ҚАДРИ НОНУ НАМАК

Ба ҳамаи мо маълум ва равшан аст, ки тайи чанд сол аз ҷониби мардуми тоҷик (ва на танҳо) барҳам додани фаъолияти ТЭТ ҲНИ хеле хуб пазируфта шуд, зеро маълум буд, ки аз рўзҳои аввали фаъолияти худ ин ҳизб бо роҳу воситаҳои гуногун мардуми кишварро гумроҳ намуда ба омода намудани душманон ва силоҳбадастони хунхор машғул аст, ки исботи ин андешаҳо сар задани чанд ҳодисаҳои мудҳиш дар ҳудуди кишвар ба шумор меравад.

Имрўз бошад дону нодон аз хориҷи кишвар дар бораи инқилоб ҳарф доранд. Рости гап ба онҳо ман суол доданиам, ки он ҳодисаҳое, ки аввали солҳои 90-ум дар кишвар рух дода буданд кифоя ва тасдиқи он шуда наметавонаннд, ки натиҷаи он ба қурбонӣ расидани чандин нафар мардуми бегуноҳ буд. Имрўз, ки вазъи кишвар хеле орому осуда аст, мехоҳанд даъвои ноором кардани вазъияти Тоҷикистонро доранд. Ба онҳо гуфтаниам, агар Шумо дар худ ҷасорати бештар медоштед, метавонистед бо илму дониш бо маърифати баланд дар арсаи сиёсат мебаромадед. Таърих исбот намуд, ки мақсади Шумо на пешбурди ҷомеа, балки фитнаангезӣ ва ба даст даровардани мансаб ва ҳокимият ҳасту халос.

Дар давоми солҳои фаъолияти расмии хеш ҳизби мазкур чӣ корҳои хайрро ба сомон расонидааст ба ягон кас маълум нест, ба ғайр ҷангу бадбахтиҳо. Имруз бошад, Муҳиддин Кабирӣ бо ҳамроҳии чанд тан хоинони миллат дар хориҷи кишвар карор дорад ва бо  накшахои ғаразноки хеш ба сулҳу суботи кишвари азизамон Тоҷикистон мехохад иснод биёрад.

Дар гуфтугӯи мустақими худ мегўяд, ки: «мо ҳамон вақт ҳам мавқеъамонро гуфта будем ва ҳоло боз такрор мекунем. Аввал ин ки инқилоб бо эълон намешавад. Дар таърихи ягон инқилоб дида нашудааст, ки эълон карда бошанд рӯзи фалон соати фалон мо ба майдон мерезем…». 

Ба гуфтаниҳои ў ҷавоб чунин аст: агар мард мебудӣ ва агар мардонагӣ медоштӣ ба хориҷи кишвар гуреза намешудӣ ва дар якҷоягӣ бо мардуми тоҷик баҳри ободии кишвар кўшиш менамудӣ. Имконияте, ки роҳбарияти олии кишвар ба ту оид ба фаъолият намудани ҳизби наҳзат дода буд ва мислаш дар ягон давлати дунё набуд ба қадраш нарасидӣ. Чӣ хеле, ки мегўянд, «Намакхўрда ба намакдон туф кард» зикр менамоям, ки мардуми тоҷик чунин суистифода ва бемантиқии туро ҳаргиз фаромўш нахоҳад кард ва бовариҳои диниро аллакай пушти сар кардааст ва намехоҳанд ба хотири кадом як нохалаф такдири дину миллати худро ба гарав гузоранд. 

Санавваров Ғ. – н.и.ҳ., дотсент,

мудири кафедраи ҳуқуқи

гражданӣ ва меҳнатӣ ДДҲБСТ

http://www.zoofirma.ru/