Маркази таълимии “Маърифат”

Директории Марказ - Ахмедов Раҳматхӯҷа Ахмедович, номзади илмҳои  физика-математика, дотсент

Маркази таълимии “Маърифат”-и такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз сохторҳои алоҳидаи донишгоҳ маҳсуб гардида, аз моҳи сентябри соли 2012 ба фаъолият шурўъ намуд. Маркази таълимии «Маърифат»-и такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои назди донишгоҳ самти умдаи фаъолияташро баҳри татбиқи санадҳои меъёрии соҳаи илму таҳсилот равона сохтааст. Мақсади асосии фаъолияти Марказ васеъ кардани ҷаҳонбинӣ, такмили донишҳои назариявию амалӣ ва вусъати малакаи омўзгорон тибқи талаботи стандарти давлатӣ мебошад. Вазифаҳои Марказ аз баланд бардоштани маҳорати умумӣ ва касбию педагогӣ, малакаҳои умумии касбӣ ва методии омўзгорон, умумисозӣ ва паҳн кардани технологияҳои инноватсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва олӣ ва дар ин замина тайёр намудани мутахассисони соҳибтаҷриба иборат аст. Маркази таълимии «Маърифат» бо мақсади такмили ихтисоси омўзгорони Донишгоҳ ва ташкили курсҳои кўтоҳмуддату дарозмуддати омўзиши шартномавии забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, хитойӣ ҳам барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандони хориҷие, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, таъсис дода шудааст. Ҳамчунин,  Марказ метавонад, дар асоси шартнома ба корхонаю ташкилот ва муассисаҳои мухталифи шаҳру вилоят барои ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории компютерии бухгалтерӣ, компютеркунонии ҷараёни коргузорӣ ва истеҳсолот хизматрасониро ба роҳ монад. Марказ имконият дорад, маводи гуногунро, ки ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, арабӣ, англисӣ ва хитойӣ чоп шудаанд, таҳрир ва тарҷумаи онҳоро ба забонҳои номбаршуда ба роҳ монад. Дар баробари ин Марказ метавонад ба унвонҷўён ва аспирантону докторантони хориҷӣ хатти сирилик (кирилӣ) ва арабиасосро омўзонад ва барои тайёр намудани имтиҳонҳои минимуми номзадӣ аз забони англисию русӣ кўмак расонад.

       Марказ яке аз сохтори асосӣ барои такмили ихтисоси омўзгорони донишгоҳ, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ – иқтисодӣ, кишоварзӣ, ҳуқуқӣ, гумрук, идораҳои давлатӣ ва маҳаллӣ мусоидат мекунад. Дар Маркази таълимии “Маърифат”-и такмили ихтисос ва бозомўзии кадрҳои назди донишгоҳ курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар он хоҳишмандон метавонанд донишу маҳорати худро такмил дода, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз рӯи майлу хоҳиш ба таълим фаро гиранд.

Мақсад ва вазифаҳои Марказ иборат аз: -сохтори таълимию методӣ оид ба мукаммалсозӣ ва паҳнкунии таҷрибаи пешқадами педагогию инноватсионии мактабҳои олӣ ва татбиқи онҳо дар раванди таълим

-          ба шахсони хоҳишманд оид ба такмили ихтисоси омўзгорони Донишгоҳ, курсҳои кўтоҳмуддат ва дарозмуддати омўзиши забонҳо, соҳаҳои гуногуни халқ, иқтисодӣ, ҳисобгирии бухгалтерӣ, низоми иттилоотӣ, ҳуқуқӣ, гумрук, идораҳои давлатӣ ва маҳаллӣ аз рӯи шартнома хизмат расонидан

-          бо воситаи факултетҳои таълимӣ барои такмили ихтисоси деканҳо ва мудирони кафедраҳо ҷаласаҳою семинарҳо ташкил менамояд;

-          дар машғулиятҳои таълимӣ истифода бурдани таҷрибаи пешқадами педагогию инноватсионии мактабҳои олиро дар раванди таълим;

-          доир ба омўзонидани самтҳои гуногуни соҳаи информатика – маълумоти базавӣ, дизайн, веб-барномасозӣ, видеотанзим хизмат расонидан.

