Чехраи аслии Сайидюнусро бишносем

Дар шабакахои иљтимои ва сомонахои интернети шахсе бо номи Сайидюнуси Иставрашани, ки худро тахлилгари «хамадон» мехисобад, дар мавзуоти мухталифи фархангиву сиёси ва иљтимоиву адаби хомафарсои мекунад. Ин нафар пойгохи тахлилииеро «сохиби» мекунад, ки  ба унвонии «Кимиёи Саодат» дар шабакаи љахонии интернет љойгох дорад. Номбурда аз ин пойгохи дурўѓпарокании хеш хамеша матлабу маќолотеро ба миён мегузорад, ки хусусияти муѓризона ва хангомаљўёнаро доранд. Аксар навиштахои ин нафар бо як услуби мармуз нигошта шудаанд, дар зехнхо суолотеро ба вуљуд меоварад, ки оё Сайидюнус худ аз навиштани ин маќолахо чи мехохад? Оё дар асл хадафи ў воќеиятро тахлил кардан аст, ё тахрифи воќеият? Мафхуми «Гуфтугў бо огохон», ки дар маќолоташ ишора мекунад, яъне киро дар назар дорад? Ин огохон чаро ва аз чи рохе махз бо ў дар иртиботанд? Мафхуми «маљмуи додахо» ( база данных)-ки дар маќолахояш борхо ишора мекунад мутааллиќи кадом шабакаи љосуси ё хадамоти махсуси давлати хориљи нестанд? Ин хама бозгўкунандаи он нест, ки мухтарам Сайидюнуси Истаравшани хидмати кадом сервиси махсуси кишвареро анљом намедихад?

Чехраи аслии Сайидюнусро бишносем

 

Чехраи аслии Сайидюнусро бишносем

 

Дар шабакахои иљтимои ва сомонахои интернети шахсе бо номи Сайидюнуси Иставрашани, ки худро тахлилгари «хамадон» мехисобад, дар мавзуоти мухталифи фархангиву сиёси ва иљтимоиву адаби хомафарсои мекунад. Ин нафар пойгохи тахлилииеро «сохиби» мекунад, ки  ба унвонии «Кимиёи Саодат» дар шабакаи љахонии интернет љойгох дорад. Номбурда аз ин пойгохи дурўѓпарокании хеш хамеша матлабу маќолотеро ба миён мегузорад, ки хусусияти муѓризона ва хангомаљўёнаро доранд. Аксар навиштахои ин нафар бо як услуби мармуз нигошта шудаанд, дар зехнхо суолотеро ба вуљуд меоварад, ки оё Сайидюнус худ аз навиштани ин маќолахо чи мехохад? Оё дар асл хадафи ў воќеиятро тахлил кардан аст, ё тахрифи воќеият? Мафхуми «Гуфтугў бо огохон», ки дар маќолоташ ишора мекунад, яъне киро дар назар дорад? Ин огохон чаро ва аз чи рохе махз бо ў дар иртиботанд? Мафхуми «маљмуи додахо» ( база данных)-ки дар маќолахояш борхо ишора мекунад мутааллиќи кадом шабакаи љосуси ё хадамоти махсуси давлати хориљи нестанд? Ин хама бозгўкунандаи он нест, ки мухтарам Сайидюнуси Истаравшани хидмати кадом сервиси махсуси кишвареро анљом намедихад?

Конференсияи байналмилалии Қоҳира: Шурои уламои ҷаҳон ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ ва маблағгузори онро душмани инсоният ва башарият хонданд

 

Донишмандон бо як овоз таъкид намуданд, ки ташкилоти “Ихвонул-муслимин”-и террористӣ то ин лаҳза бо дуруғу фиреб сарукор мегирад ва қанатҳои хориҷии он – ба мисли ТТЭ ҲНИ ҳамоно бо фаъолиятҳои зӯроварӣ ва терроризмии худ идома дода истодаанд. Баҳри дастрасӣ ба манфиатҳои дунявӣ ва сиёсӣ садҳо шахсони осоиштаро бо номи “дин” ба қатл расонида, бо даъвои “саркубӣ” мехоҳанд ҷонибдор ва дилсӯзии шахсони фиребхӯрда ва ташкилотҳои террористиро ба даст оранд.


 

Дар ҳошияи Конференсия солонаи Дабирхонаи муфтиётҳои ҷаҳон, ки дар шаҳри Қоҳира баргузор гардид, Шайх Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳозирин талаб намуд, ки фатвоҳои лозима содир карда, фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро дар саросари олам маҳкум созанд. ТТЭ ҲНИ, ки аз идеологияи ихвониҳои мансуб ба Саид Қутб сарчашма мегирад, бояд дар саросари олам ҳамчун ташкилоти террористӣ шинохта шавад. Ин иқдом бино ба ҷаноятҳоест, ки дар зарфи чил соли охир аз ҷониби ин ҳизб анҷом дода шудааст.

Ӯ ишора намуд, ки ҳодисаи террористии ахир дар Тоҷикистон паҳлӯи дигари мубориза бар зидди терроризмро ошкор намуд, ки доимо дар пасманзари ин тоифа мардум ташкилотҳои байналмиллалӣ ба монанди Эрон меистанд.

Муфтии собиқи сарзаминии Миср, доктор Алӣ Ҷумъа таъкид намуд, ки наҷотёбӣ аз хатари терроризм, ки бар синаи Ислом ҷаҳидааст, танҳо бо роҳи муноқишаҳои низоми фатво дар риштаҳои сиёсию умури кишвардорӣ, омӯзиши омилҳои фатво барои пойдории амну суботи ҷомеа ва пешгирии таъсири фатвоҳои исломи сиёсӣ дар раванди пойдории сулҳ, амалӣ мегардад. Шакке нест, ки давлатҳо бо тамоми дороии хеш бар зидди ташкилотҳои террористӣ ҷанг эълон намудаанд. Ин ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, ки бар асоси идеологияҳои барғалат ва бегона таъсис ёфтаанд, мехоҳанд ақидаҳои фалаҷкунандаро дар байни ҷомеа паҳн намоянд. Албатта ҳадаф аз ин амали онҳо бесарусомонии амнияти кишварҳо буда, барои парокандагии онҳо талош меварзанд. Мехоҳанд кишварҳоро порча – порча тақсим намуда, онҳоро дар ҳоли ҷангу кашмакашиҳо қарор диҳанд.

Ӯ илова намуд, ки муборизаи ниҳодҳои қудратии Миср бар зидди чунин гуруҳҳои терористӣ, аз ҷумла ташкилоти “Ихвонул-муслимин”, айнан ҳамон муборизаест, ки кишварҳои олам аз он ранҷ мебаранд. Махсусан дастпарвардҳои “Ихвонул-муслимин” ба монанди ТТЭ ҲНИ, ки шохаи ин ташкилот дар минтақаи Осиёи Миёна ба шумор меравад. Байни ин ду ташкилоти террористӣ ҳамкориҳои зич барпо гардида, дар давраи ҳукмронии Муҳаммад Мурсӣ бо роҳбари ТТЭ ҲНИ, Муҳиддин Кабирӣ зиёратҳои дуҷониба сурат гирифта буд.

Ҳамзамон, Раиси ташкилоти Тобаи шаҳри Абу Дабӣ ал-Ҳабиб Алӣ ал-Ҷафрӣ, аз бефаъолиятии соҳаи фатво ва бетаъсирии он ба  мардум, сабаби фаъолшавии ташкилотҳои тундгаро ба монанди ташкилоти “Ихвонул-муслимин” ва қанатҳои террористии он сухан кард.

