СОЛИ 2018 - СОЛИ РУШДИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои рушди устувори кишвар дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ буда,  бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ дар кишвар эълон шудани соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  хеле бамаврид аст. Зеро,  табиат  ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он заминаи  мусоид фароҳам овардааст. Танҳо зарур аст, ки дар мамлакат инфрасохтори муосир бунёд ва сифати хизматрасонӣ дар сатҳи байналмилалӣ ҷорӣ карда шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо, осоишта ва афсонавӣ буда,   эълон гардидани Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бозгўи пешрафти муносибат дар ин самт, аз ҷумла бо  ҷойҳои корӣ таъмин намудани аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифии таъриху фарҳанг ва анъанаҳои хоси миллиамон мебошад.

Ҳамчунин, Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

 Аз ин рў, Ҳукумати мамлакат бояд корҳои назаррасро дар самти такмили низоми идоракунии давлатӣ батадриҷ идома дода, асосҳои банақшагирии стратегиро дар сатҳи марказӣ ва маҳаллии идоракунӣ тарҳрезӣ ва амалӣ намояд.

Амалӣ намудани нуктаҳои Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи  самтҳои хоҷагии халқ метавонад мақоми кишварро дар арсаи байналхалқӣ боло барад ва сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварро беҳтару хубтар гардонад.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/en/news/soli-2018-soli-rushdi-sajjo-va-unar-oi-mardum.html#sigProGalleriac8a280cff7
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/