҳо далели фаъолияти босамари корҳои тарбиявӣ дар донишгоҳ ба ҳисоб меравад.

Фаъолият бурдани Шўрои кураторон, Шўрои донишҷўён, дастаи донишҷўён дар соҳибкории озод, дастаи хушдилон ва ҳозирҷавобон, хадамоти амнияти донишҷўён, дружиначиёни ихтиёрӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, Шўрои бонувон, Шўрои духтарон, Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнат, дастаи созию овозии «Ошёни меҳр», театрстудияи «Парвози истеъдод», гурўҳи рақсии «Хушхиром» ба вусъат бахшидани корҳои тарбиявӣ дар донишгоҳ далолат медиҳад.

Шиори шўъбаи корҳои тарбияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон «Тарбия ва ба воя расонидани насли сазовору арзанда барои Ватани маҳбубу соҳибистиқлол» мебошад.

ШЎРОИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ

Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, иҷрокунандаи

вазифаи раиси шўрои собиқадорони меҳнати ДДҲБСТ

Абдуллоев Олимҷон Орифович

Аз рўзҳои аввали ташкили Шўрои собиқадорони меҳнат - 20 сентябри соли 2012 раисии онро номзади илмҳои биологӣ, дотсент Дониёров Музаффар Раҳматович ба зимма дошт. Таҳти роҳбарии ў аъзоёни шўрои собиқадорони меҳнати донишгоҳ дар чораҷўиҳои донишгоҳӣ ва берун аз он фаъолона иштирок карда, бобати тарбияи насли ҷавон дар заминаи анъанаҳои наҷиби ниёгони хирадманд, ташаккули ватандўстӣ, худогоҳӣ, боло бурдани маърифату дониши онҳо пайваста фаъолияти пурсамар бурд.

Аз 28 апрели соли 2016 маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботии Шўрои собиқадорони донишгоҳ иҷрои ин вазифаи масъулро ба зиммаи устоди донишгоҳ, собиқадори меҳнат, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Абдуллоев Олимҷон Орифович вогузор намуд.

Айни замон Шўрои собиқадорони меҳнати ДДҲБСТ зиёда аз 100 нафар собиқадорони меҳнатро аз ҳамаи сохтору факултетҳои донишгоҳ муттаҳид гардонида, дар асоси Низомнома дар бораи Шўрои собиқадорони меҳнати ДДҲБСТ фаъолияти худро ба роҳ гузоштааст. Дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим ва тибқи нақшаи таҳиягардида тез - тез вохўриву мулоқотҳои собиқадорони меҳнати маъвои маърифат бо устодону донишҷўён доир мегарданд. Дар ҷараёни чунин чораҷўиҳо бобати дастрас гардонидани қарору ҳуҷҷатҳои Ҳукумати мамлакат ба насли ҷавон, тарѓиби сулҳу ваҳдат, дўстӣ, ташаккули анъанаҳои наҷиби миллӣ, омода намудани мутахассисони ҷавони ояндасози меҳан ба фаъолияти мустақилонаи ҳаётӣ корҳои амалии зиёд ба иҷро мерасанд. Аъзоёни Шўрои собиқадорони меҳнат ба он азму талош доранд, ки насли ҷавони имрўзи меҳан шахсиятҳои шоистаи ояндаи Тоҷикистони маҳбуб бошанд.

Шўрои донишҷўёни Донишгоҳи давлатии ҳуҳуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Шўрои донишҷўёни Донишгоҳи давлатии ҳуҳуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мақоми доимоамалкунанда, дастаҷамъӣ ва худидоравии донишҷўён буда, ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои донишҷўён ва татбиқ намудани вазифаҳои дар Низомномаи Шўрои донишҷўёни муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда фаъолият менамояд.

Шўрои донишҷўён бо шўъбаи корҳои тарбия, инчунин, зерсохторҳои он оид ба масоили гуногуни марбут ба манфиатҳои донишҷўён робитаи доимӣ дошта, дар фаъолияти худ қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ, қарорҳои Шўрои олимони донишгоҳ ва факултетҳои он, инчунин, муқаррароти Низомномаи Шўрои донишҷўёни муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад.

Раиси Шўрои донишҷўёни донишгоҳ ба ўҳдаи донишҷўи курси чоруми факултети ҳукуқшиносӣ Ҷумаев Исматҷон вогузор шудааст.

Самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои Шўрои донишҷўён дар асоси Низомномаи Шўрои донишҷўёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон муайян карда шудааст.

Хадафҳои фаъолияти Шўрои донишҷўён иборатанд аз:

- ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои умумии донишҷўёни донишгоҳ

- ҳамкорӣ, вусъатдиҳӣ ва мустаҳкам намудани алоқаи донишҷўёни донишгоҳ бо донишҷўёни донишгоҳҳои дигар,

- таъсис ва таъмини фаъолияти воситаҳои иттилоотии донишҷўён, ҳамчунин, васоити ахбори электронии омма;

- иштирок дар идоракунии донишҷўён аз номи ҷамъияти донишҷўён тибқи шартҳои дар Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пешбинишуда;

- мусоидат ба ҳамкории созанда оид ба масъалаҳои ташкили раванди таълим байни донишҷўён, маъмурият ва омўзгорони донишгоҳ;

- амалӣ сохтани пешниҳодҳои илмию фарҳангии донишҷўён, пешбурди афкору андеша ва лоиҳаҳои онҳо, кўмак ба донишҷўёни донишгоҳ дар татбиқи имконоти эҷодӣ, ташкилӣ ва илмӣ;

- мустаҳкам кардани интизом ва болобарии фарҳанги умумии донишҷўёни донишгоҳ;

- мусоидат намудан ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии донишҷўён.

ХУДИДОРАКУНИИ ДОНИШҶЎЁН

Худидоракунии донишҷўён яке аз самтҳом муҳими фаъолияти бахши кор бо ҷавонон ва созмони ҷамъиятии донишгоҳ ба шумор меравад. Ҳадафи асосии фаъолияти Худидодаркунии донишҷўён ин дар ниҳоди донишҷўён парваридани ҳисси масъулият, тарбияи кадрҳои болаёқати роҳбарӣ, ҷалби онҳо ба низоми давлатдорӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи корбарии донишҷўён мебошад.

Ҳамасола Қарори раиси вилояти Суғд «Дар бораи ташкил ва гузаронидани Ҳафтаи иштироки донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» ба тавсиб мерасад.

Дар донишгоҳ дар асоси Қарори раиси вилоят, Фармони ректори донишгоҳ «Дар бораи ташкилу баргузории Ҳафтаи иштироки донишҷўён дар идоракунии донишгоҳ» бароварда мешавад. Ҳафтаи иштироки донишҷўён дар идоракунии донишгоҳ дар ду давр баргузор карда мешавад. Даври аввал дар факултетҳо ва даври дуюм дар сохторҳои раёсати донишгоҳ гузаронида мешавад. Дар Ҳафтаи иштироки донишҷўён дар идоракунии донишгоҳ донишҷўёне иштирок менамоянд, ки дониши хубу аъло дошта дар чорабиниҳои илмиву тарбиявӣ фаъол мебошанд.

Давраи аввали иштирок дар Ҳафтаи иштироки донишҷўён ба идоракунии факулет бо тавсияи кураторони гурўҳҳои академӣ аз тарафи садорати факултет ба роҳ монда шуда, онҳо ҳамчун декани факултет, муовини декан оид ба корҳои тарбия, муовини декан оид ба корҳои илм, мудири кафедра, раиси итифоқӣ касаба, раиси созмони ҷавонон, эдвайзер интихоб шуда, дар мўҳлати як ҳафта хамчун идоракунандаи факултет фаъолият мебаранд.

Давраи дуюми Ҳафтаи иштироки донишҷўён дар идоракунии донишгоҳ дар асоси қарори Шўрои олимони факултет бо пешниҳоди деканони факултет на камтар аз 3 нафар донишҷўёне, ки дар давоми баргузории даври аввал маҳорату малакаи баланди корбарӣ ва ўҳдабароӣ нишон дода тавонистанд, роҳ дода мешаванд.

