Саҳифаи довталаб

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ислоҳоти қонунгузорӣ «маркази  зеҳнӣ» гардида, дар соҳаҳои соҳибкорӣ, фаъолияти тиҷоратӣ ва ҳуқуқи байналхалқӣ мутахассис тайёр мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон

 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон самараи неки даврони Истиқлолияти кишвар маҳсуб гардида, дар тўли 25 соли мавҷудияташ ба яке аз муассисаҳои бонуфузи соҳаи маорифи кишвар табдил ёфт. Фаъолияти кулли самтҳои илмию таълимӣ ва тарбиявии донишгоҳ дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди илму маориф, таҳсилоти олии касбӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани мутахассисони ҷавобгўи бозори меҳнат ҷараёни бомаром касб намуда, дар ин ҷода Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон қадамҳои устувор мегузорад. 

Донишгоҳ бо қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон №364 аз 5 августи соли 1993 таъсис ёфта, дар самтҳои ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналхалқӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, хадамоти гумрукӣ, иқтисодиёт, идоракунӣ, соҳибкорӣ, молия, системаи ахборотӣ, инноватсия, телекоммуникатсия, муҳосибот, андоз, аудит ва ревизия кадрҳои соҳибтахассус ва ҷавобгўй ба талаботи бозори меҳнат омода менамояд. 

Донишгоҳ дар асоси Иҷозатнома ва Шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ вобаста ба ҳамаи ихтисосҳои амалкунанда фаъолияти худро ба роҳ мондааст. 

Баҳри баланд бардоштани сифати таҳсил ва ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот, ҷавобгӯ будан ба стандартҳои ҷаҳонӣ бо татбиқи технологияҳои пешрафтаи инноватсионӣ пайваста кўшиш ба харҷ дода мешавад. Беҳдошти сифати таҳсил ва омода намудани мутахассисони баландпоя аз ҳадафҳои муҳими донишгоҳ ба ҳисоб меравад. 

Имрўз дар донишгоҳ 6 факултет, аз ҷумла сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, инноватсия ва телекоммуникатсия, ҳуқуқшиносӣ, молия, баҳисобгирӣ ва андоз, бизнес ва идоракунӣ ва 29 кафедра фаъолият намуда, аз рўи 33 ихтисос донишҷўён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, шўъбаҳои магистратура аз рўи 10 ихтисос, аспирантура аз рўи 13 ихтисос ва докторантура (PhD) аз рўи 14 ихтисос фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.

Таҳсил дар факултетҳои донишгоҳ аз рўи 33 ихтисос дар шўъбаи рўзона ва 25 ихтисос тариқи фосилавӣ ҷараён мегирад.  Дар соли таҳсили 2019-2020 аз рўи ихтисосҳои замонавӣ, аз ҷумла санҷиши судӣ, омор, фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ,  идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, информатика, иқтисодиёт, сиёсатшиносӣ (фаъолияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ) қабули довталабон ба роҳ монда мешаванд.

Донишгоҳ имрўз дар низоми ташаккули инфрасохтори инноватсионии таълиму таҳсилот ва корҳои илмӣ ҳамқадами замон буда, бо ин мақсад дар самти рушди пойгоҳи моддию техникии таҳсил ва омода намудани мутахассисони рақобатпазири бозори меҳнат ва ҷавобгўи талаботи замони муосир тадбирҳои мушаххас амалӣ менамояд. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҷараёни таълим ва автоматикунонии раванди назорату санҷиши дониш ва донишазхудкунӣ дар донишгоҳ низоми мукаммали шабакавӣ роҳандозӣ гардид.

Тибқи лоиҳаи барномарезии яке аз модулҳои барномаи ALFA - Express дар айни замон қабул  ва гузаронидани ҷараёни имтиҳоноти фосилавӣ ва ниҳоӣ тариқи тестӣ ба роҳ монда шуда, ҳамзамон самтҳои раванди таълим автоматӣ кунонида шуданд.

Дар назди донишгоҳ Шўрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз рўи ихтисоси иқтисодиёти минтақа амал мекунад.

Донишгоҳ дар қаламрави ҷумҳурӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар радифи даҳгонаи беҳтарин қарор дошта,  узви Донишгоҳҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай мебошад.

Муҳимтарин дастоварди донишгоҳ дар таҳкими заминаи моддию техникӣ ду маротиба ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ маҳсуб меёбад.