Ӯ ҷавонони пайрав аз ҳаракати “Ихвонул-муслимин”-ҳои мисрӣ ва дигар кишварҳои олам ба хусус дар Тоҷикистонро қурбонии бозиҳои сиёсӣ номид. Аммо ин амал, шахсони фиребхӯрда ва мағрургардидаро ҳеҷ гоҳ аз ҷавобгарӣ озод нахоҳад кард ва зуд ва ё дер дар назди Худованди таъоло ҳисобот хоҳанд дод. Ӯ илова намуд, ки мо бо саркардагони ташкилотҳои террористӣ дар боби ченаки арзишҳои исломӣ нофаҳмоӣ дорем. Онҳо бо даъвои ҷанг “дуруғгуӣ”-ро барои худ мубоҳ шуморида, зери шиори “ҷанг фиреб аст” бо аҳкоми шариати исломӣ бозӣ мекунанд. Бо ин қоида ТТЭ ҲНИ фаъолияти худро пеш бурда, бо баҳонаи татбиқи шариати исломӣ дар замини Худованд фасодро ҷорӣ менамояд.

 Ҳамзамон доктор Аҳмад Аттия, Вазири Авқоф ва даъвати яманӣ дар суханронии худ таъкид кард, ки паҳншавии падидаи терроризм аз ҷоҳилӣ сарчашма мегирад. Ӯ илова намуд, ки он фаъолиятҳои террористие, ки аз ҷониби ТТЭ ҲНИ дар вақтҳои ахир содир гардидааст, таъкидгари пофишории ин тоифаи гумроҳгардидагон мебошад, ки аз хориҷи чорчуби фармудаҳои Қуръони карим ва Суннати пок амал намуда, мусалмонҳоро таҳти таҳдиди доимӣ қарор медиҳанд. Д-р Аҳмад Аттия талаб намуд, то як фазои муносибе барои таҷрибаомӯзӣ ва фаъолияти муфтиҳо бояд эҷод намуд, то ба ҳадафи асосӣ, ки таблиғи илм ва пешгирии тундгароӣ мебошад, расидан имкон гардад. 

Раиси қисми омӯзишҳои стратегии Дабирхонаи муфтиёти Миср Ториқ Абу Ҳашима иброз дошт, ки имрӯзҳо масъалаи фатво яке аз омилҳои муҳимтарини гуфтумони динӣ ба шумор меравад. Ин амал танзимгари асосии умури ҳаёти ҷомеа мегардад. Ӯ таъкид намуд, ки оқибати фатвоҳои бегона хатари воқеъӣ доранд, зеро ин омил сабаби фаъолтар гардидани ташкилотҳои тундгаро мегарданд. Ва ин намуди фатвоҳо аз шохаҳои бединӣ илҳом гирифта, дарҳои худро барои ҷавонон хоҳад кушод.

Дабири кулли Шӯрои сарони уламо, Доктор Аббос Шумон, сифати ташкилоти “Ихвонул-муслимин”-ро “дуруя” маънидод намуда, иброз дошт, ки ихвониҳо ва ҳаммаслакони осиёгии онҳо – ТТЭ ҲНИ гирифтори касали “дурӯғгӯйӣ” мебошанд. Ва ин падидаи нав барои онҳо набуда, чунин амр ҳамеша наздашон ҳукми мубоҳ дошт. Вале навгонӣ дар ин масъала, марҳилаи беморӣ бо касали “дуруғ” аст. Д-р А.Шумон ба пайравони ихвониҳо пайғоми худро фиристода таъкид намуд, ки агар онҳо дуруғро барои худ мубоҳ шуморанд, дар ин масъалаи хеш озоданд, вале ба онҳо хитоб намуд, то аз Муассисаи Азҳари шариф дур бошанд. Онҳо ба миқдори як нохун ба ин муассисаи бузург зарар расонида наметавонанд. Бо ишора ба М.Мурсӣ, таъкид намуд, ки онҳо вақти дар сари қудрат қарор доштан, ноком буданд, пас чи гуна баъди давлат аз даст рафтан гуё комёб мегарданд.

Доктор Маҷдӣ Ошур, машовири академии муфтии Миср иброз намуд, ки тамоми ташкилотҳои экстримистӣ ба монанди ТТЭ ҲНИ ва дигар ҳаммаслакони онҳо, ки аз ҷомаи “Ихвонул-муслимин” берун омадаанд, бо тангназарӣ ва мухолифаташон аз навовариҳои аср шуҳрат пайдо намудаанд. Онҳо амалҳои ғайриоддӣ ва гунаҳкоронаи худро ҳамчун “Боби иҷтиҳод” мепиндоранд бо вуҷуди он ки ҳамаи он кардаҳо аз чорчуби шариат берун ҳастанд. Барои асоснок намудани амалҳои пайравони худ аз қабили куштору ғорату дуздӣ, бо номи Ислом фатвоҳои носанҷида содир мекунанд.

Ҳамчунин, шайх Абдулатиф Дарён, муфтии Ҷумҳурии Лубнон таъкид намуд, ки манфиатгари асосии ҳолати бетартибии судури фатво аз ноаҳлон, танҳо ташкилотҳои террористӣ ва дар сархати онҳо ташкилоти “ихвонул-муслимин” ва пайравони он мебошанд. Ӯ дар изҳороти худ таъкид намуд, ки амалҳои террористии ТТЭ ҲНИ – қаноти осиёгии ихвонул-муслимин ба амалҳои “Хавориҷ”-и гумроҳ монанд мебошанд. Қайд намудан лозим аст, ки “Хавориҷ” тафсири гуфтаҳои Қуръонро нодуруст фаҳмида, принсипи зӯровариро барои расидан ба манфиатҳои дунё истифода менамояд. У таъкид дошт, ки амалҳои онҳоро маҳкум сохта, бояд дар паҳлуи шахсоне ки бо идеологияи тундгароии онҳо мубориза мебаранд, қарор гирем.

 Дабири кулли Академияи тадқиқоти исломӣ - доктор Муҳиддин Афифӣ, дар рафти суханронии худ таъкид намуд, ки ташкилоти террористии силоҳбадасти дар атрофи “дин” ҷамъгардида сабаби носуботии ҷомеаҳо мебошанд. Зеро онҳо ба решаи сулҳу суботи ҷомеаҳо латма мезананд ва махсусан дар олами имрӯза, ки дар он падидаи терроризму зӯроварии мусаллаҳ ва ташкилотҳои харобкору фасодзада интишор гардидааст. Онҳо бо даъвои “ҷиҳод” даст ба куштору сӯйиқасду таркишу авбошӣ мезананд. Вале фарқ байни “ҷиҳод” ва “терроризм” равшан буда, амалҳои хушунатомези бимдиҳандаро ҳеҷ ваҷҳ ба ҷиҳоди исломии шаръӣ нисбат додан мумкин нест.

Д-р М. Афифӣ ишора намуд, ки донишмандони Азҳари шариф таъкид намуданд, ки ҷиноятҳои террористии ТТЭ ҲНИ, ДИИШ, ал-Қоида ва дигар ташкилотҳои террористӣ зидди арзишҳои волои ҳаёт, ки Қуръони карим онҳоро зикр намуддаст, мебошанд. Ислом бо идеологияи сулҳпарвару сабуки худ танҳо барои паҳн намудани раҳмату амну сулҳ омадааст ва ихтилоф дар мазҳаб маъно носозгориро надорад. Давоми суханронии худ доктор Муҳиддин Афифӣ ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ ва маблағгузори онро душмани инсонияту башарият хонд.

