ОЗМУНИ ИНШОИ БЕҲТАРИН ДАР МАВЗӮИ “ОБОДИИ ДЕҲОТ-ОМИЛИ РУШДИ КИШВАР”

Дар доираи “Ҳафтаи иштироки донишҷӯён дар идоракунии донишгоҳ” аз тарафи иштироккунандагони ҳафтаи худидоракунӣ дар байни донишҷўён озмуни иншои беҳтарин дар мазӯи “Ободии деҳот-омили рушди кишвар”  гузаронида шуд.

Дар ин озмун зиёда аз 20 нафар донишҷӯён ҷамъ омада, байни худ муҳориба бурданд. Донишҷӯён давоми 60 дақиқа иншои навиштаи худро пешниҳоди ҳаъати ҳакамон намуданд. Дар озмун донишҷӯён, шахсони масъул, иҷрокунандагони вазифаҳои гуногуни ҳафтаи худидоракунӣ, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия донишҷӯ Комилов Мирзокомил ва сардори раёсати илм ва инноватсия  донишҷӯ Икромов Дилшод рафти озмунро назорат карданд. Баъди ба итмом расидани озмун аз тарафи шахсони масъул иншоҳои навишташуда бањогузорї шуда,  ба донишҷӯёни беҳтарин ҷойҳои сазовор дода шуд.

 Ҳамин тариқ, бо назардошти баҳоҳои гирифтаи донишҷўён ҷои якум ба донишҷӯи соли аввали факултети ҳуқуқшиносӣ Холиқова Шабнам, мақоми  дуюм ба донишҷӯи соли аввали факултети ҳуқуқшиносӣ Ғафуров Муллобарака, ҷойи сеюм ба донишҷӯи соли дуюми факултети бизнес ва идоракунӣ Моҳрухсор Бурҳонзода дониста шуда, ғолибон бо сипосномаҳо қадршиносӣ гардиданд.

Баргузории маҳфилу чорабиниҳо дар доираи “Ҳафтаи иштироки донишҷӯён дар идоракунии донишгоҳ” идома дорад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://tsulbp.tj/en/news/70-khabartarbiya/3051-ozmuni-inshoi-be-tarin-dar-mavz-i-obodii-de-ot-omili-rushdi-kishvar.html#sigProGalleriae98ea768d5
joomlamodniyportal.ru

http://www.zoofirma.ru/