НАҚШАҲОИ ҲАМКОРИИ ШИРКАТИ КЎҲИИ САНОАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН БО ДДҲБСТ

13майи соли 2019 барои густариши ҳамкориҳо байни ДДҲБСТ ва Ширкати кўҳии саноатии Тоҷикистону Чин музокирот гузаронида шуд. Дар доираи музокирот мувофиқи созишнома 24 майи соли ҷорӣ бо мақсади рушди касбияти хатмкунандагони ДДҲБСТ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида мешавад.

Ҳамзамон, роҳбарияти Ширкати кўҳии саноатии Тоҷикистону Чин барои ба роҳ мондани робитаҳои байни 3 донишгоҳи Чин: Донишгоҳи Ланчжоу, Донишгоҳи Сипэ, Донишгоҳи илм ва техникаи Чанша бо ДДҲБСТ изҳори ақида намуд. 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/