Суиистифодаи наҳзат аз Ислом

 

Санаи 15 октябри соли 2018 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия ва Консулгарии Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Зарурати муборизаи муштарак бар зидди ташкилотҳои террористӣ» баргузор гардид. Дар Конфронси мазкур раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, муовини аввали муфтии шаҳри Истанбул Вейсел Ишилдар, муфтии ноҳияи Фатиҳи шаҳри Истанбул Веҳап Капиҷиоғлу, ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак, Раиси Шӯрои олимони Донишгоҳи Истанбул доктор Нурҷан Гудер ва раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов иштирок ва суханронӣ намуданд.


 

Дар Конфронси мазкур инчунин теъдоди зиёди донишҷӯён, аспирантҳо, устодон аз факултаҳои илоҳиёт, сиёсатшиносӣ, фалсафа ва дигар бахшҳои Донишгоҳи Истанбул ширкат варзиданд. Қобили зикр аст, ки иштирокдорони Конфронс аз кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Туркия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буданд. Донишҷӯёни донишгоҳи мазкур фаъол буда, дар бораи хатари наҳзат дар ҷомеаи демократӣ суолҳои зиёд пешниҳод карданд.

Дар рафти Конфронси байналмилалӣ дар баробари дигар меҳмонон, маърузачиён инчучин суханронии фарохи Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода низ сурат гирифт. Ҳамзамон Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо  пешниҳоди донишҷӯи Донишгоҳи Истанбул Ферҳат Гул маълумоти зарурӣ дар бораи амалҳои нопоки наҳзат изҳор намуданд;

Ташкилотиэкстремистӣ-террористиинаҳзатдарзамониИттиҳодиабарқудратиШӯравӣсоли 1978 дарсовхози«Туркманистон»-иноҳияиБохтартаъсисёфтааст. Созмони мазкур фаъолияти худро ба таври махфиёна пеш мебурд. Мақсади он ба таври зуроварӣғасбиҳокимиятва барпо намудани давлати Хилофат дар Тоҷикистонбуд.

Боиси шукр аст, ки Худованди бузург марому мақсади нопоки ҳизбинаҳзатробамотоҷиконнишондод. Инҳизбхудякҳизбитеррористӣбуда, бисёрфарзандони бо нангу номуси миллатро бо роҳитерроразбайнбурд. Баъди пош хўрдани иттиҳоди Шӯравӣ 26 октябри соли 1991 Анҷуманимуассисониҳизббатаврирасмӣбаргузоршудвасолҳои 1991-1993 ҳизбимазкурошкороамалнамуда, фаъолиятитеррористӣмебурд. Наҳзат баъд аз шикасти сахт хўрдан дар шаҳриДушанбе, КофарниҳонваФайзободмоҳидекабрисоли 1992-1993 баноҳияҳоиминтақаҳоиҒармҷойгиршуданд. Даронҷоймардумробороҳизӯроварӣбахудҷалбмекарданд. Гӯёбаномтартиботиисломироҷорӣмекарданд. Даринминтақа 14 феврали соли 1993 яке аз мубаллиғонинизомиисломӣ домулло Саъдидин Рустамовро роҳбарисозмонинавтаъсисиШӯроиинқилобииисломииноҳиявии Ғармтаъйин карданд. Роҳбарони ин гурӯҳонҳоробаҷиҳод” ба муқобилиҳокимиятиқонунӣ даъват менамуданд.

Дар матбуот ва масҷидҳобаромаднамуда, аҳолиробасарнагуннамуданиҳокимиятиконститутсионӣвабарпонамуданиҶумҳурииисломииТоҷикистондаъватмекарданд. Ин созмон бисёр ҷиноятҳоивазнинсодирнамуда буд. Роҳбарони созмони ин ҳизб, яънеҲНИ оқибатшикасти сахт хӯрда, баАфғонистонфироркарданд. Моҳииюнисоли 1993 Иттиҳодимухолифинитоҷикроташкилнамуданд, ки ба ҳайатионнамояндагониҲНИ шомил буданд. Аз солҳои 1992-1997 ҲНИ дар ҶИАамал мекард. Дар муддати ин солҳоборҳобосарҳадиТоҷикистонҳамлаи мусаллаҳонабурданд. ЛекинботашаббусимарзбонониВатаниазизамононҳоронагузоштанд то ба мақсадинопокихудбирасанд.

Ҳамин тартиб бо пешниҳоди донишҷӯи дигар Гулҷан Атаева (миллаташ туркман) Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар бораи Созишномаи умумии истиқрорисулҳваризоиятимиллӣ изҳори назар намуд. (савол Чаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилоти махсусан хатарноки наҳзат созиш бастааст?)

Бо мақсадихотимабахшиданбаҷанги шаҳрвандӣ ва барқарорнамуданисулҳу субот дар Тоҷикистон, соли 1997 Созишномаи умумии истиқрорисулҳваризоиятимиллӣ ба имзо расонида шуд. Ҷиноятҳоикардаиташкилотимазкурбахшидаваонҳамчунҳизбисиёсӣазнавбақайдгирифташуд. РаисисобиқиҲНИМ. Ҳимматзода мақсадумароми ҳизбро чунин баён намуда буд: «Кору амали мо асосан тавассути кутубу дастуроте, ки аз хориҷaбароииҷроивазифаҳодастрасимомешуданд, бароҳмондашудааст». ҲНИ аз фаъолияти пинхонӣбафаъолиятиошкорогузашт. Мутаассифонабисёреаз аъзоён ва роҳбаронибахшҳоиҲНИ, аз ҷумладарбораибарномаисиёсиипинҳонии он огаҳӣнадоштанд. Аслан ҳизббароиИсломбегонааст. Бунёдиҳизбиисломӣдаркишваре, ки 99 фисадиаҳолиионромусулмононташкилмедиҳанд, худ тафриқаандохтанмиёнимардуммебошад. Ҳол он ки Худованд фармудааст: «Аз зумраи касоне мабошед, ки дини Худоро пора-пора карданд ва фирқа-фирқа шуданд ва ҳар фирқае ба ҳарчи дошт, дилхуш буд». (Рум; 31-31).

Бо пешниҳоди донишҷӯи дигар Ҳасан Алӣ Юҷел дар мавриди пуштибонҳои созмони террористии наҳзат маълумоти дахлдор пешниҳод кард (наҳзат аз ҷониби кадом кишвар маблағгузорӣ мешавад?).

Дар вокуниш ба саволи Ҳасан Алӣ С.Абдулқодирзода тазаккур дод, ки албата ягон кишвар ба таври расмӣ изҳор намекунад, ки созмони терроистии наҳзатро пуштибонӣ мекунад. Вале муттасифона дар 29-умин Конфронси байналмилали бо номи “Ваҳдати Ислом” дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардида буд, М.Кабирӣ бо даъвати махсусси Хуманаӣ иштирок дошт. Қобили зикр аст, ки дар он Конфронс Раиси шӯрои уламои маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне банда ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардида будам. Ҳарчанд наҳзат аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун созмони террористӣ эълон гардида буд ва М. Кабирӣ дар пайгарди байналмилалӣ қарор дошт, аммо Ҳукумати Эрон шахсан террористӣ махсусан хатарнокро даъват карда, бо ин амалҳояш пуштибониашро аз наҳзат нишон дод. Гузашта аз ин, ба номи Қиёмиддин Ғозӣ ва Сатторов Аёмуддин, ки яке аз таъсисдиҳандагони наҳзат ба шумор мераванд бо далелҳои дақиқ пайваста таъкид мекунанд, ки пуштибонии аслӣ наҳзат Ҷумҳурии Исломи Эрон аст.

