Муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва молиявӣ

Номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Орипов Абдуқаҳор Абдуҳамидович

21-уми январи соли 1966 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Аълочии маорифи Чумҳурии Тоҷикистон. Маълумоташ олӣ. Оиладор, соҳиби чор фарзанд.

Аз соли 1987 пас аз хатми Институти хоҷагии халқи Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур) ба ҳайси муаллими дараҷаи 1-уми техникуми политехникии ба номи Ю. Гагарини шаҳри Душанбе (1987-1992), муҳандис, сармуҳандиси фабрикаи паррандапарварии ба номи «Темурмалик»-и шаҳри Қайроққум (ҳозира шаҳри Гулистон) (соли 1992), нозири Кумитаи вилоятии иттифоқи касабаи коркунони соҳаҳои КАС-и вилояти Ленинобод (имрӯза вилояти Суғд) (1992-1995), сармутахассиси шӯъбаи маркетинг ва робитаҳои иқтисоди хориҷии ширкати ФХИТ «Умрон»-и шаҳри Хуҷанд (1995-1996), сармуаллим, аспиранти шӯъбаи ғоибона, дотсенти кафедра, муовини декан оид ба корҳои таълим дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров (1996-2007) фаъолият бурдааст.

Аз соли 2007 фаъолияташро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳайси дотсенти кафедра, муовини декан оид ба корҳои таълим (солҳои 2008-2010), муовини ректор оид ба корҳои таълим (солҳои 2010-2012), муовини ректор оид ба корҳои илм (солҳои 2012-2014), муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия (солҳои 2015 –2017) идома медиҳад.

Орипов Абдуқаҳор Абдуҳамидович тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.11.2017, таҳти № 6273, дар асоси моддаи 30-и КМҶТ ба тариқи гузариш ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣва молиявии ДДҲБСТ таъин карда шуд.

Соли 2004 рисолаи илмии номзадиро дар мавзӯи «Масъалаҳои ташаккули низоми сервиси техникӣ дар комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мисоли ҳоҷагиҳои комплекси агросаноатии вилояти Суғд» дифоъ намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои иқтисодӣ гардидааст. Соли 2014 – соҳиби дараҷаи дотсент аз рӯи ихтисоси 08.00.05 – иқтисодиёт ва идоракунии истеҳсолот (илмҳои иқтисодӣ) мебошад.

Солҳои 2012-2016 котиби илмии Шӯрои дифои рисолаҳои номзади илм ва доктори илм Д 737.009.01 дар назди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолият бурдааст.

Дар фаъолияти таълимию илмӣ ба миқдори 50 адад мақолаҳои илмӣ, дастурҳои таълимию методӣ аз чоп бароварда шудааст. Самти асосии пажӯҳиши илмӣ масъалаи рушди соҳаи кишоварзӣ таввасути инкишофи соҳаҳои хизматрасонӣ дар бар мегирад.

Телефон :

Корӣ- 2-38-95

Мобилӣ – 92-884-40-21

http://www.zoofirma.ru/