Пурсишнома бо мақсади беҳтар намудани сифати таҳсилоти олӣ

Муҳтарам хамткунандагони соли 2017, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон хатм намудед!

Вазорати маориф ва илм Шуморо барои иштирок дар пурсиши хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ оид ба масъалаҳои ба кор таъминшавӣ даъват менамояд.

Мақсади ин тадқиқот ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот дар бораи таҷрибаи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ оид ба ворид шудан ба бозори меҳнат, раванди ба кор таъминкунӣ ва қаноатмандии онҳо аз таҳсилот мебошад.

Маълумоте, ки Шумо дар доираи ин таҳқиқот пешниҳод мекунед, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин донишгоҳҳо барои ворид намудани тағйирот ба низоми таҳсилоти олӣ ва таҷдиди барномаҳои таълимӣ кўмак хоҳад кард.

Бо назардошти гуфтаҳои боло, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки то санаи 20 октябри соли ҷорӣ ба саҳифаи интернетии http://gts-center.tj/question/ ворид шуда, пурсишномаро пур кунед. Барои гирифтани рамз Шумо метавонед ба суроѓаҳои зерин муроҷиат намоед:

Телефон: 488884042. Почтаи электронӣ: gts.2019@mail.ru

Қаблан ба Шумо барои ҷудо намудани вақт ва саҳми арзанда барои беҳтар намудани сифати таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон арзи сипос менамоем.

То санаи 30.12.2019

You might also like