Аз ин рў, тамоми рӯҳониёнимашҳуритоҷикҲНИ-ро қабулнадоштанд, намепазируфтандваонродастгоҳваманбаиидеологияи аҳлиташайюъ медонистанд. Фаъолияташро номаъқул ҳисобиданд. АммоҲНИ ба иродаи мардуми мусулмон ва рӯҳониёнимазҳабӣнигоҳнамекард. Бокўмаки хоҷагонипасипардагиихударзивуҷуднамуд. Бозмаротибаидуюм ҳамчун ҳизбисиёсӣбақайдгирифташуданиҲНИаъзоёнионро ба содир кардани ҷиноятҳои сангину террористӣ имконият дод. Чуноне, ки маълум аст, бо супориш ва маблағгузории роҳбари феълии ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ санаи 4 сентябри соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳизби мазкур кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа бисёр ҷавонони бо нангу номус ва мусалмони тоҷик, ки мақсади дифоъ аз Ватану миллати худ доштанд аз силоҳи террористони наҳзатӣ кӯшта шуданд. Ҷумҳурии бародари Туркия низ чунин табадулоти давлатиро 15 июли соли 2016 аз сар гузаронид ва шоҳиди кушта шудани садҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ шуд. Аз ин бармеояд, ки фарқ миёни наҳзат ва созмони террористии Фатҳулоҳ Гӯлен дида намешавад.

Гузашта аз ин, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кушта шудани сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби аъзоёни наҳзат ва дастпарварони Эрон изҳор назар намуда, таъкид доштанд, ки гардишгарони хориҷӣ танҳо барои сайёҳат ва истироҳатомада буданд. Аммо нотавонбинон ва хоинони миллати тоҷик ҷавонони хориҷиро бераҳмона ба қатл расониданд. Дар ин росто Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки хушбахтона мақомотҳои дахлдори Туркия чунин хатари наҳзатро дарк намуда, роҳбарият ва аъзои наҳзатро аз кишвари дӯст ронданд.

Дар ҳаққи чунин афрод Паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд:

«Он ки бар мо силоҳ кашад, аз мо нест ва он ки ба мо хиёнат кунад, аз мо нест!» 

Хуллас, мақсади асосии ин ҳизбфакатиғвогарӣ, нотинҷӣдаркишвар, тафриқаандозӣбайнимардумимусалмон ва ғайрамебошад. Боядтаъкиднамоем, кимутобиқи моддаи 4-и ҚонуниҶумҳурии Тоҷикистон «Дарбораиҳизбҳоисиёсӣ», фаъолияти он ҳизбҳое, кибороҳи зўроварӣ, терроризм, таблиғи маҳалгароӣва ё динӣ мақсади тағйирдоданисохтиконститутсиони кишварро доранд, манъ мебошад.

Роҳбарият ва аъзоёни ҲНИ мардуми мусалмони тоҷикро бо роҳифиребдарбемористон, масҷид ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣаъзои ҳизби мазкургардонида, қайдмекарданд, ки “Намоз хондан муҳимнест, муҳим он аст, ки аъзои ҳизби исломӣбошед”.

Байни мардум тарғибуташвиқмебурданд, кидар интихоботҳо набояд номи Исломро аз рӯйхати ҳизбҳо хат зананд, то ин ки «кофир» мегарданд. Аз ин маълум мегардад, ки бо сўистифода аз эътиқодубовариихалқимусалмонитоҷиквагумроҳсохтанионҳобооятуҳадисҲНИ мақсад доштааст, ки бо ин  васила халқитоҷикромуқобили Ҳукуматиконститутсионӣнамуда, зимоми ҳокимиятро бо роҳизўроварӣватеррор ба дасти худ гирад.

Исломи азиз дурӯғуфиребу иғвогариро намеписандад. Чунонки Худованд дар бораи касоне, ки дар миёни ҷомеа фитнаю ихтилоф меангезанд, фармудааст: «Туро бо касоне, ки дини хешро фирқа-фирқа карданд ва даста-даста шуданд, коре нест. Кори онҳо бо Худост ва Худо ононро ба корҳое, ки мекарданд, огоҳ месозад». (Анъом; 159).

Ниятҳоинопоквамунофиқонаионҳобеҷазонамонда, Худовандонҳорохорузалилвадарбадариолам намуд.

Хушбахтона 29 сентябри соли 2015 аз ҷонибиСудиОлииҶТаризаипрокуроригенералии ҶТ қонеъгардонидашуда, ҲНИ-роҳамчунташкилотиифротгаро ва террористӣ эътироф намуда, фаъолияташро барҳамдоданд.То имрӯзрӯҳониёниисломииасилҲНИ-ро кабул надоранд ва эътироф ҳамнамекунанд. Чунки Худованд аз низоъ ба таври умум манъ намуда мефармояд:

«Ва бо якдигар ба низоъ барнахезед, ки нотавон шавед ва шаъну шавкат аз шумо биравад». (Анфол; 46).

Ҳамчунин Худованди меҳрубон дар ҷои дигар фармудааст:

«Монанди он касоне мабошед, ки пас аз он ки оёти равшани Худо бар онҳо ошкор шуд, пароканда гаштанд ва бо якдигар ихтилоф варзиданд, албатта барои инҳо азобе бузург хоҳад буд». (Оли Имрон; 105).

Дар охири суханронии Саидмукарам Абдулқодирзода бори дигар аз мақомотҳои дахдори Туркия ҷиҳати рондани аъзоёни наҳзат аз кишвари бародар изҳори минатдорӣ намуд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

 

 

НАЗДИ ОНҲО ҲИҶОБ БА УНВОНИ ПАРЧАМ АСТ…

 

Суҳбати ҷолибе доштем бо шахси соҳибмаърифат ва озодандеша, шаҳрванди Канада ҷаноби Парвизи Шаҳчароғӣ, дар мавриди сиёсат ва дин, пайдоиши решаҳои ифротгароӣ ва раҳ ёфтани андешаҳои таасубӣ ба зеҳни мардум, ки манзури хонандагони ҳафтанома мегардонем. 



