Маркази рушди касбият (карера)

Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр кардани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат», иҷроиши Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар ҶТ ва мактуби Вазорати маориф ва илми ҶТ аз 26 феврали соли 2016, № 05/1-976 оид ба татбиқи лоиҳаи «Тақвияти марказҳои рушди касбият (карера) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Осиёи Марказӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ба хатмкунандагон дар дарёфти ҷойҳои корӣ», дар заминаи шўъбаи таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Маркази рушди касбият ҳамчун зерсохтори шўъба бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 13 апрели соли 2016, тахти № 98-К, тибқи қарори Шўрои олимони донишгоҳ аз 31 марти соли 2016, протоколи № 7 таъсис дода шуда ба фаъолият шурўъ намуд. Ҳадафи ин марказ ба система даровардани шуғли мутахассони ҷавон, рушди касбияти донишҷуён ва ҳатмкунандагони муасссисаҳои таҳсилоти олии касбӣ равона шудааст. Дар назди Марказ вазифаи хеле муҳим аз ҷумла, ба роҳ мондан ва ташаккул додани механизми ҳамкорӣ бо мақомоту идораҳои давлативу ғайридавлатӣ, корхонаву муассиса, ташкилотҳо, шуғли аҳолӣ дар самти мусоидат барои бо кор таъмин кардани хатмкардагон меистад. Ҳамчунин, ташкили бонки иттилоотии ҷойхои холии корӣ аз рўи самтҳои дахлдори омода кардани мутахассисон дар донишгоҳ, бонки иттилоотии ҳатмкардагон, ташкил ва баргузории пурсишномаи донишҷуёни ҳатмкунанда дар самти тамоили касбӣ, ба роҳ мондани фаъолияти Ассотсиатсияи ҳатмкардагони донишгох, сомонаи Интернетии он, дар ҳамкорӣ бо кафедраҳои тахассусӣ ташкил ва баргузор намудани экскурсия, мулокоту сўҳбатхо ва таъмини муоширати кории доимӣ бо хатмкардагон дар назар аст. Минбаъд фаъолияти Марказ дар инкишофи шарики иҷтимоӣ, ҷалби кордиҳандагон барои ташкил ва гузаронидани таҷрибаомузии касбӣ, бозомӯзии донишҷуён ва бо кор таъмин кардани хатмкунандагон бо назардошти талаботи бозори меҳнат барномаҳо тахия намуда, барои мусоидат намудан ба шуғли хатмкунандагон ва робитаи доимӣ бо хатмкардагони донишгоҳ бо масъулияти баланд баҳри пешбурди фаъолияти Марказ аз имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад.

Иҷрокунандаи вазифаи мудири шўъбаи таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон, ҳамзамон масъули Маркази рушди касбият (карера) Мачидзода Мухаббат.

Мутахассис Ниёзова С.А. – 1 воҳиди корӣ

Мутахассис Набиҷонова М. - 0,5 воҳиди корӣ

Суроға – ш.Хуҷанд, микр-и 17, бинои 1, утоқи 218, телефон 2-38-56, 92-813-07-77,

e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Иҷрокунандаи вазифаи мудири шўъбаи таҷрибаомўзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Мачидзода М.

http://www.zoofirma.ru/