Маркази омӯзиши забонҳо

Бо мақсади инкишофи малакаю маҳорати омӯзиши забони англисии донишҷӯёни ғайритахассусӣ бо ташаббуси шӯъбаи робитаҳои байналхалқии донишгоҳ дар доираи барномаи Иттиходи Аврупо Темпус лоиҳаи «Foreign Languages Education for Professional Purposes (Flepp)» - «Омӯзиши забони хориҷӣ барои ҳадафҳои касбӣ» Mаркази омӯзиши забонҳо дар назди кафедраи забони англисии донишгоҳ ташкил шуд.

Марказ аз соли 2015 инҷониб ба фаъолият шурӯъ намудааст. Марказ дар бинои дуюми донишгоҳ, ошёнаи чаҳорум дар назди факултаи инноватсия ва телекоммуникатсия ҷойгир аст.

Мақсади асосии Марказ бо усулҳои муосир ба роҳ мондани омӯзиши забони англисӣ барои донишҷӯёни ғайритахассусї мебошад. Бо донишгоҳҳои љумҳуриявӣ ва берун аз он, ба монанди Донишгоҳи тиббии ба номи А. Сино, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи русӣ - славянии Қирғизистон, Донишгохи забонхои Озарбойчон, Донишгоҳи тиббии Озарбойҷон робитаҳои ҳамкорӣ дорад.

Дар назди Марказ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забони англисӣ, забони хитоӣ ба роҳ монда шудааст. Дарсҳо ба тариқи истифода аз техникаи муосир бо роҳҳои шунавоӣ, нишон додани слайдҳо гузаронида мешаванд.

Хадафи асосии Марказ барои донишҷӯён ва омўзгорон фарохам овардани шароити мусоид, барои њарчи хубтар омӯхтани забонњои хориљӣ аст. Марказ тавассути лоихаи Flepp бо таҳҷизотҳои навтарини таълимӣ, адабиёт, китобхои дарсӣ, васоити таълими муосир таъмин карда шудааст. Маркази омўзиши забонњо барои хохишмандони омузиши забонхои хориљӣ курсхои иловагиро ( берун аз дарс) пешкаш менамояд.

Дар айни ҳол вазифаи директори Марказро дотсент М. Мирзоҷонова ва мудирии Марказро Д. Азизова ба зимма доранд.

Суроға, телефон, E – mail

ш. Хуҷанд, микроноҳияи № 17, бинои таълимии № 2

Тамос: тел: (92) 774-93-08

Суроғаи электронӣ Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

http://www.zoofirma.ru/