Ҷаноби Парвиз Шаҳчароғӣ, хуш омадед ба Ҷумҳурии Тоҷикистон. Нахуст мехоҳам таассуроти Шуморо дар бораи Тоҷикистон бифаҳмам. Ёд дорам даҳ сол қабл аз ин ба кишвари мо ташриф оварда будед, имрӯз онро чӣ гуна мебинед?
- Воқеан дуруст мегӯед, 10 сол қабл ба Тоҷикистон омада будам. Ин даҳ соли дигар моҳшуморӣ мекардам, ки кай фурсат даст бибиҳад, ки боз ба Тоҷикистон оям. Чун тоҷикистонро порае аз сарзамини бузурги ниёгони мо медонам. Бо мардумаш ҳамеша муҳаббат меварзидам ва ҳамчунин ҳам ҳаст. Вақте аз Ванкувери Канада тавассути Франкфурти Олмон ба ҳавопаймои Сомон-Эйр нишастам, шояд барои Шумо боварнокарданист садои тоҷикиро шунида ашк дар чашмонам ҳалқа мезад, мисли ин, ки ба хонаи худ мерафтам ва бастагонамро (пайвандон) медидам.
Барои ман ва ҳамаи мо меҳанпарастон ҳавзаи фарҳангии тоҷику форс муқаддасу бузург аст. Ман бо вуҷуди он, ки бо баъзе иллатҳо Эронро тарк намуда, чанд соли ахир шаҳрвандии Канадаро пазируфтаам шунидани ҳарфи ниёгон ҳамеша хуш аст. 
Ман ба ҳайси як эронӣ гоҳо фикр мекунам, ки чаро Эрон ба ҷои дастгирии размандагони мазҳабӣ дар кишварҳои даргирсармояи худро барои рушди кишварҳои ҳамсоя ва ҳамзабонаш мисли Тоҷикистон ва Афғонистон сарф намекунад. Бубинед, ки агар сармояҳои Эрон чанд соле қабл барои пуружаҳои бузурги энергетикии Тоҷикистон равона мешуданд, имрӯз ба манфиати тамоми минтақа, ба хусус Афғонистон буд. Ин танҳо назари ман нест, балки назари кулли меҳанпарастон аст, ки бо умеди дер ё зуд ба ҳуввияти мардумӣ расидани Эронанд. 
Чаро ба ин мутмаинам? Бубинед, ки имрӯз дар ҷомеаи Эрон, ки фарҳанги қадима ва ориёи дорад ифротгароӣ кам ва шояд комилан ба назар намерасад. Он чӣ, ки Шумо мебинед ин ғолибан хушунати давлатӣ ва ҳукуматӣ аст, ки эътибори Эронро дар ҷомеаи башарӣ паст мезанад. 
- Яъне барои мардуми оддии Эрон ин эҳсос бегона аст?
- Бале, бубинед, ки имрӯз ба Эрон гардишагарони (сайёҳони) зиёде аз кишварҳои Амрико, Аврупо ва Чину Ҷопон ташриф меоранд ва ман то ҳануз нашунидаам, ки мардуми одӣ бо онҳо муомилаи дурушт дошта бошанд ё тавҳин бикунанд. Баръакс мисли мардуми Тоҷикистон хеле меҳмоннавозу таҳаммулпазиранд. 
Мехоҳам ба посухи нахустсуоли Шумо баргардам. Даҳ соли қабл, ки ба Тоҷикистон омада будам камбуди барқу газ ва мисли ин ба назар мерасид. Он рӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд яке аз дӯстонам нақл кард, ки дар баъзе рустоҳо фасли зимистон ҳатто то ду соат барқ медиҳанд. Роҳҳо ноҳамвор ва хатарнок буданд. Ҳавопаймоҳои куҳнаи Шуравӣ парвоз мекарданд, ки хеле тарсовар буд. Имрӯз мебинам, ки фурудгоҳҳо хеле зебо ва замонавӣ шудаанд, ҳавопаймоҳо ҳама «Боинг», ки аз сервизи кишварҳои ғарб ҳеҷ фарқе надорад. 
Шаҳрсозӣ, ки ин чанд соли охир рух додааст барои ман боваркарданӣ набуд. Бо ҳамаи он сармояе, ки Эрон дорад дар Теҳрон ин қадар хиёбону иншооти нав бунёд нашудааст. Ин сохтмонҳое, ки тӯли даҳ сол Шумо бунёд кардед дар Теҳрон ба муддати чиҳил сол насохтаанд. Як масҷид, ки бо унвони «Масҷиди Мусаллои Теҳрон» маъруф аст, ки аз «Кохи Навруз»-и Шумо бештар нест, вале онро беш аз сӣ сол месозанд ва маблағи бамаротиб бештаре ҳам сарф кардаанд, вале ҳанӯз тамом нашудааст. Кохи Наврӯзро, ки ба ин зуддӣ сохтаед ва меъмории беназири он, ки ҳувияти миллӣ дорад ҳазор раҳ беҳтар аз сохтмонҳои ошуфтаиву на классик ва на мудерни Теҳроншаҳр аст, ки инро ба шумо ба ҳайси як муҳандиси сохтмон арз мекунам. Биноҳое, ки дар Душанбе дидам ҳама дар доираи санъату ҳунари миллӣ бо омезиши модерн сохта шудаанд. Кайфияти сохтан хеле арзишманд буда, асари ҳеҷ меъмории бегона ба назар намерасад. Ба лиҳози покизаигии шаҳрӣ ва рафтори иҷтимоӣ ҳамаи инҳо воқеан ҳам нишони пешрафтагист. 
-Лутф кардед…
Ман ин ҳарфҳоро на ба хотири хушоянд будан ба Шумо мегӯям. Бовар кунед ман рушди кишвари Шуморо бо даврони шоҳии Эрон муқоиса кардам ва ба баъзе дӯстони тоҷики худ гуфтам, ки ҳаргиз носипосӣ накунед. Бубинед, ки чи гуна Эрони давраи Ризошоҳи Паҳлавиро, ки обод буд, озод буд ва рӯҳияи пешрафта дошт мазҳабиён дар як лаҳза ба хоки сиёҳ нишонданд.
Ҳамин гуна афроди носипос, бо вуҷуди он, ки зиндагӣ хуб буду, мардум эҳсоси амният мекарданд дар давраи Шоҳ низ дар Эрон ба назар мерасид. Бубинед, ки мардум ҳамеша ва дар ҳама ҷо зиндагии хубтару беҳтар аз бударо мехоҳанд. Имрӯз агар дар Ванкувери Канада аз мардум суол кунед, ҳамин шикоятиро мешунавед, ки музд кам аст, шуғл нест… Дар Канада беҳтарин хадамот ба ниёзи мардум ҳамеша расидагӣ мекунад, як соати кор 12 доллар аст, вале боз ҳамин ҳарфҳоро мешунавед…
Яъне носипосӣ гоҳе метавонад ба вазъи бадтаре замина гузорад? 
- Бале. Манзури ман аз ин ҳарфҳои ин аст, ки мехоҳам мардуми тоҷикро ҳушдор диҳам: -ун иштибоҳе, ки мо солҳо панҷоҳуми қарни гузашта кардем, шумо накунед. Ҳамаи ин мушкилоти иҷтимоӣ ҳал шуданист. Нагузоред, ки аз ин вазъ муллову диндорони шумо истифода баранд. Инҳо, ки сари қудрат омаданд на танҳо мол, балки илму фарҳанг, мактаб, зеҳн, андеша, имон ва виҷдони шумо ва ҳатто шодиву хурсандии шуморо ҳам хоҳанд дуздид… 
Вале барои ман ин чиз шигифтовар аст, ки ҳанӯз даҳ сол қабл вақте бо мардуми шумо суҳбат доштам исми онҳо бештар тоҷикии ориёӣ буд. Имрӯз вақте дар ҷодаҳо бо ронандагони ҷавон токсӣ, ки беш аз 20-22 сола нестанд, суҳбат мекунам исми ҳамашон арабӣ аст. Шояд ибтидо ба назар расад, ки ин ҳеҷ айб надорад. Аммо… Ба фарзанд гузоштани номи бегонаи арабӣ ва ор кардан аз исми зебо ва пурмаънои тоҷикӣ худ нишонаи мазҳабӣ будани андеша ва афкори волидайн аст, ки хатар дорад. 
Шумо имрӯз як испонӣ ё инглисро намебинед, ки ба фарзандаш номи миллати бегона, мисли туркӣ, арабӣ ё олмониро гузорад ва ё ҳадди ақал ин амал сартосарӣ нест. Форсҳо ягона мардуманд, ки таърих, фарҳанг ва кеши онҳо бо номашон рабте надорад. Имрӯз вақте, ки мо дар аврупо номамонро мегирем моро бо араб яке мебинанд, яъне фарқ намегузоранд. Ин яке аз нишона ва намунаҳост, ки аз мазҳаби шудани зеҳни мардум дарак медиҳад.
-Имрӯз дар Тоҷикистон феҳристи номҳои тоҷикӣ тартиб дода шудааст, ки бояд шаҳрвандон ҳангоми номгузорӣ аз он истифода кунанд…
- Ин ба унвони ҳимоя аз арзишҳои миллӣ ва муқобила бо бегонагароӣ хеле хуб аст
-Хуб, ба унвони дигар нишонаҳо чӣ далел доред?