Донишгоҳ дорои сомонаи расмӣ (www.tsulbp.tj) буда, тамоми мавод ва маълумоти вобаста ба самтҳои фаъолият дар ин сомона  инъикос ёфтаанд. Ҳамаи компютерҳои донишгоҳ  ба шабакаи Интернет бе маҳдудияти истифодаи шабонарўзӣ пайваст буда, дастрасӣ ройгон аст.

Ба раванди таълиму тарбия устодони варзидаи соҳаҳои мухталиф ҷалб гардида, аз 339 нафар омўзгор 137 нафарро кормандони дорои унвон ва дараҷаҳои илмӣ ташкил медиҳанд, ки 16 нафар докторони илм ва 121 нафар номзадҳои илм мебошанд.

Теъдоди умумии донишҷўён дар донишгоҳ беш аз 7000 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳамчунин донишҷўён аз давлатҳои хориҷаи дуру наздик, аз қабили Федератсияи Русия, Қазоқистон, Туркманистон, Ўзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қирѓизистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар донишгоҳ таҳсил менамоянд.

Дар соли таҳсили 2017-2018 теъдоди умумии хатмкардагон 1509 нафарро ташкил дод, ки 50 нафар бо дипломи аъло донишгоҳро хатм намуданд.

Донишгоҳ айни замон ҷиҳати пешбурди фаъолият дар самти таҷрибаомўзии донишҷўён бо 118 корхонаю ташкилот шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.

Донишгоҳ ҷиҳати табодули устодону донишҷўён бо беш аз 50 муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои хориҷи дуру наздик шартномаҳои ҳамкорӣ дошта, дар давоми 3 соли охир дар доираи лоиҳаи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо 32 нафар устодон ва донишҷӯён ба хориҷи кишвар, аз ҷумла, ба Испания, Италия, Чехия, Британияи Кабир, Шветсия, Олмон,  Эстония, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғистон сафарбар карда шуданд.

Имрўз дастпарварони донишгоҳ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ва берун аз он, ба монанди мақомоти қудратӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ, сохторҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ,  соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ, сиёсат, идоракунӣ, низоми иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ ва ѓайраҳо пурсамар фаъолият доранд.

Бо мақсади таъмини осоишу фароғати донишҷўён маҳфилҳои дўзандагии «Дастони моҳир», «Атлас ва адрасбофӣ», ансамбли созию овозии «Ошёни меҳр», театр-студияи «Парвози истеъдод» ва гурўҳи рақсии «Хушхиром» амал мекунанд.

Дар назди донишгоҳ маҷаллаи илмӣ-назариявии «Ахбори ДДҲБСТ», нашрияи «Маъвои хирад», нашриёти «Дабир» ва барномаҳои телевизионии «Кошонаи маърифат» ва «Набзи донишгоҳ»  фаъолият мебаранд.

Ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби таҳсил барои донишҷўён дар донишгоҳ 3 бинои таълимӣ, осорхона, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, маркази тестӣ, озмоишгоҳҳо, лабораторияҳои компютерӣ, синфхонаҳои лингофонӣ, кабинетҳои таълимӣ, се толори маҷлис, марказҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ, хобгоҳ, бунгоҳи тиббӣ, парки технологӣ, варзишгоҳ, толори варзишӣ, нуқтаҳои хўроки умумӣ амал менамояд. 

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамқадами замон буда, дар давраи имтиҳоноти марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар соли таҳсили 2019-2020 барои интихоби довталабон ихтисосҳои наву замонавӣ ва ҷавобгўй ба талаботи бозори меҳнатро пешкаш менамояд.

Дар донишгоҳ таҳсил бо забонҳои

тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

 Факултетҳои донишгоҳ

1.      Ҳукукшиносӣ

2.      Бизнес ва идоракунӣ

3.      Сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ 

4.      Молия

5.      Баҳисобгирӣ ва андоз

6.      Инноватсия ва телекоммуникатсия

 Кластерҳо ва номгўи ихтисосҳо

 

Р/т

Рамзи ихтисос

Номгӯи ихтисосҳо

 

Забони таҳсил

 

Намуди таҳсил

Кластери 1- “Табиӣ ватехникӣ”

1.

1-31030408

 

WEB-дизайн дар графикаи компютерӣ

 

Тоҷикӣ

Рӯзона

2.

1-40010102

Системаҳои автоматикунонидашуда

Тоҷикӣ

Рӯзона/ Фосилавӣ

3.

1-40010202

Технология ва низоми иттилоотӣ (дариқтисодиёт)

Тоҷикӣ

Рӯзона/ Фосилавӣ

4.

1-4001020201

Технологияи иттилоотии ҳисобибухгалтерӣ

Тоҷикӣ

Рӯзона

5.

