Идораи маҷаллаи илмӣ-назариявии «Ахбори ДДҲБСТ»

 Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Ахбори ДДҲБСТ» тибқи қарори ҷаласаи Шўрои олимони донишгоҳ соли 2000 таъсис ёфта, 28 январи ҳамин сол таҳти №517 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Аз моҳи июни соли 2011 маҷалла ба рўйхати нашрияҳои илмии Комиссияи Олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия, ки муҳимтарин дастовардҳои илмиро барои дарёфти унвонҳои илмии номзад ва доктори илм интишор менамояд, ба қайд гирифта шуд.

То соли 2015 дар маҷалла мақолаҳо таҳти рубрикаҳои «ҳуқуқшиносӣ», «иқтисодиёт», «сиёсатшиносӣ ва сотсиология», «улуми ҷомеашиносӣ ва фалсафа», «филология», «усули таълим», «тақриз ва китобиёт» нашр мегардиданд. Тибқи талаботи Вазорати маориф ва илми ФР №793 аз 25 июли соли 2014 маҷалла ба ду силсила – силсилаи улуми ҷомеашиносӣ ва силсилаи улуми гуманитарӣ тақсим шуд.

Маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ» тибқи қарори Комиссияи Олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми ФР 3.06.2016 такроран ба рўйхати маҷаллаҳо ва нашрияҳои илмии пешбар, ки чопи муҳимтарин дастовардҳои илмии рисолаҳо барои дарёфти унвонҳои номзад ва докторони илм дар онҳо ҳатмӣ мебошад, дохил шуд. Дар рўйхати мазкур маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ» таҳти рақами №1929 ва маҷаллаи «Ахбори ДДҲБСТ. Силсилаи илмҳои гуманитарӣ» таҳти рақами №1930 сабт шудааст. Ҳамчунин маҷалла ба Индекси иқтибоси илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Идораи маҷалла бо китобхонаи электронии ФР барои ҷой додани нусхаи электронии «Ахбори ДДҲБСТ» шартнома бастааст. Маҷаллаи «Ахбори ДДХБСТ» бо китобхонаи илмӣ-электронии «Киберленинка» ҳамкорӣ дорад.

Сармуҳаррири маҷаллаи силсилаи илмҳои гуманитарӣ доктори илмҳои таърих, профессор Ҷ.Ҳ. Ҷўразода ва сармуҳаррири маҷаллаи силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ доктори илмҳои иқтисодиёт, профессор Д.Д. Бобоҷонов мебошанд.

Ҳайати кормандонро мутахассисони варзида, номзади илмҳои филология Н. Ғиёсов (ҷонишини сармуҳаррир), А. Самеев (котиби масъули маҷаллаи силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ), О. Сулаймонов (котиби масъули маҷаллаи силсилаи илмҳои ҷомеашиносӣ), филологҳо С.П. Балтина ва Б. Ашрапов (муҳаррир-тарҷумонон ба забони англисӣ), О. Б. Шомуродова (муҳаррири адабӣ бо забони русӣ), М.К. Ҳакимхўҷаева (муҳаррири техникӣ) ташкил медиҳанд.

Суроғаи идора: 735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 17, ҳавлии №1, ДДҲБСТ. Телефон: 8(3422) 2-05-63. e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра..

Нусхаи пурраи матни маҷаллаҳо ва маълумоти муфассал дар бораи онҳо дар сайти www.tsulbp.tj ҷойгир карда шудааст.

http://www.zoofirma.ru/