- Нишонаи дигар давлатгурезӣ аст. Чизе, ки дар Эрон рух дода буд, яъне ҷудоии байни давлат ва ҷомеа-миллат… Имрӯз бояд ба хеле нигарон буд, ки азҳоб ва ҳаракати диниву мазҳабӣ бо таблиғоти нарм байни мардум ва давлат ҷудоӣ наандозанд. Бубинед, таълимоти онҳо ҳарчанд хилофи сохти демократӣ аст, онҳо бештар аз демократия ва озодиҳои ҳуқуқи инсон ҳарф мезананд, мардумро фирефта мекунанд. Имрӯз мушкили Тоҷикистон демократия нест. Қувваҳои радикал мехоҳанд бо истифода аз демократия ва боварии мазҳабии мардуми тоҷик сари қудрат биёянд ва мутмаин бошед, ки баъд аз як моҳи қудрати онҳо дигар нишоне аз демократия нахоҳад монд. 
Сохти демократӣ низ бо ҳамаи хубиҳош баъзе мушкилоти ҷиддӣ дорад. Имрӯз дар Канада ва ё як кишвари дигари аврупоӣ онҳоеро, ки ба ДОИШ ҳамроҳ шудаву, даст ба қатлу куштор задаанд, аз Сурияву Ироқ бозмегардонанд ва гоҳе мешавад, ки як ҳимоятгари варзида онҳоро аз додгоҳ озод мекунад ва боз пайи ҳамун кори наҳсашон мераванд. 
Нагузоред, ки мисли Эрон мардумро бо ҳамаи он, ки донишманду соҳибилм буданд, гумроҳ кунанд. Беш аз чиҳил сол аст, ки аз ун демократияи ваъдашуда танҳо зоҳир боқӣ мондааст… 
-Бале, ҳамин сохтори демократӣ боиси сари қудрат омадани шахсиятҳое мисли Мусолинӣ ва Ҳитлер дар ҷомеаи пешрафтае мисли аврупо гардид… Суоли дигари ман ин аст, ки сохти давлати моро ба унвони дунявӣ ва секулярӣ мешиносанд. Яъне мо ин мувозинатро ҳамеша нигаҳ медорем, ки дин аз давлат ҷудо бошад. Назари Шумо дар ин маврид?
- Роҳи интихобкардаи Шумо сад дар сад дуруст аст. Ин бузургтарин арзиш аст, ки дар баъзе ҳолатҳо дар шароити Тоҷикистон аз сохти демократӣ афзалиятҳои бештаре дорад. Дар кишварҳои Ховар бояд дин ҳеҷ гоҳ ба умури давлат ва ҳукумат дахолат накунад. Ин на танҳо назари ман, балки назари бузургони андеша аст, ки ҳамеша таъкид мекунанд. Агар мо ба дарозои таърихи худ назар андозем, ҳатто беш аз ду ҳазор сол қабл, ки подшоҳони мо аз мафҳуми демократия огоҳ набуданд, ҷудо будани динро аз умури давлатӣ ба хубӣ эҳсос мекарданд. Ҳамин раводорӣ, ки дар сарзамини бостонии мо динҳо паҳлуи ҳамдигар бо муросову оштӣ қарор доштанд, гувоҳи ин аст. Агар давлат динӣ мебуд яҳудиён ҳанӯз дар давлати Куруш ба сарзамини мо роҳ намеёфтанд ва ба осоиш зиндагӣ намекарданд. Худи Куруши бузург яке аз маъруфтарин секулярҳо дар замонаш буд. Агар ин тавр намебуд, вақте Куруши Кабир ба Бобул ворид мешуд, худои онҳо Мардукро ситоиш намекард ва эҳтиром намегузошт. Дар давлати ӯ бобулиён бо дини худ, яҳудиён бо дини худ ва форсҳо бо дини худ буданд ва ӯ ҳамаи инро гиромӣ медошт. Ҳатто дини Зардуштиро, ки аксарияти мардум ба он эътиқод доштанд намегузоштанд, ки бар дигар динҳо ғолиб бошад, бартарият дошта бошад. Пас ин идеяи ҷудоии дин аз давлат дар фарҳанги ниёгони мо ҳамеша будааст. Пешвои муаззами Шумо-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориси Куруши Кабир аст, ки ба қадри ин арзишҳои бунёдӣ мерасад.
Шояд ҳамин ҳуввияти фарҳангӣ аст, ки имрӯз мардуми эронӣ даст ба тазоҳурот мезананд. Мехоҳам қиссаеро ба Шумо нақл кунам. Чанде қабл ҳангоми Наврӯз дар Эрон будам. Ба руфтагаре (фаррош), ки ҳар субҳ роҳ мерӯфт ба хотири ҷашни Наврӯз чизе туҳфа кардам. – Чи рӯзи баде расидааст, -мегуфт бо таассуф руфтагар. Чӣ шуд? -суол кардам аз ӯ. Сар такон медод ва мегуфт, ки рӯзе нест, ки даруни ин ашғол (партов) чанд китоби мазҳабиеро пайдо накунам. Чун рӯфтагар мӯйсафеди мутаассибе буд чизе нагуфтам, вале андеша кардам, ки бубин кор то куҷо расидааст. Бо вуҷуди он, ки шабакаҳои телевизиони давлатӣ аз субҳ то шом бо охундҳои худ таблиғи дину мазҳаб мекунанд, мардум китоби эшонро дар партовгоҳҳо меафкананд. 
Чаро ин тавр шуд? Ҷомеаи имрӯз ҷомеаи сад соли пешин нест. Мардум гуфтор рафтори рӯҳониёнро муқоиса мекунанд ва ба хулоса меоянд. 
-Пас чӣ омилҳо сабаб гардид, ки ҳукумати шоҳӣ сарнагун шуд?
- Яке аз мушкилии ҳукумати шоҳӣ дар он буд, ки хондану таҳқиқи рисолаҳои динӣ дар ҷомеа мамнуъ буд. Касе намедонист, ки роҳбарони инқилобӣ дар китобҳояшон чӣ навишта буданд. Касе намедонист, ки аввалин шахси мухолифи ҳаққӣ райъи занон дар интихобот онҳоянд. Охундҳо ба майдон фурӯ рехтанд, давлат онҳоро саркӯб кард, вале асли аъмоли эшонро ошкор накард. Мардум чун аз назару андешаҳои аслии онҳо огоҳ набуданд, фиреб хӯрданд. Олимон ва сиёсатмадорони Шумо бояд гуфта ва навиштаҳои мутаассибони диниро таҳқиқ ва ташреҳ кунанд ва ба гӯши мардум бирасонанд, то ҷомеа аз таҳвину хатари эшон огоҳ бошад. Бубинед, ки имрӯз дар Афғонистон на амният аст, на оромӣ ва на озодӣ. Таассуб то ҷое кашидааст, ки бонуи бегуноҳеро мисли Фархунда бо иттиҳоми ҳарфи беҳудае ваҳшиёна сангсор карданд.
Манзури ман ин аст, ки ба ҳарфҳои зоҳирии ашхосе мисли Кабирӣ ва ҳизби ӯ фирефта нашавед. Вақте аз Ҳумайнӣ пурсиданд, ки ҷомеаи исломӣ чӣ гуна мешавад, посух дод, ки мисли Фаронса. Пурсиданд, ки озодии исломӣ чист, гуфт, ҳама озоданд ва ҳатто коммунистон. Вале вақте, ки вориди Эрон шуданд нахустин коре, ки даст заданд куштори комунистон ва дигарандешон буд. Зарфи чанд ҳафта танҳо ҷавононе, ки синнашон зери 30 буд беш аз чаҳор ҳазор нафар дар зиндонҳо ба дор кашида шуданд. Ҳатто беморонеро, ки ба по намеистоданд аз дасташон мебардоштанд то сарашон ба ҳалқаи дор расад. Ин гуфтаҳои тахайюлии ман нест, балки ҳар яки ин санад, аксҳо ва филмҳо дорад. Ман ҳанӯз дар бораи қатли нахустин вазири зан, ки вазири фарҳанг буд, сарфармондеҳу афсарони артиш, ки сарсупурдаи Ватан буданд ва онҳое, ки бенишон нопадид шуданд чизе нагуфтаам. Инро занони мо намедонистанд. Вақте сӯи хиёбон раҳпаймоӣ мерафтанд ва нидои «Дуруд ба Ҳумайнӣ» мезаданд рӯсариву ҳиҷоб надоштанд ва касе аз охундҳо намегуфт, ки аввал рӯсари кун баъд ба тазоҳуроти мо ҳамроҳ шав. Аммо Ҳумайнӣ, ки ба Ватан баргашт рафтанд ба дидораш, гуфтанд ҳар кас, ки ҳиҷоб надорад роҳ надиҳед ва муҷозот кунед. 
Имрӯз, ки Кабирӣ ва атрофиёни ӯ ҳарфи зебо мезананд, чун ба қудрат расанд аз охундҳову толибон ҳеҷ фарқе нахоҳанд дошт. Дар ислом истилоҳе ҳаст бо унвони «тақия». Инҳо тақия мекарданд, ки маънии он то замоне, ки сари қудрат нестӣ нияти аслии худро пинҳон дор. Яъне дурӯғ гуфтану фиреб карданро фатво дода буданд. Шумо нагузоред, ки онҳо дар Тоҷикистон низ тақия кунанд. Нагузоред, ки нияти аслии онҳо аз назари мардум пинҳон монад. 