1-45010103

Технологияи иттилоотию идоракунии
телекоммуникатсион
ӣ

Тоҷикӣ

Рӯзона

6.

1-310304

Информатика

Тоҷикӣ

Рӯзона/ Фосилавӣ

Кластери 2 –“Иқтисод ва география”

1.

1-960101

Хадамоти гумрукӣ

Тоҷикӣ

Рӯзона/ Фосилавӣ

2.

1-250104

Молия ва қарз

Тоҷикӣ, русӣ, англисӣ

Рӯзона/ Фосилавӣ

3.

1-25010402

Кори бонкӣ

Тоҷикӣ/ русӣ

Рӯзона/ Фосилавӣ

4.

1-25010403

 

Андоз ва андозбандӣ

Тоҷикӣ

 

Рӯзона/ Фосилавӣ

5.

1-250108

 

Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

Тоҷикӣ/ русӣ

Рӯзона

6.

1-250105

Омор

Тоҷикӣ

 

Рӯзона/ Фосилавӣ

7.

1-250111

Аудит ва ревизия

Тоҷикӣ

Рӯзона

8.

1-250102

Иқтисодиёт

Тоҷикӣ

 

Рӯзона/ Фосилавӣ

9.

1-250103

Иқтисодиёти ҷаҳонӣ

Тоҷикӣ/русӣ

Рӯзона/ Фосилавӣ

10.

1-250107

Иқтисодиёт ва идора дар корхона

 

Тоҷикӣ

 

Рӯзона/ Фосилавӣ

11.

1-260101

 

Идораи давлатӣ

 

Тоҷикӣ

 

Рӯзона/ Фосилавӣ

12.

1-260203

Маркетинг

Тоҷикӣ

 

Рӯзона/ Фосилавӣ

13.

1-260202

Менеҷмент

Тоҷикӣ

 

Рӯзона/ Фосилавӣ

14.

1-260201

 

Бизнес-маъмуриятчӣ

 

Тоҷикӣ

 

Рӯзона/ Фосилавӣ

Кластери 3- “Филология, педагогика ва санъат”

1.

1-23010202

Таъмини забонии робитаҳоибайнифарҳангӣ
(сайё
ҳиибайналмилалӣ)

Тоҷикӣ

 

 

 

Рӯзона

2.

1-23010204

Таъминоти забонии робитаҳоибайнифарҳангӣ
 (муносибат
ҳоисиёсииберунӣ)

Тоҷикӣ

 

 

 

Рӯзона

3.

1-23010205

Таъминоти забонии робитаҳоибайнифарҳангӣ
(робита
ҳоииқтисодииберунӣ)

Тоҷикӣ

 

 

 

Рӯзона

Кластери 4- “Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ

1.

1-240101

Ҳуқуқи байналмилалӣ

Тоҷикӣ/англисӣ

 

Рӯзона/ Фосилавӣ

2.

1 240102

Ҳуқуқшиносӣ

Тоҷикӣ/ русӣ

Рӯзона/ Фосилавӣ

3.

1-930101

Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ

Тоҷикӣ

 

Рӯзона/ Фосилавӣ

4.

1-930102

Санҷиши судӣ

Тоҷикӣ

 

Рӯзона/ Фосилавӣ

5.

1-260102

Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ

Тоҷикӣ

 

Рӯзона/ Фосилавӣ

6.

1-240103

Ҳуқуқи иқтисодӣ

Тоҷикӣ

 

Рӯзона/ Фосилавӣ

7.

1-230101

Муносибатҳои байналмиллалӣ (дипломатия)

Тоҷикӣ/русӣ

 

Рӯзона/ Фосилавӣ

8.

1-23010603

Сиёсатшиносӣ  (менеҷменти сиёсӣ)

Тоҷикӣ

Рӯзона/ Фосилавӣ

9.

1-23010601

Сиёсатшиносӣ  (фаъолияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ)

Тоҷикӣ

Рӯзона/ Фосилавӣ

10.

1-21030105

Таърих (сиёсатшиносӣ)

Тоҷикӣ

Рӯзона/ Фосилавӣ

 Интихоби донишгоҳи мо – қадами боэътимод ба ояндаи дурахшон!

Рамзи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 110 қарор дорад.

Сурогаи мо:   Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Сугд, шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 17, бинои 1, тел: +992(83422)2-38-11, факс:+992(83422)2-51-70, сомонаи расмии донишгоҳ - www.tsulbp.tj , почтаи электронии донишгоҳ - This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.">tsulbp@rambler.ru.

http://www.zoofirma.ru/