Давраи дуюми иштирок дар «Ҳафтаи иштироки донишҷўён дар идоракунии донишгоҳ» аз тарафи раёсати донишгоҳ ба роҳ монда мешавад. Донишҷўёни пешниҳодшуда дар мўҳлати як ҳафта дар сохторҳои донишгоҳ, ҳамчун вазифаи муовини ректор оид ба таълим, илм, тарбия, вазифаи мудирони шўъбаҳоро ишғол намуда, дониши назариявиашонро ба таҷрибавӣ мутобиқ менамоянд

Бо мақсади интихоби довталабон барои иштирок дар «Ҳафтаи иштироки донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» дар асоси Фармони ректори донишгоҳ комиссияи интихоби довталабон таъсис дода мешавад. Комиссия давоми баргузории даври дуюм «Ҳафтаи иштироки донишҷўён дар идоракунии донишгох» сатҳи дониши тахассусӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, малакаи кор бо барномаҳои компютерӣ, сатҳи фаъолияти илмию тадқиқотии довталабонро муайян намуда, дар асоси хулосаи худ донишҷўёни беҳтаринро барои иштирок дар «Ҳафтаи иштироки донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд» тавсия медиҳад.

Дастаи хозирҷавобони хуштабъ

Раёсати донишгоҳ тибқи нақшаи чорабиниҳои тарбиявӣ ҷиҳати тақвияти фаъолияти эҷодии ҷавонон, дарёфти истеъдодҳои нав ва дастгирии онҳо, такмил додани маҳорати иҷрокунандагии даставу гурўҳҳои эҷодии донишҷўён ва барои баланд бардоштани ҳисси фарҳангдўстию меҳанпарастии ҷавонон ташкилу роҳандозии маҳфилҳои мухталифро таҳти назорат гирифтааст.

Дар радифи маҳфилҳои дигари амалкунанда феълан дар донишгоҳ дастаи хушдилон ва ҳозирҷавобон таъсис дода шуда, ҳунарнамоии он сол то сол тақвият меёбад. Мушаххастар, дастаи ҳозирҷавобони донишгоҳ тибқи падидаҳои солҳои 2000-ум тавлид ёфтаву дар озмунҳои мухталифи вилоятиву ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ ширкат намудааст. Сараввал дастаи хушдилон ва ҳозирҷавобони донишгоҳ бо номи «Законники» ва «Дипломат без диплома» таъсис ёфт ва он на танҳо дар мусобиқоти вилоятию ҷумҳуриявӣ, ҳатто дар мусобиқаи дастаҳои КВН-и Осиёи Миёна ширкат намуда, байни даҳ даста ғолибиятро ба даст овард.

Шурўъ аз соли 2005 дастаи мунтахаби хушдилон ва ҳозирҷавобони ДДҲБСТ ба худ номи «Болшая перемена» - ро гирифт. Соли 2009 дастаи мунтахаби ДДҲБСТ аз нав аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд пурра гардид ва фаъолияти хешро дар ҳамаи чорабиниҳои донишгоҳӣ бо барномаҳои ҷолиб муаррифӣ намуда тавонист. Дар ин давра дастаи ҳозирҷавобон номи пешинаи ҳайатро ба «INFINITY» табдил дод. Вожаи мазкур, яъне «INFINITY» дар тарҷума аз забони англисӣ ба тоҷикӣ маънои «Беохир» - ро ифода менамояд.

Дастаи хушдилон ва ҳозирҷавобони «INFINITY» расман аз соли 2010 дар бозиҳои Лигаи олии Хуҷанд иштирок менамояд. Даста иштирокчӣ ва ғолиби озмунҳо дар соли 2010-2011 гардид. Ҳатто намояндагони дастаи ҳозирҷавобон донишгоҳ дар ҳайати дастаи мунтахаби вилояти Суғд таҳти унвони «Тоҷмаҳал» дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва соли 2011 дар фестивали 22-юмини байналхалқии хушдилон ва ҳозирҷавобон дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия ширкат намуд. Нуктаи муҳим он аст, ки соли 2014 дастаи мунтахаби донишгоҳии хушдилон ва ҳозирҷавобон чемпиони Тоҷикистон гардид. Дар соли 2015 низ дастаи донишгоҳ то ба даври ниҳоӣ расид.

Зикр намудан бамаврид аст, ки солҳои охир дастаи хушдилон ва ҳозирҷавобони маъвои маърифат таҳти унвони «Мунтахаби ДДҲБСТ» дар бозиҳои Лигаи олии Хуҷанд иштирок дорад.

