Муовини ректор оид ба корҳои таълим

Муовини ректор оид ба корҳои таълим

Номзади илмҳои физика-математика, дотсент

Ғаюров Ҳаким Шарифович

 30-юми августи соли 1964 дар деҳаи Шашкати ноҳияи Панҷакент таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Аълочии маорифи Чумҳурии Тоҷикистон. Профессори Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Русия. Дорандаи медали ба номи А. Нобели Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Русия. Маълумоташ олӣ. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

 Солҳои 1989-1992 пас аз хатми  Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленин (имрўза ДМТ) бо дипломи аъло  дар аспирантураи Пажўҳишгоҳи татқиқоти кайҳонии назди АУФР таҳсил намудааст.  Давоми солҳои 1993- 2003 ба ҳайси сармуаллим ва сипас дотсенти кафедраҳои физикаи умумӣ ва физикаи назариявии факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (имрўза ДМТ) фаъолият менамояд. Давоми солҳои 2003-2017 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳайси мудири кафедраи системаҳои ахборотӣ – ҳисоббарорӣ,  муовини декан оид ба тарбия, декани факултети инноватсия ва технологияи тиҷорат, декани факултети инноватсия ва телекоммуникатсия ифои вазифа менамояд.

Тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми ноябри соли 2017 ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таъин шуд.

Соли 1993 дар мавзўи «Некоторые вопроси теории релаксации разрежённых потоков быстрых частиц в неоднородной среде» дар шўрои дифои Донишгоҳи Дўстии халқҳо ба номи Патриса Лумумби ш. Москва рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст.

Мавсуф дар давраи фаъолияти корӣ дар ДДҲБСТ бобати ташкили ихтисосҳои назди факултет ва кафедраҳои навтаъсис, таҳияи барномаҳои таълимии ихисосҳои нав ва таъмин бо стандартҳои давлатӣ, ҷорӣ ва амалӣ намудани технологияи пешрафтаи айём ва омода намудани мутахассисони ояндасоз саҳмгузор аст.

Ғаюров Ҳ.Ш. дар самти илмҳои физикаи назариявӣ, нанотехнология ва забонҳои барномасозӣ тадқиқотҳои бунёдӣ анҷом додааст, ки онҳо дар китобҳои тахассусӣ ва дастурҳои методӣ ба монанди Забони барномасозии BASIC-2010, 220 саҳ. VBA дар MS Excel-2009с. 180 саҳ., Информатика -2013 с. 250 саҳ. Физика -2016с. 320 саҳ. ва зиёда аз 80 мақолаҳои илмӣ ва ду монография инъикос ёфтаанд. Китоби “Информатика (курси базавӣ)” дар намоишгоҳи 30-юми байналмилалии шаҳри Москави Федератсияи Русия, (ВДНХ) китоби дарсии  мутобиқ ба стандарт ҳисобида шуда, муаллиф бо диплом ва медали тилло сарфароз гардонда шуд.

Телефон: (+992) 927593621 (мобилӣ); (+992) 342220853 (корӣ).

Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

http://www.zoofirma.ru/