Агар чаҳор нафари онҳоро ба телевизион даъват бикунеду як рӯзноманигори қавии забондон суол диҳад, ки Бобои мулло оё чаҳор зан гирифтан дар ислом дуруст аст? Оё дуруст аст, ки духтарон дар мактабу донишгоҳҳо таҳсил накунанд? Оё дуруст аст, ки духтари ноболиғро ба шавҳар диҳанд? Метавонад, ки инкор кунад? На! Болотар аз ними ҷамъияти Тоҷикистон, яъне беш аз чаҳори миллион зан аст ва вақте хостаҳои аслии онҳоро фаҳмиданд, бовар дорам, ки ҳатман ба даҳонашон мезананд. 
-Боз кадом кори муассиреро бояд анҷом диҳем, ки ифротиён дар ҷомеа нуфуз пайдо накунанд?
- Шумо дидед, ки як рӯҳонӣ бо кори манфиатворе дар ҷомеа даст зада бошад? Аввалин коре, ки бояд карда шавад онҳоро аз манобеи молиашон ҷудо бикунед. Бояд ҳамеша пайгирӣ шавад, ки пул барои онҳо аз куҷо меояд. Бубинед, ки имрӯз мову шумо агар мехоҳем, ки коре бикунем душвории маблағгузорӣ пеш меояд, вале дар Аврупо дар ихтиёри Кабирӣ садҳо ҳазор евро гузошта шудааст. Имрӯз чаро як нафар коргар барои пайдо кардани ғизо мушкилӣ мекашад, вале инҳо, ки ҳеҷ ҷо кор намекунанд имкон доранд, ки ҳар сол барои ҳаҷ раванд? Чаро ки бозориёну мардуми мутаассиб, ки бехудона аз думболашон медаванд, эшонро аз лиҳози пул таъмин мекунанд. Аз таассубу бесаводии мардум аст, ки худашон дар тиҳидастиву бечорагӣ қарор доранд, вале аз ҳисобашон мулло ду се зан дораду зиндагии хонаводагиаш аз ҳама имконот бархӯрдор аст. Худашон намедонанд, ки ин эътиқоду муҳаббати кӯр-кӯронаашон рӯзе ба сарашон бало меорад. 
Хуб ин, ки мақомоти қудратӣ ифротиён ва террористонро пайгирӣ ва ҳабс мекунад, ҳанӯз мисли даравидани рӯи алаф аст. Яъне буридани як гиёҳи ҳарза, ки ҳанӯз решааш дар замин пинҳон аст. Сохторҳои амниятӣ вазифаи худашонро анҷом медиҳанд, ки дуруст аст, яъне ҷомеаро безарар мегардонанд. Вале зери ин реша бояд тамоми риштаҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ кор кунанд, то ин гиёҳи мурдор дигар сабз нашавад. 
Дар ҳеҷ ҷои Қуръон ҳарфе дар мавриди ҳиҷоб нест. Агар касе мехоҳад, ки дар ин маънӣ ба Қуръон истинод кунад, наметавонад далеле пайдо кунад. Ҳиҷобро ифротиён оварданд, чунки абзори контроли мардум аст. Ман аз чанд охунди шинохта суол кардам, ки оё дар Қуръон ояте ҳаст, ки ҳиҷоб гирифтанро барои бонувон ҳатмӣ шуморад? Ҳама инкор мекарданд, вале идао мекарданд, ки гарчӣ далели нақлӣ надорад, ҳароина ақлӣ аст. Яъне гарчанде, ки дар китобҳо зикраш нарафтааст, инҳо ба «ақл» дарёфтаанд, ки беҳтарин василаи контрол аст. 
Ҳиҷоб барои ифротиён мисли парчам аст. Чун парчамашон аз даст рафт дигар қудратро ҳам аз даст медиҳанд. 
- Ҳарфҳои Шумо дар боби парчам ва ҳиҷоб, воқеан ҳам ҷолиб буд…
- Бубинед, ки агар ин ҷо сад зани саркушода муқобили як зани ҳиҷобдор қарор бигирад, занҳои саркушода дарҳол бо эҳсоси хатар худро ҷамъ мекунанд. Чун, ки афкори онҳо ифротӣ нест ва мағзашон олуда нашудааст. Вале зани ҳиҷобдор агар касе ташхис диҳад, ки занҳои саркушода мурдору муртаданд омода аст, ки ҳамаи инҳоро пора-пора бикунад. Дар сари ӯ ҳамеша ин андеша ҳаст, ки ман бартарам, ҷойгоҳам назди Худо болотар аст ва ҳақ дорам, ки ҳамаи мардумро довар бошам. Ислом чун ба сиёсат омехт аз намодҳое мисли таблиғу таҳоҷум иборат хоҳад буд, ки пайравони худро аз дигарон тафовут медиҳад. 
Вақте мо динро ба унвони як мавзӯи фардӣ нигоҳ мекунем, ниёзе ба тазоҳур надорем. Ман метавонам бо ҳар дину оине, ки дорам равам дар хона намоз гузорам ва бо Худои худ бо оромиш ниёиш кунам. Вале исломи радикалӣ мехоҳад қудрати худашро нишон бидиҳад. Фаразан дар Истамбули Туркия, ки аслан на кишвари аврупоисту на осиёист, масҷидҳои зиёде ҳаст. Аммо теъдоде аз мусалмонон ба ҷои он, ки бираванд дар масҷид намоз гузоранд, бештари вақт дар сари роҳу хиёбонҳо ин корро анҷом медиҳанд. Чаро? Мехоҳанд қудрати худро ба намоиш бигзоранд, мехоҳанд ки заҳри чашм бигиранд, дар дили мардум тарсу ваҳшат эҷод мекунанд, то дар онҳо эҳсоси озодӣ набошад, ҳарфи дилашонро гуфта натавонанд. 
-Чаро вақте, ки бо теъдоде аз ин диндорони мутаассиб дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс мекунӣ, дарҳол бо ҳарфи дурушт ва алфози қабеҳ посух медиҳанд?
- Усули баҳси инҳо ҳамин аст. Тавре, ки дар боло гуфтам онҳо ҳеҷ баҳсро қабул надоранд. Аслан ба дин ҳам эътиқод надоранд ва онро ба ҳайси як абзори зиндагӣ истифода мекунанд. Дар байни мусалмонони одӣ мардуми поке низ ҳастанд, ки ҳатто мӯреро озор намедиҳанд. Ба зиндаги ва эътиқоди касе ҳам кор надоранд. Вале ифротиҳо бо ин ҳама дигаронро наҷасу муртад эълон доштаанд, омодаанд, ки даст ба куштору қатл зананд. 
Чаро мо мисли онҳо ба дуруштиву лафзи қабеҳ баҳс намекунем. Мисли онҳо таҳдид ба қатлу сар задан намекунем. Чунки касеро ва ҳатто ҷонвар ва ё дарахтеро ба хотири зинда буданаш озор надодан ҷузъе аз омӯзаҳои куҳани фарҳанги ниёгонамон будааст. Ба хотири ин, ки зерсохти фикрии мардуми тоҷик, ҳофизаи таърихии он аз азал гиромӣ ва пок доштани чаҳор унсур обу хоку боду оташ аст. Чӣ ҷои баҳс, ки инсон ва ё ҷонвареро озор диҳад? Хӯи меҳрубонӣ ҳазорсолаҳо дар хуни мардуми тоҷик парвариш ёфтааст. Бубинед, ки теъдоди ҳамаи ифротгароён дар Тоҷикистон як фисад ҳам беш нест. Онҳо ҳам, ки мағзашон шустушӯ шудааст ва дигар аслу насаби худро фаромӯш кардаанд, дигар тоҷик нестанд, балки як ваҳобиву салафиву таҳрирӣ ҳастанд. 
- Пас барои шустушӯи мағзӣ нашудани ҷавонон бояд чӣ кард? 
- Барои ҷомеа бештар ун касоне хатарноканд, ки аз кӯдакӣ шустушӯи мағзӣ мешаванд. Чаро аксари интиҳориёни афғон мардуми пушту ҳастанд? Чаро, ки онҳоро аз хурдӣ дар мадрасаю таълимгоҳҳо ба ин кор омода мекунанд. Чаро як марди бузургсол аз ин фирқа даст ба интиҳор намезанад, вале ҷавононро ба ин кор раҳнамоӣ мекунад? Чаро ки бовар надорад, ки худро тарконаду муъҷиби куштори чанд одами бегуноҳ шавад, биҳишт меравад. Ин корро танҳо ба хотири сарвату қудрат мекунад. Толибон дар Афғонистон пойгоҳҳо доранд, ки дар онҳо кӯдаконро аз хурдсолӣ ба террор таълим медиҳанд. Ҳатто дар Сурия ҷангиёни ДОИШ курдону эзидиҳоро мекуштанд ва кӯдакони онҳоро дуздида дар ӯрдугоҳҳо бомба бастану сар задану кушторро меомӯхтанд. Дар мағзи онҳо хушунату бадбиниро нисбати дигарон ҷо мекарданд. 
- Сипос барои як суҳбати фарогир ва самимӣ. 
- Банда низ сипосгузорам, ки як имкони мусоид барои баёни назару андешаҳоям фароҳам овардед.