Рӯзномаи «Маъвои хирад»

 Сармуҳаррири нашрия

ДАДОБОЕВ Солибой (Солеҳи ЗАРИФЗОД)

 Ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф, тарғиби арзишҳои волои маънавии ниёгон ва даврони Истиқлолият, васеъ кардани фазои иттилоотӣ, сари вақт хабардор намудани муҳассилин аз навидҳои ҳаёти ҷамъиятиву фарҳангии ҷумҳурӣ, вилоят ва донишгоҳ, баланд намудани сатҳи маърифатӣ – фарҳангии устодону донишҷўён моҳи феврали соли 2007 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес, сиёсати Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи раёсати донишгоҳ моҳномаи «Маъвои хирад» таъсис ёфт.

Шумораи аввалини «Маъвои хирад» 21-уми феврали соли 2007 бо теъдоди 99 нусха дар матбааи аввалини шаҳри Хуҷанд ба тариқи офсет аз чоп баромад.

Тибқи қарори Шўрои олимони донишгоҳ аз 14.03.2007, таҳти №6 ва фармони ректори донишгоҳ моҳи августи соли 2007, рўзноманигор, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Анварҷон Fафуров сармуҳаррири нашрияи «Маъвои хирад» таъин гардида, санаи 16 августи соли 2007 моҳнома аз ҷониби раёсати адлияи вилояти Суғд таҳти рақами 004 – 1976 ба қайди давлатӣ гирифта шуд. Моҳи августи соли 2014 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷўраев ба ҳайси муҳаррир шомил ба кори нашрия гардида, ба фаъолият шурўъ намуд ва аз моҳи сентябри соли 2015 бошад, ба ин вазифа узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Солибой Дадобоев (Солеҳи Зарифзод)  ҷалб гардид.

Аз моҳи феврали соли 2017 тибқи фармони ректори донишгоҳ Солеҳи Зарифзод сармуҳаррири нашрияи «Маъвои хирад» таъин шуд.

Баъди ба ҳайси ректори ДДҲБСТ таъин гардидани доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Мумин Машокир дар фаъолияти нашрия ҳам дигаргуниҳои зиёди фараҳафзое ба вуҷуд омаданд: аз ҷумла обуна дар асоси фосилаи соли таҳсил ба роҳ монда шуд; аз моҳи сентябри соли 2017-ум нашрия бо формати А3 ва тамоми саҳифаҳояш пурра тариқи ранга дар нашриёти «Ношир» аз чоп бароварда мешавад; тиражи солонаи «Маъвои хирад» бори нахуст ба 3.000 расонида шуд.

Тӯли фаъолият – аз феврали соли 2007 то имрўз нашрия мунтазам ба чоп мерасад ва он бо матолиби рангини хеш, гӯшаву саҳифаҳои махсус маҳбуби хонандагони сершумор гардидааст. Муштариёни рўзнома ба нашрияи «Маъвои хирад» ба ҳайси минбари озод, тарғибгари рушди илму дониш, одобу рафтори нек ва дигар арзишҳои баланди умумибашарӣ меҳр ва таваҷҷӯҳи хоса доранд. Дар номаҳои сершумори хонандагон, ки ҳамарӯза ба идораи нашрияи «Маъвои хирад» ворид мешаванд, баробари зикри фикру мулоҳизаҳои хеш ба ҳайати эҷодӣ барои нашри маводҳои ҷолибу хонданӣ изҳори миннатдорӣ баён мегарданд.

Идораи нашрия дар мақоми сарфарозию шукргузорӣ аз дастгирии моддию маънавии раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки барои боз ҳам хонданбоб ба нашр расидани матолиби ҳар шумораи «Маъвои хирад» беш аз пеш кӯшиш ба кор мебарад.

Дар назди идораи нашрия таъсис ёфтани маҳфили хабарнигорони ҷавони «Пайроҳаи умед», чопи мунтазами навиштаҳои эҷодкорони ҷавон дар саҳифаҳои матбуоти марказиву маҳаллӣ– ин зинаи нави камолоти донишу маърифат аст.