-          омода кардани нақшаҳо ва барномаҳои корӣ оид ба такмили ихтисос ва курсҳои кўтоҳмуддату дарозмуддат;

-          омўзонидани шунавандагон аз рўйи барномаҳои пешниҳодшуда;

-          банақшагирӣ ва омода намудани чопи адабиёт ва маводи таълимӣ барои таъмини раванди таҳсил дар Марказ;

-          назорати дониш, гузаронидани дифои корҳои хатмкунии шунавандагон;

-          мутахассисони варзидаи соҳаи технологияи компютерӣ ва забонҳоро барои гузаштани машғулиятҳо ҷалб кардан;

-          баланд бардоштани маҳорат ва малакаи умумии касбӣ ва методии омўзгорон;

-          таъмини ягонагӣ ва паҳн кардани технологияҳои инноватсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва олии касбӣ;

-          мусоидат барои омўзиши забонҳои англисӣ, русӣ, арабӣ ва хитойӣ;

-          ба роҳ мондани омўзиши забони тоҷикӣ барои шахсони хоҳишманд ва шарвандони хориҷӣ;

-          такмили маҳорату малака ва донишҳои назариявии мутахассисони коргузор ва масъулони давлатию идорӣ;

-          таҳрир ва тарҷумаи маводи чопӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ ва хитойӣ;

-          омўзиши технологияи компютерӣ, ҷавобгўсозии маҳорату малакаи мутахассисон ва тамоми хоҳишмандон барои кор бо техникаи муосир ва вусъат додани маҳорат ва малакаи онҳо мувофиқи эҳтиёҷоти замони муосир, тибқи талаботи стандарти давлатӣ;

-          ташкили гурўҳҳои омўзиши хатти арабиасоси тоҷикӣ ва хатти сирилик барои хоҳишмандон.

-          фароҳам овардани шароити мусоид барои таълими шунавандагон;

-          баланд бардоштани маҳорати умумӣ ва касбию педагогӣ, психологӣ, малакаҳои умумии касбӣ ва методии омўзгорон;

-          саҳмгузорӣ дар раванди татбиқи сиёсати давлатии фаъолияти инноватсионӣ, умумисозӣ ва паҳн кардани технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани ҷаҳонбинии компютерии муҳассилин, омода намудани онҳо барои фаъолият дар системаи технологияи инноватсионӣ дар  Донишгоҳ ва ҷомеаи иттилоотӣ;

-          ташвиқу тарғиби омўзиши технологияҳои рақамӣ ҳамчун асоси фаъолияти пурсамар дар замони муосир;

        Моҳи октябри соли равон дар Марказ курси сайёри такмили ихтисоси Донишкадаи такмили ихтисоси омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон якҷоя бо Маркази таълимии “Маърифат” дар самти омўзиши забонҳои англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ гузаронида шуд. Шунавандагони ин курсҳо 50 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят буда, курси такмили ихтисосро  бомуваффақият хатм карда, соҳиби диплом гардиданд, ки 15 нафари шунавандагонро устодони ҷавони ДДҲБСТ ташкил медиҳанд.

Имрӯз дар Марказ 9 гурӯҳ ба таҳсил ва омӯзиши курсҳои кутоҳмуддати забономӯзӣ аз қабили забонҳои хитойӣ, англисӣ, русӣ ва арабӣ фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо устодони ботаҷриба дарс мегӯянд.

Директори Марказ дар доираи ваколатҳояш дар ҳама гуна ташкилот ва муассисаҳо Марказро намояндагӣ  менамояд. Директори Марказ аз болои ҷараёни таълим ва корҳои илмию методии Марказ назорат мебарад;

Бо фаъолияти Марказ семинари омўзгорони  факултаи ҳуқуқшиносӣ оид ба фанҳои психология, технологияи инноватсионӣ баргузор гардид, як зумра омўзгорон дар семинари даҳрўзаи Донишкадаи такмили ихтисоси омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ихтисосашонро такмил доданд. 

http://www.zoofirma.ru/