Суҳбатнигор Бахтиёр Ҳамдам

ФАРАЖ
№39 (617) 
26.09.2018


Дар Бадахшон хачми калони нашъа мусодира шуд

https://www.youtube.com/watch?v=hFOdbq0eXHw

ADVERTISMENT

            The Committee for Youth and Sports under the Government of the Republic of Tajikistan on honor of the Year of Youth announced Republican Competition among students of higher education institutions of the country named after "Student of the Year - 2017".

ADVERTISEMENT

Dissertational Counci (PHD)

Issues of the University Newspaper "Mavoi Hirad"

University: Past and Present

University Yearbook 2017

Popular Sites

Contact with the rector

Distance learning

Коргузори электронӣ

Анбори нашрҳои илмӣ

Картотекаи электронӣ

YEAR OF TOURISM DEVELOPMENT AND FOLK CRAFTS

«Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028

Site Enter

0020608
Today
Yesterday
This Week
Last Week
This Month
Last Month
All days
1300
8262
16893
3715
20608
0
20608

Today forecast
8544


Your IP:54.198.205.192

Bulletin of TSULBP

The scientific-theoretical journal “Bulletin of TSULBP” was founded in 2000 according to the resolution of the Learned Council of the Tajik State University Read more...

Literary novelties

The results of the research works of the University teaching staff published in the form of monographs, collection of articles, conference materials. Readmore...

Newspaper of the University

Under the Tajik State University of Law, Business and Politics of the university monthly newspaper titled “Ma'voi Khirad” was launched in February 2007, Read more...

Lyceum of the University

Литсейи ДДҲБСТ – кафолати таълим ва тарбияи босифат  Литсейи ДДҲБСТ соли 2011 бо мақсадҳои зерин ташкил шудааст: ҷалб Муфассал...

ENACTUS Team

Enactus (Business In Action) - This is an international student-sponsored program that has been popular with the SIFE until 2012. This program provides Read more...

Technopark

Technology Park of the Tajik State University of Law, Business and Politics was established by the order of the rector №629, аз 21 of the University, from January 18, Readmore...

Innovative Laboratory

INNOLAB – ин муҳити ҷисмонӣ ё маҷозӣ, ки барои пешравӣ ва рушди имкониятҳо, рушди инноватсионӣ тавассути ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо, Муфассал...

Grant Projects

Ҳадафи лоиҳа ин эҷоди платформаи табодули таҷрибаҳо, ахбор, амалияи хуб ва захираҳо бо мусоидат ба ташкили гуфтугӯи (диалог)-и омӯзишӣ байни донишгоҳҳо Муфассал...

 

Career Development Center

The center of Learning languages was organized at the English language Department of the University for the purpose of development learning skills of English language Readmore...

 

Innovations

Бахши технологияи инноватсионӣ аз моҳи сентябри соли 2012 фаъолияти худро дар асоси Оинномаи Донишгоҳ ва Низомнома раёсати рушди инноватсионии Муфассал...

 

Photo Gallery

Television of the University

Contact

Republic of Tajikistan, Sugd province

17 micro-region, building 1 city Khujand 735700

This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

+992(3422)2-38-11

+992(3422)2-51-70

http://www.zoofirma.ru/