Дар марҳилаи феълӣ мақсади нашрия ин ширкати фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятиву фарҳангии ҷумҳурӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва донишгоҳ, васеъ кардани фазои иттилоотӣ, сари вақт бохабар гардонидани донишҷўён аз рўйдодҳои нав, баланд намудани сатҳи маърифату фарҳангии устодону донишҷўён, инъикоси тадбирҳои байналхалқию ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оиди пешравии соҳаи таълиму тарбия, чопи шеъру ҳикоя ва лавҳаҳо дар бораи беҳтарин шогирдону устодони донишгоҳ, мутахассисони соҳа, дарҷи маслиҳат, муаммо, тавсияҳои илмию оммавӣ, инъикос кардани рўйдодҳои навини олам ва дигарҳо маҳсуб меёбанд.

Телефон барои тамос: 8(3422) 2-17-02

Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Эълонҳо

Нашрияҳои маъвои хирад

ДОНИШГОҲ: ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ

СОЛНОМАИ ДОНИШГОҲ 2017

Сомонаҳои маъмул

Тамос бо ректор

Таҳсилоти фосилавӣ

Коргузори электронӣ

Анбори нашрҳои илмӣ

Картотекаи электронӣ

СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

«Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028

Воридшави ба сомона

0835167
Имрӯз
Рӯзи гузашта
Ҳафтаи ҷорӣ
Ҳафтаи гузашта
Моҳи ҷорӣ
Моҳи гузашта
Ҳама рӯз
1609
6732
39327
44230
154501
149059
835167

Пешгӯи дар ин рӯз
7392


IP Шумо:54.80.189.255

АХБОРИ ДДҲБСТ

Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Ахбори ДДҲБСТ» соли 2000 таъсис ёфта, 28 январи ҳамин сол таҳти № 517 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Муфассал...

АДАБИЁТИ ТОЗАНАШР

Натиҷаи корҳои илмӣ – тадқиқотии дар шакли монография, маҷмўаи мақолаҳо, маводҳои конференсия нашргардидаи устодони донишгоҳ Муфассал...

МАЪВОИ ХИРАД

Сармуҳаррири нашрия - Солеҳбой Дадобоев. Ҷиҳати татбиқи сиёсати Сарвари мамлакат дар соҳаи маориф, тарғиби Муфассал...

Литсейи донишгоҳ

Литсейи ДДҲБСТ – кафолати таълим ва тарбияи босифат  Литсейи ДДҲБСТ соли 2011 бо мақсадҳои зерин ташкил шудааст: ҷалб Муфассал...

ДАСТАИ ENACTUS

Enactus (Enterpreneurship in action – Cоҳибкорӣ дар амал) - ин барномаи васеи байналхалқии донишҷўён мебошад, ки то соли 2012 бо номи SIFE маъмул буд. Муфассал...

ПАРКИ ТЕХНОЛОГӢ

Дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа махсусан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Парки технологӣ” №629, аз 21 июли соли 2010 , Низомномаи Муфассал...

ОЗМОИШГОҲИ ИННОВАТСИОНӢ

INNOLAB – ин муҳити ҷисмонӣ ё маҷозӣ, ки барои пешравӣ ва рушди имкониятҳо, рушди инноватсионӣ тавассути ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо, Муфассал...

Лоиҳаҳои грантӣ

Ҳадафи лоиҳа ин эҷоди платформаи табодули таҷрибаҳо, ахбор, амалияи хуб ва захираҳо бо мусоидат ба ташкили гуфтугӯи (диалог)-и омӯзишӣ байни донишгоҳҳо Муфассал...

 

МАРКАЗИ РУШДИ КАСБИЯТ

Бо мақсади инкишофи малакаю маҳорати омӯзиши забони англисии донишҷӯёни ғайритахассусӣ бо ташаббуси шӯъбаи робитаҳои байналхалқии донишгоҳ Муфассал...

 

ИННОВАТСИЯ

Бахши технологияи инноватсионӣ аз моҳи сентябри соли 2012 фаъолияти худро дар асоси Оинномаи Донишгоҳ ва Низомнома раёсати рушди инноватсионии Муфассал...

 

Бойгони навидҳо

<< < Май 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Маҷмӯаи аксҳо

Телевизиони донишгоҳ

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Суғд

17 мик-н, хонаи 1 ш.Хуҷанд 735700

Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

+992(3422)2-38-11

+992(3422)2-51-70

http://www.zoofirma.ru/